Фоҷиа вақте оғоз шуд, ки дар соли 2014 Ашраф Ғанӣ аз роҳи тақаллуб ба қудрат расид, зеро вай бар иловаи мушкилоти фаровон як мушкили умда дошт ва он ин ки ба мардуми Афғонистон эътимод надошт
Муаллиф: ВАҲИДУЛЛОҲ ШАҲРОНӢ,
собиқ вазири тиҷорат ва вазири маодину сӯзишвории Афғонистон дар ҳукумати Ҳомид Карзай
Дар буҳбуҳаи суханони Имрон Хон, садри аъзами Покистон (ки гуфт, омода аст 2000 мутахассиси бахшҳои мухталифро ба идораҳои ҳукумати Афғонистон фиристад - "Сангар") бояд диққат шавад ва набояд дар ин маврид аз рӯи эҳсосоти сатҳӣ мавқиф иттихоз намуд, балки бояд авомили ин баёнияи ӯ, ки комилан аз зеҳнияти ҳоким, барномаи тарҳшуда ва ҳадафи тайиншудаи Покистон намояндагӣ мекунад, диққат намуд.
Ман ба ҳайси як табааи Афғонистон, ки муддати зиёде дар вазифаҳои калидии давлатӣ ифтихори хидмати воқеиро доштам, хуб ба ёд дорам, ки замоне, ки мо дар мулоқотҳо ва музокирот бо сарону раҳбарони давлати Покистон доштем, ба онҳо хеле душвор буд то дар раъси раҳбарии давлати Афғонистон ва идороти давлатии Афғонистон касоне мебуданд, ки бар иловаи тавонмандии техникӣ ва мудириятӣ як фикри мустақил доштанд ва дар таомул бо покистониҳо ҳамеша бар асли баробарӣ ва бархӯрди мутақобил таъкид мекарданд.
Дар ин бора бояд хотирнишон сохт, ки дар ҷараёни солҳои 2002 ило 2014 бо тамоми мушкилот ва камбудиҳо, раҳбарии ҳукумати Афғонистон дар таомул бо Покистон ҳамин равишро пеши рӯ доштанд ва инро теъдоде аз ҳамватанони азиз, ки дар қазоё дахил буданд, шоҳид буданд.
Ду бор покистониҳо шахсан дар бораи ман, бори аввал замоне, ки ман вазири тиҷорат ва бори дувум вазири маодин ва петролиум (сӯзишворӣ) будам, ба амрикоиҳо шикоят намуда буданд ва гуфта буданд, ки равобити ман бо ҳиндиҳо хеле наздик аст ва ин кор барои онҳо (покистониҳо) қобили таҳаммул нест.
Вале фоҷиа вақте оғоз шуд, ки дар соли 2014 Ашраф Ғанӣ аз роҳи тақаллуб ба қудрат расид, зеро вай бар иловаи машокили адида (фаровон) як мушкили умда дошт ва он ин ки ба мардуми Афғонистон эътимод надошт.
Дар буъди дохилӣ давоми қудрати худро дар тафриқаи миллӣ ва рушди бартариҷӯии як қавм болои ақвоми дигар ва дар буъди хориҷиву минтақаӣ вай ҳамеша худро мӯҳтоҷи кумаки ғайримашрӯъи покистониҳо медонист, ки теъдоди зиёди сиёсиюни кишвар дар ин бора маълумоти кофӣ доранд.
Покистониҳо баъд аз оғози хуруҷи қушуни Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар Афғонистон (соли 1989), доктринаи ҷадидро ба номи умқи стратегӣ (strategic depth) дар бораи Афғонистон тадвин карданд, ки бар мабнои он ба худ ба ҳақ доданд, то ба хотири ҳифзи таодул дар муқобила бо Ҳинд, онҳо дар ду марҳала Афғонистонро аз лиҳози низомӣ ва савқулҷайшӣ соҳаи нуфузи худ бидонанд: яке аз Дюранд то Ҳиндукуш ва дувум аз Ҳиндукуш то Ому.
Дар солҳои 2013 ва 2014 Ашраф Ғанӣ бо як силсила сафарҳои пинҳону яке ду сафари ошкор (вале мӯҳтавои он комилан мармуз буд) ва чандин бор бо сӯҳбат бо покистониҳо дар Дубай (Амороти Муттаҳидаи Арабӣ) талош намуда буд, то ба кӯмаки покистониҳо дар Афғонистон ба қудрат бирасад ва ба онҳо итминони комил дода буд, ки дар тамоми қазоёи умдаи минтақавӣ вай Афғонистонро тибқи хостаи покистониҳо мудирият хоҳад кард. Покистониҳо тасаллути худро дар Афғонистон дар ду чизи умда мебинанд:
аввал, Афғонистон, ки мардумаш ғарқи ихтилофоти дохилӣ, махсусан, қавмӣ бошанд, ки Ашраф Ғанӣ бо расидан ба қудрат ин корро амалан кард;
дувум, Афғонистони бедавлат ва ақибмонда, ки “Толибон” на, балки Ашраф Ғанӣ бо тими фосид ва нотавоне дар шаш соли ҳокимияташ ин корро низ анҷом дод.
Ман хуб ба ёд дорам, ки дар фосилаи байни моҳи октябр ило декабри 2014, дар ҳини ташкили кобинаи ҳукумати ваҳдати миллӣ, Ашраф Ғанӣ чандин бор аланӣ дар маҷолис дар бораи баъзе шахсиятҳо гуфта буд, ки онҳоро покистониҳо қабул надоранд ва ба Покистон низ ин мавзӯъро иблоғ намуда буд, ки фулон ва фулон нафарро бинобар равобиташ бо Ҳинд ва ё зиддият бо шумо (покистониҳо) дар кобина наёвардам.
Баъд аз он дар ҷараёни сафараш ба Покистон, рафтанаш ба дафтари луидиристиз (сардори Ситоди кулли артиш)-и Покистон дар Ровалпинди ва он ҳам бидуни ҳайати муайятӣ (ҳамроҳ)-аш, баъдан тафоҳумаш бо Покистон ба хотири насби сими хордор дар имтидоди хатти Дюранд, иҷоза додан ба урдуи Покистон ба хотири бароҳандозии амалиёт алайҳи мухолифини давлати Покистон дар Кунар, террори раҳбарони миллигарои балуч дар Кандаҳор, насб кардани чеҳраҳои марбут ба Покистон дар вазифаҳои калидӣ дар ниҳодҳои дифоъӣ ва амниятии Афғонистон, ба роҳ андохтани равиши расмии таъйин ва рушди он ҷавонҳои афғон, ки бар иловаи мутаассиб будан гароишоти хос ба тарафи Покистон ба ҳайси ҳомии тасаллути табъизомезашон дар қудрат дар Афғонистон буданд, ҳатто ду моҳ қабл аз суқути комили Афғонистон ба дасти “Толибон” сафари махфӣ ва танҳояш ба хотири дидан бо генерал Боҷва, луидиристизи Покистон узру зорӣ ба ӯ дар дохили тайёра дар майдони ҳавоии низомии Исломобод ва даҳҳо мавориди дигар...
Ҳама корҳое буд, ки Ашраф Ғанӣ ба хотири давоми ҳокимияти сиёҳаш дар Афғонистон ба Покистон имтиёзотро аланан ва амалан дод, вале Покистон бо дарназардошти пешинаи таваллудаш ба ҳайси фарзанд ва дастпарвардаи истеъмор дар минтақа, бо гирифтани тамоми имтиёзоти ёдшуда ҳеҷ гоҳ ба Ашраф Ғанӣ имтиёзеро надод.
Билохира натиҷаи ин хушхидматии бешармонаи Ашраф Ғанӣ ба Покистон, мунҷар ба суқути ҳокимияти пӯшолӣ ва маснӯъии вай гардид ва ба таърихи 15 август вай баъд аз тахриби қуввати як миллат ва аз байн бурдани тамоми ҳастаҳои давлатдорӣ, бо фирораш бо маблағи 169 миллион доллар Афғонистонро амалан таслими Покистон намуд ва номи худашро дар таърихи Афғонистон минҳайси расвотарин ва хоинтарин ҳокимият намуд.