Хабари рӯз

Ҷаҳони чандқутбӣ бо пошхӯрии НАТО таваллуд мешавад.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”

Изҳороти Доналд Трамп мабнӣ бар ин ки “бидуни Иёлоти Муттаҳида, паймони Атлантики Шимолӣ чизе ҷуз як бабри коғазӣ нест”, бештар аз он ки як мавқеъгирии муваққатии сиёсӣ бошад, нишонае аз шикофи амиқ дар сохтори амниятии Ғарб ба шумор меравад. Интиқоди ӯ аз кишварҳои аврупоии узви Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ва муттаҳам кардани онҳо ба нотавонӣ ё бемайлӣ дар муқобила бо буҳронҳое чун таниш бо Эрон, дарвоқеъ бозтоби вогароии роҳбурдӣ миёни ду сӯи Атлантик аст; вогароие, ки реша дар тафовути манофеъ, авлавиятҳо ва дарки таҳдид дорад.

Пурсиши асосӣ ин аст, ки оё метавон аз паймони Атлантики Шимолӣ бидуни Амрико ё Амрикои бидуни ин паймон сухан гуфт. Чунин сенарияе аз назари назарӣ мумкин аст, аммо дар амал бо ҳазинаҳои сангин ва паёмадҳои амиқ барои низоми байналмилалӣ ҳамроҳ хоҳад буд. Ин паймон аз поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум ва дар бистари рақобати идеологӣ ва геополитикӣ миёни Амрико ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ шакл гирифт ва Иёлоти Муттаҳида дар он нақши меҳварӣ, чӣ дар ҳавзаи низомӣ ва чӣ дар сатҳи ҳамоҳангии сиёсӣ, ифо кардааст. Шабакаи густардаи пойгоҳҳои низомии Амрико дар ҷаҳон, абзори иҷроии ин бартарӣ будааст ва ҳанӯз низ бахши муҳими тавони боздорандагии Ғарб ба он вобаста аст.

Бо ин ҳол, паймони Атлантики Шимолӣ имрӯз дигар ҳамон иттиҳоди даврони Ҷанги сард нест. Дар он даврон, таҳдиде мушаххас ва муштарак вуҷуд дошт, ки инсиҷоми иттиҳодро тазмин мекард, аммо имрӯз таҳдидҳо пароканда, чандқабата ва дар бисёр маворид мавриди ихтилоф миёни аъзо ҳастанд. Аврупо тайи ду даҳаи ахир бо маҷмуае аз буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ мувоҷеҳ будааст; аз паёмадҳои буҳрони молии ҷаҳонӣ гирифта то табаъоти ҳамагирии коронавирус ва шоки ношӣ аз ҷанги Украина. Ин таҳаввулот на танҳо тавони иқтисодии Аврупоро таҳти фишор қарор дода, балки вобастагиҳои роҳбурдии он, бавижа дар ҳавзаи энержиро низ ошкор сохтааст.

Дар чунин шароит, мафҳуми “истиқлоли роҳбурдии Аврупо” бештар аз гузашта матраҳ шудааст, аммо ҳамчунон дар сатҳе нимакора боқӣ мондааст. Аврупо аз як сӯ ба чатри амниятии Амрико ниёз дорад ва аз сӯи дигар талош мекунад вобастагии худро коҳиш диҳад. Ин вазъият навъе дугонагии сохторӣ эҷод карда, ки монеъ аз шаклгирии як сиёсати амниятии мунсаҷим ва мустақил шудааст. Дарвоқеъ, Аврупо аз назари зарфияти иқтисодӣ ва санъатӣ тавони билқувваи табдил шудан ба як бозигари мустақилро дорад, аммо фуқдони иродаи сиёсии воҳид, ин зарфиятро билфеъл накардааст.

Дар сӯи дигар, Иёлоти Муттаҳида низ бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ аст. Бар хилофи тасаввури содаангоранае, ки коҳиши нақши ин паймонро ба маънои уфули комили қудрати Амрико медонад, мушкили аслии Вашингтон на аз даст додани қудрат, балки коҳиши машрӯъият ва мақбулияти ҷаҳонии он аст. Амрико ҳамчунон яке аз бузургтарин қудратҳои низомии ҷаҳон боқӣ мемонад, аммо аъмоли ин қудрат бидуни ҳамроҳии муттаҳидон, пурҳазинатар ва аз назари сиёсӣ душвортар хоҳад шуд. Таҷрибаҳои мудохилаи низомӣ дар даҳаҳои ахир ва афзоиши беэътимодии муттаҳидон, ин равандро ташдид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бозигарони дигаре дар ҳоли бозтаърифи низоми ҷаҳонӣ ҳастанд. Чин бо тамаркуз бар абзорҳои иқтисодӣ ва Русия бо рӯйкарде амниятӣ ва тақобулӣ, ҳар як талош доранд халоъҳои эҷодшуда дар низоми байналмилалро пур кунанд. Иттиҳодҳое, монанди гурӯҳи БРИКС, низ гарчи ҳанӯз ба як бадили комил барои низоми Ғарбӣ табдил нашудаанд, аммо нишонае аз тамоюли кишварҳои ғайриғарбӣ барои коҳиши вобастагӣ ба сохторҳои таҳти раҳбарии Амрико ҳастанд.

Дар ин миён, Аврупо бештар аз он ки як бозигари таъйинкунанда бошад, ба майдони рақобати қудратҳои бузург шабоҳат пайдо кардааст. Аз як сӯ, бо фишори Амрико барои ҳамростоӣ дар баробари Чин ва Русия мувоҷеҳ аст ва аз сӯи дигар, ба далели вобастагиҳои иқтисодӣ ва энержӣ, наметавонад ба таври комил аз ин бозигарон фосила бигирад. Ҳамин вазъият, тасмимгирии роҳбурдиро барои кишварҳои аврупоӣ душвор ва гоҳ мутазод сохтааст.

Бинобар ин, буҳрони кунунии ин паймонро наметавон сирфан ба ихтилофоти сиёсӣ ё изҳороти тунди раҳбарон тақлил дод. Масъалаи аслӣ, буҳрон дар таърифи “таҳдиди муштарак” ва дар натиҷа, буҳрон дар инсиҷоми роҳбурдӣ аст. Дар ғиёби як душмани воҳид ва рӯшан, иттиҳодҳо батадриҷ аз ҳолати пойдор ба сохторҳое инъитофпазир, муваққатӣ ва мавзӯъмеҳвар табдил мешаванд.

Дар ниҳоят, ончи дар ҳоли шаклгирӣ аст на фурӯпошии фаврии ин паймон ва на инзивои комили Амрико, балки гузори тадриҷӣ аз як низоми такқутбӣ ба низоме чандқутбӣ ва сайёл аст. Дар ин низоми ҷадид, қудрат на танҳо миёни бозигарони мухталиф тавзеъ мешавад, балки машруият, иқтисод ва фанноварӣ низ ба андозаи тавони низомӣ дар таъйини ҷойгоҳи кишварҳо нақш ифо мекунанд. Ин таҳаввул, ояндаи равобити миёни Амрико ва Аврупоро дар вазъияте мубҳам аммо таъйинкунанда қарор додааст; вазъияте, ки метавонад сарнавишти тавозуни қудрати ҷаҳониро дар даҳаҳои оянда рақам бизанад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!