Таҳлили равобити геополитикии минтақа: Танишҳои Толибону Покистон, ояндаи Афғонистон ва нақши Русия ва Ғарб дар амнияти Осиёи Марказӣ
Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андишакдаи гуфтугӯи таълимии миллати Афғонистон, махсус барои "Сангар"
Таҳаввулоти геополитикӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, махсусан бо зиёд шудани танишҳо байни Толибону Покистон, кӯшишҳои Амрико барои маҳдуд кардани нуфузи Эрон дар Афғонистон ва тағйироти стратегии Русияву Ғарб, як тасвири нави тақсимоти қудрат ва амнияти минтақаро нишон медиҳад. Ин мақола равандҳои мавҷуда, сенарияҳои эҳтимолиро дар мавриди ояндаи Афғонистон, Покистон, Эрон ва Осиёи Марказӣ ва таъсири он ба суботи минтақавиро ба баррасӣ мегирад.
Муқаддима
Ҷаҳони имрӯз шоҳиди таҳаввулоти амиқ дар муодилаҳои қудрат аст, ки ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ таъсири мустақим мерасонад. Нақши абарқудратҳо, аз ҷумла Амрико, Русия ва Чин, дар тағйири тавозуни қувваҳо дар ин минтақаҳо барҷаста аст. Дар ҳамин ҳол, афзоиши танишҳо байни Толибону Покистон, кӯшишҳои Ғарб барои ворид кардани тағйирот дар Афғонистон ва дахолатҳои эҳтимолӣ ба Эрон, вазъиятро печидатар кардааст.
Дар ин мақола се меҳвари асосӣ таҳлил мешаванд:
1 - Афзоиши танишҳои Толибону Покистон ва ҳадафҳои стратегии Ғарб;
2 - Вазъи буҳронии Афғонистон ва сенарияҳои эҳтимолии ояндаи он;
3 - Нақши Русия, тавофуқҳои геополитикӣ ва амнияти Осиёи Марказӣ;
1) Афзоиши танишҳои Толибону Покистон ва ҳадафҳои стратегии Ғарб
Бо гузашти вақт равобити Толибону Покистон, ки қаблан дӯстона ҳисоб мешуд, махсусан пас аз афзоиши ҳамлаҳои “Таҳрики Толибони Покистон” (TTP) ба хоки Покистон ба таниш печидааст. Покистон Толибонро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мекунад ва ин ихтилофот боиси коҳиши ҳамкориҳои амниятӣ миёни ду тараф шудааст.
Дар ин миён, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони ғарбӣ аз ин танишҳо истифода бурда, сиёсати дугона пеш гирифтаанд: аз як тараф, онҳо кӯшиш мекунанд, ки Толибонро дар муқобили Покистон нигоҳ доранд ва аз тарафи дигар, гурӯҳҳои ифротгаро, монанди TTP-ро барои фишор ба Исломобод истифода мебаранд. Ҳадафи ниҳоии ин сиёсат заиф кардани Покистон, безарар гардондани силоҳи ҳастаии он ва дар ниҳоят тақсим кардани ин кишвар ба якчанд бахш мебошад.
Агар ҷанги васеъмиқёс дар минтақа рух диҳад, бахусус агар Амрико ба Эрон ҳамла кунад ва он кишвар фурӯ резад, эҳтимоли суқути низоми геополитикӣ дар тамоми минтақа афзоиш меёбад. Дар чунин ҳолат, эҳтимол дорад, ки Туркия, Покистон, Миср ва Эрон низ ба тақсимшавӣ ва нооромиҳо рӯбарӯ гарданд, ки ин метавонад тартиботи ҷаҳониро тағйир диҳад.
2) Вазъи буҳронии Афғонистон ва сенарияҳои эҳтимолии оянда
Буҳрони сиёсӣ ва амниятии Афғонистон ҳамоно идома дорад ва Амрико саъй мекунад ҳукумати Толибонро аз нуфузи Эрон дур нигоҳ дорад. Яке аз сенарияҳои эҳтимолӣ дар ин раванд, ҳазф (барканорӣ) ё қатли табиӣ, беморӣ ё фирори Мулло Ҳибатуллоҳ, раҳбари Толибон, мебошад. Бо ин амалиёт, Амрико мехоҳад Иморати Исломиро заиф карда, онро зери назорати худ қарор диҳад.
Мақсади дигар маҳдуд кардани нуфузи меҳвари муқовимати минтақавӣ таҳти раҳбарии Эрон мебошад, ки дар Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва Фаластин шакл гирифтааст. Агар ин меҳвар заиф гардад, Амрико метавонад сиёсатҳои худро бе мушкилоти ҷиддӣ дар минтақа амалӣ созад.
Ояндаи Афғонистонро метавон дар се сенарияи эҳтимолӣ баррасӣ намуд:
1 - Ташкили як ҳукумати фарогир: Амрико метавонад Толибонро водор кунад, ки бо гурӯҳҳои дигари сиёсӣ созиш намуда, ҳукумати фарогир ташкил намоянд.
2 - Ташкили ҳукумати мардумӣ бо интихобот: Агар раванди демократӣ эҳё шавад, эҳтимол дорад, ки Афғонистон ба сӯи ҳукумати интихоботӣ ҳаракат кунад.
3 - Тақсимшавии Афғонистон ба шимолу ҷануб: Агар буҳрон идома ёбад, Афғонистон метавонад ба ду кишвар бо пойтахтҳои Кобул ва Қандаҳор ҷудо шавад.
3) Нақши Русия, тавофуқҳои геополитикӣ ва амнияти Осиёи Марказӣ
Амнияти Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон, бевосита ба сиёсатҳои Русия ва Ғарб вобаста мебошад. Дар ҳоле ки буҳронҳои Украина, Ғазза, Афғонистон, Тайван ва Эрон идома доранд, мавқеи Русия дар робита бо ин буҳронҳо нақши калидӣ хоҳад дошт.
Ду сенария барои ояндаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ мешавад:
1 - Ҳамкории Русия бо Ғарб: Агар Русия дар ин минтақаҳо мавқеи бетарафӣ қабул намуда, бо Ғарб ҳамкорӣ намояд, амнияти марзҳои Тоҷикистон таъмин шуда, гурӯҳҳои террористӣ маҳдуд хоҳанд шуд. Дар ин ҳолат, тамаркузи таҳдидҳои террористӣ аз Осиёи Марказӣ ба Покистон тағйир хоҳад ёфт.
2 - Шиддат гирифтани даргириҳо ва рақобатҳои геополитикӣ: Агар Русия кӯшиши тақвияти нуфузи худро дошта бошад ва бо Ғарб дар минтақаҳо муқобилият кунад, эҳтимол дорад, ки Ғарб сиёсати нооромсозиро дар Осиёи Марказӣ пеш гирад. Дар ин сурат, марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистон хеле ноором шуда, буҳрон ба Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ паҳн хоҳад шуд.
Ғарб метавонад бо истифода аз нооромиҳои дохилӣ, Русияро ба як кишвари заиф табдил диҳад ва ин раванд метавонад ба нооромиҳои густурда дар манотиқи мусулмоннишини Русия, аз ҷумла Тотористон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оварда расонад.
Хулоса
Таҳаввулоти кунунӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки ин минтақа дар остонаи тағйироти бузурги геополитикӣ қарор дорад. Ташдиди ихтилофоти Толибону Покистон, сиёсати Ғарб дар Афғонистон ва рақобати Русияву Амрико дар Осиёи Марказӣ муодилаҳои қудратро тағйир додааст. Дар сурати адами мудирияти саҳеҳ ин таҳаввулот, сенарияҳои нигаронкунандае ҳамчун таҷзияи кишварҳои минтақа, афзоиши ноамнӣ ва шаклгирии буҳронҳои густурдатар мӯҳтамал хоҳад буд. Аз ин рӯ, кишварҳои минтақа бояд бо дарки амиқи ин равандҳо, стратегияҳои муносиб барои ҳифзи тамомияти арзӣ ва амнияти миллии худ тадвин кунанд.