
Солҳост, ки Ҳинд дар Афғонистон сиёсатҳои ба зоҳир дӯстона, аммо дар амал хасмонаро пеш мебарад.
Нависанда: Аҳмадфайсал Мирхел
Ман, ки беш аз даҳ сол аст сиёсати Афғонистонро мутолиа мекунам ва амалан дар ин роҳ қалам ба даст гирифта, мубориза дорам, ҳамвора дар баҳсҳои сиёсӣ ва нигоришҳои марбут ба кишвар фаъолият дорам ва вақте ҳарф аз муттаҳидини наздикамон ба забон меомад, бедирангу бидуни андактарин таъхир аз Ҳинд ном мебурдам. Аммо бехабар, ки чархи рӯзгору сиёсат қоидаи ҷавонмардӣ намешиносад ва фақату фақат дунболи манофеъ аст. Сиёсате, ки Ҳинд аз замони ба қудрат расидани аҳзоби чап дар Афғонистон ба пеш гирифта буд, ҳамвора бо навасону ларзишҳо рӯ ба рӯ будааст, аммо бадбахтона, ки Ҳинд ҳамеша савдои дигаре дар сар доштааст.
Вақте доктор Наҷибуллоҳ, охирин раисҷумҳури ҳукумати чапгарои Афғонистон ва муттаҳиди вақти Шуравӣ шиорҳои ҳинду афғонӣ сар медод, ҳиндиҳо ба фикри муомила ва эҷоди иртибот ба гуруҳҳои мухталифи муҷоҳидин буданд. Ҳарчанд бисёр машҳур аст он баёнияи Наҷибуллоҳ, ки бо қудрат ва садои баланд гуфта буд: “Он тараф як Ҳинди қудратманд ва ин тараф як Афғонистони қудратманд, Покистон дар миёни ин ду санг гандуме беш нест”, сиёсате, ки Афғонистон дар он замон ва ҳатто баъдан то ба поёни ҳукумати Ашраф Ғанӣ таъқиб кард, бисёр холӣ ва танҳо дар қолаби шиор буд. Бо вуҷуди ин ки ҳукуматҳои чапгарои Афғонистон аз нигоҳи иттилоотӣ дасти баланд доштанд, аммо имрӯз ба ҷуръати тамому бовари комил метавон гуфт, ки ин тамоюлу фидокорӣ дар мавриди Ҳинд иштибоҳе азим будааст, ки ба пояи он ҳазорон ҷавони кишвар ҷонҳои ширини худро фидо намуданд.
Наҷибуллоҳ Аҳмадзай охирин раисҷумҳури ҳукумати чапгарои Афғонистон, ки то охирин рӯзҳои ҳукумати худ ба ҷиноҳи ҳиндии худ вобастагии беқайду шарте дошт ва ҳатто тасаввур мекард, агар рӯзе дар Кобул муҳосира монад, аввалин касоне, ки ба кӯмаки ӯ хоҳанд омад, ҳиндиҳо хоҳанд буд, аммо вақте мехост дар охирин рӯзи замондории худ ба Ҳинд паноҳанда шавад ва аз он ҷо ҳукумат дар табъидро идора кунад, бар хилофи тасаввури ҳамешаи ӯ Ҳинд ба намояндаи фиристодааш гуфт, ки фасли ҳукмронӣ ва маҳбубияти доктор Наҷиб дар Афғонистон тамом шудааст ва мо намехоҳем равобитамонро бо ҷиноҳҳои дигар, бавижа, муҷоҳидину гурӯҳҳое, ки мухолифи доктор Наҷиб ҳастанд, хароб намоем.
Ҳатто вақте суфарои кишварҳои мухталиф ба мулоқоти доктор Наҷиб ба дафтари Созмони Милал дар Кобул рафтанд, бар хилофи ҳамаи тасаввурот Покистон бамаротиб беҳтар аз Ҳинд аз ӯ, ки душмани деринаи Покистон буд, қадрдонӣ намуд. Сафири вақти Покистон дар Кобул аз доктор Наҷиб бо исрор ва таъкиди фаровоне хост, ки ба Покистон сафар кунад ва метавонанд муқаддамоти сафари ӯро комилан аз роҳи дипломативу масун таъмин кунанд. Дар камоли иштибоҳу ишқи яктарафа ба Ҳинд ин хостаро Наҷиб напазируфт ва саранҷом ба пои он таъаҳҳуди якҷониба ба Ҳинд ҷон дод. Ҳатто баъд аз кушта шуданаш тавассути Толибон Ҳинд, ин дӯсти ба зоҳир вафодори ӯ, ҳампаймони наздикаш, ҳатто як сӯгвории расмӣ нашр накард.
Ба ин тартиб, Ҳинд дар замони ҳукумати исломӣ ибтидо дар нақши ҳампаймони наздик ва баъд дар давраи муқовимати аввал ҳомии муътоди Ҷабҳаи Муттаҳид буруз кард. Ҳарчанд аз дидгоҳи сиёсӣ ва мавоқифи расмӣ Ҳинд дар канори Русия ҳимоят аз Ҷабҳаи Муттаҳидро пеш гирифт, аммо рӯйдодҳо нишон медиҳанд, ки миёнгини соли 1997 ило авохири 2000 Ҳинд дар талоши эҷоди равобит бо Толибон ва нуфузи истихборотӣ дар манотиқи қабоилӣ, аз ҷумла бо ақвоме, ки дар ин манотиқ садои паштунистонхоҳӣ сар медиҳанд, буд. Аммо сайтараи нуфузи истихборотии Покистон то ҷое монеъаи бузурге сари роҳи дастгоҳҳои иттилоотии Ҳинд қарор гирифт ва Ҳинд натавонист нуфузи беҳтару ҳимояти бештарро эҷод кунад.
Бо шурӯъи даврони демократияву фасли ҷадид барои Афғонистон, ки ҳоло ба ҳимояти беқайду шарти Ғарб якҷост ва Афғонистони фақир харидорони боиқтидор ва кисабаланд дорад, Ҳинд бори дигар ба навъе ба зоҳир наздиктарин муттаҳиди Афғонистон ба майдон меояд ва барои сохти Афғонистони ҷадид даст аз остин боло мекашад ва бо сармоягузорӣ барои зерсохтҳои Афғонистон дар канори кишварҳои сарватманди ғарбӣ қарор мегирад.
Аммо баръакси ҳукуматҳои чапгарои Афғонистон Ҳинд ин бор муҳраи маҳбубе дорад, шахси аввали ҳукумату соҳиби қудрат аз дидгоҳи Қонуни Асосӣ раисҷумҳур Ҳомид Карзай, ки худ таҳсилёфтаи Ҳинд асту андаке баъд муҳассили мақтаъи докторӣ дар яке аз донишгоҳҳои Бомбай. Ин имтиёзи бузург ва ҳалқаи нуфузи бузургест, ки ба Ҳинд корти баранда дар майдони Покистонро медиҳад.
Ҳарчанд дар ибтидо Ҳинд дар нақши муттаҳиди наздику самимӣ бо сарони Ҷабҳаи Муттаҳиди Миллӣ ва бо тавсиф аз қаҳрамонии ин ҷиноҳи сиёсӣ амали нуфузӣ дорад, бо қудрат гирифтани технократҳои паштун ин бор ба дунболи эҷоди сиёсати ҷадид асту талоши бешумор менамояд, ки бори дигар садои паштунистонхоҳиро дар дили ин сиёсатмадорони тозакор зинда сохта бошад. Иддаи зиёде аз ин тоза ба даврон расидаҳо, ки асолати паштунӣ доранду дар симматҳои мухталиф, аз ҷумлаи афсарони баландпояи низомӣ ва муовинҳои вузарову ҳалқаи мушовирони райисҷумҳур Карзай ва авоили ҳукумати Ғанӣ будаанд, мавриди ҳимояти Ҳинд қарор доштанд ва ҳатто бо хонаводаҳояшон ба Ҳинд сафар мекарданд.
Ман худ бо яке аз ин чеҳраҳои маҳбуб дар дидгоҳи он замони Ҳинд маърифат доштам. Як рӯз дар баҳси худмонӣ ба ман гуфт, ки ӯ бо хониводаи худу фарзандонаш чандин бор ба Ҳинд сафар намудааст, аммо ҷолиб ин ҷо буд, ки ҳеҷ аксу тасвир ва ҳеҷ иттилоъ аз ин сафар вуҷуд надошт ва ҳатто се писари бузурги мавсуф, ки бо ман шинохти дерина доранд, ҳеч гоҳ аз чандин сафару хотираҳои Ҳинд таъриф нанамудаанд. Ҳоло суоли аслӣ дар ин ҷост, ки чаро ин мақомҳои ҳукумати қаблии Афғонистон ба гунаи пинҳону сиррӣ ба Ҳинд мерафтанду бештарашон ҳам афроде буд, ки алоиқи бештар ба паштунистонхоҳӣ доштанд?
Солҳо қабл аз имрӯз дар сархати як ҳафтанома иддаои яке аз мақомоти покистониро хондам, ки гуфта буд: “Ҳинд омили терроризмпарварӣ дар минтақа аст”. Дар ин замон ба худ хеле хандидам ва гуфтам, чӣ аҷаб кишвар, ки худ бузургтарин гуруҳҳои террористиро дар дили худ ҷой додааст, ҳол чӣ иддаои ҷолибе дорад.
Имрӯз ба хубӣ дарк мекунам, ки ҳарфи сиёсатмадори покистонӣ ба дур аз ҳақиқат набудааст.
Ҳинд ҳам дар даруни низоми Афғонистон нуфузи худро ҳифз намуд ва ҳам ба ҷиноҳҳои он сӯи Дюранд, бавижа, Толибон ва гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Покистон равобити наздик дошт.
Генерал Розиқ Ачакзай, ки дар Қандаҳору ҳавзаи ҷануби Афғонистон ҳокимият дошт, мавриди ҳимояти бепардаи Ҳинд буд, ҳатто то ҷое, ки Шайдо Муҳаммади Абдолӣ, сафири Афғонистон дар Ҳинд, расман ин равобиту кӯмакҳои нақдӣ ва имконоти мухталифи низомиро фароҳам месохт, ҳарчанд аз назари ҳокимияти он замони Қандаҳор ин як робитаи матлубу қобили эътимод буд, аммо барои Ҳинд фақат ва фақат ҳадаф қарор додани аҳдофи мушаххас дар Покистон матраҳ буд.
Иттилоот аз тариқи покистониҳо барҳо ироа шуд, ки генерал Ачакзай аҳдофи мушаххасеро дар хоки Покистон ба дастури Ҳинд анҷом додааст, аммо ҳеҷ манбаъи байналмилалӣ ин амалот ва чигунагии онро таъйин накард. Саранҷом генерал Розиқ Ачакзай барои истодагӣ ва пойдории ин арзишҳо ҷон дод, аммо давлате, ки тиҷоратгуна сиёсат мекард, дақиқан се сол пеш аз шаҳодати ин фармондеҳи муқтадир ва ҳамкори деринааш бо қотилони ӯ равобити наздик эҷод намуда буд.
Имрӯз манобеъи дақиқ мегӯянд, ки Ҳинд баъд аз хатми соли 2006 бо ҷиноҳҳои террористӣ дар хоки Покистон ва бахусус, гуруҳҳои даргир бар сари муноқишаи Дюранд иртибот доштааст ва аз сиёсатҳои паштунистонхоҳӣ ва балучистонхоҳӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳе, ки ин аҳдофро дар сархати муборизаи худашон қарор додаанд, ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ намудааст. Ва дар бархе аз мавоқеъ ҳатто фармондеҳони калидии ин ҷиноҳҳо ғарази дармон ва имконоти зиндагӣ ба Ҳинд сафар кардаанд.
Кордори қаблии сафорати Афғонистон дар Деҳлӣ бо вазоҳати тамом фош намуд, ки миёнгини солҳои 2017 ило 2018 яке аз фармондеҳони калидии Шабакаи Ҳаққонӣ, ки дар майдони ҷанги Афғонистон захм бардошта буд, дар яке аз муҳимтарину барҷастатарин комипалҳои Ҳинд таҳти дармон ва муолиҷа қарор дошт ва ҳамчунон афзуд, ки писари Мавлавӣ Саломи Заъиф дар яке аз донишгоҳҳои тиббии Ҳиндустон масруфи таҳсил буду хонаводаи ин мақоми аршади Толибон, ки замоне аз ҷумлаи чеҳраҳои наздик бо истихбороти Покистон хонда мешуд, ҳар аз гоҳе ба Ҳинд рафтуомад дошт.
Як сол баъд аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон тасвире дар расонаи ҳиндӣ мунташир шуд, ки Тодинхон Ачакзайро дар канори Мулло Муҳтасим Оғоҷонӣ, яке аз чеҳраҳои ба зоҳир норозӣ аз Толибон ва бо даъвати Мулло Саломи Заъиф нишон медод.
Бо дарки ин ҳама вақоеъ, ки ман фақат ба андаки он ишора намудам, ба ҷуръат метавон гуфт, ки Ҳинд то имрӯз ҳам дар қиболи Афғонистон, ки ҷонфишонона ба дӯстиву тааҳҳуди худ барои Ҳинд вафодор боқӣ монда, аммо баръакс Ҳинд сиёсати хасмона ва манфиатҷӯёна бо Афғонистон бозӣ намудааст ва метавон гуфт, ки сафари ошиқонаи Толибон бо Ҳинд ҳам умри дароз надорад.
Ҳарчанд Ҳинд бо ин бор шабеҳи синамои пуртарафдораш сенарияи ҷолибе дар пайванд бар равобити худ бо Толибон сохтааст ва ба навъе мехоҳад террористҳои номиро дар афкори умумии Ҳинд ба қаҳрамонони кубоӣ ва патонзодаҳои муғулкуш муаррифӣ кунад, аммо ин мавзӯъ дар майдони амал корест душвору номумкин.