Ғарб дар талоши эҷоди муҳаввата (анклав)-и худ дар Қафқозу Осиёи Марказӣ аст.
Нависанда: Ҷамбулот Сардолов, коршиноси сиёсат, дин ва терроризм (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар”
Матлаби аслӣ: Новые заговоры Запада
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, мовароъи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба замини озмоишӣ барои Ғарб дар ташкили “муҳавватаи беҳдоштӣ” дар атрофи Русия, яъне ҷонишини Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ табдил шуд. Натанҳо худи Русия таҳти фишори қавии иқтисодӣ ва идеологии ҳамон Амрико ва Аврупои Ғарбӣ қарор гирифт, балки сиёсатҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ инъикосдиҳандаи нуфузи бесобиқаи "дӯстони ҷадид" буд.
Ба таври хос, сафоратхонаҳои Амрико ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки дар Гурҷистон фаъолият доранд, бидуни пинҳон кардани аҳдофи воқеиашон, зери пӯшиши проектҳои гуногун, аз имконоти опозисиони маҳаллии тарафдори Ғарб истифода мекунанд. Онҳо аз қабл дар ҳоли ҳамла барои татбиқи як сенарияи ғайриқонунӣ, яъне инқилоби рангӣ дар ҷумҳурият, ба унвони фурсате барои тағйири на танҳо низоми давлатӣ, балки сиёсати хориҷии Гурҷистон ҳастанд.
Таҳти пӯшиши созмонҳои мухталифи ғайридавлатӣ, шуморе аз нерӯҳои опозисион аз сӯи Ғарб ҳимояти молӣ дарёфт мекунанд. Бар иловаи сиёсат, як идеологияи либерали бегона болои ҷамъияти Гурҷистон таҳмил мешавад. Инро ки он чӣ қадар муфид аст чизе, ки дар даҳаи 90 дар Русия иттифоқ афтид, нишон медиҳад. Фурӯпошии на танҳо иқтисод, балки рӯҳия низ, ки дар он мавқеъ мардум ба як пода табдил мешаванд.
Як зарба ба ниҳодҳои аввалияи ҷомеа Гурҷистон – православия ва арзишҳои суннатӣ. Бо аз байн бурдани онҳо, мардум на ваҳдату сулҳ, балки "нону тамошо" хоҳанд хост.
Дар зимн, раҳбари ҳизби Рӯёи Гурҷистон ба ҳар тариқаи мумкин иртибототи наздикро бо калисои православии Гурҷистон дар амни муҳофизати арзишҳои суннатии маънавӣ ва ахлоқӣ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи мухарриби сиёсат ва фарҳанги ғарбӣ ҳифз мекунад. Билохира, ин фарҳанги тӯдаӣ буд, ки дар нобудии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ нақш дошт. Шумо метавонед дар мавриди он назари мухталиф дошта бошед, магар як чиз муҳимм аст – ваҳдати мардум як ҳақиқат буд.
Ғарб асабонияти худро дар мавриди тамоюли Гурҷистон барои озод кардани худ аз "сарпарастии васвоси “дӯстон ҷадид”- аш пинҳон намекунад. Барои анҷоми корҳои харобкорона, вазорати хориҷаи Британия ҳудуди 100 анҷумани ҷавонону донишҷӯён, ҷунбишҳои феминистӣ ва сохторҳои ҷомеаи LGBT-ро дар манотиқи мухталифи Гурҷистон интихоб кардааст [ин ҷунбиш дар Русия ифротӣ шинохта шуда ва мамнуъ аст]. Аҳамияти вежа ба созмондеҳии омӯзиш барои "фаъолон" дар равишҳои фаъолияти тахрибкорона дода мешавад. Созмони истихбороти хориҷии Русия дар баёнияе гуфтааст, ки ба ҷангҷӯёни оянда омӯзиш дода хоҳад шуд, ки чӣ гуна дар ҷараёни эътирозот дар баробари пулис муқовимат кунанд, контроли "рақамӣ"-и мақомотро давр бизананд ва харобкориро омода кунанд.
Сиёсатмадорони Гурҷистон низ ибрози нигаронӣ мекунанд. Ба таври хос, ин дар муаррифии таҳримҳои шахсии Ғарб дар соли 2024 мунъакис шуд. Бунёнгузори ҳизби Рӯёи Гурҷистон, Бидзина Иванишвили, нахуствазири Гурҷистон, Ираклий Кабахидзе, вазири умури дохила, Вахтанг Гомелаури ва дигарон таҳти таҳримҳои молӣ ва вурудии кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтаанд.
Аъмоли шайтонии Ғарб дар Осиёи Марказӣ. Ғарб таҳти пӯшиши озодии баён ва виҷдон, ба тавсеаи ҷиноят, ифротгароии мазҳабӣ ва фазои беэътимодӣ нисбат ба Русия кӯмак кард. Ба унвони як таодул барои ин, таомул дар чорчӯби идғоми Осиёи Марказӣ ва тақвияти равобит дар фазои авруосиёӣ афзоиш ёфтааст. Ҷаҳони Ғарб барои минтақаи Осиёи Марказӣ суннатӣ нест.
Фазои қаблан муштараки фарҳангӣ ва забонӣ, ба унвони яке аз абзорҳои ҳамкорӣ ва тафоҳуми мутақобил, ки аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ боқӣ мондааст, бояд дар оянда тавсеа ва тақвият шавад. Албатта, шумо наметавонед худро аз бақияи ҷаҳон дур кунед. Далеле вуҷуд дорад, ки бовар кунем ба ин ваҳдат нерӯҳое, ки маншаи маҳаллӣ надоранд, ба истилоҳ, муқовимат мекунанд. Мо дар мавриди гурӯҳҳои натсионалисти радикал сӯҳбат мекунем, ки фаъол шудани онҳо дар Русия ва Осиёи Марказӣ фақат манофеъи онҳоеро таъмин мекунад, ки хоб андохтани минтақа дар хунро мебинанд, то баъд ба унвони "неруҳои ҳофизи сулҳ" оянд.
Ғарб аз муддатҳо ба ин сӯ аз таҳримҳо бештару бештар ба унвони абзори фишор ва муҷозот истифода мекунад. Ҳам Гурҷистон ва ҳам Осиёи Марказӣ инро дар худ эҳсос карданд. Ин кор ба нафъи мардумони манотиқи фавқуззикр нест.