Афғонистони қавӣ, муттаҳид ва боиқтидор чӣ гуна Афғонистоне аст? Ҳадафи ҳукуматҳои қавмӣ аз “Афғонистони муқтадир ва муттаҳид” ин аст, ки ҳазора, ӯзбек ва тоҷик саркӯб ва раият ҷизядиҳандае бошад. Агар ҳазора, ӯзбек ва тоҷик саркӯб ва хомӯш буд, Афғонистон муттаҳид ва муқтадир аст
Муаллиф: ЯЪҚУБ ЯСНО
Кишваре ба номи Афғонистон аз ҳукумати Абдурраҳмон ба баъд шакл гирифт. Ҳатто Абдурраҳмон дар китоби “Тоҷ ул-таворих” аз Афғонистони кунунӣ ба номи Хуросон ёд мекунад.
Афғонистон дар давраи Абдурраҳмон ба таъбири қавмӣ, муқтадир ва қавӣ буд, зеро намоди қудрату иқтидораш куштори шаст дар сади ҷамъияти ҳазора ва ба бардагӣ кашондани чиҳил дар сади зиндаи мардуми ҳазора буд.
Дар зимни куштори мардуми ҳазора, бо мардуми тоҷик ва ӯзбек низ бо хушунат рафтор кард. Баъд аз Абдурраҳмон фаҳмиши ҳукуматҳои қавмӣ аз ҳукумати қавӣ, муттаҳид ва боиқтидор ҳамон иқтидор ва ситамгарии қавмии Абдурраҳмон аст.
Куни мо, ки ба курсии мустахдимии маъмурият расид, чӣ қадар бехуд мешавем ва чӣ қадар катта гап мезанем. Ин гапи каттаро дар ҳоле мезанем, ки хонуме аз қавми ҳазора (Олия Азизӣ) бо васфи бахшиши умумии амири мӯъминони “Толибон” дар банд ва... аст.
Хонуме аз қавми ҳазора ба номи Зайнаб пеши чашми мо дар Барчи (маҳалле дар ғарби Кобул, ки умдатан ҳазоранишин аст) тавассути “Толибон” ба гулӯла баста мешавад. Аммо Латиф Назарӣ як фарди ҳазора, ки ба тозагӣ аз тарафи “Толибон” дар вазорати иқтисод муовин муқаррар шудааст, мегӯяд, мо аз низоми “Толибон” дифоъ ва эътишошгаронро саркӯб мекунем.
Гузаштагон мегуфтанд, аз ақиби як нафар дарахте сабз шуда буда, касе ба он фард гуфта, бачаҷон, дар пасат дарахт рӯида, он фард мегӯяд, калон, ки шуд, зери сояаш менишинам. Сухани Назариро низ тибқи ҳамин матал метавон қиёс кард.
Маъмурият дар ҳукуматҳо ҳаққи кори афрод аст. Афрод ногузиранд барои маишати худ кор кунанд ва маъмурияти худро анҷом диҳанд. Бино бар ин, барои як маъмурият ё мустахдимият (хизматгорӣ), гуфтани гапи катта хуб нест.
Латиф Назарӣ метавонад ба унвони як маъмур кори худро анҷом диҳад, аммо гапи катта ва беандоза нагӯяд, зеро салоҳияти амалӣ кардани сухани худро надорад. “Толибон” Назариро барои ин муқаррар карда, ки иддао кунанд як ҳазора дар имораташон корманд аст. Ориф Раҳмонӣ, вакили пешини парлумон аз ин каттагапзании Назарӣ интиқод карда ва гуфта, аз салоҳияти ту нест ин суханонро бигӯӣ.
Пурсиши ман ин аст: Афғонистони муқтадир, қавӣ ва муттаҳид чист ва чӣ гуна ба даст меояд?
Таҷрибаи таърихӣ то ҳанӯз нишондиҳандаи ин аст: ҳадафи ҳукуматҳои қавмӣ аз Афғонистони муқтадир ва муттаҳид ин аст, ки ҳазора, ӯзбек ва тоҷик саркӯб ва раият ҷизядиҳандае бошад. Агар ҳазора, ӯзбек ва тоҷик саркӯб ва хомӯш буд, Афғонистон муттаҳид ва муқтадир аст.
Қаблан низ теъдоде аз тоҷикон, ҳазора ва ӯзбекҳо аз ҷумла, Довуд Ноҷӣ, ки мушовири Ҳамдуллоҳ Муҳиб (собиқ мушовири амниятии Ашраф Ғанӣ) муқаррар шуда буд, ҳамин суханони Назариро мегуфтанд, ки мо ҳукумати муқтадир ва муттаҳид мехоҳем. Аммо ҳалқаи Ғанӣ аз онҳо барои аҳдофи ҳукумати қавмии худ истифода мекард. Ба ҳар сурат, ҳукумати муқтадир ва муттаҳиди Ноҷӣ ба сар расид, ҳукумати муқтадир ва муттаҳиди Назарӣ оғоз шуд.
Ман фақат маънои Афғонистони муқтадир ва муттаҳидро ёдоварӣ кардам. Ноҷӣ, Назарӣ ва... ҳар чӣ мегӯянд, бигӯянд. Даҳони мардум шаҳри бедарвоза аст.