Русия, Чин ва Эрон оё ба як пасоназми амрикоӣ омодаанд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Дар шароите, ки талош барои тағйири моҳияти низоми байнулмилал ба яке аз дастури корҳои қудратҳои бузург дар арсаи рақобатҳои ҷаҳонӣ мубаддал шудааст, Амрико бо як эътилофи нохостаи мавсум ба меҳвари шарқ мувоҷеҳ аст, ки башиддат талош мекунад то ҷойгузине барои ояндаи назми байнулмилал бошад. Меҳвари осиёӣ асосан ба эътилофи миёни Русия, Эрон, Чин ва то ҳадде Куриёи Шимолӣ, итлоқ мешавад, ки дар баробари сиёсатҳои Амрико қарор доранд ва муқобила бо ин сиёсатҳо ва амрикозудоиро дар дастури кори хеш қарор додаанд.
Ин меҳвар аз зарфияти хуби низомӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ бархурддор аст ва ҷуғрофияву геополитикаи васееро дар ихтиёр дорад. Муҷаҳҳаз бо таслиҳоти ҳастаӣ, қудрати иқтисодии қобили таваҷҷуҳ ва ҷойгузини эҳтимолӣ барои ояндаи назми байнулмилал аст. Аз ин миён Чину Русия ду қудрати низомӣ ва иқтисодӣ ҳастанд, ки ҳамзамон узви Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд ва дар баробари сиёсатҳои Амрико аз қудрати вето кор мегиранд. Ман дар ин навишта ба даҳ чолиши асосӣ дар баробари короии беҳтар ва бештари ин меҳвар ишороте хоҳам дошт, ки эҳтимолан агар ба ин чолишҳо расидагӣ нашавад, мумкин ин меҳвар аз ҳам бипошад ва дар шаклдиҳии як назми пасогузор ноком шавад.
1 - Ин меҳвар фоқиди як иттиҳоди роҳбурдӣ аст. Яъне иттиҳоди воқеии фикрӣ ва амалкардӣ дар ин меҳвар ҳанӯз ҳам шакл нагирифтааст. Дар иваз тамаркузи аслии он бар тақвияти эътилофи муваққатие аст, ки танҳо муқобила бо Амрико ва сиёсатҳояш боиси шаклгирии он шудааст. Интихобе аз рӯи маҷбурият, ки яке аз нукоти калидӣ дар ташхиси заъфҳои он маҳсуб мешавад;
2 - Ташкили эътилофи муваққатӣ дар ин меҳвар сирфан ба манзури муқобила бо сиёсатҳои Амрико ва раванди амрикозудоӣ аст. Дарвоқеъ шаклгирии ин эътилоф бар мабнои вокунишҳо буда, то як рӯйкарди кунишӣ. Ҳамзамон бо он ин эътилоф мумкин дар фардои марҳалаи пасорақобат бо Амрико аз ҳам бипошад ва як назми пасоқутбиро падид оварад, ки ҷои воқеии иттиҳод дар он ба вузӯҳ қобили мушоҳида хоҳад буд;
3 - Ин эътилоф, ки дар қолаби як меҳвар шакл гирифта, то ҳанӯз кадом идеологияи бадил барои ҷойгузинии Амрико ироа накардааст. Яъне дар пасфардои фурӯпошии назми амрикоӣ бадили он дар майдон амалан вуҷуд нахоҳад дошт ва дунёи пасоқутби дар як ҳолати саргардонии ҳувиятӣ қарор хоҳад дошт;
4 - Аъзои ин меҳвар ҳар кадом бо маҳдудиятҳои низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсие мувоҷеҳанд, ки дигарон аз он суд мебаранд. Ин маҳдудиятҳо дар шароити феълии байнулмилалие, ки ҷаҳон дар остонаи гузор аз як назми якқутбии чандқутбӣ ба сӯи як назми пасоқутбӣ мебошанд, душвориҳоеро барои ҷойгузинии назми амрикоӣ барои ин меҳвар халқ мекунад;
5 - Ин меҳвар на ҳозир аст мутақаббили ҳазина барои пасоназми амрикоӣ дар ҷаҳон бошад ва на ҳамчунин омодагиеро барои он дорад. Ҷолиб ин ки ин назм мехоҳад таҳаввулро дар сояи арзишҳои амрикоӣ додуситади озодро дар сояи тиҷорати ҷаҳонии мубтанӣ бар арзишҳои либерали ғарбӣ таҷриба кунад ва ба тавсеа ва қудратмандии сиёсӣ бирасад; Дар ҳоле ки фалсафа ва моҳияти амалкарди вокунишии он муқобила бо ин арзишҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико аст;
6 - Ин меҳвар нигоҳи бадбинона ба дунёи пасоназми амрикоӣ дорад. Тарс дорад ва воҳимаи ношӣ аз фуқдони як Амрикои муқтадирро ҳамвора ба унвони омили калидии адами талоши кофӣ барои таҳаввули кайфӣ дар моҳияти низоми байнулмилал метавон дар амалкардҳо ва нигоҳҳояш ба вузӯҳ мушоҳида кард. Яъне кобуси тарсноки як дунёи пасоназми Амрико монеъи умда дар баробари шаклгирии як иттиҳоди стратегӣ миёни аъзои ин меҳвар будааст. Аз ин рӯ, талоши ҷиддӣ барои ҷойгузинии мутлақи назми феълии амрикоӣ ҳанӯз ҳам дар сиёсатҳои ин меҳвар ба равшанӣ дида мешавад;
7 - Дар ин меҳвар ҳеҷ як аз аъзо ҳозир нест қабули масъулият кунад. Ҳама дар талошанд то худро ҳамзамон бо манофеъи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятиашон ҳифз кунанд. Ҷолиб ин ки аъзои ин меҳвар ин корро танҳо дар паноҳи назми либерали амрикоӣ мумкин ва муяссар медонанд;
8 - Ин меҳвар то ҳанӯз натавониста як шиносаи ҳувиятии ҳамонанди арзишҳои ғарбии ҳамонанди демократия бозори озод, ҳимоят аз муттаҳидон ва ташкили НАТО аз худ дошта бошад. Танҳо мушаххасаи ин меҳвар, иқтидоргароии давлатӣ аст, ки ба таҳкими қудрат барои раҳбарони феълии ин кишварҳо кӯмак мекунад;
9 - Ин меҳвар дар як ноҳамоҳангии амалкардӣ ва фикрӣ, барои бозтаърифи назми байнулмилали пасоназми амрикоӣ ва дар ҷиҳатҳои мутазод талош дорад. Ҳеҷ гуна вокуниши ҳамоҳанг ва мунсаҷиме, ки битавонад қутби муттаҳиди ношӣ аз шаклгирии ин меҳварро нишон диҳад, ба вазоҳат дида намешавад. Пас ба ин ҳисоб мумкин дақиқ бошад, ки бигӯем, ки чолишҳо дар амалкард ва сиёсатҳои ин меҳвар монеъи шаклгирии як иттиҳоди воқеии стратегӣ барои амрикоизудоӣ ва ироаи бадил барои он шудааст;
10 - Ин меҳвар натавониста ихтилоф рӯи ҷуғрофия, геополитикаи рақобат бо Ғарбу Амрико, манобеъи табиӣ ва масири роҳбурдиро барои сайтараи ҷаҳониаш, дар як масири ҳамгароӣ ва тафоҳум қарор диҳад. Дар зимн ноҳамгунии режимҳои сиёсии мустақар дар ин кишварҳо бардошт аз сиёсатҳои имрӯзи ҷаҳон ва нигоҳи фурсатталабона ба воқеиятҳои байнулмилалӣ арсаи тақобули ҳатмӣ миёни аъзои ин меҳвар хоҳад буд.
Биноан меҳвари Шарқ бо чолишҳои ҷиддии амалкардӣ, сиёсӣ ва фикрӣ дар мувоҷеҳа бо назми амрикоӣ мувоҷеҳ аст. Бахусус дар шароите, ки Амрико дар талош аст то бо эҷоди шикоф дар ин меҳвар аз шаклгирии як иттиҳоди воқеӣ ва роҳбурдӣ миёни аъзои он ки метавонанд рақиби билқувва барои Амрико бошанд, ҷилавгирӣ кунад, вуҷуди ин чолишҳо метавонад як заъфи амалкардӣ ва сохторӣ дар арсаи рақобатҳои ҷаҳонӣ барои ин меҳвар матраҳ бошад. Дар зимн, вобастагии мутақобили амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аз дигар авомили нотавонӣ ва вуҷуди чолишҳои ин меҳвар дар баробари назми амрикоӣ аст, ки гузор ба назми пасоқутбиро як миқдор душвор месозад.