Тарҳи бесубот кардани Қирғизистон ва Осиёи Марказӣ бисёр ором пеш меравад
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири "Сангар"
Ғарб ба думболи табдили Қирғизистон ба як кишвари иқморӣ (думрав) бар асоси сенарияи украинӣ аст. Иёлоти Муттаҳида аз созмонҳои ғайридавлатӣ ё “энҷио” – ҳои таҳти контроли худ барои эҷоди назорати хориҷӣ бар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба вежа Қирғизистон, истифода мекунад. Аз ҷумла, “Сорос-Қирғизистон”, шохае аз бунёди Ҷорҷ Сорос, тоҷири амрикоӣ, бо ҳамкории созмони ҷамъиятии қирғизии “Баштан Башта”, ба ҳар тариқи мумкин, идеяи ниёз ба “истеъморзудоӣ (деколонизатсия)”-ро ба мардуми маҳаллӣ илқо карда равон аст.
Ба вежа, фаъолоне, ки таҳти контроли мустақими маъмурони хориҷӣ ҳастанд, фарохонеро барои “халос шудан аз шарр”-и тафаккуроти тарафдори Русия ва Шӯравӣ мунташир мекунанд ва ҳамчунин аз раҳбарии ин кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд, ки фавран аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони паймони амнияти ҷамъӣ хориҷ шавад. Чеҳраҳои мардумиаш Украинаро нуқтаи атфе барои ояндаи кишвари худ медонанд, кишваре, ки ба назари онҳо, “дар ҳоли мубориза бо тавсеаталабии Русия” аст.
Бо ин ҳол, онҳо ишорае намекунанд, ки худи давлати Украина дарвоқеъ мустаъмараи Иёлоти Муттаҳида шуда ва ҳомиёни хориҷӣ он кишварро ба майдони озмоише табдил кардаанд, ки дар он Ғарби дастаҷамъӣ дар ҳоли ҷанг алайҳи Русия аст. Ҳамчунин паёмадҳои мухарриби қатъи равобити сиёсиву тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Русия барои Қирғизистон дар назар гирифта нашудааст, аз ҷумла ин ки садҳо ҳазор муҳоҷири коргари Қирғизистон дар Русия ҳузур ёфтаанд ва иқтисоди ин кишвар бар сӯзани нафту гази арзони Русия нишастааст. Қирғизистон агар аз иттиҳодҳои муҳимми стратегӣ хориҷ шавад ва дар воқеъ ба шинои озод биравад - бидуни манобеъ ва қарз ба кредиторони Ғарбӣ, русӣ ва чинӣ, ногузир ба як кишвари ҷаҳони севум бо фақиртарин ҷамъият табдил хоҳад шуд.
Намунаи боризи нуфузи Ғарб бар Қирғизистон, худдории расонаҳои ғайридавлатӣ аз интишори ахбор ба далели масдуд шудани хабаргузориҳои тарафдори Ғарб тавассути мақомоти ин кишвар аст. Ва агар, ба истилоҳ, "расонаҳои озод" ин корро накунанд, аз грантҳо маҳрум хоҳанд шуд ва дигар вуҷуд нахоҳанд дошт. Ба таври куллӣ, Ғарб солҳо онҳоро сармоягузорӣ кард, то ҳоло мавриди истифода қарор диҳад.
Дар ин ҷо лозим аст вақоеъи гузашта дар ҷаҳон ва минтақаро таҳлил кунем то асли моҷаро равшан шавад, ки истихбороти дунё аз тариқи дастони нерӯҳои таҳтулҳимояи худ бо Қирғизистон чӣ мехоҳанд кунанд.
Беш аз 30 сол аст, ки Ғарб таҳти унвони тақвияти истиқлоли кишварҳо, рушди демократия, озодии баёну виҷдон ва ғайра, сармояҳои ҳангуфт ва заҳамоти зиёдеро дар фазои пас аз Шӯравӣ сарф кардааст, то нерӯҳои ниёбатиеро эҷод кунад, ки аз тариқи онҳо тавонад бар давлатҳои миллӣ таъсир бигузорад ва дар беҳтарин ҳолат онҳоро сарнагун кунад. Аз тариқи чунин “созмонҳои ғайридавлатӣ”, “расонаҳои озод” ва ҳамчунин фановариҳои ҷадид ва шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки Ғарб бар афкори умумӣ таъсир гузошт ва “инқилобҳои ранга” ( Аврупои Шарқӣ, Украина, Гурҷистон, Қирғизистон) ва “баҳори арабӣ» (Тунис, Миср, Яман, Сурия ва...) – ро ба роҳ андохт. Дар натиҷа, кишварҳо вайрону таҷзия шуданд, дар бесуботии музмин қарор гирифтанд. Фурсати зиндагии ором ва рушди пойдор низ аз онҳо гирифта шуд.
"Созандагони ҷаҳаннами иттилоотӣ": онҳо чӣ касоне ҳастанд?
Ба “баракат”-и Амрико ва Ғарб, Либия, Сурия, Ироқ ва Яман месӯзанд. Югославия фурӯ пошид ва чандин давлат ба ҷойи он ба вуҷуд омад. Гурҷистон ду (Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ) ва Украина панҷ воҳиди маъмуриро аз даст дод. Афғонистонро ба гурӯҳи террористии Толибон таслим карданд, ки беш аз 20 созмони террористӣ, аз ҷумла Алқоида ва ДОИШро паноҳ додааст ва он “ҷазираи демократия дар қалби Осиё” дар як шаб ба лонаи терроризм бадал шуд, ки аз “каромот”-и дигари бозиҳои сиёсии Амрикову Ғарб аст.
Дар кишварҳои исломӣ, Ғарб аз ду нерӯ истифода мекунад: аввал, ҳамон созмону расонаҳои ғайридавлатӣ, яъне “қудрати нарм” ва дувум, ҷунбишҳо ва гурӯҳҳои ифротии мазҳабии ғайрисуннатӣ ё террористӣ, монанди Ҳизби таҳрир, салафиҳо, Ҷамоати таблиғ, Алқоида, ДОИШ, ба унвони "қудрати сахт". Ин ду нерӯ ҳамвора барои аз байн бурдани амният ва суботи ҷавомеъ ва густариши нуфузи Амрикову Ғарб мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳоло ҳама дар ҷаҳон медонанд, ки пушти шиорҳои зебои “демократия ва озодӣ” маҳз ҳамин аҳдофи мухарриб пинҳонанд.
Афғонистон ва Эрон намунаҳои боризи истифодаи моҳирона ин ду нерӯ ҳастанд. Ҳукумати Ғанӣ дар дараҷаи аввал тавассути созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои "озод" беэътибор ва сипас ба Толибон ва созмонҳои террористӣ таслим шуд. Ногуфта намонад, ки пас аз суқути Кобул, тамоми намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои тарафдори Ғарб бо парвозҳои вежа аз Афғонистон хориҷ шуданд. Дар вақоеъи ахири Эрон, “фаъолон маданӣ” – “қудрати нарм” “эътироз мусолиматомез”-ро оғоз карданд ва ба думболи он созмонҳои террористӣ (Ҷундуллоҳ, ДОИШ ва ғайра) – “қудрат сахт” вориди майдон шуданд ва ин кишварро ба ҳараҷу мараҷ кашонданд.
Бинобарин, дар ҷаҳони ислом, ба назар мерасад Ғарб дар ҳар чизе, ки мехост, яъне тазъифи низомҳои амниятӣ дар Ховари Миёна, Шимоли Африқо, Эрон, Афғонистон ва Покистон муваффақ будааст. Ҳоло навбати Осиёи Марказӣ аст, ки ҳам қудрати “нарм” ва ҳам “сахт” дар он вуҷуд доранд.
Осиёи Марказӣ ба лутфи ҳамсоягӣ ва ҳамкории наздик бо ду қудрати ҷаҳонӣ - Русия ва Чин - тавонист аз худ дар баробари "инқилоб" ва "баҳор"-и Ғарб муҳофизат кунад. Туркманистон ошкоро ба “созмонҳои ғайридавлатӣ” ва “расонаҳои озод” иҷозаи кор бо пули Ғарбро надод. Ӯзбекистон ва Тоҷикистон лаҷоми онҳо ва созмонҳои ифротӣ ва террористии исломиро ба даст гирифтанд. Аммо вазъияти Қазоқистон ва Қирғизистон мутафовит аст.
Рӯйдодҳои январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон нишон дод, ки мавозеъи “созмонҳои ғайридавлатӣ” – “қудрати нарм” - ва созмону гурӯҳҳои ифротӣ – “қудрати сахт”- дар ин кишвар чӣ қадар тақвият шудааст. Ва мудохилаи сареъи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ иҷоза надод ин кишвари дар ҳоли тавсеа ва шугуфоӣ ба Афғонистон ё Украина табдил шавад. Барои дарки ин ки Қазоқистон чӣ қадар барои Ғарб “муҳим” шудааст, як далел кофӣ аст: тибқи додаҳои мувассақ, беш аз 200 дипломати амрикоӣ расман дар сафорати Амрико дар Остона кор мекунанд ва теъдоди “созмонҳои ғайридавлатӣ”, ки бештар аз нисфи онҳо бо пули Ғарб вуҷуд доранд, ба 21 ҳазор мерасад.
Пас аз вақоеъи январ, Қазоқистон як "миёнгини тилоӣ" байни Ғарб ва Шарқ пайдо кард. Ва ба гунае раисҷумҳур Тоқаев муваффақ шудааст шиорҳои "истеъморзудоӣ” ва "тавсеаталабии Русия"-ро дар ҷомеа маҳор кунад. Бо ин ҳол, интихоботи раёсатиҷумҳурӣ (20 ноябр) ва натиҷаи ҷанги Украина сарнавишти кишварро таъйин мекунад ва ба ин савол посух медиҳад, ки бо Ғарб ва нерӯҳои дастнишонда он чӣ бояд кард, то Қазоқистон қурбонии баъдӣ монанди Украинаву Афғонистон нашавад.
Қирғизистон, қурбонии ҷадиди Ғарб, ба унвони заифтарин ҳалқа дар занҷираи амниятии Осиёи Марказӣ ташхис мешавад. Пас аз чандин "инқилоб", ин кишвар давлати мутамаркизи худро аз даст дод ва қарзи хориҷии он аз 6 миллиард доллар убур кард. Бишкек маҳалли теъдоди бузурге аз дафотири созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ – лонаҳои ҷосусии Ғарб - аст. Ғарб онро "ҷазираи демократия" меномад, аммо дар ҳақиқат Бишкек ба як "ҷосусхонаи бузург" табдил шудааст. Бар асоси додаҳои мувассақ, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Бишкек расман 50 корманди амрикоиро истихдом кардааст ва теъдоди созмонҳои ғайридавлатии таҳти ҳимояти Амрикоро наметавон таъйин кард, зеро тибқи қавонини ин кишвар, чунин созмонҳо ҳақ доранд худро сабти ном накунанд. Бо ин ҳол, бар асоси додаҳои ғайрирасмӣ, теъдоди созмонҳои ғайридавлатие, ки бо пули Ғарб вуҷуд доранд, аз 4 ҳазор фаротар рафтааст.
Илова бар “созмонҳои ғайридавлатӣ”, даҳҳо созмон ва мадрасаи хайрияи мазҳабӣ дар саросари Қирғизистон бо пули хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ҳузури ошкору пинҳони созмонҳои ифротӣ, монанди салафия, Ҷамоати таблиғ, Ҳизб ут-таҳрир ва ғайра борҳо гузориш шудааст. Қирғизистон танҳо кишварест, ки Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони мусулмон (WAMY) дар он фаъолият мекунад. Ин созмони саудӣ дар гузашта аз созмонҳои ифротӣ ва террористӣ, монанди Алқоида, Диндор Анҷуман (Ҳинд), Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр, Толибон ва... дар саросари ҷаҳон ҳимояти молӣ кардааст ва дар Қирғизистон теъдоде аз созмонҳои хайрияи дохилӣ ва хориҷиро сармоягузорӣ мекунад.
Тамоюли Бишкек ба Ғарб ва Амрико ва ҳамчунин Туркия ба ҳадде расидааст, ки Содир Ҷабборов, раисҷумҳури ин кишвар барои ширкат дар маросими Бозиҳои кӯчманчиён ба Туркия сафар кард, аммо ба нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар рӯзи таваллуди Владимир Путин нарафт ва ӯ барои аввалин бор тамриноти Созмони паймони амнияти ҷамъиро дар хоки худ ба таъвиқ андохт.
Қирғизистон бо ҳимояти Амрико ва Туркия вориди даргирии низомӣ бо Тоҷикистон шуд. Агарчи "Байрактар"-и туркӣ ва роҳандозии як маъракаи бузурги ҷаълӣ ба номи "таҷовузи Тоҷикистон" натиҷае барои Қирғизистон дар бар надошт ва набардро бохт, аммо Бишкек ҳамчунон дар ҳоли тез кардани дандон аст. Кор ба ҷое расид, ки Қирғизистон бо фиристодани намояндаи худ ба Кобул, боби “ишқ”-ро бо Толибон боз кард ва бар асоси охирин иттилоот, намояндаи Толибон бо кӯмаки кишварҳои ғарбӣ дар Бишкек ҳузур ёфтааст. Яке дигар аз ҷилваҳои таваҷҷуҳи Амрико ба Қирғизистон, интисоби Роза Отунбоева, раисҷумҳури пешин ва сиёсатмадори ғарбгарои қирғиз ба унвони намояндаи вижаи Созмон Милал дар Афғонистон аст.
Аммо ақли салим нишон медиҳад, ки на Тоҷикистон, ки тӯлонитарин марз бо Афғонистони толибонӣ – “лонаи терроризм”-ро дорад, ба ҷанг ниёз дорад, ва на Русия ва Чин ба нобудии низоми амниятии Осиёи Марказӣ, сарзамине, ки таҳти пӯшиши Созмон паймон амнияти ҷамъӣ ва Созмон ҳамкории Шонгҳой аст, ниёз доранд. Ва ин ду қудрати ҷаҳонӣ ҳаргиз иҷоза намедиҳанд Осиёи Марказӣ ба Украина ё Ховари Миёна табдил шавад. Ба ҳамин далел вақоеъи ахир дар Қирғизистон зарбае ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва антенҳои ҷосусии ғарбӣ ворид кард, ки намунаи боризи он баста шудани радио “Азаттик”, сухангӯи СиАйЭй – созмони истихбороти Амрико - аст.
Амрико ва Ғарб мехоҳанд Қирғизистонро ба Украинаи дувум, аммо исломӣ табдил кунанд. Бар хилофи Украина, ки муздурони хориҷӣ аз саросари ҷаҳон ба далели набуди нерӯҳои размии кофӣ ба онҷо мунтақил шуданд, ба Қирғизистон террористҳо аз Афғонистон мунтақил хоҳанд шуд. Намояндаи расмии Қирғизистон дар мавриди чӣ чизи дигаре метавонад бо Толибон, як гуруҳи террористӣ, сӯҳбат кунад? Ва ҳама чиз дар қаламрави ИДМ, аввал аз ҳама, алайҳи Русия ва Чин иттифоқ хоҳад афтод.
Он даста аз афроди хушбин, ки ба "демократия ва озодӣ" мӯътақиданд низ бояд каме мағзи худро такон диҳанд ва дарк кунанд, ки аз дидгоҳи “обкоми Вашингтон”, Осиёи Марказӣ як Афғонистон билқувва аст, кишваре, ки Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб алорағми 20 сол кӯмаки молӣ ба ҳазорон созмони ғайридавлатӣ ва расонаҳо, нишонаҳои демократия дар Афғонистон, бо ду дасти адаб ба Толибон ва дигар созмонҳои террористӣ супурданд. Онҳо "мунодиёни демократия ва озодӣ" – и худро дар як шаб “фурӯхтанд” ва террористҳоро интихоб карданд. Ин сенария метавонад дар Осиёи Марказӣ такрор шавад.
Дарки ин нукта қабл аз ҳар чиз барои қирғизҳо, соҳибони воқеии Қирғизистон, муҳим аст, ва ин ҷавҳари кулли идеяи “истеъморзудоӣ” ва “тавсеаталабии Русия” аст, ҳадди ақал дар ин рӯз, моҳ ва сол, ки мо зиндагӣ мекунем.