Оё "меҳвари шарорат"-и ҷадид дасти Ғарбро аз Осиё кӯтоҳ хоҳад кард?
Нависанда: Ҷамбулат Сардолов, коршиноси геосиёсат, дин ва терроризм (Чеченистон), махсус барои “Сангар”
Бо истифода аз истилоҳоти ғарбӣ, чунин меҳвареро метавон ҷабҳаи навзҳури зиддиғарбии давлатҳое номид, ки бо дастури кори истеъмори нав мувофиқ нестанд. Осиё, дар аксар маворид, дар қатори дигар қораҳо, аз “бародари бузург” дар симои Ғарб хаста шудааст. Дарсҳои таърихиеро, ки Аврупо, ҷангҳои истеъморӣ ва диктаторӣ додаанд, Осиё фаромӯш накардааст.
Бо таваҷҷуҳ ба охирин тағйироти тектоникӣ дар ҷаҳон, чархиши Русия ба Осиё комилан мунъакискунандаи манофеъи миллии он ва минтақаи Осиё аст. Ва сафари Си Ҷин Пин ба Маскав, сафари Шойгу ба Куриёи Шимолӣ, сафари Ким Чен Ин ба Шарқи Дури Русия нишондиҳандаи як вектори пойдори тавсеаи фаъоли равобит аст, ки муддатҳо ба ин сӯ ниёз ба тақвияту тавсеа барои наслҳои оянда дошт. Осиё дар ин замина медонад, ки чӣ гуна сабр кунад. Ва возеҳ аст, ки ҳамин Куриёи Шимолӣ пас аз гомҳои ғайрдӯстонаи Русия (ширкат дар ҷанги таҳрим) дар қиболаш таслими эҳсосоти сиёсии лаҳзаӣ нашуд ва ба думболи тахриби равобит бо ҳамсояи шимолии худ набуд. Ҳамсояе, ки дар солҳои, ба истилоҳ демократизасозӣ, ҳама равобит бо Осиёро аз байн бурд. Ва, албатта, таҳти ҳаёҳуи Ғарб, ки раҳбарии ҷадиди Русия дар даҳа 90-ро ба хотири тарки дӯстону муттаҳидони собиқаш таҳсин мекард. Кор ба ҷое расид, ки раванди дур шудан аз ҷумҳуриҳои шӯравии собиқи Осиёи Марказӣ низ малмус шуд. Аммо Осиё мунтазири замони худ буд ва он замон омад...
Бадеҳист, ки Ғарб маҷбур аст наззорагари ташкили на танҳо як блоки иқтисодӣ, балки як блоки низоми-сиёсӣ низ бошад. Сегонаи Русия, Чин ва Куриёи Шимолӣ аз қабл дар Ғарб "меҳвари шарорат"-и ҷадид номида шуд. Мутаассифона, Ғарб натавонистааст аз клишаҳои даврони рӯёрӯиии худ бо блоки сотсиалистӣ дур шавад. Ва ин ношӣ аз рӯҳи сиёсати он аст, ки аз ҷаҳонватанӣ ва догматизм маншаъ мегирад. "Аждаҳоҳои осиёӣ"-и тақвиятшуда дигар намехоҳанд аз омӯзаҳои Ғарб пайравӣ кунанд. Онҳо бузург шудаанд ва хостаҳои худро доранд, муштоқи ба намоиши гузоштани қудрати худ ҳастанд.
Ғарб аз гигантизм - ғӯлгароӣ ранҷ мебарад ва тамоюли он ба омӯзиш додани ҳама “ба шаклу шабоҳати худ” боиси нафрати мустамликаҳои собиқ шудааст. Ҳамон Чин раҳбари иқтисодии ояндаи ҷаҳон аст, Русия як абарқудрати низомӣ бо зарфияти иқтисодии азим ва Куриёи Шимолӣ нерӯи зарбатиест, ки қодир аст Ғарбро дар минтақаи Шарқи Осиё ба ҳуш биоварад.
Иҷлоси сарони кишварҳои фавқ бори дигар манобеъи болои иқтисодиву низомӣ-сиёсии сарзаминеро, ки дар он воқеъ шудаанд, нишон медиҳад. Русия бо кӯбидани дарҳои Ғарб фақат қудрат, замон ва эътибори худро аз даст дод. Албатта, замонро наметавон бозгардонд, аммо қудрат ва эътиборро метавон бозгардонд. Ҳама пешзаминаҳо вуҷуд дорад, ки "меҳвар"-и ҷадид фақат қавитар шавад. Ва тавоноии Ғарб дар коҳиши суръати он ба қимате, ки моил ба пардохти он аст, бастагӣ дорад. Ин ҳам баҳси иқтисод ва ҳам баҳси ҷанг аст. Баъид аст, ки барои "ду ҷабҳа" кофӣ бошад... Ҳатто бо дар назар гирифтани густариши он ба далели пазириши аъзои ҷадид дар ҳамон НАТО: мардуми Аврупо он қадар ангеза надоранд, ки дар қиёс бо осиёиҳо барои идеяи худ - демократия ва озодӣ - бимиранд.
Русия фурсате нодир барои сохтани як низом бар мабнои баландмуддат дарёфт кардааст. Осиё бо вуҷуди моҳияти рушди тӯфонии иқтисодӣ, бештар ба суботу кифоят одат дорад. Ва илова бар ҳар чизи дигаре аз Ғарб, ки ағлаб ба манбаъи бесуботиву ошуфтагӣ дар раванди таърихӣ табдил мешавад, мутафовит аст. Агар Ҷумҳурии Халқи Чин битавонад пойгоҳи иқтисодии хубе бошад, пас Куриёи Шимолӣ садде барои Япония ва Кореяи Ҷанубӣ хоҳад буд.
Шарқи Дури Русия ба сакуи партобе барои беҳбуди равобит бо Куриёи Шимолӣ, таъмиқи ҳамкории низомӣ-фаннӣ бо он ва бо Ҷумҳурии Халқи Чин табдил шудааст. Куриёиҳо чизе барои ироа ба русҳо доранд ва чиниҳо роҳе барои табдили он ҳама ба як муомилаи судманди дуҷониба. Чаро ба руфақои мусаллаҳи Куриёи Шимолӣ дар ивази фанноварие, ки Куриёи Шимолӣ ба шиддат ба он ниёз дорад, иҷозаи вуруд ба Русияро надиҳем? Хушбахтона, таҷрибаи ҳамкорӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ бисёр густурда буд. Русия аз наберагони касоне, ки аҷдодашон дар канори ҳам (то ҳадди зиёде бо кӯмаки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ) аз сарзамини модарии худ дифоъ карданд, нороҳат нахоҳад шуд. Ин ҷо муносиб аст, ки бигӯем, қарзи таърихӣ бо пардохташ зебост. Илова бар ин, дар шароити сиёсати таҳоҷумии Ғарб, ин масъалаи мавҷудияти як давлат ба унвоне чунин аст.