Дар зеҳни инсони сиёсии паштун қабила ва қавм ҷойи ҳизби сиёсиро мегирад. Ҷое, ки қабила бошад, ҳизб ниёз дониста намешавад.
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсии Афғонистон, махсус барои “Сангар”
БАРРАСИИ АНГЕЗАҲО ВА ДАЛОИЛИ ҶАНГ БО ТОЛИБОН
Қисмати аввал:
АНГЕЗАҲО ВА ДАЛОИЛИ ИҶТИМОӢ-ҚАВМӢ
Ҷанги охирини ғайрипаштунҳо, ё чаро тоҷик душмани №1-и паштун шуд?
Фишурдаи баҳс қаблии мо ин буд, ки Толибон аз назари қавмӣ як гурӯҳи паштунӣ аст, ки барои таҳаққуқи барномаи паштунизм/фашизм кор мекунад. Барномае, ки аз замони шоҳ Амонулоҳ тавассути Маҳмуд Тарзӣ матраҳ шуда ва аз он ба баъд ҳокимон ва ҳокимиятҳои паштунӣ худро мутааҳҳид ба таҳаққуқи он медонанд. Тибқи ин барнома ақвоми ғайриштун, ба вежа ақвоми тоҷик, ҳазора ва ӯзбек (се қавми умдаи ғайриштун), ки наздик ба ҳафтод дарсади ҷамъияти кишварро ташкил медиҳанд, ғайрхудӣ ва монеъи таҳаққуқи паштунизм пиндошта мешаванд ва ҳокимиятҳои паштунӣ равишҳои мухталиферо барои тазъифи ин се қавм, ба вежа тоҷикҳо дар дастури кор доранд. Тоҷикҳо аз ин рӯ душмани дараҷаи як талаққӣ мешаванд, ки дар як қарни ахир дубора ҳокимияти сиёсиро аз паштунҳо гирифтаанд. Ин дарвоқеъ, омили аслии он чизе аст, ки “ҷанги нотмоми Афғонистон” хонда мешавад.
Қисмати дувум:
АНГЕЗАҲО ВА ДАЛОИЛИ СИЁСИИ ҶАНГ БО ТОЛИБОН
Аз назари сиёсӣ Толибон як гурӯҳи номутаҷонис, таърифнопазир ва пур аз ибҳому таноқуз аст. Ин гурӯҳ кадом роҳбурд ва барномаи сиёсии мушаххас ва мудавван надорад, то бар асоси он битавон дар мавриди дастбандии сиёсии ин гурӯҳ иқдом кард. Толибон на дар радифи аҳзоб, ҷараёнҳо, наҳзатҳо ва созмонҳои сиёсӣ шинохташудаи исломгаро қарор мегирад ва на ҳам аз худ кадом тарҳ ва барномаи ибтикорӣ ва ибдоии исломӣ дорад, ки битавон бар асоси он дар мавриди моҳияти сиёсии ин гурӯҳ доварӣ кард.
Вақте чанд моҳ қабл Толибон эълом кард, ки ба духтарони болотар аз синфи шашум иҷозаи мактаб рафтан намедиҳад, покистониҳо, қатариҳо ва аморотиҳо ба унвони ҳомиёни умда ва ҷиддии Толибон ва, ба унвони кишварҳое, ки ҳукуматҳои исломии шабеҳи толибонӣ доранд, бо тааҷҷуб ба ин тасмими Толибон нигоҳ карда ва гуфтанд, ки ин кори Толибон ҳеҷ намунаи дигаре дар кишварҳои исломӣ надорад. Маънои ҳарфи онон ин буд, ки Толибон дар ҳеҷ гуруҳи сиёсии исломӣ қобили дастабандӣ нест.
Бо онки аз зуҳури Толибон ҳудуди се даҳа мегузарад, аммо вақте ин гурӯҳ дубора ба қудрат расид, ҳеҷ тарҳу барнома ва роҳкори сиёсӣ барои давлатдорӣ надошт ва то кунун, ки наздик ба як сол аз ҳокимияти ин гурӯҳ мегузарад, халоҳои бузурги ҳуқуқӣ ва қонунӣ дар кори ҳукуматдорӣ вуҷуд дорад ва равшан нест, ки мабнои амал ва қазовати Толибон чист. Ин гурӯҳ барои пур кардани халои қонунӣ ва ҳуқуқӣ эълом кард, ки қонуни асосии давраи Зоҳиршоҳро бо таълиқи бахшҳое аз он ба иҷро дар хоҳад овард, аммо тавзеҳ дода нашуд, ки кадом бахшҳои он қонун мабнои амали Толибон хоҳад буд.
Қонуни асосии давраи Зоҳиршоҳ қонунест бо руҳияи секулористие, ки дар он шоҳ фавқи қонун аст. Шояд барои Толибон ҷаззобияти қонуни Зоҳиршоҳ аз ҳамин ҷо маншаъ бигирад, ки як фард дар раъси қудрат қарор дошта бошад, ки фавқи қонун бошад. Яъне, Толибон мехоҳанд фарди шумораи яки ин гурӯҳ мисли шоҳ босалоҳият бошад ва ба ҳеҷ марҷаъи дигаре посухгӯ набошад. Ҳамчунон, чун қонуни асосии Зоҳиршоҳ рӯҳияи “паштунволӣ” дорад, мумкин яке аз далоили алоқамандии Толибон ба он ҳамин амр бошад.
Ба ғайр аз шабакаи террористии “Ал-қоида”, ки гуфта мешавад, аз назари моҳияти сиёсӣ шабоҳати бештаре бо Толибон дорад ва ин гурӯҳ ҳампаймони он ба шумор меравад. Ё ҳам гуруҳи террористии ДОЪИШ, ки ба эътиқоди бисёре шабеҳи Толибон аст ва аҳдофу барномаҳои нисбатан мушобеҳеро дунбол мекунад. Толибон бо бақияи аҳзоб ва созмонҳои сиёсии исломӣ дар Афғонистон ва минтақа ҳамхонӣ надорад, то битавон гуфт, ки ба кадом наҳлаи сиёсӣ ва фикрии исломӣ тааллуқ дорад.
Аҳзоби сиёсии шинохташуда ва таъсиргузор дар Афғонистонро аз назари синхшиносӣ (типология) - и сиёсӣ метавон ба се даста: коммунистӣ, исломӣ ва демократик дастабандӣ кард. Ё дарвоқеъ метавон аз як тақсимбандии дутоӣ: аҳзоби дингаро ва секулор сухан гуфт. Толибон натанҳо бо ҳеҷ як аз се ҷараёни ёдшуда, созгорӣ надорад, балки ҳама аҳзоби сиёсиро бо як чӯб меронад.
Тамоми аҳзоби умдаи исломии Афғонистон (Ҷамъияти исломӣ, Ҳизби исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ҷунбиши исломӣ, Ҳаракати исломӣ, Иттиҳоди исломӣ ва...) собиқаи ҷанг бо Толибонро дар корнома доранд ва акнун низ аксарияти ин аҳзоб мухолифи Толибон ҳастанд.
Танҳо Ҳизби Исломии Гулбидин Ҳикматёр, ки як ҳизби исломгарои тундрави паштунӣ аст, бар асоси тааллуқоти қавмӣ, ба наҳве дар таъомул бо ин гурӯҳ қарор дорад ва акнун дар Кобул ба фаъолияти хеш идома медиҳад. Ҳарчанд бисёреҳо ба ин боваранд, ки робитаи Ҳизби Исломӣ бо Толибон низ чандон дӯстона нест, аммо бино ба мулоҳизаҳои қавмӣ ва ҳамчунон бино ба носозгории қадимие, ки Ҳизби Исломӣ бо дигар аҳзоби исломӣ дорад, аз бақия фосила гирифта ва худро муттаҳид ва муъталиф (дӯсти наздик) - и Толибон нишон медиҳад.
То кунун ба сурати расмӣ аз эътилофи Толибон ё иттиҳоди ин гурӯҳ бо Ҳизби Исломӣ сухане гуфта нашудааст. Албатта, Ҳизби Исломӣ таваққӯъ дорад, ки Толибон ин ҳизбро дар ҳукумат саҳм бидиҳад, аммо то кунун дар ин замина коре сурат нагирифтааст. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки Толибон ахиран талошҳоеро дар ҷиҳати наздикии бештар бо Ҳизби Исломӣ оғоз карда, ки натоиҷи он мушаххас нест.
Чунонки гуфта шуд бақияи аҳзоби исломӣ ё амалан дар ҷабҳаи низомии мухолифи Толибон қарор доранд, ё дар ҳоли пайвастан ба ҷабҳаи низомии мухолифи Толибон ҳастанд ва ё ҳам бино ба маъозир (далелҳо) -е, ки доранд, то кунун робитаи худ бо Толибонро таъриф ва эълом накардаанд.
Умдатарин далели ин ки робитаи Толибон бо бақияи аҳзоби исломӣ хасмона буда, ин аст, ки Толибон як гурӯҳи шинохташуда ва қобили эътимод нест. Ин гуруҳ, чунон ки ишора шуд, на кадом барномаи мудаввани сиёсӣ дорад ва на ҳам раҳбарони он ашхоси шинохташуда ва мӯътамаде ҳастанд, ки барқарории равобит бо аҳзоби ҳамсӯ битавонад бар мабнои он сурат гирад.
Дар ҳамин ҷо такрори ин нукта зарурӣ аст, ки Толибон як гурӯҳи истихборотӣ аст ва АйЭсАй (ISI) иҷоза намедиҳад Толибон барномаи амал ва мароми худро мушаххас кунад ва ашхоси шинохташуда ва собитқадам дар раъси ин гурӯҳ қарор гирад. Агар чунин шавад, контроли Толибон ба василаи АйЭсАй душвор мешавад. АйЭсАй дар ин замина як таҷрибаи ноком дорад ва намехоҳад онро такрор кунад.
Таҷрибаи ноком, дарвоқеъ, ба робитаи аҳзоби ҷиҳодӣ ва Покистон бармегардад. Аҳзоби ҷиҳодии Афғонистон дар замони ҷанг бо шӯравиҳо дар Покистон созмондеҳӣ шуданд ва то пирӯзии ҷиҳод тақрибан аксарияти аҳзоби ҷиҳодӣ таҳти назорат ва контроли ҷиддии АйЭсАй буданд, аммо вақте аҳзоби ҷиҳодӣ ба қудрат расиданд ва дар раъси ҳар ҳизбу созмон ашхоси шинохташуда ва некном қарор гирифт, контроли аҳзоб ба василаи АйЭсАй душвор шуд ва бинобар ин АйЭсАй аз сари ночорӣ Толибонро эҷод кард, то ҳама аҳзоби ҷиҳодиро дарҳам бикӯбад. Ҳоло АйЭсАй намехоҳад, ки ин таҷрибаи ноком такрор шавад. Такрор нашудани ин таҷриба лозимиеро ба вуҷуд меорад, ки Толибон ва раҳбарони ин гурӯҳ ҳамеша ношинохта ва мармуз боқӣ бимонанд, то АйЭсАй ба осонӣ онро раҳбарӣ ва мудирият кунад.
Гуфтем, ки Толибон ҳатто бо аҳзобу ҷараёнҳои исломии шинохташуда дар Афғонистон ва минтақа сари созгорӣ надоранд ва ҳама аҳзоби исломӣ мухолифи Толибон ҳастанд. Ҳоло аз ин гуфта мехоҳем ин натиҷаро берун кунем, ки Толибон бо бақияи аҳзоби сиёсӣ ба ҳеҷ унвон сари созгорӣ надорад. Бинобар ин, ҳама аҳзоби сиёсӣ дар Афғонистон мухолифи Толибон ҳастанд. Вақте як гурӯҳи ба зоҳир исломӣ натавонад бо аҳзоби исломӣ созгорӣ ва тавофуқ дошта бошад, чӣ гуна метавонад бо, масалан, аҳзоби коммунистӣ ва демократӣ, ки моҳияти секулористӣ доранд, тавофуқ дошта бошад?
Дар посух ба пурсиши боло, бархеҳо бо ишора ба ҳузури баъзе аз унсурҳои коммунистӣ дар миёни Толибон ва ҳамкории бархе аз аносири мунтасаб ба ҷараёнҳои сиёсии демократӣ ва секулор бо ин гурӯҳ истидлол мекунанд, ки Толибон метавонанд бо коммунистҳо ва секулорҳо ҳам тавофуқ ҳосил кунад. Аммо бояд гуфт, ки ин истидлол нодуруст аст. Як идда аносири коммунист ва секулор, ки дар ҳавошии гурӯҳе ба номи Толибон қарор доранд, бештар бар асоси тааллуқоти қавмӣ (паштунӣ) ва равобити шахсӣ бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ мекунанд ва нақше дар таъйини аҳдоф ва барномаҳои калони Толибон надоранд. Инҳо касонеанд, ки ба хотири пайвастанашон ба Толибон, ба ормонҳои аҳзобу ҷараёнҳои сиёсии мансуб ба худашон хиёнат варзида ва ҷое дар миёни онон надоранд, то битавонанд афроди таъсиргузори бештареро ҷазби Толибон намоянд. Дар зимн, Покистон иҷоза намедиҳад, ки аҳзоби решадори сиёсӣ дар Афғонистон дар суфуфи Толибон нақши мутабориз пайдо кунанд.
Ин ки Толибон аз назари сиёсӣ барнома ва аҳдофи равшану мудавван надорад боис шуда, то ин гурӯҳ ҳолати абзорбудагии шадид худро ҳифз кунад ва дар кашокаши неруҳои сиёсии номутаҷонисе, ки ба шакли ноҳамгун ин гурӯҳро ташкил додаанд, дасту по бизанад. Дарвоқеъ, Толибон чун худ аҳдофи муайяни сиёсӣ надоранд, неруҳои сиёсии мухталиф, чӣ дар даруни ин гурӯҳ ва чӣ дар берун аз он кӯшиш мекунанд, ки Толибонро ба сӯи аҳдоф ва хостаҳои худ бикашонанд.
Қавмгароён, ки умдатарин ва қавитарин неруи сиёсии ташкилдиҳандаи Толибон шинохта мешаванд, мехоҳанд, ки Толибонро дар хидмати татбиқи барномаҳои қавмӣ қарор диҳанд. Бақияи қавмгароёни паштун, ки аз назари сохториву созмонӣ узви гурӯҳи Толибон нестанд, низ талош доранд, то бо иттико ба неруҳои қавмгарои даруни ин гурӯҳ тарҳе барои истифода аз Толибон ҷиҳати таҳаққуқи аҳдоф бирезанд.
Исломгароёни ифротӣ, ба вежа Толибони ғайрипаштун бо истинод ба ҳувияти динӣ - мазҳабии Толибон талош мекунанд, ки ин гурӯҳро дар ҷиҳати таҳаққуқи хостаҳо ва аҳдофи динӣ қарор диҳанд. Талошҳои ин ҷамъ аксаран дар тазод бо талошҳои қавмгароён воқеъ мешавад ва дар бештари маворид дида шуда, ки дар ин низоъ қавмгароён бар исломгароён ғалаба ҳосил карда ва аҳдофи қавмии худро пеш бурдаанд.
Аммо аз сӯи дигар, истихбороти берунӣ талош мекунад, то Толибонро дар хидмати аҳдофи худ қарор диҳад. Истихбороти берунӣ аз тақобулу танозӯъи ду ҷараёни муташаккили Толибон (қавмгароён ва исломгароён) ба нафъи давоми контрол ва нуфузи хеш дар миёни Толибон истифода мекунад. Дар ин кор покистониҳо маҳорати хубе доранд. Онон гоҳе неруҳои исломгарои Толибонро ҳимоят мекунанд ва гоҳан ҳам қавмгароён. Ба ин тартиб, тақобул ва низоъи номаръӣ миёни Толибон ҳифз мешавад ва ин чизе аст, ки АйЭсАй барои контроли Толибон ба он ниёз дорад.
Толибон дарвоқеъ ба шакли мудом дар кашокаш миёни се неруҳои ёдшуда аст. Ба таъбири дигар, паштунизм/фашизм, исломизм ва империализм (мурод аз империализм дар ин ҷо аҳдофи тавсеаталабонаи кишварҳои минтақа ва кишварҳои қудратманди ҷаҳон аст, ки аз тариқи шабакаҳои истихборотӣ мехоҳанд Толибонро василаи таҳаққуқи аҳдофи тавсеаталабонаи худ намоянд) се ниҳод/нерӯе аст, ки мехоҳанд Толибон дар хидмати аҳдофи онон қарор дошта бошад. Ин амр боис мешавад, ки Толибон ҳеҷ гоҳ натавонад таноқузоти дарунии худро ҳал кунад ва минҳайси як гурӯҳи сиёсӣ бо эътибору бо аҳдоф ва барномаҳои мудавван дар саҳнаи сиёсӣ зоҳир шавад.
Дар бисёре маворид, байни паштунизм ва исломизм тазоду таноқуз вуҷуд дорад. Ба гунаи намуна, вақте Толибон қуюд ва маҳдудиятҳои даступогире фаророҳи дарсу таълими занон ва духтарон вазъ мекунад, дарвоқеъ мехоҳад, ки ризояти хотири неруҳои ифротии исломгароро касб кунад, аммо ин маврид боиси норизоиятии паштунистҳо мешавад.
Паштунистҳо намехоҳанд, ки амалкардҳои инчунинии Толибон муҷиби афзоиши норизоиятии умумӣ аз ин гурӯҳ гардида ва таҳаққуқи аҳдофи қавмӣ ба василаи ин гурӯҳ душвор шавад. Паштунистҳо бештар гароишҳои секулористӣ доранд ва ҳимояташон аз Толибон фақат ба ин далел аст, ки ин гурӯҳро битавонанд василаи таҳаққуқи аҳдофи қавмӣ бисозанд. Дарвоқеъ, дар ҳамчу мавоқеъ кашмакаш байни ду неруи муташаккилаи Толибон, ки паштунистҳо ва исломистҳо бошад, чеҳраи худро намоён мекунад.
Паштунистҳо муддаияанд, ки агар неруҳои сиёсии ғайриштун ба онон маҷол бидиҳанд, метавонанд кишварро дар масири тараққӣ ва тавсеа қарор диҳанд. Дарвоқеъ, танҳо мавриде, ки паштунистҳо метавонанд мутакӣ ба он хоҳони ҳимояти мардум аз хеш шаванд ва ҳузурашонро дар саҳнаи сиёсиву сукони қудрат тавҷеҳ кунанд, ҳамин иддаои онон барои мутараққӣ сохтани кишвар аст. Онон аз мардум ҳамбастагии беқайду шарт мутолиба мекунанд ва муддаиянд, ки подоши ин ҳимояту ҳамбастагӣ рифоҳу осоиш ва амнияте аст, ки метавонанд ба мардум фароҳам кунанд. Мамониат аз мактаб рафтани духтарон ин иддаоро нодуруст собит мекунад. Агар паштунистҳо воқеъан тарафдори тараққӣ ва тавсеаи кишвар ҳастанд, чӣ гуна аз як гурӯҳи мазҳабии мутаҳаҷҷир, мисли Толибон ҳимоят мекунанд? Ин пурсишест, ки паштунистҳо посухе ба он надоранд. Надоштани посух ба ин посух, дарвоқеъ, ҳамон бунбасте аст, ки аз тазоди дарунии неруҳои муташаккилаи Толибон шакл мегирад.
Намунаи тазоди манофеъ миёни паштунистҳо ва покистониҳо минҳайси ҳомии онон низ даъвои арзӣ ва марзии онон бо Покистон аст. Онон муддаиянд, ки агар қодир ба ташкили як давлати қавӣ дар Кобул шаванд, хатти марзии Дюрандро аз байн бурда ва бахши бузурге аз арозии паштуннишини Покистонро ба Афғонистон мулҳақ мекунанд. Ин даъво дарвоқеъ таҳдиди мустақими тамомияти арзии Покистон аст ва покистониҳо дар панҷоҳ соли ахир тамоми талошашон ин буда, ки соҳибони ҳамин даъворо тазъиф кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки паштунистҳо дар мавориди зиёде барои таҳаққуқи барномаи қавмии худ ниёз ба ҳимояти Покистон доранд. Ин дарвоқеъ таноқузи дигаре байни паштунизм ва империализми покистонӣ аст. Тавре, ки ҳоло дида мешавад, покистониҳо тавонистаанд дар низоъ бо паштунистҳои Афғонистон даъворо ба нафъи худ пеш бибаранд.
Толибон гурӯҳе аст, ки вобастагии шадиде ба Покистон дорад. Ин гурӯҳ ҳатто дар баробари бомбордмони мустақими хоки Афғонистон тавассути артиши Покистон сукути мутавозеъона пеша мекунад ва ин дар тазоди ошкор бо он чизест, ки бисёре аз он ба унвони ғурури миллии Довудхон дар баробари Покистон ёд мекунанд ва паштунистҳо беш аз ҳама аз он бо ифтихор ба унвони “маншаъи таҳрики ғурури миллии паштунҳо дар тақобул бо Покистон” ёд мекунанд.
Сардор Муҳаммад Довуд нахустин раиси ҷумҳури Афғонистон (авоили даҳаи ҳафтоди мелодӣ) касе буд, ки фарохони умумӣ барои ҳамла ба Покистон содир кард ва муддаӣ шуд, ки дар зарфи 24 соат арозии мавриди мунозиъа бо Покистонро тасарруф хоҳад кард. Бисёреҳо дар Афғонистон вақте душманӣ бо Покистон дар байн бошад, аз Довудхон ба унвони қаҳрамони бебадил ёд мекунанд. Ҳоло, аммо касоне, ки (Толибон) худро ахлофи Довудхон медонанд ва аз ӯ ба унвони як раҳбари маҳбубу ватандӯст ёд мекунанд, чунон дар баробари Покистон беғурур шудаанд, ки ҳатто шаҳомати гирифтани номи Покистонро надоранд. Ин, дарвоқеъ, пирӯзии стратегии Покистон дар баробари паштунистҳо пиндошта шуда метавонад.
Ба баёни содатар, паштунистҳои Афғонистон дар панҷоҳ соли ахир бино ба иддаои тамомиятхоҳонаи худ, худро бо ду душмани дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ диданд/карданд. Як тараф, паштунистҳо тамоми ақвоми ғайриштун, ба вежа тоҷикҳоро, ба хотири даъвои гирифтани қудрат, ба унвони душмани худ талаққӣ карда ва ҷабаҳоти ҷанги чандгона (низомӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, идорӣ ва иқтисодӣ) - ро алайҳи онон гушуданд. Аз сӯи дигар, бо матраҳ кардани баҳси паштунистонхоҳӣ Покистонро ба душмани дараҷаи яки худ мубаддал карданд.
Аммо вақте паштунистҳо дар як дуроҳа қарор гирифтанд, ки аз миёни ду душмани дохилӣ ва хориҷӣ даст ба интихоб бизананд, тарҷеҳ доданд, ки бо ҳимояти душмани хориҷӣ, душмани дохилиро саркӯб кунанд. Мақулаи омиёнае дар Афғонистон вуҷуд дорад, ки метавонад мисдоқи айнии ин рӯйкарди паштунҳо бошад. Ин мақула ба шарҳи зер аст: “шери хона, рӯбоҳи берун”. Паштунистҳо тарҷеҳ доданд, ки дар баробари ғайриштунҳо “шер” бошанд ва дар баробари Покистон “рӯбоҳ!”. Ин сиёсат идома дорад ва дар чеҳраи Толибон таборузи ошкор ёфтааст. Ин гурӯҳ дар баробари ҳамлаи ҳавоии Покистон ба ҳарими кишвар сукут мекунад, аммо дар баробари мухолифатҳои мусаллаҳонаи дохилӣ, ҳадди аъзами неруи қаҳрияро ба кор мегирад!
Бо таваҷҷуҳ ба нукоти боло, тамоми неруҳои сиёсӣ (аз исломӣ то секулористӣ) ҳадафи барномаи ҳазф ва саркӯби Толибон пиндошта мешаванд. Бо таҳкими пояҳои қудрати Толибон ҳеҷ ҳизбу созмони сиёсии дигар маҷоли фаъолияти сиёсӣ нахоҳад дошт. Чунонки тавзеҳ дода шуд, Толибон бо ҳеҷ ҳизбу созмони сиёсӣ сари созгорӣ надоранд ва худ низ барномаи табдил шудан ба як ҳизби сиёсии бобарномаро надоранд.
Модели ҳукумати мавриди назари Толибон (ҳарчанд мудавван ва эълом нашуда) як ҷомеаи фоқиди созмонҳои сиёсӣ аст, ки мардум рамавор тобеъи авомири раҳбари худхонда ва пинҳони Толибон бошад. Ин модел дарвоқеъ шабеҳи як модели салтанати мутлақулинон аст. Албатта, Толибон чун даъвои динӣ боз карда наметавонад, мустақим хост эҳёи салтанатро матраҳ кунад. Ҳарчанд, ки дар амал ба як қонуни эъломношудаи салтанатӣ амал мекунад ва акнун касе, ки раҳбари ин гурӯҳ хонда мешавад, дар ҷойгоҳи як султони қурунивустоӣ (асримиёнагӣ)-е қарор дорад.
Албатта, ҷудо аз таърифи хосе, ки аз “ғайрисиёсӣ будан” - и Толибон ба маънои носозгорӣ бо аҳзоби сиёсӣ ва адами тамоюл ба ташкили ҳизби сиёсӣ вуҷуд дорад, ин гурӯҳ ба маънои як ҳалқаи сиёсии нухба ва мунсаҷим, ки қодир ба ташкили як давлати коромад ва мутараққӣ бошад низ шинохта намешавад, ки бақияи неруҳои сиёсӣ майдонро ба он раҳо кунанд, то ин гурӯҳ битавонад кишварро ба сӯйи дараҷоти тавсеа ва тараққӣ ҳидоят кунад.
Бинобар ин, аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ дар Афғонистон аз ҳама гуруҳу қишрҳои фикрӣ ду роҳ беш дар пеш надоранд: ё бо Толибон меҷанганд то дубора маҷоли фаъолият дар кишвари худро дошта бошанд ё барои ҳамеша созмону ҳизби сиёсии худро мулғо эълом карда ва пайи корҳои ғайрисиёсӣ мераванд. Барои бисёре аз аҳзобу ҷараёнҳои сиёсие, ки собиқаи кори сиёсӣ ва нуфузи иҷтимоӣ дар миёни мардум надоранд, гузинаи дувум метавонад як гузинае бошад, аммо бисёре аз аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсии дигар наметавонанд гулӯи худро дами теғи Толибон ниҳанд ва ба истилоҳ ҳукми эъдоми сиёсии худро худашон имзо кунанд.
Аҳзоби сиёсии Афғонистон (бавежа аҳзоби сиёсии нерӯманд, ки собиқаи тӯлонии зиддият бо Толибонро доранд) ба таърихи 24 асади соли 1400 хуршедӣ (15 августи 2021), бо як амали шабеҳи кудатоӣ мувоҷеҳ шуда ва ғофилгир шуданд. Ғанӣ дар як муомилаи махфӣ қудратро ба Толибон вогузар кард ва ҳамаро ғофилгир кард. Дар ҳоли ҳозир, аҳзоби сиёсии зидди Толибон дар талоши инсиҷоми муҷаддади неруҳои сиёсӣ ва низомии хеш ҳастанд, то зарфиятҳои аздастрафтаи худро дубора барои ҷанг бо Толибон бозёбӣ кунанд.
Дарвоқеъ, метавон гуфт, ки дар бист соли пасин Афғонистон аз як ҷомеаи бастаи сиёсӣ ба як ҷомеаи боз тағйири шакл ёфт. Дар ин муддат беш аз сад ҳизби сиёсӣ дар Афғонистон ба сурати расмӣ таъсис шуданд. Ҳарчанд аксарияти аҳзоби тозатаъсис натавонистанд зиёд дар байни ҷомеа фаъолияти худро густариш дода ва дафотири расмӣ-корӣ эҷод кунанд, аммо дар кул моҳияти ҷомеаи сиёсии Афғонистон мутаҳаввил шуд. Толибон метавонанд дафотири ин аҳзобро бибанданд, аммо фикру андеша ва амали сиёсии аҳзоб бо бастани дафтар аз байн намеравад. Тасаввури ҷомеаи сиёсии Афғонистон бидуни аҳзоби сиёсӣ номумкин аст.
Бархе аз кишварҳои минтақа, ки манофеъашон эҷоб мекунад равобите бо Толибон дошта бошанд ва ба истилоҳ аз тариқи гуфтугӯву тафоҳум бо ин гурӯҳ вориди таомул шаванд, бинобар равобити деринае, ки бо аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсии зидди Толибон доранд, дар талош ҳастанд то неруҳои сиёсии зидди Толибонро, ки зери таъсири ин кишвар қарор доранд, дар ҳолате аз интизор нигаҳ доранд, то магар битавонанд созиши байни онон ва Толибон барқарор кунанд. Ин яке аз далоиле аст, ки то кунун ҳама неруҳои сиёсии зидди Толибон муттаҳид нашуда ва вориди майдони ҷанг бо ин гурӯҳ нашудаанд. Аммо ин сиёсати кишварҳои минтақа агар масоили пинҳони дигаре дар ақиби худ надошта бошад, аз диди таҳлилгарони масоили дохилии Афғонистон, ношӣ аз шинохти нокофии ин кишварҳо аз Толибон ва қазиёи печидаи Афғонистон аст.
Кишварҳои минтақа ҳанӯз мепиндоранд Толибон тағйир карда ё мумкин тағйир кунад, то битавон рӯйи эҷод як созукори иштирокӣ бо аҳзобу ҷараёнҳои зиддитолибонӣ кор кард. Ин пиндор иштибоҳ аст. Баъзе аз кишварҳои минтақа медонанд, ки ин пиндорашон иштибоҳ аст, аммо чун равобите бо Толибон дуруст кардаанд ва ҳанӯз тарҳи бадиле дар ихтиёр надоранд, дунболи хариди замон ҳастанд, то битавонанд дар сиёсатҳо тағйир ворид кунанд. Баъзе аз кишварҳои дигари минтақа бино ба нигароние аз қудратманд шудани тоҷикон дар меҳвари муқовамат доранд, кӯшиш мекунанд, ки аз шаклгирии эътилофи неруманди неруҳои зидди Толибон ҷилавгирӣ кунанд. Аммо ин сиёсатҳо зиёд пойдор ба назар намерасад. Ҳамин кишварҳое, ки бисёре аз сиёсиюни Афғонистонро утоқи интизор нигаҳ дошта, ки созише байни онон ва Толибон барқарор кунанд, худ то кунун толибро ба расмият намешиносанд. Ин амр бештар нишондиҳандаи таноқузотест, ки сиёсатҳои минтақаии кишварҳои мухталифи минтақа бо он мувоҷеҳ буда ва ниёз ба замон дорад, то ин таноқузот ҳал шавад.
Мавориде, ки дар боло зикр шуд, дарвоқеъ, далоил ва ангезаҳои сиёсии ҷанг бо Толибон аст. Толибон ҳеҷ роҳкоре барои аз байн бурдани ангезаҳои сиёсии ҷанг надорад. Чунонки гуфта шуд ин гурӯҳ як ҷомеаи бидуни ҳизб ва созмони сиёсӣ мехоҳад ва ин мумкин нест. Дар зимн, чунон ки гуфта шуд, худи Толибон ба унвони як гурӯҳи сиёсӣ шинохта намешавад, то битавонад халои сиёсии набуди созмонҳои сиёсии модернро пур кунад. Ин амр низ то ҳудуде вобаста ба омили қавмият аст. Ҷараёнҳои сиёсӣ бархоста аз ҷомеаи паштун дар эҷоди аҳзоби сиёсии модерн ноком будаанд. Дарвоқеъ, сохтори қабоили ҷомеаи паштун мавҷудияти созмонҳои сиёсии модернро нафй мекунад. Дар зеҳни инсони сиёсии паштун қабила ва қавм ҷойи ҳизби сиёсиро мегирад. Ҷое, ки қабила бошад, ҳизб ниёз дониста намешавад.
Карзай дар сездаҳ соли ҳукумати худ пайваста талош кард, ки аҳзоби сиёсиро тазъиф кунад. Яке аз далоиле, ки Карзай мухолифи аҳзоби сиёсӣ буд ин буд, ки ӯ медонист дар ҷомеаи паштунӣ ҳизби сиёсӣ шакл намегирад ва беҳтар аст, ки аз шаклгириву қудратманд шудани аҳзоби сиёсии ғайриштун низ ҷилавгирӣ шавад. Ғанӣ низ дар ин замина аз Карзай пайравӣ кард. Тамоми талоши Ғанӣ тафриқаафганӣ миёни аҳзоби сиёсӣ буд. Ягона ҳизби шинохташудаи паштунӣ, ҳизби Афғонмиллат аст, ки дар тайи чанд даҳаи фаъолияти сиёсӣ қодир нашуда, то минҳайси як созмони сиёсии модерн амал карда ва аз гуфтумони қавмии мусаллат бар тафаккури паштунӣ убур кунад. Ҳизби Исломии Гулбидин Ҳикматёр низ бештар фаъолияти ҳизбии худро дар Кобул ва вилоятҳои шимол ва шимолу шарқ (тоҷикнишин) созмонедеҳӣ карда ва дар манотиқи паштуннишин ин ҳизб фаъолияти сиёсӣ, ба маънои модерни он, надорад.