Таҳлили мухтасаре дар бораи сафари якрӯзаи Владимир Путин ба Ховари Миёна
Нависанда: Ғавс Ҷонбоз, огоҳи масоили сиёсӣ ва дипломати собиқи Афғонистон
Владимир Путин, раисҷумҳур Федератсияи Русия, рӯзи чаҳоршанбе, шашуми декабр дафъатан ба ду кишвари ҳавзаи Халиҷ - Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ - сафар намуд. Ба қавли худи Путин, сафари ӯ ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аз қабл барнома шуда буд. Дар буҳбуҳаи омодагӣ барои сафар ба Аморот, раҳбари Арабистони Саудӣ аз ӯ даъват ба амал овард, то бо истифода аз фурсат ва наздикии ҷуғрофиёӣ, ба Риёз низ саре бизанад. Ва ӯ ба ин дархост лаббайк гуфт.
Ин аввалин сафари Владимир Путин пас аз оғози амалиёти низомӣ дар шарқи Украина дар 22 феврали соли 2022 аст. Қабл аз он тайи ин муддат Путин умдатан ба кишварҳои ҳавзаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ, Чин ва Эрон сафарҳое анҷом дода буд. Чину Эрон дар ҳоли ҳозир аз муттаҳидини наздики Русия ба ҳисоб мераванд.
Сафари Путин ба Ховари Миёна ҳадди ақал ду ҳадафи барҷаста дошт:
1 - Таҳкими муносибот дар чаҳорчӯби иттиҳодияи иқтисодии ОПЕК+;
2 - Намоиши неруҳои нармабзорӣ ва сахтабзории Русия дар минтақа ва фароминтақа.
Путин ҳини ин сафари барқосо ба наҳве кӯшиш намуд таҳаввули истиқомати геополитикӣ аз Ғарб ба "Машриқи калон"-ро низ тасбит намояд ва нуфузи Русияро дар ин минтақаи ниҳоят муҳим ҳар чи бештар густариш диҳад.
Шарқи Миёна на танҳо ҳавзаест, ки дар он манобеъи азими нафту газ қарор дорад, ки аз баракати он тамаддуни феълӣ нафас мекашад, ин минтақа дар воқеият яке аз марокиз ё дақиқтар бигӯям, нуқтаи тақотуъи муҳими лужистикӣ буда, ки аз тариқи он шарёнҳои борику ҳаётии қисмати аъзаме аз ҷаҳон убур менамоянд ва се қора (Осиё, Африқо, Аврупо)-ро бо якдигар васл мекунад.
Ба таври мисол, аз тариқи тангаи Ҳурмуз ҳаҷми қобили мулоҳизаи содироти нафт ба саросари ҷаҳон интиқол меёбад, аз маҷрои канали Суэс беш аз 80 дарсади колоҳо миёни Аврупо ва Осиё дар тараддуданд. Як бар чаҳорум (1/4) содироти тиҷоратии нафт ва 8 дарсади интиқоли гази табиии моеъ аз ҳамин минтақа сурат мегирад.
Дар ҳоли ҳозир иқтисоди Русия, Аврупо, Чин ва ҳамчунон Ҳинд ба ҳифзи амният дар ҳавзаи Ховари Миёна ва убури муназзаму бехатари киштиҳо аз канали Суэс аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Аз ҷониби дигар, ниёзмандии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои дастрасӣ ба манобеи табиӣ ва киштиҳои борбарӣ барои ҳамлу нақли колоҳо аз тариқи ин минтақа нисбат ба соири кишварҳои муқтадир камтар аст. Ба ҳамин далел, Вашингтон пайваста пинҳону ошкор дар талош аст, то шӯълаҳои ҷанг миёни кишварҳои минтақа тоза нигаҳ дошта шавад.
Сафари Путин ба минтақаи Ховари Миёна нишон медиҳад, ки Русия ба барномаҳо ва плонҳои худ дар дастуруламали сиёсии минтақа ва фаротар аз он динамизми фаъолтар мебахшад ва нақши худро дар таомулот нисбат ба ду соли гузашта матраҳтар месозад.
Тайи андаке кам ду соли ахир тавре ба назар мерасид, ки Русия ба иллати мунозиъа дар Украина комилан дар худаш фурӯ рафта ва бо тамомии имконоташ масруфи берунрафт аз буҳрони Украина хоҳад буд. Лекин инкишофи авзоъ нишон медиҳад, ки ҳолат тағйир ёфта, мунозиъаи Украина, гарчи бисёр муҳим буда, аммо дигар дар садри авлавиятҳои сиёсати хориҷии Русия қарор надорад.
Ҷузъи муҳими дигари сафари кунунии Путин ба Ховари Миёна баррасии ҷанг миёни Исроил ва Фаластин аст. Маскав кӯшиш хоҳад кард бо истифода аз майдони Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ибтикори амалро то ҳадде барои рафъи буҳрони Исроилу Фаластин ба дасти худ бигирад ва пешниҳодоти тозаву ҷиддиро дар ин бора ироа намояд.
Русия ба ин тартиб, талош хоҳад кард, то бар иловаи таъмину таҳкими муносиботи иқтисодӣ бо кишварҳои муҳими минтақа, нақши миёнҷигарро дар ҳалли буҳрони вахими минтақаӣ бозӣ намояд ва ҳамчунон худро ҳимоятгари асосӣ ва бебадили "ҷануби ҷаҳонӣ", ки дар баробари ҷаҳони Ғарб истодааст, тасбит кунад.
Суханронии Владимир Путин дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои G-20 нишон медиҳад, ки Русия мусаммам аст аз ин ба баъд дар мавзеъгириҳои минтақаӣ ва фароминтақаии хеш қотеъу ҷиддӣ амал намояд.
Дар иҷлоси G-20, Путин таъкид намуд, ки мехоҳад нақши ҳимоятгари асосии мардуми Ғаззаро дар баробари ҳамалоти Исроил бозӣ намояд. Путин дар баёнияаш ба стандартҳои дугонае, ки Ғарб пайваста аз онҳо дар полисиҳои хеш истифода менамояд, ишора намуд, ки дар аксари кишварҳо мавриди истиқбол қарор гирифт.
Барои Владимир Путин, ки давлаташ дар ҳоли ҳозир равобити муттаҳидона бо Эрон дорад, ҳамчунон бисёр муҳим аст нақши як миёнҷигар ва солиси билохирро дар наздикии ҳар чӣ бештари Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аз як тараф ва Эрон аз ҷониби дигар бозӣ намояд. Наздикии се кишвари минтақа (Эрон - Арабистони Саудӣ - Амороти Муттаҳидаи Арабӣ) бо афзуди нерӯманди Федератсияи Русия, заминаи татбиқи иқдомот, барномаҳо ва плонҳои ҳамоҳангёфта ва муассири баъдиро дар сатҳи минтақа фароҳам месозад.
Путин, рӯзи панҷшанбе, 7 декабр, билофосила пас аз баргашт аз Арабистони Саудӣ, дар қасри Кремл бо Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқот намуд. Қарори маълумот, Иброҳим Раисӣ мехоҳад бастае аз пешниҳодот ва иқдомоти зидди Ғарбро, ки интизор меравад дар ҳамоҳангӣ бо Москва анҷом диҳад, ба Владимир Путин пешкаш намудааст.
Маскав ва Теҳрон мусаммаманд як силсила иқдомоти ҳамоҳангёфтаро барои мутақоид сохтан ва инъитофпазирии бештари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ рӯи даст гиранд. Маскав ва Теҳрон қасд доранд ба ғарбиҳо бифаҳмонанд, ки фишори таҳримҳо ҳеҷ гуна натиҷае надошта ва Ғарб бояд аз полисии инъитофпазирона ва кӯтоҳ омадан ба шумули масъалаи Украина ва риояти манофеи Эрон дар Ховари Миёна кор гирад. Ба бовари Русия ва Эрон, ақибнишини Ғарб аз мавзеъгириҳои сарсахтонаи кунунӣ ва намоиши инъитофпазирӣ, беҳтарин иқдом барои берунрафт аз бунбасти сиёсӣ-низомӣ, ки Амрико ва муттаҳидини ғарбӣ дар он қарор гирифтаанд, хоҳад буд.
Ин ки Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар наздикӣ ва ҳимояти хеш аз Русияву Эрон то кадом ҳад метавонанд пеш бираванд, ояндаи наздик нишон хоҳад дод. Бидуни шак, ки ҳимояти ин кишварҳо аз полисии Москва мавозеи Русия ва ба таъқиби он Эронро дар минтақа нерӯмандтар месозад ва ба он кайфияту муассирияти бештар мебахшад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба навъе ба хеш аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ интизор дорад, то ин ду кишвар истихроҷи нафтро афзоиш диҳанд ва дар ин масъала аз мавзеи Вашингтон ҳимоят кунанд.
Қабл аз оғози ҷанги ҷадид миёни Исроилу Фаластин дар Ғазза, афзоиши ҳаҷми истихроҷи нафт бахши қобили мулоҳизаи муомила миёни Арабистони Саудӣ ва Исроилро ташкил медод. Дар сурати анҷоми ин муомила манофеи иқтисодии Русия ва Эрон башиддат мутазаррир мешуданд. Шурӯи ҷанг, ба таърихи 7 октябр, ин муомиларо мутаваққиф сохт.
Ҷанги тозаи Исроил дар арозии Фаластин ба Русияву Эрон мавқеъ медиҳад то ҳаҷми истихроҷ ва судури мутавозини маводи сӯхт бо дарназардошти манофеъи соири бозигарони калидӣ сурат гирад.
Муносиботи Арабистони Саудӣ ва Эрон дар натиҷаи масоии пушти парда ва бо подармиёнии дипломатияи Чин рӯ ба беҳтар шудан ниҳод ва шурӯъи ҷанги Исроил дар Ғазза боис шуд то валиаҳди Арабистони Саудӣ бо Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ҳатто дохили тамоси тилфонӣ шавад.
Ҳамаи ин ҳаводис ва ҷараёнҳои сиёсӣ-низомӣ ба Русия мавқеъ медиҳад, то ба як бозигари муҳим ва қотеъ дар ин ҳавза мубаддал гардад ва нишон медиҳад, ки таъмину идомаи тамосҳо бо Русия бисёр муҳим буда, ба инзиво кашондани он на мақдур аст ва на ҳам муассир.
Сафари Владимир Путин ба Ховари Миёна занги хатари муҳиму шаффоф барои нодӯстони Русия буда, метавонад паёми зайлро дар батни худ дошта бошад:
"Ман ҳастам ва метавонам баргардам! "
Нукта: Даврони солонаи колоҳо миёни Русия ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муқариб ба 9 миллиард ва бо Арабистони Саудӣ дар ҳадди яку ним миллиард доллари амрикоӣ мебошад.