Чаро Эрон, Миср, Покистон ва Туркия бояд муттаҳид шаванд?
Нависанда: доктор Холидин Зиёӣ, раиси Андешакадаи гуфтумони таълимии миллат, махсус барои “Сангар”
Матлаби аслӣ: چراغ سبز ایران به مصر
Тағйири номи хиёбони Холиди Исломбулӣ дар Теҳрон ба номи “шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ”, дар чилсолагии шаҳодати Анвар Содот, раисҷумҳур пешини Миср, нишонае муҳимм дар масири бозсозии равобити дипломатӣ миёни Эрон ва Миср ба шумор меравад. Ин иқдоми намодин метавонад заминасози иртиқои равобити дуҷониба то сатҳи сафир бошад. Ин мақола талош дорад то ин таҳаввулро дар бистари муодилоти геополитикии минтақа, ба вежа дар робита бо мусалласи геополотикии Эрон, Миср, Туркия ва Покистон, таҳлил кунад.
Равобити Эрону Миср аз замони Инқилоби исломии Эрон ва террори Анвар Содот тавассути Холид Исломбулӣ дучори таниш шуд. Хиёбоне дар Теҳрон ба номи Исломбулӣ номгузорӣ шуд, ки намоди гусасти дипломатӣ миёни ду кишвар талаққӣ мегардид. Тағйири номи ин хиёбон, пас аз чаҳор даҳа, метавонад нишонае аз кушоиш дар равобит бошад.
Бо таваҷҷуҳ ба фишорҳои бесобиқаи низомӣ ва иттилоотӣ аз сӯи қудратҳои ғарбӣ бар Эрон, зарурати ташкили як иътилофи минтақаӣ миёни Эрон, Миср, Туркия ва Покистон беш аз пеш эҳсос мешавад. Чунин эътилофе метавонад ҷойгоҳе роҳбурдӣ барои миллатҳои минтақа дар баробари тарҳҳои султаҷӯёнаи Ғарб ва Исроил фароҳам созад.
Дар сурати тадовуми инзивои Эрон, эҳтимоли осебпазирии ин кишвар дар баробари таҳдидоти хориҷӣ афзоиш ёфта ва суқути он, заминасози фурӯпошии соири кишварҳои муҳимми минтақа, монанди Миср, Покистон ва Туркия низ хоҳад шуд. Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ҳадафи ниҳоии қудратҳои фаромитақаӣ ва Исроил, тасбити танҳо як қудрати ғолиб ва берақиб дар Ховари Миёна, яъне Исроил, аст.
Натиҷагирӣ:
Тағйири номи хиёбони Холид Исломбулӣ, сирфан як тасмими идории шаҳрӣ нест, балки гоме муҳим дар масири наздикии роҳбурдии Эрону Миср арзёбӣ мешавад. Ояндаи суботи минтақа дар гарави ҳамгироии кишварҳои исломии бузург, монанди Эрон, Миср, Туркия ва Покистон аст. Бидуни ин иттиҳод, мувозина қувваҳо дар Ховари Миёна ба нафъи Исроил тағйир хоҳад кард.
Пешбинӣ ва тавсия:
Бо тағйири номи хиёбони Холид Исломбулӣ дар қалби Теҳрон ба хиёбони шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ баъд аз 40 сол аз ба шаҳодат расидани Анвар Содот, раисҷумҳури Миср тавассути Холид Исломбулии Мисрӣ, ҳеҷ ҷои шак нест, ки ба зудӣ шоҳиди тақвияти равобити Мисру Эрон ва дар ниҳоят оғоз ба кори сафоратҳои ин ду кишвар ба сатҳи сафир хоҳем буд, тавре, ки дар мусоҳибаҳои худ гуфтем, агар кишварҳои Эрон, Миср, Туркия ва Покистон як эътилофи қавӣ ва қобили эҳтиромро ба зудӣ эҷод накунанд, дар сурати танҳоии Эрон шояд ин кишвар дар муқобили ҳамалоти бесобиқаи низомӣ ва иттилоотии қудратҳои ғарбӣ зиёд аз худ дифоъ карда натавонад.
Дар сурати суқути Ҷумҳурии Исломии Эрон суқути Мисру Покистон ва Туркия фароҳам хоҳад шуд. Назар ба хости қудратҳои бузурги ҷаҳон ва мақомоти Исроил дар Ховари Миёна фақат як қудрати беҳамто бояд дар оянда боқӣ бимонад, ки он ҳам фақат Исроил асту бас.