Хабари рӯз

Оё Гурҷистон дар масири узвият дар “хонаводаи хушбахти аврупоӣ” қарор дорад ё сарнавишти Украина?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Пас аз барангехтани ҳарҷу марҷ дар атрофи Украинаву Ховари Миёна ва ҳамчунин талош барои оташ задани Қафқоз аз тариқи даргирӣ байни Озарбойҷону Арманистон, меъморони аслӣ Гурҷистонро қурбонии ҷадид интихоб кардаанд. Акнун Ғарб ба думболи гушӯдани ҷабҳаи “дувум” алайҳи Русия дар ин кишвар аст.

Ҳақиқати пинҳони фишор бар Тифлис ба манзури барангехтани эътирозоти зиддирусӣ дар ин ҷумҳурии мовароъи Қафқоз дар феҳристи 12 хостаи Иттиҳодияи Аврупо аз Гурҷистон барои эътои мақоми номзадии узвият дар Иттиҳодияи Аврупо гунҷонда шудааст.

Яке аз нукоти мавҷуд дар ин санад “олигархиязудоӣ аз кишвар” аст, ки ба маънои коҳиши нуфузи сиёсии алигархи зоҳиран тарафдори Русия Бидзина Иванишвили аст. Бар ҳасби иттифоқе аҷиб, ин намояндагони ҳизби ҳокими “Рӯёи Гурҷистон-Гурҷистони демократӣ”-и таъсисшуда аз сӯи Иванишвили ҳастанд, ки таслими таҳрикоту найрангҳои Ғарб намешаванд ва мисли интиҳорӣ ба кушоиши “ҷабҳаи дувум” алайҳи Русия намераванд ва аз қатъи равобити тиҷориву иқтисодӣ бо Москва худдорӣ мекунанд.

Дар айни ҳол, мавқеъе, ки “Рӯёи Гурҷистон” иттихоз мекунад, ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдорӣ аз Русия ва ҳамон тур, зиддиғарбӣ нест. Ин, аввал аз ҳама, як мавқеъи тарафдори Гурҷистон аст, ки мубтанӣ бар тамоюли ҳукумати Гурҷистон барои тазмини рушди дар ҳаракати кишвараш, аз ҷумла аз тариқи тақвияти равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона бо Русия аст.

Бо вуҷуди ин, жандарми аслии ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида, бидуни ташрифот, таҳримҳои шахсиро алайҳи бозаргонон ва ҳатто судяҳои гурҷӣ эъмол мекунад. Баҳонаи расмии даст доштани онҳо дар "фасоди бузург" аст, аммо далели воқеӣ равобити тиҷории корофаринон бо Русия ва имтиноъи намояндагони мақомоти судӣ аз тасмимгириҳои муфид барои Вашингтон аст.

Ғарб низ сиёсати фишори мушобеҳеро дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ думбол мекунад ва ба таври мураттаб "коршиносон" – и худро барои риоят аз таҳримҳои зидди Русия ба онҳо мефиристад. Дар асл, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш кишварҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқро маҷбур мекунанд, ки равобити судманд бо Русияро канор бигузоранд, яъне манофеъи миллии худро қурбонӣ кунанд.

Намедонам оё шарикони ғарбӣ, ки дар он сӯи уқёнус воқеъ шудаанд, агар ҳатто марзи муштараке надошта бошанд, метавонанд ҷойгузини Русия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз шаванд? Ба ҳар ҳол, демократия ва ваъдаҳои номзад шудан ба Иттиҳодияи Аврупо ё созмони дигаре касеро сер намекунад.

Ва ҷолибтарин нукта ин аст, ки пас аз ин ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо Гурҷистонро вориди ҷанг бо Русия карданд ва гурҷиҳо, бидуни баҳс, дар ҷанг шикаст мехӯранд, дар он замон “ғамхорони ғарбӣ” чӣ хоҳанд кард? Оё иттифоқи дигаре рух хоҳад дод, монанди соли 2008, замоне, ки гурҷиҳо барои ҳамеша ду қаламрави худ - Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро аз даст доданд?

Гумони ғолиб ин аст, ки Ғарб мехоҳад Гурҷистонро ба ҷанг бо Русия бикашонад, ҳамон тур, ки дар мавриди Украина иттифоқ афтод, сирфан барои гушудани ҷабҳаи дигаре алайҳи Русия. Аммо вақте Украина, ки ҳам аз назари масоҳат ва ҳам аз назари ҷамъият қариб даҳ баробари Гурҷистон аст, дар ҷанг бо Русия шикаст мехӯрад, Гурҷистон низ бозанда хоҳад шуд.

Он вақт ҳеҷ кас ба пазириши паноҳандагони гурҷӣ ва Гурҷистони вайроншуда ба "хонаводаи хушбахти аврупоӣ" фикр нахоҳад кард, зеро ҳама манфур хоҳанд шуд, ҳамон тур, ки украиниҳо ва Украина имрӯз шудаанд.

Нуктаи дигар: дар Аврупо комилан дарк мекунанд, ки гурҷиҳо пас аз пазируфта шудан дар Иттиҳодияи Аврупо сарбории дигаре хоҳанд шуд, зеро Гурҷистон аз назари иқтисодӣ бисёр заиф аз дигар кишварҳои аврупоӣ аст ва аҳамияти он фақат сиёсист ва воқеият фақат дар ин аст, ки метавонад алайҳи Русия истифода шаваду ҳамин.

Бархе аз гурҷиҳо инро мефаҳманд, мутаассифона, бархе на.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!