Хабари рӯз

Ба истилоҳ, "суқути Асад" поён нест, балки як танаффуси стратегӣ аст.

Нависанда: Профессор Руэл Ф. Пепа, файласуфи филиппиние, ки дар Мадрид, Испания зиндагӣ мекунад. Як академики бознишаста (дотсенти дараҷаи чаҳорум), барои бештар аз понздаҳ сол дар Донишгоҳи Тринитии Осиё, як донишгоҳи англиканӣ дар Филиппин фалсафа ва улуми иҷтимоӣ тадрис кардааст. Ӯ як ҳамкори муназзам дар Global Research аҳқиқи ҷаҳонӣ) аст.

Баргардони Ориф Ирфон

Таҳаввулоти ахир дар Сурия, ки бархе онро ба унвони суқути Асад» тавсиф мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ поёни даргирӣ нест. Бар хилофи ривоятҳои роиҷ дар бораи таслим шудану хуруҷи нерӯҳои Асад аз Димишқ бештар ба унвони як ҳаракати ҳисобшуда шинохта мешавад, ки аз тариқи машваратҳои густурда миёни давлат Сурия ва муттаҳиди русии он шакл гирифтааст. Ин ақибнишинӣ на нишонае аз шикаст, балки бахше аз як стратегияи тактикӣ барои бозпасгирии контроли Сурия дар баландмуддат маҳсуб мешавад.

 

Заминаи стратегӣ

Ҷанги печидаи Сурия таҳти таъсири ҳузури гурӯҳҳои мутааддиди шӯришӣ қарор дорад, ки бисёре аз онҳо аз ҳимояти Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бархӯрдоранд. Ин гурӯҳҳо боис шуд то давлати Асад дар шароити сиёсӣ ва низомии душворе қарор гирад. Дар чунин шароите, набард дар Димишқи пуртаниш ва таҳти муҳосира, метавонист боиси фарсоиши бештари нерӯҳои вафодор ба Асад шавад. Ба ҷойи он, ақибнишинӣ фурсате барои таҷдиди қуво ва тақвияти дифоъии нерӯҳои Асад эҷод кардааст.

Ин ҳаракати тактикӣ ба давлати Асад иҷоза дод то аз муҳосираи гурӯҳҳои террористӣ фирор кунад ва манобеъи худро мутамаркиз кунад. Бо тағйири тамаркуз ба манотиқе хориҷ аз Сурия, нерӯҳои вафодор метавонанд таҷдиди силоҳ, бозсозмондеҳӣ ва омодагӣ барои ҳамалоти ояндаро анҷом диҳанд. Аз лиҳози таърихӣ, ин навъ ақибнишиниҳои стратегӣ ғолибан муқаддимае барои зиддиҳамлаҳои муваффақ будаанд.

 

Дарсҳое аз таърих

Таҳаввулоти Сурия ёдовари шароити мушобеҳе дар дигар манотиқи геополотикӣ аст, ки ҳомиёни хориҷии ҳукуматҳои шӯришӣ дар ниҳоят алоқаи худро аз даст додаанд. Коҳиши тааҳҳуди Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон пас аз даҳаҳо даргирӣ намунае ҳушдордиҳанда аст. Сенарияи мушобеҳе дар Сурия мумкин аст рух диҳад, ҷое, ки ҳукумати исломгарои кунунӣ, ки тавассути манобеъи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил пуштибонӣ мешавад, мумкин аст канор гузошта шаванд.

Тадовуми даргириҳои Исроил бо Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ, ҳамроҳ бо даргирии Амрико дар Украина, тавони низомӣ ва иқтисодии ин кишварҳоро таҳти фишор қарор додааст. Ин фишорҳо эҳтимолан тавоноӣ ё тамоюли онҳо барои идомаи ҳимоят аз ҳукумати исломгарои Сурияро коҳиш хоҳад дод. Стратегияи Асад ба назар мерасад, ки бар ин воқеият такя дорад.

 

Вақфае ҳисобшуда

Вазъияти феълӣ бахше аз як бозии баландмуддат аст. Нерӯҳои Асад ва муттаҳидони русии он дар ҳоли хариди замон барои арзёбии душманон, таҷдиди қуво ва тақвияти мавқеияти худ ҳастанд. Замоне, ки танишҳои минтақаӣ коҳиш ёбад ва ҳомиёни хориҷӣ мутазалзил шаванд, шароит барои як зиддиҳамла омода хоҳад буд.

 

Чашмандози оянда

Ақибнишинии Асад набояд ба унвони таслим шудан талаққӣ шавад. Ин ҳаракат, посухе ҳисобшуда ба майдонест, ки тавассути нерӯҳои хориҷӣ ва ҳарҷумарҷи дохилӣ бозтарроҳӣ шудааст. Тасбити нерӯҳои вафодор дар хориҷ аз марзҳои Сурия нишонае равшан аз қасди онҳо аст. Яъне азм барои ғалаба бар ҳукумати шӯришӣ ва бозпасгирии Сурия дар шароити муносиб.

Ин ки режими кунунии исломгаро ба таври муваққат муваффақ ба назар мерасад, аммо таърих ва равандҳои геополитикӣ нишон медиҳанд, ки ин мавқеият аз амнияти кофӣ бархӯрдор нест. Вақте тавозуни қудрат тағйир кунад, нерӯҳои Асад эҳтимолан аз ин фурсат барои бозгашт истифода хоҳанд кард, ин бор бо бартарии бештар.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!