Хабари рӯз

Дар пушти саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ Маскав ва Вашингтон ба таври пинҳонӣ талошҳо барои маҳори рушди нуфузи Пекинро ҳамоҳанг мекунанд, як талош барои бозтарсими тавозуни ҷадиди қудрат дар ҷаҳон.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Матлаби аслӣ: ائتلاف پنهان روسیه و آمریکا علیه چین

Шояд барои бисёрӣ иқдоми ғайримунтазираи Русия дар ба расмият шинохтани Толибон, бо вуҷуди пурсишҳои асосӣ дар бораи моҳияти ин гурӯҳ ба унвони маҳсуле аз сиёсатҳои Амрико, ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон, нобудии якшабаи сармоягузориҳои Амрико дар ин кишвар ва талошҳои мутаноқизи Русия дар маҳор ё таҳрики ноамнӣ дар Осиёи Марказӣ, шигифтовар ва муаммои печида бошад. Сукути маънодори кишварҳое, монанди Покистон, Эрон, Чин, Амрико, кишварҳои арабӣ ва Туркия дар баробари таҳаррукоти Маскав дар Афғонистон, ин шигифтиро дучандон мекунад. Пурсише, ки пеши рӯст, ин аст: чаро Русия дар ҳоле ба думболи нуфузи бештар дар Афғонистон аст, ки ҳамаи мо медонем Толибон маҳсули проектҳои геополитикӣ Амрикост?

Нигоранда борҳо бар ин бовар таъкид кардаам, ки тақсими ҳавзаҳои нуфуз миёни қудратҳои бузург ва тафоҳумоти пушти пардаи онҳо, калиди дарки чунин рафторҳои мутаноқизнамост. Бар хилофи тасаввури умумӣ, рақобати миёни қудратҳои бузург илзоман ба хусумати ошкор намеанҷомад, балки ағлаб ба сӯи тафоҳумоти пинҳонӣ барои мудирияти манофеъи муштарак ва коҳиши ҳазинаҳои тақобули мустақим савқ меёбад. Русия ва Амрико ба унвони қудратҳои ботаҷриба дар истеъмор ва мудирияти буҳронҳои ҷаҳонӣ, тафоҳумро абзоре ақлонӣ барои таҳаққуқи манофеъ худ медонанд.

Ба воқеъ, рақобати зоҳирии Русияву Амрико дар саҳнаҳое чун Украина, Сурия ва Афғонистон, пӯшишест барои мудирияти як проекти пинҳон: дуқутбисозии низоми байналмилал ба нафъи бозтавлиди гегемонияи ин ду қудрат. Ин раванд, монеъ аз таҳаққуқи ҷаҳони чандқутбии воқеӣ мешавад; Ҷаҳоне, ки дар он Чин ва дигар қудратҳои навзҳур битавонанд саҳме аз муодилоти бузурги ҷаҳонӣ дошта бошанд.

Ҳамкории пинҳони Русия ва Амрико масбуқ ба собиқа аст: аз мудирияти буҳрони Афғонистон дар даҳаи 1980, ки манофеъи ҳар ду тарафро таъмин кард, то ҳамоҳангиҳои пушти парда дар ҷанги Сурия ва ҳатто ҷанги Украина, ки зимни тахриби зерсохтҳои Украина, вобастагии амниятии Аврупо ба Амрико ва НАТО-ро ташдид кард. Дар ҳамин чорчӯб, рушди ДОИШ, бозгашти Алқоида ва тақвияти шабакаҳои террористӣ дар Афғонистон ва Сурия, бахше аз ҳамин проекти муштараки бесуботсозии меҳвари шарқ аст.

Чаро Амрико, бо вуҷуди сармоягузориҳои ҳангуфт ва стратегӣ дар Афғонистон, шабона ва бидуни даргирии ҷиддӣ ин кишварро тарк кард? Оё мантиқе аст, ки Амрико Афғонистонро ба Русия вогузор кунад? Посух дар тафоҳуми пинҳонӣ нуҳуфтааст, ки ҳадафи аслии он маҳори Чин ва ҷилавгирӣ аз густариши нуфузи иқтисодӣ ва геополитикӣ он дар Осиёст. Шиносоии Толибон тавассути Русия, бахше аз ҳамон проект аст то аз Толибон ба унвони абзоре алайҳи Чин, Эрон ва соири бозигарони мустақил истифода шавад.

Дар ин миён, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Ҷануби Осиё ва Чин, баҳои аслии ин дуқутбисозии мудириятшударо бо рушди терроризми ниёбатӣ, бесуботии амниятӣ ва инсидоди масирҳои стратегии тавсеаи иқтисодӣ мепардозанд. Проекти муштараки Русия ва Амрико, на танҳо монеъи иттисоли стратегии Чин ба Осиёи Марказӣ ва Аврупо мешавад, балки масирҳои рушди иқтисодӣ ва нуфузи геополитикии Чинро масдуд месозад.

Дар ниҳоят, шиносоии Толибон аз сӯи Русияро набояд иқдоме геополитикии мустақил талаққӣ кард, балки ин гом бахше аз проекти ҳамоҳангшудаи Маскав ва Вашингтон барои мудирияти буҳронҳо ба нафъи худ ва дар ростои маҳори қудратҳои навзуҳуре ҳамчун Чин аст. Русия ҳаргиз хоҳони вобастагӣ ба Чин нест ва бо тафоҳуми пинҳон бо Амрико, масири эҷоди назми дуқутбиро, ки ба суд ҳар ду қудрат аст, пайгирӣ мекунад; Назме, ки дар он на Эрон, на Чин ва на ҳеҷ қудрати навзҳур дигаре саҳме нахоҳанд дошт.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!