Русия ва Тоҷикистон чӣ гуна ба бунёди ояндаи муштарак иқдом мекунанд?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Охири моҳи майи соли 2025 раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом дод. Ин сафар як ишораи муҳимми сиёсӣ гардид, ки идомаи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро барои таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегӣ бо Русия тасдиқ мекунад. Муносибатҳои байни ду кишвар бар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, боварӣ ва дахолатнопазирӣ ба корҳои дохилӣ барпо карда мешаванд.
Сафар ба Русия
Зимни сафар Рустами Эмомалӣ як қатор мулоқотҳои сатҳи баланд гузаронд, ки асоситарини онҳо гуфтушунид бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин буд. Ин мулоқот санаи 28-уми май дар Кремл, дар як вазъияти конструктивӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба шарикии стратегӣ ва ҳамкории иттифоқчигии байни ду кишварро муҳокима намуданд. Диққати махсус ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амалисозии лоиҳаҳои башардӯстона ва таълимӣ, инчунин, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муҳоҷирати меҳнатӣ дода шуд.
Дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот анҷом дод. Яке аз мавзуъҳои асосии мулоқот густариши ҳамкориҳои саноатӣ буд. Бахусус имкони таъсиси корхонаҳо ва паркҳои саноатии муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон бо назардошти талаботҳои бозори Русия баррасӣ гардид. Ҳамчунин, масъалаи рушд додани инфрасохтори логистикӣ, ки дар шароити тағйирёбии занҷирҳои ҷаҳонии таҳвил ба раванди интиқоли молҳои Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия суръат бахшида, онро содатар мегардонад, низ муҳокима карда шуд.
Яке аз мавзуъҳои асосии гуфтушунидҳо ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ буд, зеро Русия ба таври анъанавӣ дар ин самти ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Аз ҷумла масъалаҳои дастгирии забони русӣ ва фаъолияти марказҳои таълимии русӣ дар Тоҷикистон, инчунин, барномаҳои таълимӣ дар донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон аҳамияти кумакҳои Русия дар амалигардонии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ дар Душанбе, аз ҷумла, сохтмони театри драмавии русии ба номи Маяковский ва Маркази кӯдакони лаёқатманди “Сириус” таъкид гардид. Нуктаи рамзии сафар – ташриф ба ҳудуди маркази “Сириус” дар Сочи буд, ки дар кор бо хонандагони боистеъдод, гурӯҳҳои илмӣ ва ташаббусҳои таълимӣ тахассус дорад. Дар ҷараёни ин сафар дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни ин маркази Русия ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, бахусус таъсиси лабораторияҳои муштарак, гурӯҳҳои тадқиқотӣ ва таҳияи барномаҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони тоҷик баррасӣ карда шуд. Диққати алоҳида ба иштироки хонандагони Тоҷикистон дар чорабиниҳои олимпиадавӣ ва барномаҳои фосилавии таълимӣ дода шуд.
Танҳо дар ду соли охир, тавре зикр гардид, ҳудуди 4 ҳазор хонандагони тоҷик дар марҳилаҳои фосилавии олимпиадаҳои умумирусиягӣ дар платформаи “Сириус.Курсҳо” иштирок карданд.
Русия бо мо на танҳо дар бахши саноат ва инфрасохтор, балки дар самти лоиҳаҳои башардӯстона низ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Мисоли расмии шарикии дуҷониба Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” - лоиҳаи муштараки Русияву Тоҷикистон мебошад, ки солҳои 2008-2009 мавриди истифода қарор гирифта, амнияти энергетикии минтақаро ба таври назаррас мустаҳкам намуд. Илова бар ин, барномаҳои дастгирии маориф, тиб ва фарҳанг амалӣ карда мешаванд.
Ниёз Мирзоев, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин маврид чунин назар дорад: “Дар натиҷа созишномаҳо дар бахшҳои гуногун - аз иқтисодиёту илм то маориф ба имзо расиданд. Ин сафар собит намуд, ки кишварҳои мо дар сатҳи баланди ҳамкориҳо қарор доранд ва ин ба татбиқи нақшаҳои бузурги дар назди мо истода мувофиқат мекунад. Мо ҳамвора ба сӯи татбиқи онҳо, аз ҷумла дар самти рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва логистика қадам мезанем. Ҳамаи ин на танҳо ба афзоиши савдои мутақобила, балки ба беҳтаршавии шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия низ мусоидат мекунад.
Ин ҳамзамон як роҳи густариши робитаҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ мебошад. Имрӯз муносибатҳои мо дар шароити ҷаҳони бисёрқутбӣ ва гуногунии фарҳангӣ устуворӣ ва рушди рӯзафзунро нишон медиҳанд.
Ҷомеаи илмии Тоҷикистон низ ин сафарро меписандад, зеро дар муҳити самимона ва меҳмоннавозӣ мулоқотҳо баргузор гардиданд. Ҳамаи ин, бешубҳа, ба густариши минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳоямон ва таҳкими умумии сулҳ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, ба мавқеи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ дар алоҳидагӣ таъкид карда мешавад - тамоми масъалаҳои баҳсбарангез, аз ҷумла муноқишаи Русияву Украина бояд танҳо бо роҳи сулҳомез ҳал шаванд. Ин мавқеъ дар сатҳи баланд садо дод”.
Рустами Эмомалӣ дар тамоми мулоқоту гуфтушунидҳо барои дастгирии ҳамаҷонибаи Русия дар татбиқи ташаббусҳои бузурги иҷтимоӣ ва башардӯстона борҳо изҳори миннатдорӣ кардааст. Сафари ӯ бори дигар равобити наздики иттифоқчигии ду кишварро тасдиқ намуда, нишон дод, ки ҳамкориҳои Маскав ва Душанбе дар рӯҳияи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва хоҳиши муштарак барои рушди устувор инкишоф меёбанд.
Лоиҳаҳои муштарак
Дар аввали моҳи июни соли 2025 сарвазири Русия Михаил Мишустин дар доираи як сафари корӣ дар пайи ҷаласаи муштараки Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ба Душанбе ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар санаҳои 4-5-уми июн ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, ҷонибҳо созишномаҳои муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ ва иқтисодии байни кишварҳоро имзо намуданд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозии вазнин ва як қатор ҳуҷҷатҳои асосие, ки саноати сабук ва авиатсияро (иртиботи ҳавоиро) фаро мегиранд, ба имзо расонида шуданд. Ин иқдом ба тавсеаи ҳамкорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навтарин ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои ИДМ равона шудааст.
Ниёз Мирзоев, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд: “Аз рӯи мулоҳизаҳо, шарҳҳои шахсони расмӣ ва рӯзноманигорон сафари Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия хусусияти мусбат дошт. Ин як саҳифаи нав дар таърихи муносибатҳои ду кишвар ва як қадами муҳим дар роҳи таҳкими равобити иттифоқчигӣ ва стратегии Тоҷикистону Русия гардид”.
Мишустин инчунин, саҳми назарраси Русияро дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон қайд кард: айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 30 лоиҳаи муштарак бо ҳаҷми умумии сармоягузории беш аз 100 миллиард рубл амалӣ карда мешавад. Инчунин, 330 корхона бо иштироки сармояи Русия фаъолият мекунад ва ҳаҷми умумии сармоягузории соҳибкорони Русия беш аз 130 миллиард рублро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, гардиши мол байни ду кишвар рушди устуворро нишон медиҳад: дар моҳҳои январ-апрели соли 2025 гардиши мол 7 фоиз афзуда, беш аз 44 миллиард рублро ташкил дод. Сарвазири Русия зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кард: “Русия шарики муҳимми стратегӣ ва иттифоқчии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аст”. Дар рафти мулоқот соҳаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: мошинсозӣ, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ ва энергетика.
Ба шарофати чунин ҳамкориҳо Тоҷикистон ба инкишофи инфрасохтор, имкониятҳои нави истеҳсолӣ, технологияҳо ва сармоягузорӣ дастрасӣ пайдо мекунад, ки ин дар дурнамо ба рушди иқтисодиёт, зиёд шудани шумораи ҷойҳои корӣ ва беҳбудии некӯаҳволии мардум оварда мерасонад. Дар баробари ин, табодул дар соҳаи маориф ва фарҳанг низ густариш ёфта, робитаҳои иҷтимоии байни ду кишвар мустаҳкам мегарданд.
Ҳамин тариқ, равобити муосири Русияву Тоҷикистон на танҳо як муколамаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки як системаи васеъмиқёси ҳамкориҳо мебошад, ки тамоми соҳаҳои асосии ҳаётро фаро мегирад. Ва ин ҳамкорӣ аллакай аз имрӯз барои наслҳои оянда заминаи мустаҳкам ташаккул медиҳад.