Хабари рӯз

Пушти бозии чандлояи Русия дар Афғонистон чист?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Матлаби аслӣ: روسیه و طالبان: ائتلافی برای هرج و مرج

Русия бо шиносоии расмии Толибон гоми тозае дар ҷиҳати бозтаърифи назми геополитикии минтақа бардошт. Агарчи ин иқдом дар зоҳир нишонае аз одисозии равобит бо Толибон талаққӣ мешавад, аммо дар батни он аҳдофи амниятӣ, иттилоотӣ ва роҳбурдӣ нуҳуфтааст, ки дар қолаби рақобати чандҷониба бо қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақавӣ қобили таҳлиланд:

 1 - Русия, Толибон ва тағйири рӯйкарди амниятӣ

Бо расмиятбахшӣ ба Толибон Русия талош кард то нигоҳи таърихии мубтанӣ бар тақобул бо исломи радикалро бозсозӣ кунад ва тасвири пешин аз худ ба унвони як қудрати мутаҷовизро камранг созад. Ин тағйири рӯйкард маҳсули ниёзҳои навини роҳбурдии Кремл дар тақобул бо Амрико, Чин, Ҳинд ва соири бозигарони минтақаӣ аст. Русҳо акнун бар асоси муҳосиботи амниятии муосир таомул бо Толибонро на аз мавзеъи идеологӣ, балки аз манзари баҳрабардории геополитикӣ думбол мекунанд.

 2 - Сенарияи фурӯпошии дарунии Толибон; Абзори роҳбурдии Русия

Ҳадафи Маскав аз таомули расмӣ бо Толибон эҷоди шикофҳои дарунӣ ва сохторӣ дар миёни ин гурӯҳ аст. Се тайфи аслӣ дар сохтори Толибон—олигархҳои сармоядор, фармондеҳони миёнӣ ва нерӯҳои саф—дорои тазоддҳои ошкори идеологӣ ва манофеъанд. Русия бо доман задан ба ин тазоддҳо, заминаро барои эҷоди фурӯпошии тадриҷӣ, тазъифи иқтидори марказӣ ва даргирсозии соири қудратҳо дар майдони Афғонистон фароҳам мекунад. Ҳамчунин, пайванди нерӯҳои фурудасти Толибон бо шабакаҳои террористӣ, монанди ДОИШ, потенсиале барои ташдиди ошӯби амниятӣ дар минтақа дорад; Масире, ки ба нафъи мантиқи амниятмеҳвари Русия барои бесуботсозии контролшуда аст.

3 -- Афғонистон; Ботлоқи рақобат барои Чин, Ҳинд, Туркия ва аъроб

Дар гоми дувум, Русия талош мекунад пойи қудратҳои минтақаӣ, аз ҷумла Чин, Ҳинд, Туркия ва кишварҳои арабиро ба майдони рақобат бар сари Толибон бикашонад. Ин рақобат, зимни таъмини ҳазинаҳои молӣ барои бақои Толибон, ниёзи ин гурӯҳ ба манобеъи ғарбиро низ коҳиш медиҳад. Дар айни ҳол, русҳо бо муҳандисии ин рақобат, навъе "ҳарҷу марҷи маҳоршуда" эҷод мекунанд, ки меҳвари контроли он дар дасти Маскав боқӣ бимонад.

Чин дар ин бозӣ, агарчи шарики зарурии Русия маҳсуб мешавад, аммо на муттаҳиди роҳбурдӣ. Маскав Пекинро ба унвони бозигарии ниёзмеҳвар талаққӣ мекунад ва талош дорад бо вогузарии иттилооти амниятии маҳдуд, имтиёзоти калони иқтисодӣ ба даст оварад. Ҳамон тур, ки дар буҳрони Украина, манобеъи молии Чин дар қиболи энержии русӣ ба кор гирифта шуд, дар Афғонистон низ Русия ба думболи такрори ин улгу аст.

4 - Таомули сеҷониба: Русия, Ҳинд ва Чин

Русия талош дорад бо истифода аз абзорҳои нарму иттилоотӣ Ҳиндро ба майдони Афғонистон бикашонад; На барои ҳамкории стратегӣ, балки ба унвони нерӯи маҳоркунандаи Чин. Дар ин таомул Деҳлии Нав низ барои муқобила бо таҳдидоти фаромарзии Толибон ва тавсеаи нуфузи иттилоотиаш маҷбур ба таомул бо Кремл хоҳад шуд. Ҳинд дар изои баҳрабардорӣ аз каналҳои расмии Русия бо Толибон, эҳтимолан дар иртиқои фановарии низомии русҳо мушорикат хоҳад кард.

 5 - Нақши Туркия ва аъроб; Бозсозии ҷиҳоди Афғонистон?

Туркия ва кишварҳои арабӣ низ барои мувозина бо нуфузи фазояндаи Чину Ҳинд дар Афғонистон, ногузир ба сармоягузориҳои сангини амниятӣ ва молӣ хоҳанд шуд. Ин вазъият ёдовари проекти ҷиҳоди Афғонистон дар даҳаи 80 мелодӣ аст, бо ин тафовут, ки ин бор Русия аз ин рақобат суд мебарад ва дар амал бозигаронеро, ки рӯзе дар шикасти Шӯравӣ нақш доштанд, дар замини худаш бозӣ медиҳад.

6 - Тафоҳуми нохостаи Русия ва Амрико алайҳи Чин?

Русия акнун дар ҷойгоҳе қарор дорад, ки ба рағми тақобул бо Ғарб, барои маҳори Чин ба як "шарики иҷтинобнопазир" барои Амрико табдил шудааст. Ин тафоҳум, агарчи эъломнашуда аст, аммо дар чорчӯби манофеъи роҳбурдии ду тараф дар баробари густариши нуфузи Чин дар ҳоли шаклгирӣ аст. Вашингтон ва Маскав, бо ангезаҳои мутафовит, дар маҳори Чин дар Афғонистон дорои иштироки манофеъи пинҳонанд.

7 - Хутути қирмизи Русия барои Чин дар Афғонистон

Маскав агарчи бо ҳузури иттилоотӣ ва иқтисодии маҳдуди Чин дар Афғонистон мувофиқ аст, аммо ҳузури низомӣ ё мудохилаи мустақими Пекинро "хатти қирмиз" медонад. Шимоли Афғонистон, ба далели наздикӣ ба Осиёи Марказӣ, Шинҷони Чин ва тамаркузи гурӯҳҳои ифротӣ, минтақае ҳассос барои Кремл аст. Дар сурати иқдоми Чин барои нуфузи низомӣ ё иттилоотӣ дар ин минтақа, Русия мумкин аст аз гурӯҳҳои мусаллаҳи маҳаллӣ барои маҳори он истифода кунад.

8 - Ҳадафи ниҳоии Русия; Табдили Афғонистон ба майдони бозии чандқутбии маҳорпазир

Русҳо хоҳони табдили пойгоҳи Багром ба як маркази иттилоотии муштарак бо Чин нестанд, балки мехоҳанд контроли онро барои расади Ғарб ва мудирияти бозии қудратҳо дар даст дошта бошанд. Ҳадафи ниҳоӣ, маҳдудсозии рушди беш аз ҳади Чин, бениёзсозии Толибон аз манобеъи ғарбӣ аз тариқи рақобати бозигарони минтақаӣ ва эҷоди фазои геополитикии амн барои пешбурди манофеъи иқтисодӣ ва энержимеҳвари Русия аст.

 

Натиҷагирӣ

Русия бо шиносоии Толибон сирфан вориди як робитаи расмӣ нашуда, балки нақшае печида барои бозтаърифи сохтори қудрат дар Афғонистон ва баҳрабардории чандлоя аз шикофҳо ва рақобатҳо миёни қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳониро ба иҷро гузоштааст. Ин стратегия ҳамзамон бо маҳори Чин, кашондани руқабо ба як майдони пурҳазина ва тақвияти нуфузи истихборотӣ ва геополитикӣ Маскав тарроҳӣ шудааст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!