Чӣ гуна минтақа метавонад аз манофеъ худ дар “ҷанги ҳаюлоҳо” муҳофизат кунад?
Нависанда: Давлат Усмон, номзади улуми сиёсӣ (Тоҷикистон), махсус барои “Сангар”
Якуним сол баъд амалиёти вежаи низомии Русия дар Украинаро, ки 24 феврал 2022 оғоз шуд, метавон фақат ҷанг унвон кард. Раҳбарии марказӣ ва расонаҳои давлатии Русия тарҷеҳ медиҳанд ин ҷангро як амалиёти низомии вежа биноманд.
Амалиёти вежаи низомии Русия дар Украина бархе аз асрори бозиҳои геополитикии байни Ғарбу Шарқро фош мекунад, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, ки Русия вориси он шуд, ба тамоми шиддат идома доштанд.
Бо ин ҳол, бархе таҳлилгарон ва коршиносон мӯътақиданд, ки оғози рӯёрӯии ошкори Русияву Ғарб аз ҷанги блоки НАТО алайҳи Югославия (дар он замон иттиҳодияи Сербистон ва Черногория) оғоз мешавад. Дар он рӯз Евгений Примаков, вазири умури хориҷаи вақти Русия, ҳавопаймои худро аз осмони Уқёнуси Атлантик ба самти Русия баргардонд ва сафари худ ба Иёлоти Муттаҳидаро қатъ кард. Бархе дигар суханронии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар конфронси амнияти Аврупо дар Мюнхен дар соли 2008-ро оғози ихтилофи Русия бо Ғарб медонанд.
Аз замоне, ки давлати Обама дар соли 2008 ба Кохи Сафед омад ва тавассути он, ба истилоҳ, сиёсати "танзими муҷаддад" миёни Вашингтону Маскав оғоз шуд, равобит байни онҳо беҳбуд ёфт. Бо ин ҳол, пас аз сарнагунии раисҷумҳури Украина, Виктор Янукович, авзоъ дигарбора хароб шуд. Бо тағйири қудрат дар Украина дар натиҷаи "кудато", ба бовари Маскав, ва "инқилоби мардумӣ" ба гуфтаи Ғарб, ва ба дунболи он тасарруфи Қрим аз сӯи Русия, масирҳои Иёлоти Муттаҳида ва Русия комилан ҷудо шуданд.
Пас аз ин ҳаводис, нооромӣ дар шарқи Украина оғоз ёфт, ки мунҷар ба даргирӣ дар Донбас ва дар пайи он эҷоди ду воҳиди маъмурӣ – Ҷумҳурии мардумии Донетск ва Ҷумҳурии мардумии Луҳанск шуд. Украина мӯътақид аст, ки ин манотиқ ибтидо ба тасарруфи нерӯҳои мусаллаҳи Русия даромада ва сипас бар асоси референдумҳои мардумии ҷаълӣ, ин воҳидҳо эҷод шудааст. Русия мӯътақид аст, ки ҷамъияти Донбас, ки умдатан русзабон ҳастанд, бо тағйири хушунатомези қудрат дар Киев мувофиқ набуданд, аз ин хотир, қиём карданд ва қудратро дар минтақа ба даст гирифтанд ва дар натиҷаи як ҳамапурсӣ ин ҷумҳуриҳоро ташкил доданд.
Мақомоти украинӣ барои контроли муҷаддади минтақа, амалиёти низомиеро таҳти унвони Амалиёти зиддитеррористӣ оғоз карданд, аммо натавонистанд контроли комили минтақаро барқарор кунанд ва дар натиҷа пас аз музокирот бо миёнҷигарии кишварҳои ғарбӣ ва Русия, тавофуқномаи Минскро имзо карданд. Бо ин ҳол, аз оғози даргирӣ дар баҳори 2014 то оғози Амалиёти вижаи низомӣ дар 24 феврали 2022, даргириҳо дар Донбас мутаваққиф нашуд. Аз ин хотир, Украина ин амалиётро, ки Русия алайҳи он ба роҳ андохтааст, идомаи ҷанг, аммо дар як ҷабҳаи густурдатар медонад ва ҳадафи аслии Русияро барқарории контроли комил бар Украина ва дар оянда бозгардондани контрол бар тамоми ҷумҳуриҳои мустақили ташкилшуда пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла кишварҳои Балтика, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, арзёбӣ мекунад.
Бо ин ҳол, вазъият дар ҷабҳаи Русияву Украина нишон медиҳад, ки пирӯзии як тараф бар тарафи дигар бисёр мушкил аст, магар ин ки як тараф бар тарафи дигар дар ҳамаи ҷиҳатҳои пешбурди ҷанг бартарӣ дошта бошад. Ба чанд далел Русия наметавонад Амалиёти вижаи низомии худро ба ҷанг табдил кунад ва Ғарб дар дозаҳои лозим ба Украина кӯмак мекунад, то ҳам Украина шикаст нахӯрад ва ҳам Русия пирӯз нашавад. Худи Украина бештари ширкатҳои саноати низомии худро дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоии Русия аз даст додааст. Ҳамчунин бидуни кӯмаки Ғарб наметавонад ба ҷанг идома диҳад.
Дар сурати тадовуми ҷанг ва тазъифи Русия ба далели мушкилоти моливу иқтисодӣ ва ҳамчунин коҳиши нуфузи он дар фазои пасошӯравӣ, рӯёрӯии Ғарбу Русия мумкин аст ба самти Қафқозу Осиёи Марказӣ кашида шавад. Рақобати ҷаҳонӣ ва минтақаии бозигарони майдони геополитика барои нуфуз дар ҳоли ҳаракат ба самти ин манотиқ аст, ки ба маънои зуҳури даргириҳо ва ҷангҳои ҷадиде, монанди Украина аст.
Дар воқеъ, пас аз шурӯъи Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, мубориза барои тақсимоти ҷадиди ҷаҳон ва қолаббандии муҷаддади он вориди марҳалаи ҷадиде шуд. Қабл аз шурӯъи амалиёт, ба таври расмӣ бозигарони аслии геополитика дар саҳнаи ҷаҳонӣ Иёлоти Муттаҳида, Чин, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия буданд. Як солу ним баъд мушаххас шуд, ки дарвоқеъ фақат Амрикову Чин чунин ҳастанд ва Русия ба далели гир мондан дар Украина ва иштибоҳи стратегӣ дар ҳалли муноқиша аз дастаи аввал ба сатҳи дувум рафт. Ва иштибоҳ ин буд, ки Русия барои ҳалли масъалаи Украина аз зӯр истифода кард, чизе, ки руқабояш мунтазири он буданд. Ҳоло Русия ду роҳ барои ҳалли мушкил дорад:
Аввалан, Маскав сигналҳои мусбате аз Иёлоти Муттаҳида дарёфт мекунад, ки ба таври давраӣ паёмҳоеро мефиристад, масалан, дар мавриди маҳдуд кардани кӯмакҳои низомӣ ба Украина ва аз ин тариқ Русияро даъват мекунад то мувофиқат кунад ва ба Амрико дар тақсимбандӣ ва қолаббандии муҷаддади ҷаҳон бипайвандад.
Сониян, Русия ҷанг дар Украинаро то фурӯпошии комили иқтисод, аз дарун тикка-тикка шудан ва бесуботии дохилӣ идома хоҳад дод, ки дар пайи ин бештар ба Чин вобаста хоҳад шуд.
Он чӣ ба Иттиҳодияи Аврупо рабт мегирад, ин аст, ки бидуни Иёлоти Муттаҳида, алорағми тавоноиҳои молии бисёр зиёд, ҳатто наметавонад амнияти худро тазмин кунад.
Бар ин асос, дар ояндаи наздик, илова бар муноқишаи Русияву Украина, ҳадди ақал Ховари Миёна, аз ҷумла Туркия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ба шумули Афғонистон ва Покистон, ба майдони бозиҳои геополитикӣ барои тақсим ва қолаббандии ҷадиди ҷаҳон табдил хоҳанд шуд. Ҳамчунин қораи Африқо, ҷое, ки Иёлоти Муттаҳида бо кӯмаки нерӯҳои ниёбатии худ, шурӯъ ба берун рондан ва муҷозоти Фаронса ба далели саркашиву иштибоҳоти стратегӣ ва ҳамчунин сиёсати хориҷии беш аз ҳад мустақилаш кардааст.
Таърихи дунёи дуқутбӣ решаҳои тӯлонӣ дорад. Аввалин ҷаҳони дуқутбӣ дар ҷараёни тақсими ҷаҳон байни императорҳои Риму Эрон шакл гирифта буд. Охирин маврид, тақсими ҷаҳон байни Ғарб ба раҳбарии Амрико ва Шарқ ба раҳбарии Иттиҳоди Шӯравии собиқ буд. Бо ин ҳол, сохтани ҷаҳони се ё чандқутбӣ бисёр душвор ва мушкилсоз аст, зеро аввалан худ табиати инсон ин иҷозаро намедиҳад.
Вазъияти кунунии дунёи модерн нишон медиҳад, ки соири кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бозигарони минтақаӣ (монанди Иттиҳодияи Аврупо) ва ҳеҷ давлате ба танҳоӣ наметавонанд аз ӯҳдаи таъмини манофеъ ва амнияти миллии худ бароянд.
Таърих нишон медиҳад, ки вақте ҷаҳон байни блокҳои Ғарбу Шарқ тақсим шуд, барои бақияи ҷаҳон роҳаттар буд, ки бо ташкили эътилофҳо ва созмонҳои байналамилалии мухталиф (Созмони кишварҳои ғайримутааҳҳид, Иттиҳодияи Африқо, Иттиҳодияи кишварҳои Амрикои Лотин) аз манофеъи миллии худ муҳофизат кунанд.
Шароити кунунии ҷаҳон нишон медиҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ барои таъмини амният ва манофеъи милли худ бояд дар канори ҳам бошанд ва бо ҳам аз худ дифоъ кунанд. Дар ғайри ин сурат, хатари бисёр бузурге барои табдили минтақа ба майдони набардҳои геополтикии қудратҳои ҷаҳонӣ вуҷуд дорад.
Шояд касе бигӯяд, ки ҳанӯз ҳама чиз аз даст нарафтааст, минтақа зери чатри низомӣ-сиёсии Русия аст ва Чин дар ин мавзӯъ муттаҳиди он аст.
Масъалаи Украина нишон дод, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, раҳбарии ҷадиди Русия бо бархурдорӣ аз манобеъи азими табиӣ, инсонӣ, илмӣ ва фикрӣ ва ҳамчунин таҷриба дар мудирияти давлатӣ, натавонист кишварро ба як ҳастаи марказии кишварҳои тозаистиқлоли Шӯравии собиқ табдил ва ба барқарориву тақвияти ҳокимият ва амнияти онҳо кӯмак кунад. Бо ин ҳол, дар амал дида шудааст, ки нерӯҳои хосе дар дохили Русия таҳти фишори хориҷӣ барои беш аз 30 сол пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, на танҳо сиёсати эътимод ва наздикиро думбол накарданд, балки баракс, ба як сиёсати ихтилоф ва таҷзия (муноқишаи Фароднестр дар Молдова, қазияи Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ дар Гурҷистон, ҷанги Қарабоғи Кӯҳистонӣ байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҷанги дохилии Тоҷикистон) ва ғайра кӯмак карданд.
Шояд касе бигӯяд, ки ин ҳама масъулиятро ба ӯҳдаи Русия гузоштан як амали ноодилона аст, зеро худ дар бесуботии дохилӣ ва буҳрони сиёсӣ ғӯтавар буд. Аммо чӣ бихоҳем чӣ нахоҳем, дар он рӯзҳо фақат Русия ин имкон ва қудратро дошт, ки аз ҳамаи ин ихтилофу даргириҳо ҷилавгирӣ кунад, аммо ин корро накард.
Инсофан бояд гуфт, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо эҳсоси хатари вазъияти кунунӣ, шурӯъ ба барқарории иртиботи созандатаре бо якдигар кардаанд. Ҷаласоти машваратӣ дар сатҳи сарони кишварҳои минтақа гувоҳи ин амр аст. Ба ҳар ҳол, ин кофӣ нест. Ташкили як иттиҳоди қавии минтақаӣ ва ҳифзи амнияту манофеъи миллии кишварҳо як амри зарурӣ аст. Дар ғайри ин сурат, зуҳури бесуботӣ дар яке аз кишварҳо метавонад ба суръат ба далоили маъруф ба дигар кишварҳо сироят кунад. Лозим ба зикр аст, ки ҳама кишварҳо ба иттифоқи оро ифротгароии мазҳабӣ ва терроризмро таҳдиди аслӣ ба амнияти худ медонанд. Ба инҳо гароишҳои натсионалистӣ (пантуркизм, панэронизм) ва ғайраро алайҳи наздик шудан ва тақвияти иттиҳодияи минтақаӣ метавон изофа кард.
Ҳамчунин барои эҷоди як иттиҳодияи қавӣ, бояд ихтилофоти арзӣ, ки аз гузашта ба ирс расидааст, ҳал шавад ва роҳе барои шаффофияти бештари марзҳо, ба унвони мисол, чун дар Иттиҳодияи Аврупо, пайдо гардад. Илова бар ин, мувофиқатномаҳо ва муқаррароти муштарак дар мавриди тақсим ва истифодаи одилона аз манобеъи об бояд ба таври комил ба тасвиб расанд. Адами ҳаллу фасли ин ду мавзӯъ, ки ҳар лаҳза метавонад аз сӯи дастҳои хориҷӣ барои эҷоди даргирӣ ва ихтилоф байни кишварҳои минтақа мавриди истифода қарор гирад, мушкили аслиест, ки ниёз ба ҳалли фаврӣ дорад. Ин бояд як авлавият барои ҳар давлат дар минтақа бошад.
Дар ин росто, умедворем нишасти машваратии баъдии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки қарор аст 14 то 15 сентябр баргузор шавад, босамартар хоҳад буд.
Ҳамчунин, ҳама моиланд, ки Амалиёти вижаи низомии феълии Русия дар Украина ҳар чӣ зуд хотима ёбад. Ин ба тазмини рифоҳу субот дар фазои пасошӯравӣ табдил хоҳад шуд. Дар ғайри ин сурат, тадовуми Амалиёти вижаи низомӣ ва тазъифи иқтисоди Русия дар натиҷаи таҳримҳо ва коҳиши нуфуз он, соири бозигарони геополитикӣ, дар дараҷаи аввал Амрико ва Чинро вориди ринг хоҳад кард, ки бо паёмадҳои манфии пешбининашудае ҳамроҳ аст. Дар ғиёби Русия, ин қудратҳо барои нуфуз дар минтақа рақобат хоҳанд кард. Бадеҳист, ки кишварҳои минтақа ба танҳоӣ қодир ба ҳифзи амният ва манофеъи миллии худ дар ин “набарди титанҳо” нахоҳанд буд. Танҳо роҳ ҷамъ омадан дар як ҷабҳаи муттаҳид ва дифоъи муштарак аст.