Ин рӯзҳо дурӯғгӯии «Толибон»* ба ҳадде зиёд шуда, ки баъзеҳо «Толибон»-ро дурӯғгӯтарин таҳрики исломӣ дар таърих хондаанд.
Муаллиф: ҲОРУН МИРСАИДӢ
Дар поин 20 мавридро ба унвони намуна лист кардаем.
- «Толибон» мегуфтанд, ки ҷангашон бо хориҷиҳо аст, вале бештар аз хориҷиён, сарбозон, афроди мулкӣ ва ҳамватанони худашонро дар бист соли гузашта шаҳид карданд, дар охир бо хориҷиён таомул карданд ва амнияти хориҷиёнро низ худашон гирифтанд ва ба ҷояш ҳазорон сарбози артишро тирборон карданд, ҷанги «Толибон» бо хориҷиҳо на, балки бо афғонҳо буд.
- «Толибон» мегӯяанд, ки Афғонистонро бо ҷанг тасарруф кардаанд, ин иддао комилан нодуруст буда, чун тасарруфи Афғонистон ба дасти «Толибон» як прусаи таслимдиҳӣ ва вогузарӣ буд, ҳеҷ гуна шикасти низомӣ вуҷуд надошт. Ин таслимдиҳӣ ба асоси ризояти Амрико ва Арги раёсатиҷумҳурӣ сурат гирифта буд.
- «Толибон» ҳукумати гузашта ва мардумашро муздур мегуфтанд, чун бо кишварҳои хориҷӣ равобит доштанд, дар ҳоле ки худашон дар аввалин рӯзи вуруд ба Кобул хоҳони равобит бо тамоми дунё, бахусус Амрико шуданд.
- ”Толибон” ба мардум афви умумӣ эълон карданд, дар ҳоле ки омили ҷиноят, қатл, хунрезӣ ва вайронӣ худашон буданд, дар ҳақиқат бояд узри умумӣ металабиданд, на афви умумӣ.
- Фарз бар ин ки «Толибон» афв кардаанд, ин иддао тарфанде беш набуд, «Толибон» бо ин равиш низомиёни артишро дар кишвар нигаҳ доштанд, то битавонанд ҳар рӯз ба таври махфёна ва систематик террорашон кунанд. Садҳо намуна ва шавоҳид вуҷуд дорад, ки «Толибон» бо дастёбӣ ба листи афроди амнияти миллӣ ва команду, хона ба хона думболашон гашта ва террорашон кардаанд.
- «Толибон» иддао кардаанд, ки дар кишвар амният овардаанд. Аз он ҷо, ки омили тамоми ноамниҳо худи «Толибон» будаанд, ин иддао ботил мишавад. «Толибон» амният наёвардаанд, фақат аз ноамнӣ даст кашидаанд.
- «Толибон» иддао карданд, ки низоми комил ва муносиб барои идораи Афғонистонро доранд, то кунун панҷ моҳ аз ҳокимияташон мегузарад, вале хабаре аз низому идорашон нест.
- «Толибон» душмани ишғол Афғонистон буданд. Мудохилаи бебоконаи Покистон дар рӯзҳои ахир нишон дод, ки «Толибон» Афғонистонро аз як марҳалаи ишғол ба марҳалаи дигари ишғол мунтақил кардаанд. Дар ҳақиқат Афғонистон дар ишғоли Покистон даромадааст.
- «Толибон» ба мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъдаи кобинаи ҳамашумулро дода буданд, аммо кобинаи эълоншуда на танҳо, ки ҳамашумул набуд, ҳатто паштуншумул ҳам набуд.
- «Толибон» ҳамеша аз адреси мардуми Афғонистон сӯҳбат карда ва худро намояндаи эшон медонистанд, вале дар кобинаи ин гурӯҳ ҳеҷ зан, ҷавон ва мутахассис вуҷуд надорад. Дигар ақвом чун ӯзбек, ҳазора, тоҷик ва боқӣ гурӯҳҳои паштун ҷойгоҳ надоштанд.
- «Толибон» бо хориҷиён панҷ сол музокира карданд, вале бо ҳамватанони панҷшерии худ аз як ҳафта бештар на. Ин иддаои ватандӯстӣ ва мардумӣ буданашонро ботил мекунад.
- «Толибон» иддао карданд, ки Панҷшерро тасарруф кардаанд. Афроди ин гурӯҳ бо шодиёнаи беравия ҷони 17 нафар бегуноҳро гирифт. «Толибон» бо бепарвоии комил аз ин мавзӯъ гузаштанд, ҳатто аз мардум маъзаратхоҳӣ ҳам накарданд. Ин мухолифи тамом арзишҳои исломӣ ва инсонӣ аст.
- «Толибон» дубора иддао карданд, ки Панҷшерро ба таври комил тасхир кардаанд, аммо ин иддао баъдан ботил шуд. Гурӯҳҳои муқовимат ҳанӯз дар Панҷшер ҳузур ва бахшҳое аз Панҷшерро низ дар даст доранд.
- «Толибон» бо нашр видеое иддао карданд, ки 6,5 миллион доллар ва хишти тилоро дар хонаи Амруллоҳ Солеҳ кашф кардаанд. Ин видеоро «Толибон» дасткорӣ карда буданд. Пас аз он ки собит шуд видео дасткорӣ шудааст, ҳарфӣ худро пас гирифтанд. Агар мардум ба сиҳатӣ видео шак намекарданд, «Толибон» ҳеҷ гоҳ иддаояшонро ботил намекарданд. Дурӯғу тӯҳмат ба ҳар фарде мухолифи тамоми арзишҳои инсонӣ ва исломӣ аст.
- «Толибон» бо нашри видеое муддаӣ шуданд, ки аз хонаи Салоҳуддин Раббонӣ миқдори зиёде машруботи алкоголӣ кашф кардаанд, аммо баъдан ифшо шуд, ки видео аз хонаи Раббонӣ на, балки аз сафорати Чех аст.
- «Толибон» иддао кардаанд, ки тавлиду тиҷорати маводи мухаддир мамнуъ аст, аммо видеоҳои нашршуда аз ҷануби Афғонистон нишон медиҳад, ки мақомоти «Толибон» ҳеҷ гуна монеае барои тарёк вазъ накардаанд ва ин тиҷорат озодона ҷараён дорад. Гузоришҳои дигар мерасонанд, ки бахши бузурге аз афроди «Толибон» мӯътод ба маводи мухаддир аз ҷумла чарс, сигор ва насворанд.
- «Толибон» ваъда дода буданд, ки аз амволи байтулмол муҳофизат хоҳанд кард, аммо ҳамин ҳоло бахши бузурге аз ин таҷҳизот ба Покистон ва Эрон дар ҳоли қочоқ шудан аст. Бахши дигаре аз ин таҷҳизот низ дар садади нобудианд.
- «Толибон» бомбаборони мавозеъи муқовимат дар Панҷшерро рад карданд, аммо баъдан гузоришҳо нашр шуд, ки 27 чархболи покистонӣ дар ҷанги Панҷшер тадохул дошта ва мавозеъи зиёде аз муқовиматро зери оташ гирифтаанд. Ин мавзӯъ вокуниши тунди Эрон, Тоҷикистон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Амрикоро дар пай дошт.
- «Толибон» иддао карданд, ки ба арзиш ва озодиҳои мардум эҳтиром мегузоранд, аммо тазоҳуроти мардумӣ дар Ҳарот ва Кобулро ба шиддат саркӯб карданд ва дар охирин маврид тазоҳуротро мамнуъ эълон карданд.
- «Толибон» солҳо дар ҷангашон аз ҷангҷӯёни уйғур кӯмак гирифтанд, аммо ба маҳзи қудрат гирифтанашон эълон карданд, ки мусулмонони уйғур масъалаи дохилии Чин аст ва мо мудохила дар он намекунем. Ин иддао, ки тамоми мусулмонон бо ҳам бародарандро, ки солҳо аз он истифода карда будандро ботил карданд.
ҲУКМИ ДУРӮҒ ДАР ИСЛОМ
Дурӯғ гуфтан дар ислом яке аз гуноҳони кабира аст, ки дар назди худо бисёр наҳй ва манфур шудааст.
Дурӯғ гуфтан, яъне гуфтани ахборе, ки бар хилофи воқеият ва нодуруст аст.
Дар Қуръон дар бораи дурӯғ ва разонати он оёти бисёре вуҷуд дорад, ки бо истинод бар онҳо метавон ба хашми парвардгор дар бораи дурӯғ пай бурд.
Худованд дар Қуръон дурӯғро сарчашмаи тамоми бадиҳо ва гуноҳон хондааст ва фарди дурӯғгӯ ҷузви манфуртарин бандаҳо дар назди худованд аст.
Сураи “Тавба”, ояи 77:
«Аъмоли онҳо нифоқе дар дилҳояшон то рӯзи қиёмат эҷод кард, ба хотири ин ки аҳди Худоро шикастанд ва ба хотир ин ки дурӯғ мегуфтанд».
Сураи “Саф”:
«Эй касоне, ки имон овардаед, чаро сухане мегӯед, ки амал намекунед? Назди Худо бисёр мӯҷиби хашм аст, ки сухане бигӯед, ки амал намекунед»
Ҳадиси шариф: