Илон Маск интихоботи Олмонро чӣ гуна муҳандисӣ мекунад?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
“Инқилоби консерватизм”-и Трамп пеш аз “оғози расмӣ” талотумеро дар даруни кишварҳои неолиберал эҷод кардааст.
Ҷастин Трюдо, нахуствазири либерали Канада, истеъфо дод.
Ҳизби рости радикали “Озодии Утриш” (FPÖ) ба раҳбарии Герберт Кикл (Herbert Kickl), ки дастиростӣ аст, муваззаф ба ташкили кобина шуд.
Ҷорҷа Мелони, нахуствазири рости радикали Италия аз ҷумлаи нахустин раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ба мулоқоти Трамп рафт ва аз сӯи вай даъват дар маросими савганд шуд.
Ва аммо муҳиммтар аз ҳама Олмон аст.
“Алиса Вайдел” (Alice Weidel) раҳбари ҳизби рости радикали “Алтернатива барои Олмон” (AFD) низ ба даъвати Трамп дар маросими савганд иштирок мекунад.
Расонаҳои неолиберали Олмон ва Аврупо ҳамеша вай ва ҳизбашро ба хориҷиситезӣ муттаҳам мекунанд. Воқеият ин аст, ки ҳизби “Алтернатива барои Олмон” хориҷиситезии хислатнамо дар Олмонро баракси дигар ҳизбҳо ба гунаи равшан баён мекунад, ба вежа ин хориҷиситезӣ бештар моҳияти исломситезӣ дорад ва хеле кам яҳудситез аст. Ҳизби “Алтернатива барои Олмон” барномаи бисёр ҷомеъи иқтисодӣ дорад, ки либерал аст, аммо дар масоили иҷтимоӣ башиддат муҳофизакор мебошад. Бар баргашти Олмон ба сӯи ҳамкорӣ бо Русия таъкиди ҳамешагӣ дорад ва зидди ҷанги Украина аст. Ногуфта набояд гузошт, ки лоббии Русия аз тариқи олмониҳои баргашткунанда аз Шӯравии собиқ дар ҳизб хеле қудратманд ва дарвоқеъ як бахше аз сутуни панҷуми Русия мебошад.
***
Доналд Трамп дар даври нахусти раёсатиҷумҳурӣ бар як мавҷи норизоиятӣ савор шуд, вале дар баробари давлати пинҳон (deep state) шикаст хӯрд. Вай ба ҳайси як мубориз, майдонро раҳо накард ва барои тасхири қуллаи қудрати Амрико барнома рехт ва бо сармояи ҷадид, ки дар пешопеши “инқилоби чаҳоруми санъатӣ” қарор дорад, наздик шуд. Бузургтарин таҳаввул дар роҳи пирӯзии Трамп бо номи Илон Маск рақам хӯрд. Ҳамчунон Питер Тил (Peter Thiel) консервативи ҷадиди олмонӣ-амрикоӣ, раиси Пей Пол ва идеологи пурнуфус дар Водии Силикон (Silicon Valley), яъне қалби фанновариҳои ҷадид ва идеяпардозон ва корофаринони шинохташудаи он ба вай пайвастанд ва дар ниҳоят заминасози пирӯзии вай гардиданд.
Акнун Илон Маск пас аз фарзандони Трамп дарвоқеъ дасти рости вай аст, ки бо паёмҳо дар Икс ё Твитери собиқ нақши “мизонсин”-ро ба ӯҳда гирифтааст. Тими ҷадиди Трамп, ки на шахсиятҳои сиёсии идораии вай, балки маҷмӯае аз иқтисоди фанноварӣ ва роботии ояндаи Амрико хоҳад буд, инқилоб ҳам дар системи сиёсӣ, иҷтимоӣ, молӣ ва ҳатто ахлоқии Амрико мехоҳанд падид оварданд, ҳам тамоми мавозини байналмилалӣ, аз ҷумла назми пасоконфронси Ялта ва ҳифзи ҷуғрофияи сиёсии ҷаҳонро тағйир медиҳанд.
Тасодуфӣ нест, ки Трамп аз аёлати 51-и Амрико дар бораи Канада сӯҳбат мекунад, ё Гринландро мехоҳад ба Амрико мулҳақ созад, ё давлати Курдистон бисозад; Ҳамчунон НАТО-ро тазъиф кунад ва ваҳои дигар.
Нахустин мусоҳибаи матбуотии Трамп ба таърихи 7 январи 2025 паёмҳои равшан дошт, ки оғозгари сиёсати ҷадид хоҳад буд.
Дар ин гирудор, Илон Маск аз Алиса Вайдел дар интихоботи 23 феврали 2025 мехоҳад ҳимояти мустақим намояд ва Доналд Трамп раҳбари ҳизби “Алтернатива барои Олмон”-ро ба маросими савгандаш даъват кард. Амали Трамп нишона аз оғози як силсила иқдомҳо ва интиқомҳо аз либералҳоест, ки ҳанӯз дар Аврупо мусаллатанд ва бояд баҳои ҳимояташон аз Байден ва ҳукумати вайро бипардозанд.
Ҷолиб ин аст, ки Кит Келлог, намояндаи вежаи Трамп барои Русия ва Украина сафараш ба минтақаро ба таъвиқ андохт. Чарои онро метавон муртабит ба сафари Алиса Вайдел донист, ки мумкин нақши муҳиммро дар ростои тағйири сиёсати Амрико дар ҷанги Украина бозӣ намояд.
Олмон дар остонаи як таҳаввули бузург қарор дорад ва аҳзоби бо гароишҳои неолибералӣ бояд ҷо барои ду ҳизби рост ва чапи зиддилибералӣ холӣ кунанд, ки дур аз имкон нахоҳад буд, як эътилофи ғайри қобили бовар бар асоси идеологияҳои собиқ ва мумкин дар шароити ҷадид падид ояд.
Пайнавишт: “Алиса дар сарзамини аҷоибот” (ба инглисӣ: Alice's Adventures In Wonderland) ном китобест, ки Луис Керрол дар соли 1865 навишта буд. Ин ҷо манзури ман Амрико ба ҳайси кишвари аҷоибот аст ва Алис ҳам Алис Вайдел раҳбари ояндаи Олмон аст.