Ғайрипаштунҳо агар наҷанганд, хатари нобудии на танҳо фарҳанг, забон ва ҳувияти таърихиашон маълум аст, балки хатари нобудии физикӣ ҳам мутаваҷҷеҳи онон аст
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсии Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Баррасии ангезаҳо ва далоили ҷанг бо Толибон
Ҷанг бо Толибон* ангезаҳо ва далоили гуногун дорад. Гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва динӣ бо Толибон сари носозгорӣ ва ситез доранд.
Воқеият ин аст, ки чун Толибон як гурӯҳи шибҳинизомӣ аст, мухолифат бо ин гурӯҳ дар як калима хулоса мешавад ва он иборат аз “ҷанг” аст. Яъне, агар шумо ба ҳар далеле бо Толибон мухолиф бошед, роҳе ба ҷуз ҷанг бо ин гурӯҳ надоред.
Пеш аз пардохтан ба ангезаҳо ва далоили ҷанг бо Толибон лозим аст ба гунаи мухтасар таърифе аз Толибон ироа шавад, то дар рӯшноии он битавон ангезаҳо ва далоили ҷанг бо ин гурӯҳро тавзеҳ дод.
Таърифи Толибон
Толибон як гурӯҳи қавмӣ ва мазҳабӣ аст. Қавме, ки Толибон ба он тааллуқ доранд, паштун аст. Бисёриҳо ба ин боваранд, ки қавмият зерсохти аслии фикр ва барномаи Толибон аст, аммо чун ҷомеаи Афғонистон як ҷомеаи мазҳабӣ аст, Толибон аз мазҳаб минҳайси пӯшиш истифода мекунад. Албатта, ин чизе аст, ки Толибон онро намепазирад.
Нуктаи дигар, ки дар шинохти Толибон ҳоизи аҳамият аст, истихборотӣ будани ин гурӯҳ ё вобастагии шадиди он ба созмонҳои истихборотии берунӣ, ба вежа созмони истихбороти низомии Покистон - АйЭсАй (ISI) аст. Ин амр боис шуда, ки шинохти Толибон душвортар шавад. Раҳбарони ин гурӯҳ таҳти мудирияти истихбороти Покистон ҳамеша аз назарҳои мардум пинҳон нигаҳ дошта мешаванд, то ҳувияти мубҳами ин гурӯҳ равшан нашавад.
Толибон дар даҳаи охири қарни бист (1994) замоне, ки гурӯҳҳои мухталифи ҷиҳодӣ машғули ҷанг бо ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ буданд, дар Покистон ва аз миёни талабаҳои мадориси динӣ зуҳур кард. Ба ҳамин ҷиҳат, як таҳлили ғолиб ҳамин аст, ки Толибон сохтаи дасти АйЭсАй аст ва дар ҷиҳати амалӣ кардани аҳдофи тавсеаталабонаи Покистон кор мекунад.
Дар зер ангезаҳо ва далоили ҷанг бо Толибонро ба баррасӣ мегирем. Ибтидо ба ангезаҳои иҷтимоӣ ё қавмӣ мепардозем.
Ангезаҳо ва далоили иҷтимоӣ-қавмӣ
Бино ба таърифе, ки аз Толибон вуҷуд дорад, ин гурӯҳ аз назари қавмӣ як гурӯҳи паштунӣ аст. Ин гурӯҳ дар бистари иҷтимоии паштунӣ зуҳур кард. Тамоми раҳбарон ва мақомҳои калидӣ ва босалоҳияти ин гурӯҳ паштунҳо буда ва ҳастанд. Аксарияти ҳомиёни Толибон паштунҳо ҳастанд. Сиёсатҳои Толибон паштунистӣ аст. Дар манотиқи ғайриштуннишин рафтори Толибон мутафовит аз рафтори онон бо мардуми паштун аст. Аксарияти мутлақи неруҳои зидди Толибон ғайриштун ҳастанд. Инҳо далоиле аст, ки ба паштунӣ будани Толибон бар шумурда мешавад. Толибон дар гуфтор паштунӣ будани худро инкор мекунанд, аммо амалкарди ин гурӯҳ қавмӣ аст.
Нақши қавмият дар таҳаввулоти сиёсии Афғонистон
Касоне, ки ба таърихи муосири Афғонистон ошноӣ дошта бошанд, медонанд, ки қавмият як омили асосӣ ва таъйинкунанда дар сиёсат будааст. Бо он ки бисёриҳо дар баҳс мутабориз шудани нақши қавмият дар сиёсати Афғонистонро ба 280 сол қабл ирҷоъ медиҳанд, ки ҳокимон Афғонистон аз он замон ба баъд паштунҳо будаанд, аммо воқеият ин аст, ки қавмият минҳайси як омили таъйинкунанда дар сиёсат дар сад соли ахир барҷастагии хоси худро ёфтааст. Қабл бар он бо он ки ҳокимони Афғонистон паштунҳо будаанд, аммо паштунизм минҳайси як андешаи асосии кори давлатдории ононро ташкил намедодааст.
Аз замони шоҳ Амонуллоҳ (1919-1929) ба ин тараф ҳокимияти паштунҳо ба ҳокимияти паштунизм тағйир ёфт. Аз замони Амонуллоҳ ба баъд ҳокимони паштун ба ҳокимият басанда накарда, балки талош карданд то давлатро василаи таҳаққуқи аҳдофи қавмӣ бисозанд, ки аз он ба паштунизм/фашизм таъбир шудааст.
Бисёре аз таҳлилгарони сиёсӣ дар Афғонистон ва минтақа, вақте таҳаввулоти ин кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, огоҳона ва ноогоҳона мунозеаи қавмиро дар чорчӯби таҳлилии “рақобати сиёсии байни ақвом ба манзури гирифтани қудрати сиёсӣ” ба таҳлил менишинанд. Ин чорчӯби таҳлилӣ дар воқеъ рӯбардошти чорчӯбҳои таҳлилие аст, ки дар ҷавомеъи демократики чандҳизбӣ рақобат миёни аҳзоби сиёсӣ бар сари гирифтани қудратро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Албатта, ин таҳлил нодуруст нест, аммо айбаш ин аст, ки амиқ нест ва ба решаҳои мунозеаи қавмӣ ирҷоъ намедиҳад.
Мегӯянд, ки паштунҳо мехоҳанд қудратро дар даст дошта бошанд ва тоҷикҳову ҳазораҳо ва ӯзбекҳо мамониат мекунанд ва инҳо низ барои гирифтани қудрат ба ҷанг рӯй меоваранд. Ин ҷо фақат аз рақобат байни чанд қавм бар сари гирифтани қудрати сиёсӣ сухан гуфта мешавад, аммо гуфта намешавад, ки чаро паштунҳо мехоҳанд қудратро дар ихтиёр дошта бошанд ва чаро дигарон бо он мухолифат мекунанд. Посухи ин чароҳо сиёсӣ ва иқтисодӣ нест, балки фарҳангӣ ва таърихӣ аст.
Тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо мегӯянд, агар паштунҳо қасди онро надошта бошанд, ки ҳувияти қавмӣ ва забонии дигаронро бо истифода аз қувваи ҳокимаи давлат мавриди ҳадаф қарор диҳанд, онон бо ҳокимияти як паштун мушкил надоранд. Дарвоқеъ, асли қазия дар паштунизм нуҳуфтааст.
Баъд аз шоҳ Амонуллоҳ барои муддати кӯтоҳе ( 9 моҳи ҳокимияти Ҳабибуллоҳ Калаконӣ) татбиқи паштунизм бо як гусаст мувоҷеҳ шуд, аммо билофосила аз сар гирифта шуд ва муддати шаст сол ба ин сӯ ба иҷро даромад.
Ҳарчанд бо кудатои Довухон (авоили даҳаи ҳафтоди мелодӣ) барномаи татбиқи фашизм ба далели ба миён омадани ҷараёнҳои сиёсии машрутият, коммунизм ва сипас исломизм бо ихтилол ҳамроҳ шуд, аммо дар воқеъ ҳеҷ як аз ҷараёни сиёсии ёдшуда натавонист сиёсати Афғонистонро аз бистар ва чорчуби қавмӣ берун кунад.
Интизор мерафт, ки ҷунбиши коммунизм битавонад сиёсати Афғонистонро аз чорчуби қавмӣ берун кунад, аммо ба чунин коре қодир нашуд. Аз исломи сиёсӣ низ чунин таваққуъ мерафт, аммо ин ҷараёни сиёсӣ низ натавонист дар ин замина дастоварде дошта бошад. Бо он ки исломизм (ҷиҳод) мунҷар ба ин шуд, ки тоҷикҳо ба қудрат баргарданд, аммо ин амр мунҷар ба хатми мушкили қавмгароӣ нашуд ва паштунҳо бо адами қабулияти ҳокимияти тоҷикҳо, ҳамчунон ба дуҳули қавмият кӯбиданд ва Толибон низ дар ҳамин росто ба зуҳур ва қудрат расид.
Паштунизм чист?
Паштунизм ба унвони барномаи паштунисозии Афғонистон ба замони Амонуллоҳхон бармегардад. Маҳмуд Тарзӣ ва як ҳалқа нухбагони паштун дар замони Амонуллоҳхон бо илҳом аз андешаҳои пантуркистие, ки аз Туркия фаро гирифта буданд, дар садади он баромаданд, то забон ва фарҳанги паштуро, ки то он замон расмият ва умумияти чандоне надошт ба забон ва фарҳанги расмии кишвар мубаддал созанд ва ба иборати дигар ҷойгузини забон ва фарҳанги форсӣ бисозанд. Ин барнома дар абъоди иҷтимоӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва ҳатто идориву иқтисодӣ ва ҷуғрофиёӣ низ бо ҷидият думбол шуд ва ба манифести нонавишта барои сиёсатмадорони баъдии паштун мубаддал гардид, ки онон худро вазифадор ба татбиқи он медонистанд/медонанд.
Иддаоҳои паштунизм ба шарҳи зер суратбандӣ мешавад:
Афғонистон сарзамини обоии паштунҳо аст. Ҳукмронӣ ва фармонравоии кишвар ҳаққи меросии паштунҳо аст ва дигарон чунин ҳаққе надоранд. Паштунҳо аксарияти ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳама умур ин мавзӯъ дар назар гирифта шавад ва саҳми паштунҳо дар идораи кишвар ва дар тавзеъи сарват ва қудрат шаст дарсад бошад. Забони пашту бояд забони миллӣ ва расмии кишвар бошад ва ҳама маҷбуранд, ки онро ёд бигиранд ва ба он такаллум кунанд. Фарҳанг (расм ва ривоҷҳо) –и паштунӣ бояд ба фарҳанги умумии кишвар иртиқо ёфта ва тамоми ақвоми дигар бояд ба он эҳтиром дошта ва онро ҷойгузини фарҳанг ва сунани таърихии худ кунанд. Намодҳои миллӣ (суруди миллӣ, сикка, парчам ва...) бояд баргирифташуда аз забони пашту ва фарҳанги паштунӣ бошад. Ақвоми ғайрипаштун муҳоҷирине ҳастанд, ки дар натиҷаи ҷангҳо аз берун ба Афғонистон муҳоҷир шуда ва бояд ҳолати муҳоҷир будагии худро ҳифз карда ва дар умури калони кишварӣ дахолат надошта ва иддаои моликият низ бар арозии таҳти тасарруфи хешро надошта бошанд. Паштунҳо метавонанд дар ҳар гӯшаи кишвар маскангузин шуда ва иддаои моликияти арозии таҳти тасарруфи худро дошта бошанд. Таърихи навишташуда (ҳатто ҷаълӣ) тавассути паштунҳо бояд таърихи расмии кишвар бошад ва дар макотиб тадрис шавад.
Метавон гуфт, ки тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ ва низомии паштун аз ҳар сохту бофт дар ҷиҳати таҳаққуқи иддаоҳои фавқ кӯшидаанд. Толибон аз назари сиёсати қавмӣ яке аз тундравтарин гурӯҳҳои қавмӣ дониста мешавад.
Вогузории қудрат ба Толибон тавассути Ашраф Ғанӣ ба иштироки фикрии Толибон ва Ғанӣ муртабит дониста мешавад. Ғанӣ як паштунисти мутаассиб буд ва чун тавони худро дар татбиқи барномаҳои қавмӣ нокофӣ арзёбӣ кард, дар як муомилаи махфӣ қудратро ба Толибон вогузар кард, то ин гурӯҳ битавонад бо шиддату ҳиддат (тундӣ) тамоми барномаҳои қавмиро татбиқ кунад. Ин таъбире аст, ки ҷараёнҳои сиёсии ғайрпаштун аз таҳаввули сиёсии ахир дар Афғонистон доранд.
Бо таваҷҷуҳ ба нукоти боло метавон гуфт, ки яке аз умдатарин далоили ҷанг бо Толибон иҷтимоӣ ё қавмӣ аст. Дар соли 1995, ки Толибон бар Афғонистон мусаллат шуданд, тамоми раҳбарони сиёсӣ ва низомии ғайрипаштун, ки то қабл аз он алайҳи ҳамдигар меҷангиданд, муттаҳид шуда ва дар меҳварияти Аҳмадшоҳ Масъуд Ҷабҳаи муттаҳиди шимолро сохтанд, ки як неруи сиёсӣ ва низомии муқтадири зидди Толибон буд.
Карзай ва Ғанӣ дар бист соли гузашта бисёр талош карданд, ки Ҷабҳаи муттаҳиди шимолро аз ҳам бипошонанд, ки дар ин маъмурият муваффақ ҳам шуданд. Карзай ва Ғанӣ дарвоқеъ интиқоми Толибонро аз Ҷаҳбаи муттаҳиди шимол гирифтанд. Раҳбарони Ҷабҳаи муттаҳиди шимол ё террор шуданд ё ғарқ дар хушгузарониву зарандӯзӣ шуданд ва ё ҳам аз саҳнаи сиёсат мунзавӣ ва ронда шуданд.
Ҳадаф аз зикри вақоеъи сиёсии бист соли гузашта дар ин ҷо ин буд, то бар ин нукта таъкид карда бошем, ки Карзай ва Ғанӣ идомадиҳандаи роҳу расми Толибон буданд ва Толибон низ роҳу расми ононро идома медиҳанд ва ин роҳу расм чизе нест магар паштунизм. Ҳамоне, ки аз замони Амонуллоҳхон ба ин тараф зерсохти сиёсатварзӣ дар Афғонистон дониста мешавад.
Акнун низ бо мусаллат шудани Толибон тамоми раҳбарони сиёсӣ ва низомии ғайрипаштун кишварро тарк карда ва дар садади эҷоди созукорҳои низомӣ барои ҷанг бо Толибон ҳастанд. Толибон хонаҳои ононро ғасб карда ва теъдоде аз афроди шинохташудаи ғайрипаштун, ки фурсати берун шудан аз кишварро наёфтаанд, ба шакли махфӣ зиндагӣ мекунанд ва агар Толибон ононро пайдо кунанд, аз байн мебаранд.
Дар роҳбурди қавмие, ки паштунҳо барои худ таъриф кардаанд, тоҷикҳо ба унвони монеаи умда ва аслӣ ташхис дода шудаанд. Дар воқеъ, паштунҳо аз назари сиёсӣ тоҷикҳоро душмани дараҷаи яки худ мешуморанд ва сипас ҳазораҳо ва узбекҳо дар радифи душманон дараҷабандӣ мешаванд. Ёдоварӣ мекунам, ки манзур аз паштунҳо дар ин ҷо ҳамаи қишрҳои қавми паштун нест, балки манзури мо сиёсиюни паштун ё ҳамон паштунистҳо ҳастанд. Ҳаминҳо дар ҷомеаи паштун нақши таъйинкунанда доранд. Паштунҳои ғайриштунист теъдодашон андак ва нақшашон дар сиёсат ва низомигарӣ қобили муҳосиба нест.
Аммо чаро тоҷикҳо?
Тоҷикҳо дар сад соли ахир, ки табу тоби паштунизм доғ шуд, ду то се бор қудратро аз паштунҳо гирифтанд. Ин амр боис шуд, ки паштунҳо дар гуфтумони сиёсии мавриди назар ба қудрат тоҷикҳоро минҳайси душмани дараҷаи як дараҷабандӣ кунанд.
Ҳабибуллоҳ Калаконии тоҷиктабор дар гармогарми баҳсҳои қавмие, ки зери риши шоҳ Амонуллоҳ дар ҷараён буд, ҳукумати Амонуллоҳро сарнагун кард ва бо ин кор шоки амиқе ба ҷомеаи сиёсӣ-фикрии паштун ва паштунистҳо ворид кард. Калаконӣ замоне қудратро аз Амонуллоҳ гирифт, ки Маҳмуд Тарзӣ ва ҳамфикрони ӯ машғули тадвини хутути асосии паштунизм/фашизм буданд.
Маҳмуди Тарзӣ, ки худро сарҳалқаи равшанфикрони он замон медонист ва бо шоҳ низ хешовандӣ дошт, “дарсҳои” паштунистиро аз Туркия гирифта буд ва мехост, ки утоқи фикри паштунистиро бо ҳимояти Амонуллоҳхон эҷод кунад. Дар ҳамин замон аст, ки Ҳабибуллаҳ Калаконӣ ҳукумати Амонуллоҳро сарнагун мекунад. Бинобар ин, табиӣ буд, ки тамоми аъзои утоқи фикри низоми шоҳӣ, ба саркардагии Маҳмуд Тарзӣ нисбат ба Ҳабибуллоҳ Калаконӣ кина ба дил бигиранд ва ӯро ба ашколи гуногун мавриди ҳамла қарор диҳанд. Ин ҳамалоти лафзие, ки дарвоқеъ бо ҳурматӣ ва фаҳҳошӣ низ омехтааст, баъдҳо ҷузви дарсҳои таърихии макотиби Афғонистон шуд ва то имрӯз низ дар макотиб ба донишомӯзон тадрис мешавад.
Ҳудуди ҳафтод сол баъд аз Калаконӣ ( 1990) устод Бурҳониддин Раббонии тоҷиктбор қудратро ба даст гирифт. Дар ин ҳафтод сол, паштунҳо бисёр талош карданд, ки фикри гирифтани ҳокимияти сиёсиро аз миёни тоҷикҳо аз байн бибаранд. Саркӯб ва фишори шадиде дар манотиқи тоҷикнишин ба роҳ андохта шуд. Теъдоди зиёде аз аҳолии манотиқи шимоли Кобул (Парвон, Кописо ва шаҳристонҳои шимоли Кобул хостагоҳи иҷтимоии Ҳабибуллоҳ Калаконӣ) сар ба нест шуданд. Теъдоди зиёде амлокашон забт ва табъид шуданд ва теъдоди зиёде аз мардумони ин минтақа дар натиҷаи фишори мудовим ва шиканҷаи рӯҳӣ маҷбур ба сукут ва пазириши ҳокимияти паштунӣ шуданд. Аммо ба қудрат расидани Бурҳониддин Раббонӣ як бори дигар паштунҳоро мутаваҷҷеҳи хатаре аз ҷониби тоҷикҳо сохт, ки онон фикр мекарданд дар натиҷаи ҳафтод соли саркӯб ва фишор ин хатар рафъ шудааст.
Ҳарчанд бархеҳо Бабрак Кормалро низ тоҷиктбор медонанд, ки аз тариқи як системи ҳизбӣ тавонист барои муддате (дар давраи ҳукуматҳои коммунистии даҳаи ҳаштоди мелодӣ) қудратро ба даст бигирад, аммо чун Кормал дар чорчуби як барномаи ҳизбӣ ба қудрат расид ва ҳувияти тоҷикии худро ошкор накард ва корҳои малмусе барои тоҷикҳо анҷом надод, бисёриҳо давраи ҳукумати вайро шомили давраҳои ҳукуматдории тоҷикҳо ба шумор намеоваранд.
Ба ҳар ҳол, чунон ки гуфтем, ҳафтод сол баъд тоҷикҳое, ки ду насл саркӯб шуда буданд, дубора ба қудрат баргаштанд ва албатта, ки бо зӯри туфанг баргаштанд.
Натиҷагирии иштибоҳи паштунҳо аз баргашти тоҷикҳо
Паштунистҳо ба ҷои ин ки аз “бенатиҷа будани саркӯб ва фишори ҳафтодсолаи тоҷикҳо” ба ин ҷиҳат раҳнамун шаванд, ки дигар наметавон бо фишору саркӯб ва ҷангу хушунат монеъи ба қудрат расидани ғайриштунҳо ва тоҷикҳо шуд, ба ин ҷиҳат раҳнамун шуданд, ки бояд фишорҳо ва саркӯб бар мардуми шимолӣ (ҳавзаи муқовимат) аз сар гирифта шавад ва бо шиддати бештаре пайгирӣ шавад. Толибон дар росто ба саҳна оварда шуданд ва барои ҳамин аст, ки ин гурӯҳ бо шиддати бештаре барномаи саркӯби тоҷикҳоро дар дастур кор додааст.
Ҳукумати устод Раббониро Толибони паштун тавонистанд, ки аз Кобул берун кунанд, аммо Аҳмадшоҳ Масъуд дар шимоли Кобул сангар андохт ва барои ҳудуди панҷ сол муқовимат кард ва иҷоза надод, ки Толибон бар кулли ҳавзаи тоҷикнишини шимоли Кобул ва шимолу шарқ ҳоким шавад. Муқовимати Масъуд боис шуд, ки тамоми уқдаҳои қавмии паштунистҳо гушуда нашавад. Онон дар 25 соли ахир дарҳам кӯбидани муқовимат дар абъоди мухталиф низомӣ, сиёсӣ ва фикриро дар сарлавҳаи аҳдофи худ қарор доданд.
Ҳамин акнун Карзай ва Ғанӣ ва тамоми ҷараёнҳои сиёсии паштун дар дохилу хориҷ кӯшишашон ин аст, ки Ҷабҳаи муқовимати дувумро, ки ба раҳбарии фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд дар ҳоли шаклгирӣ аст, дар нутфа хунсо кунанд ва Толибонро кӯмак кунанд, ки низомашон субот пайдо кунад ва ба аҳдофи мушаххаси қавмӣ бирасад.
Бино ба он чи гуфта омад, паштунҳо ваҷибаи худ медонанд, ки ҳар навъ муқовимате дар манотиқи тоҷикнишинро, ки ҳоло хоста нахоста ба решаҳои таърихӣ ва тоҷикии худ васл хоҳад шуд, дарҳам бикӯбанд. Барои ин кор, паштунҳо токтикҳо ва стротежиҳои мухталиферо ба кор мегиранд.
Яке аз равишҳои тазъифи тоҷикҳо эҷоди нифоқ ва фосила байни тоҷикҳову ҳазораҳо ва ӯзбекҳо аз як тараф ва байни худи тоҷикҳо аз тарафи дигар аст. Барои ҳамин аст, ки дар рӯзҳои ахир шоҳиди баҳсҳое дар расонаҳои иҷтимоӣ бо мавзӯи парокандагӣ миёни тоҷику ӯзбек ва ҳазора ҳастем. Байни худи тоҷикҳо низ ҷиноҳҳои мухталифи сиёсӣ вуҷуд дорад, ки метавон ихтилофи миёни ононро бештар кард ва аз шаклгирии ваҳдати мавриди назар барои пирӯзӣ дар ҷанг ҷилавгирӣ кард.
Карзай талош дорад, ки Луи ҷирга (Маҷлиси бузургон) баргузор кунад, то барои Толибон машрӯъияти дохилӣ касб кунад. Қарор аст як теъдод аз раҳбарони сиёсии тоҷик, ҳазора ва узбек барои мушорикат дар низоми Толибонӣ ташвиқ шаванд ва сипас иддао шавад, ки низоми Толибонӣ фироқавмӣ аст ва заминаи машрӯъияти дохилии он фароҳам шавад. Ҳоло онон ба равишҳои мухталиф ин таҷрибаро бо Толибон шарик месозанд, то заминаи тақвияти Толибон ва тазъифи муқовимат фароҳам ояд.
Бино бар ин, ангезаи иҷтимоӣ ва қавмии ҷанг бо Толибон муҳимтарин, аслитарин, ҷиддитарин ва фурӯгузоштношуданитарин ангеза аст. Бисёриҳо дар як рӯйкард соддаангорона тасаввур мекунанд, ки бо ҳамояи чанд чеҳраи қавмӣ аз ақвоми ғайриштун дар як сохтори паштунӣ метавон ангезаи қавмии ҷангро аз байн бурд, аммо таҷриба нишон дода, ки ин тасаввур иштибоҳ аст.
Мумкин аст, ки дар бозии замонии кӯтоҳмуддат битавон бо ин равишҳои сатҳӣ, намоишӣ аз як сохтори фароқавмӣ дуруст кард, аммо дар дарозмуддат ин роҳи ҳал нест. Шумо вақте аз як мунозеаи решадори қавмӣ дар як ҷуғрофияи бесубот ва ҷангзада сӯҳбат мекунед, наметавонед, ки ба роҳиҳалҳои кӯтоҳмуддат ва сатҳинигарона иттико кунед.
Мумкин имрӯз теъдоде тоҷик, ҳазора ва ӯзбек вуҷуд дошта бошад, ки дар қаду қомати ҳоло раҳбарони сиёсиву қавмӣ арзи андом карда ва инҳо бо фурӯгузошти арзишҳои ҳувиятӣ ва фарҳангии ақвоми худашон ва бо авлавият додан ба манофеъи шахсӣ ва хонаводагӣ дар як сохтори намоишӣ гирди ҳам оянд, аммо ҳар гоҳ сиёсати давлат ҳамчунон қавмӣ ва табъизомез бошад, насли баъдии тоҷику ӯзбек ва ҳазора дар баробари он эътироз ва истодагӣ хоҳад кард ва чархаи ҷанг такрор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки Толибон ба ҳеҷ рӯй зарфияти эътимодсозии қавмиро надорад ва бинобар ин ангезаҳои иҷтимоиву қавмии ҷанг бо ин гурӯҳ ба мурури замон бештар мегардад.
Чаро татбиқи паштунизм бо мавонеъи ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст?
Пеш аз пардохтан ба пурсиши фавқ тазаккури як нукта зарурӣ аст, ки паштунҳо вақте ба татбиқи паштунизм фикр ва барномарезӣ мекунанд, моделҳои ҳокимияти қавмии кишварҳои минтақаро дар назар доранд. Масалан, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Туркманистон ва...аз назари паштунҳо чун дар кишварҳои ёдшуда гурӯҳҳои мушаххаси қавмӣ тавониста ҳукуматҳои такқавмӣ ба вуҷуд оварда ва як ҷомеаи якранги қавмӣ эҷод кунанд ва ақвоми берун аз ҳокимиятро маҷбур ба пазириши султаи сиёсӣ ва фарҳангии худ намоянд, паштунҳо низ метавонанд чунон кунанд. Ин раҳёфт чанд нуктаи муҳим ё, дар воқеъ, чанд тафовути умдаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки дар зер ба он ишора мешавад:
1 - Паштунҳо барномаи паштунизасозии кишварро бар пояи иддаоҳои нодуруст ва беасос устувор кардаанд. Паштунҳо дар ҳоле, ки беш аз сӣ дарсад ҷамъияти Афғонистон нестанд, муддаиянд, ки шаст дарсад ҷамъияти кишварро ташкил медиҳанд. Ин иддао бар пояи ҳеҷ асли илмӣ ва мантиқӣ устувор нест. Асоси барномаи паштунизасозии кишвар қарор гирифтааст. Барои ҳамин аст, ки тавон қаноат ва ризояти дигаронро надорад.
2 - Фарҳанги паштунӣ ва забони пашту, ки паштунистҳо дар талоши таҳмил ва умумисозии он бар кулли ҷамъияти номувофиқи кишвар ҳастанд, аз назари тамаддунӣ-фарҳангӣ зарфияти ҷазб, идғом, ҳамоҳнагӣ ва эҷоди бистарҳои ҳамзистиву ҳамрангӣ ва ҳамзабониро надорад.
Бо вуҷуди талошҳои садсолаи паштунҳо барои миллӣ сохтан ва умумӣ сохтани забони пашту ҳанӯз ҳам забони миллӣ, мардумӣ ва умумии мардуми Афғонистон форсӣ аст ва паштуро ғайр аз паштунҳо дигарон намедонанд. Ҳатто 90 дарсади паштунҳо форсӣ медонанд ва дар муносибат бо ғайрипаштунҳо ба он такаллум мекунанд. Ба иборат дигар, барномаи паштунизасозии фарҳанг ва забони кишвар дар абъоди фарҳангӣ ва нармафзорӣ ба шикаст мувоҷеҳ шудааст. Ин амр низ як омили умда аст. Таҳмили як падида ҳамеша муқовиматбарангез аст, аммо ҳар гоҳ чизеро, ки шумо таҳмил мекунед, мақбулият, ҷаззобият, шумулият ва зарфияти пазириш надошта бошад, кор душвортар мешавад ва муқовимати бештар ва доманадортар хоҳад шуд.
Ҳоло вақте ҷанг бо Толибон ба унвони як гурӯҳи паштунӣ дар бистари ихтилофҳои қавмии қудрат мавриди баррасӣ қарор гирад, метавон гуфт, ки ин ҷанг, ҷанг барои курсӣ ва қудрат нест. Ин ҷанг, ҷанг барои бақо аст. Ғайрипаштунҳо агар наҷанганд, хатари нобудии на танҳо фарҳанг, забон ва ҳувияти таърихиашон маълум аст, балки хатари нобудии физикӣ ҳам мутаваҷҷеҳи онон аст.
Ба иборати дигар, ҳатто агар тоҷикҳо ҳоло аз ҷанг бо паштунҳо даст бардоранд ва ҳокимияти ин гурӯҳро бипазиранд, ин амр кӯмаке ба наҷоти ҷони онон аз чанги барномаҳои паштунистӣ намекунад. Исмоили Юн ва як теъдод аз ҳалақоти маълумулҳоли паштуне, ки худро утоқи фикрии ҳокимиятҳои паштунӣ медонанд, дар китобе, ки таҳти унвони “Сақовии дувум” навиштанд, мавҷудияти тоҷикҳои шимоли Кобулро дар ин минтақа хатари бузурге барои ҳокимияти паштунҳо ташхис дода ва ба ҳокимиятҳои паштунӣ тавсия кардаанд, ки бояд чорае барои рафъи ин хатар санҷида шавад. Ин чора метавонад, кӯчи иҷбории тоҷикҳо аз муҳимтарин бахши ҷуғрофияи Афғонистон, ки сарзамини обоии тоҷикҳо бошад ё дар хушбинонатарин ҳолат, эҳёи сиёсати нодирхонӣ дар ин минтақа бошад, ки ба маънои саркӯбу ҳазф ва табъиди тадриҷии тоҷикон аст.
Толибон ба ҳамин манзур эҷод шуданд ва дубора ба қудрат оварда шуданд, то минҳайси як неруи хашин барномае татбиқ кунанд, ки ба равишҳои мадании ғайрихушунатомез имкони татбиқи он вуҷуд надорад.
Сиёсати замини сӯхтаи Толибон, ки дар шимолӣ (дар давраи аввали ҳокимияти Толибон) татбиқ шуд, бахши умдае аз корномаи сиёҳи қавмии ин гурӯҳро ташкил медиҳад, ки дар ҳофизаи мардуми шимолӣ аз он ба унвони такрори ҳуҷуми мангалиҳо дар замони Нодирхон ёд мешавад.
Нодиршоҳ баъд аз қатли Ҳабибуллоҳи Калаконӣ як лашкари бераҳм аз қабоили паштунро ба сарзамини шимолӣ сарозер кард, то аз ин мардум ба хотири ҳимоят аз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ интиқом бигиранд. Онон бо бераҳмӣ ба молу ҷон ва номуси мардум таҷовуз карданд ва мардумони шимолӣ достонҳои ҳавлноки онро сина ба сина нақл мекунанд.
Ҳатто ҳимояти хориҷие, ки Толибон дарёфт мекунанд, дар ростои татбиқи барнома паштунистӣ аст. Покистониҳо бо ҳимоят аз як гурӯҳи қавмии хушунатгаро ва қавмгаро барномаҳои стротежики худро дар Афғонистон думбол мекунанд. Ин барнома ташдиди хусуматҳои қавмӣ дар Афғонистон аст. Паштунҳо дар татбиқи барномаи паштунизм чунон саргарманд, ки мутаваҷҷеҳ нестанд чаро Покистон аз ин барнома ҳимоят мекунад. Покистон мехоҳад, ки паштунҳоро бо ҳама ақвоми дигар душман бисозад. Дар ин барнома англисҳо ҳам ҳамдасти Покистон дониста мешаванд. Англисҳо дар нутфагузории бисёре аз нифоқҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон нақш доштаанд ва дар бист соли ахир, ки ин кишвар бо Амрико якҷо ба Афғонистон омад, талош кард то бисёре аз захмҳои чиркини кӯҳнаро тоза кунад. Баҳрагирии сиёсӣ аз тафриқаҳо шинохташудатарин ҷузъи сиёсати инглисӣ ба шумор меравад.
Дар навиштаи баъдӣ ба ангезаҳо ва далоили сиёсии ҷанг бо Толибон хоҳем пардохт.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.