Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо СҲШ ва СААД дар ҳифзи амнияти минтақа чӣ нақш дорад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Тоҷикистон ва Русия барои таҳкими амният дар минтақа ҳамкории зич доранд ва ин ҳамкориҳоро на танҳо ба таври дуҷониба, балки тавассути механизмҳои бисёрҷониба, аз қабили СААД ва СҲШ густариш медиҳанд. Дар шароити муосир аҳамияти ташкилоту ниҳодҳое, ки барои таъмини субот ҳам дар худи Тоҷикистон ва ҳам дар минтақа масъуланд, меафзояд. Кишварҳо кӯшишҳои худро барои муқовимат ба таҳдиду чолишҳо, аз ҷумла мубориза бо ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар омилҳое, ки метавонанд вазъро дар Осиёи Марказӣ ноором созанд, равона кардаанд.
Нерӯи СААД
Тоҷикистон саъй дорад, то амнияти кишвар ва тамоми минтақаи Осиёи Марказиро тавассути густариши фаъолонаи ҳамкориҳо бо Русия ва дигар шарикон дар доираи СААД ва СҲШ таҳким бахшад. Дар шароити таҳдидҳои муосир роҳбарияти кишвар хуб дарк мекунад, ки ба танҳоӣ бо чунин чолишҳо, ба мисли терроризму ифротгароӣ мубориза бурдан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таҳкими ҳамкорӣ бо шарикон дар ин самт афзалияти асосӣ мегардад.
Дар таъмини амнияти кишвар Русия ва созмонҳои минтақавии бисёрҷониба, аз қабили СААД, нақши муҳим дорад. Онҳо дар якҷоягӣ ба Тоҷикистон на танҳо дар муҳофизат аз таҳдидҳои беруна, балки аз таҳдидҳои дохилӣ низ кумак мерасонанд. Яке аз ин хатарҳо – бесуботӣ (нооромшавии вазъ) дар кишвар бо ташаббуси кишварҳои ғарбӣ, ки дар ивази режими сиёсӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба як майдони фишор ба Русия ва Чин манфиатдоранд, мебошад. Дастгирии СААД ба таҳкими субот дар кишвар, инчунин, пешгирӣ кардани “инқилобҳои ранга” ва дигар кӯшишҳои дахолат ба корҳои дохилии кишварамон мусоидат мекунад.
Дар аввали моҳи ноябри соли 2023 байни Вазорати корҳои дохилии Русия ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома баста шуд. Русия барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир беш аз 250 миллион рубл ихтисос медиҳад. Қарор аст, ки назорат дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пурзӯр ва вуруди қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои СААД тавассути “масири шимолӣ” пешгирӣ карда шавад.
Тавре доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ Ниёз Мирзоев қайд мекунад, СААД дар таъмини амнияти Тоҷикистон, аз ҷумла муҳофизат аз таҳдидҳои беруна нақши калидӣ дорад. Ба андешаи ӯ, дар шароите, ки Афғонистон ҳамчун як манбаи таҳдидҳои ҷиддӣ, аз қабили терроризм ва қочоқи маводи мухаддир боқӣ мемонад, дастгирии СААД барои кишвари мо бисёр муҳим аст.
Профессор Ниёз Мирзоев ҳамчунин, аз муҳим будани вокуниши сареъи СААД дар ҳолатҳои вазнин ёдовар шуда, ҳодисаҳои моҳи январи дар Қазоқистон рухдодаро мисол овард (яъне тавре СААД ҳангоми рух додани ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон амал карда буд): «Ин созмон самаранокии худро бо вокуниши сареъ ба таҳдидҳо ва эътидолсозии вазъ собит кардааст. Ва ин то чӣ андоза муҳим будани таҳкими ҳамкориҳо дар доираи СААД-ро барои муқовимати муваффақ ба чолишҳои нав нишон медиҳад».
Як ҷанбаи муҳимми фаъолияти СААД - мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аст. Ин махсусан барои Тоҷикистон муҳим мебошад, зеро кишвари мо дар ҳамсоягии Афғонистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон мебошад, қарор дорад. Дар доираи Стратегияи зидди маводи мухаддир барои солҳои 2021-2025 моҳи сентябри соли 2023 амалиёти “Канал-Перехват” гузаронида шуд, ки ҳадаф аз он мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд. Дар натиҷаи ин амалиёт қариб 900 кг маводи мухаддир мусодира ва садҳо ҷинояти вобаста ба маводи мухаддир ошкор карда шуд. Илова бар ин, Русия ба Тоҷикистон барои пурзӯр кардани мубориза бо қочоқи маводи мухаддир беш аз 250 миллион рубл ихтисос додааст, ки ин аз сатҳи баланди дастгирии иттифоқчиён шаҳодат медиҳад.
Ниёз Мирзоев ҳамчунин, дар бораи аҳаммияти тамринҳои мунтазами СААД барои Тоҷикистон чунин қайд намуд: “Гузаронидани машқҳои муштараки низомӣ барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишварамон муҳим буда, на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мо, балки ба татбиқи технологияҳои пешрафта ва усулҳои нави тактикӣ мусоидат мекунад. Умуман, баргузории машқҳо, аз қабили “Марз – 2024”, ба ҳамкории кишварҳои узв ва таҳкими субот дар минтақа мусоидат мекунад”.
Дар музокирот дар шаҳри Душанбе (дар доираи Форуми VIII байнипарлумонии «Тоҷикистон – Русия: иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ») таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи амнияти минтақавӣ дода шуд. Спикери Шурои Федератсия Валентина Матвиенко зарурати таҳкими ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро барои муқовимат ба таҳдидҳои террористӣ дар доираи СААД ва СҲШ таъкид намуд. Парлумонҳои ду кишвар бо мақсади баланд бардоштани амният дар минтақа, барои ошкор кардани ифротгароӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир фаъолона корбарӣ хоҳанд кард.
Аз 17 то 21-уми октябри соли 2024 дар Тоҷикистон марҳилаи фаъоли машқҳои СААД бо номи “Марз-2024” баргузор гардид. Машқҳо дар майдони тамринии Ҳарбмайдон гузаронида шуданд ва дар он ҷо ҷамъомади фаврии фармондеҳии Нерӯуҳои зудамали дастаҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Мавзӯи асосии ин машқҳо омодагӣ ва гузаронидани амалиётҳои низомӣ барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуние, ки ба қаламрави ягон кишвари аъзои СААД ҳуҷум кардаанд, гардид. Инчунин, дар доираи ин машқҳо тамриноти штабӣ баргузор гардид, ки дар рафти он фармондеҳӣ ва ситоди Неруҳои зудамали дастаҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ масъалаҳои банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии амалиётҳои ҷангиро коркард намуданд.
Боз як рӯйдоди барои Тоҷикистон ва СААД муҳим - ин баргузории машқҳои “Бародарии шикастнопазир” буд, ки аввали моҳи октябри соли 2024 дар Қазоқистон баргузор гардиданд. Дар ин машқҳо беш аз ду ҳазор нафар низомиён, 500 адад техникаи зиреҳпӯшу автомобилӣ, авиатсия, аз ҷумла чархболҳои Ми-17 ва Ми-35, ҳавопаймоҳои Ил-76 ва С-295 ва ҳавопаймоҳои бесарнишин иштирок карданд. Ҳадафи асосии ин машқҳо-коркарди вазифаҳо оид ба пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз таҳдидҳои калидӣ барои амнияти минтақа маҳсуб меёбад, мебошад.
“Русия ҳамеша шарики боэътимоди кишвари мо буд ва мемонад. Ба шарофати дастгирии Русия кишвари мо ба силоҳҳои муосир ва технологияҳои пешрафта, ки барои таҳкими амнияти миллии мо заруранд, дастрасӣ пайдо мекунад”, - доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ Ниёз Мирзоев.
Ба андешаи Ниёз Мирзоев, фаъолияти СААД танҳо бо мубориза бо таҳдидҳои анъанавӣ, аз қабили терроризм ва қочоқи маводи мухаддир маҳдуд намешавад. Созмон ҳамзамон ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ машғул буда, ба таҳдидҳои гибридӣ, ки махсусан дар шароити тартиботи ҷаҳонии пуризтироб муҳим аст, фаъолона вокуниш нишон медиҳад. “Ин созмон аҳамияти худро собит кардааст ва онро бояд рушд дод, махсусан дар шароити чолишҳои муосир, ки бо сабаби бесуботӣ дар минтақа зарурати анҷом додани амалҳои (пеш гирифтани иқдомҳои) боз ҳам фаъолтар ва ҳамоҳангшуда ба миён омадааст”, - мегӯяд коршинос. Ӯ ҳамчунин, зарурати рушди минбаъдаи СААД-ро қайд мекунад, то ки Созмон қобилияти вокуниш ба чолишҳои муосир ва таъмини сулҳу субот дар фазои пасошӯравиро дошта бошад.
Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон бо ташаббуси дар вилояти Хатлон таъсис додани Маркази вокуниши башардӯстонаи СААД баромад кард, ки ин як қадами муҳим дар таҳкими амнияти минтақавӣ мебошад. Вазифаи ин маркази нав муқовимат ба идеологияи исломгароии радикалӣ ва ҳамчунин, рушди низоми ҳифзи фазои иттилоотии СААД хоҳад буд. Ин тасмим аҳамияти амнияти иттилоотиро дар ҷаҳони муосир таъкид мекунад, зеро таҳдидҳои иттилоотӣ на камтар аз таҳдидҳои ҳарбӣ хатарнок мебошанд.
ТАШАББУСҲОИ СҲШ
Барои Тоҷикистон ба ғайр аз СААД иттиҳоде ба мисли СҲШ низ аҳамияти калон дорад. Дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри Остона баргузор гардид, тасмими муҳим дар бораи таъсис додани як маркази муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо гирифта шуд. Ин маркази нав ба ҳалли вазифаҳои афзалиятнок, аз қабили таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил машғул хоҳад шуд. Ин самтҳо тасодуфан интихоб нашудаанд: дар шароити воқеияти муосир таҳдидҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои муташаккил ба суботи минтақа таъсири ҷиддӣ мерасонанд ва СҲШ мекӯшад, то стратегияи ҳамаҷониба оид ба бартарафкунии ин таҳдидҳо таҳия кунад.
“Дар ҷаҳони имрӯза, ки муноқишаҳо ба таври ғайричашмдошт ба амал меоянд, мо бояд ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ бо СААД, ИДМ ва СҲШ-ро густариш диҳем. Чунин созмонҳо дар ҳифзи истиқлолият ва тақсимнопазирии ҳудудии кишварҳои узв нақши калидӣ мебозанд. Тоҷикистон бояд дар кори ин созмонҳо фаъолона иштирок кунад ва баҳри таъмини амнияти умумӣ ҳамкориҳоро бо иттифоқчиён дар доираи ин созмонҳо густариш диҳад”, - доктори илмҳои таърих, профессор Ниёз Мирзоев.
Ҳадаф аз таъсис додани чунин марказ - муттаҳидсозии кӯшишҳои кишварҳои узви СҲШ дар муқовимат ба таҳдидҳои муосир мебошад. Ҳифзи амнияти иттилоотӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро киберҳамлаҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ на камтар аз низоъҳои анъанавии ҳарбӣ хатарнок мебошанд (хатар эҷод карда метавонанд). Ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа низ барои тамоми минтақа як мушкили ҷиддӣ эҷод мекунанд, ки ҳалли он ҳамоҳангсозии кӯшишҳоро дар сатҳи байналмилалӣ тақозо мекунад.
Илова бар ин, дар Душанбе таъсис додани як маркази зидди маводи мухаддири СҲШ ба нақша гирифта шудааст, ки ба масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул хоҳад шуд. Ин ташаббус бори нахуст ҳанӯз соли 2019 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд. Аз он вақт ин масъала дар рӯзномаи маҷлис боқӣ монда ва тасмими имрӯза дар бораи таъсис додани чунин марказ дар шаҳри Душанбе аз муҳимияти мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир барои кишварҳои узви СҲШ шаҳодат медиҳад. Таваҷҷуҳи махсус ба пурзӯр кардани чораҳои пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳад, бахусус тавассути “масири шимолӣ”, ки аз Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мегузарад, зоҳир карда мешавад.
Профессор Ниёз Мирзоев қайд мекунад, ки аз замони таъсисёбии СҲШ, вазифаи асосии он таъмини сулҳу субот дар минтақа буд. Бо гузашти солҳо СҲШ дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо карда, нуфузи худро фаъолона тавсеа дод. Агар дар соли 2001 ба ин созмон ҳамагӣ шаш кишвар шомил буданд, пас то нимаи соли 2024, пас аз пайвастани Беларус, шумораи кишварҳои узви ин созмон ба даҳ адад расидааст. Илова бар ин, дар СҲШ нозирон ва шарикони муколама, ки шумораи онҳо низ дар ҳоли афзоиш аст, фаъолона корбарӣ мекунанд.
«Ҷаҳон хеле пуризтироб гардидааст ва аз ин рӯ, чунин созмонҳо, ба монанди СҲШ дар ҳифзи субот нақши муҳим мебозанд. Бисёр муҳим аст, масъалаҳои баҳснок тавассути муколама ҳал карда шаванд ва Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли СҲШ дар ин раванд саҳми арзанда мегузорад”, - қайд мекунад профессор. Ӯ ҳамчунин, таъкид намуд, ки СҲШ як пайванди муҳимме гардидааст, ки кишварҳои дорои манофиатҳои мухталифи сиёсиву иқтисодиро барои расидан ба ҳадафҳои муштарак муттаҳид мекунад. Ин Созмон таҳкими эътимод ва ҳамкории мутақобиларо идома дода, дар ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамин тариқ, СҲШ на танҳо амниятро дар сатҳи минтақавӣ тақвият медиҳад, балки барои ҳамкории кишварҳои аъзо замина фароҳам оварда, ба онҳо барои муқовимат ба чолишҳои муосир имкониятҳои нав боз мекунад.