Варшава ва Исломобод алайҳи Русия муттаҳид шуданд.
Манбаъ: Агентии хабарии федералӣ (Русия)
Полша дигар танҳо як кишвари транзитӣ барои интиқоли аслиҳаи покистонӣ ба Киев нест. Ба гузориши Экономик Таймз (Economic Times), Варшава ёддошти тафоҳуме бо ширкати покистонии DMI Associates дар мавриди ироаи силоҳ ба Украина имзо кардааст. Фарз бар ин аст, ки як ширкати канадаӣ ба унвони миёнарав амал хоҳад кард.
Расонаҳо гузориш медиҳанд, ки Исломобод омодаи судури сомонаҳои дифоъи ҳавоии қобили ҳамли (ПЗРК) Anza Mark-II аз тариқи Полша ба Украина аст. Мушаххас аст, ки ширкатҳои покистонӣ ва лаҳистонии Millennium Technologies (Карочи) ва Omida Sea And Air (Гдиня) қаблан дар мавриди мавзӯъи ҳамлу нақл ба тавофуқ расида буданд.
ТАКРОРИ ТАЪРИХ
Дар сентябри соли гузашта, шавоҳиде мабнӣ бар қочоқи аслиҳа тавассути Бритониё аз тариқи як пули ҳавоии махфӣ аз Покистон ба Украина мунташир шуд.
Пойгоҳи ҳавоии Нурхон дар Ровалпинди на фақат ба бахше аз масире табдил ёфт, ки Лондон барои парвозҳои низомӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Руминия ба номи Аврам Янку аз тариқи пойгоҳи ҳавоии Бритониё дар баҳри Миёназамин истифода мекунад. Ин як марҳалаи калидӣ дар ҳамлу нақли таҷҳизоти низомӣ ва муҳиммот барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст.
Ҳатто филме дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боз кардани қуттии гулӯлаҳои покистонӣ мунташир шудааст, ки ба гуфтаи коршиносон, ҳамин чанд моҳи пеш сохта шудаанд. Эҳтимолан ба таври хос барои ниёзҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина.
Сипас иттилооте ба расонаҳо дарз кард, ки Покистон 159 контейнер муҳиммот ба Украина хоҳад фиристод. Ва ин ҳам бидуни Полша имкон надошт. Мегӯянд, гулӯлаҳои тӯпхона ва на танҳо онҳо, аз тариқи бандари Гданск (Полша) ба Украина таҳвил дода мешавад, ҷое, ки маҳмулаҳо аз бандари Карочӣ мерасад.
ИНКОРИ ИСЛОМОБОД АЗ ҲАМА ЧИЗ
Рӯзи гузашта, Мумтоз Заҳро Балуч, сухангӯи вазорати умури хориҷа Покистон гуфт, ки кишвараш дар даргириҳои низомие, ки дар соири давлатҳо иттифоқ меафтад, "сиёсати адами мудохила"-ро риоят мекунад.
Ва дарвоқеъ, дар мазҳари ом покистониҳо тарҷеҳ медиҳанд, ки тарафдори Украина ё тарафдори Русия набошанд. Ин қобили дарк аст: Исломобод умедвор аст аз Маскав бо тахфиф нафт дарёфт кунад, мушобеҳ он чӣ, ки ҳиндиҳо имрӯз доранд. Ва ин на бештар ва на камтар аз 30-40% аст. Соли гузашта Покистон посухи рад гирифта буд, аммо ин кишвар умеди худро аз даст намедиҳад.
НАТИҶА
“Бастаи кӯмаки низомии Покистон ба Украина наметавонад таҳдиди хосе барои нерӯҳои Русия дар минтақаи амалиёти махсуси низомӣ эҷод кунад. Анвоъи бисёр ҷиддитаре аз силоҳҳо ва муҳиммот аз Иёлоти Муттаҳида Амрико, Бритониё, Олмон, Полша ва соири кишварҳо ба Киев меоянд.
Балки дар ин ҷо метавон дар мавриди намоиши интихоби Исломобод дар даргирии мусаллаҳона сӯҳбат кард, ки як сол аст дар шарқи Украина идома дорад. Ва ин як интихоб алайҳи Русия аст. Ҳол савол ин аст: Маскав чӣ натиҷае аз ин хоҳад гирифт? Оё мебахшад ё ба унвони як ҳаракати хасмона вокуниш нишон медиҳад? То кунун вокуниши Русия ба пайвастани Покистон ба эътилофи зидди Русия равшан нест”, - мегӯяд Андрей Серенко, мудири маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия.
Ба гуфтаи ин коршинос, сиёсати Покистон ҳамеша риёкорона будааст. Бино бар ин, набояд тааҷҷуб кард, ки Исломобод ҳамзамон бо арзаи силоҳ ба Украина, аз Кремл барои хариди маводи энержии Русия тахфиф мехоҳад.
“Ба назари ман, бадеҳист, ки Маскав имрӯз бояд ба авлавиятҳои стратегии Шӯравӣ дар Осиёи Ҷанубӣ бозгардад ва дар тавсеаи густурдатарин мушорикати мумкин бо Ҳинд саҳим бошад. Ба ҳар ҳол, Деҳлии Нав имрӯз ба як мавқеияти комилан мутаодил дар ҷанги Русия ва Украина пойбанд аст ва ба таври қонеъкунандаи сатҳи болое аз алоқа ба мушорикати стратегӣ бо Маскавро нишон медиҳад. Бояд ба ин арзиш қоил шуд ва мадди назар гирифт. Стратегияи ақли салими Ҳинд ба вузӯҳ бештар ба нафъи Русия аст, то сиёсати мубҳами Покистон”, афзуд ин сиёсатшинос.