Хабари рӯз

Чаро Исломобод ба тактикаи “ҳамалоти исроилӣ” рӯй овард ва чаро биржаи аслии маводи мухаддири минтақаро ҳадаф қарор дод?

Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори хоси “Независимая газета”

Аввалин даргирии мусаллаҳонаи бузург миёни Покистону Афғонистони таҳти султаи Толибон рух дод. Далели он талоши Исломобод барои ҳазфи раҳбари “толибони Покистон” муфтӣ Нур Валӣ Маҳсуд буд, ки дар Кобул ҳузур дошт. Толибони афғон ба ин иқдом бо вуруд ба манотиқи марзии Покистон ва нобудии истҳои бозрасии нерӯҳои покистонӣ посух доданд. Чандин кишвари исломӣ Исломобод ва Кобулро ба хештандорӣ фаро хонданд. Бо ин ҳол, ҳатто агар ин бор ҳам аз ташдиди таниш ҷилавгирӣ шавад, дар оянда метавон интизори афзоиши фишор дар минтақаи марзии Афғонистону Покистон ва дар дохили Афғонистонро дошт.

Шаби 9 октябри соли ҷорӣ, ҳавопаймоҳои F-16-и нерӯи ҳавоии Покистон вориди ҳарими ҳавоии Афғонистон шуданд ва чанд ҳамлаи мушакӣ ба аҳдофе дар Кобул ва вилоятҳои Хӯст, Пактико, Нангарҳор ва Қандаҳор анҷом доданд. Аҳдофи ин ҳамалоти ҳавоии Покистон фармондеҳон ва бахшҳое аз зерсохтҳои ҷунбиши “Таҳрики толибони Покистон” (TTП) буданд, ки дар қаламрави Афғонистон мустақар буданд (мусоҳибаи ихтисосӣ бо намояндаи ҷунбишро бубинед дар “НГ” муаррих 17.04.23).

Толибони афғон ба таври расмӣ вуҷуди раҳбарон, ҷангҷӯён ва зерсохтҳои TTП дар хоки кишварро инкор мекунанд. Бо ин ҳол, дар Исломобод медонанд, ки Афғонистон имрӯз пуштвонаи стратегии бисёре аз гурӯҳҳои террористии ҷиҳодӣ, аз ҷумла толибони Покистон аст. Ҷангҷӯёни ТТП ҳамроҳ бо аъзои созмонҳои террористии мамнуъа дар Русия монанди “Алқоид” ва “Давлати исломӣ” (ДОИШ) аз Афғонистон таҳти контроли Толибон барои эҷоди урдугоҳҳои омӯзишӣ, марокизи ҷазби ҷиҳодҷӯёни ҷадид ва густариши нуфуз дар кишварҳои минтақа истифода мекунанд.

Дарвоқеъ, толибони Афғонистон ва Покистон як “ширкати ҷиҳодӣ”-и воҳид ҳастанд, ки раҳбарони он ба таври фаъол ба якдигар кӯмак мекунанд. Дар замони ҳузури нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон, толибони покистонӣ дар канори толибони афғон меҷангиданд. Пас аз ба қудрат расидани толибони афғон дар Кобул дар августи 2021, толибони афғон низ шурӯъ ба кӯмак ба ҳампаймонони покистонии худ барои ҷиҳод алайҳи Исломобод ба манзури эҷоди “низоми исломӣ” дар Покистон карданд. Бахши қобили таваҷҷуҳе аз силоҳу таҷҳизоти боқимонда тавассути амрикоиҳо дар Афғонистон ба толибони покистонӣ таҳвил дода шуд, ки ба таври қобили таваҷҷуҳе короии ТТП-ро дар майдони набард афзоиш дод ва талафоти нерӯҳои покистониро бештар кард.

Барои Исломобод чунин дигардесӣ дар равобити пинҳонии чандсола бо толибони Афғонистон шоке бузург буд. Ибтидо намояндагони Покистон талош карданд ба сурати дӯстона бо режими Кобул тавофуқ кунанд то аз ҳимоят аз ТТП даст бардорад. Вақте ин талошҳо натиҷа надод, Исломобод алайҳи Афғонистон таҳримҳои иқтисодӣ вазъ кард. Аммо онҳо низ самаре надоштанд. Акнун Покистон тасмим гирифтааст — ба гуфтаи худи толибони покистонӣ —, ки ба “тактикаи исроилӣ”, яъне заработи ҳадафманд алайҳи аҳдоф дар қаламрави кишвари дигар рӯ оварад.

Шавоҳиде дол бар он ки ҳамлаи шаби 9 октябр дақиқан ба ҳадафи мавриди назар дар Кобул асобат карда бошад вуҷуд надорад: манобеъи мустақил мегӯянд, Нур Валӣ Маҳсуд дар худраве, ки мушак онро нобуд кард, ҳузур надоштааст. Бо ин ҳол дар посух, ибтидо аносири ТТП дар таърихи 10 октябр дасти кам шаш “амалиёти интиқомӣ” анҷом доданд ва беш аз даҳ нерӯи интизомиро дар аёлати Хайбар Пахтунхво куштанд; Сипас воҳидҳои артиши “толибони Афғонистон” дар таърихи 11 октябр ба посгоҳҳои марзии артиши Покистон дар бахшҳои густурдае аз “хатти Дюранд” (марзи Афғонистону Покистон, ки расман аз сӯи ҳеҷ давлате дар Кобул ба расмият шинохта намешавад) ҳамла карданд. Бино бар бархе гузоришҳо, Толибон бо истифода аз таслиҳоти сангин, тӯпхона ва тонк вориди хоки Покистон шуданд ва ҳудудан 20 посгоҳи марзиро мунҳадим карданд. Талафоти артиши Покистон наздик ба 60 кушта ва ҳудуди 30 захмӣ эълом шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи расонаии толибони Афғонистон, як фарванд ҳавопаймои низомии Толибон, ки аз амрикоиҳо ва НАТО ба онҳо ба ирс расидааст, ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Лоҳури Покистон анҷом додааст. Манобеи дигаре низ муддаианд, ки пойгоҳи ҳавоии Пешовар — аз ҳамон пойгоҳе, ки шаби 9 октябр ҷангандаҳои F-16 Покистон аз он бархоста буданд — низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Артиши Покистон низ даст рӯи даст нагузошт. Нерӯи ҳавои Исломобод ҳамалоти сангини мушакӣ ва бомбафканро ба аҳдофе дар чандин вилояти ҷанубӣ ва шарқии Афғонистон анҷом дод — Нангарҳор, Кунар, Хӯст, Пактико, Қандаҳор ва Ҳилманд. Бар асоси додаҳои Покистон, ин аҳдоф урдугоҳҳои омӯзишӣ, анборҳо ва ситодҳои ТТП буданд. Толибони афғон низ мутаҳаммили талафот шуданд: артиши Покистон ҳудуди 20 посгоҳи марзии вазорати дифоъи толибони афғонро тасарруф кард ва то 40 ҷангҷуи афғон кушта шуданд.

Ҷолиб ин ки артиши Покистон рустои Баҳромча дар минтақаи Дишу дар ҷанубу ғарби вилояти Ҳилманди Афғонистонро зери оташи шадид қарор дод. Баҳромча нақши калидӣ дар созмондеҳии тиҷорати маводи мухаддири толибони афғон дорад: дар ин макон бозори аслии маводи мухаддири минтақа қарор дорад, ки қимати героин, метамфетамин ва соири анвоъи мавод таъйин мешавад. Ҳамлаи нерӯҳои Покистон ба Баҳромча як зарбаи ҳадафманд ба иқтисоди маводи мухаддири толибони афғон буд, ки метавонад вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар “иморати исломӣ”-ро, ки пеш аз ин низ душвор буд, ташдид кунад.

“Ҷанги октябр” миёни Кобул ва Исломобод зарбаи сангине ба созукорҳои мухталиф ҳаллу фасли буҳрони Афғонистон дар сатҳи минтақа ворид кард. Ҳамлаи нерӯи ҳавоии Покистон ба Кобул камтар аз 40 соат пас аз поёни ҳафтумин ҷаласаи Формати Маскав дар бораи Афғонистон рух дод, ҷаласае, ки барои нахустин бор намояндаи давлати толибони Афғонистон, Амирхон Муттақӣ, ба сурати баробар бо кишварҳои минтақа ширкат дошт. Ҳамон тур, ки мушаххас шуд, табодули эҳтиромҳо дар пойтахти Русия дар 7 октябр, Покистонро аз ҳамла ба қаламрави Афғонистон бознадошт ва толибони афғонро аз ҳамла ба нерӯҳои покистонӣ мунсариф накард.

Буҳрон Афғонистону Покистон бояд касонеро, ки дар фазои пасошӯравӣ рӯъёи проектҳои азим, монанди роҳи оҳани Трансафғон (аз Ӯзбекистон ё Қазоқистон аз тариқи Афғонистон ва Покистон ба банодири Уқёнуси Ҳинд) ё хатти лӯлаи гази ТАПИ (аз Туркманистон аз тариқи Афғонистону Покистон ба Ҳинд) доранд, бедор кунад. Ин проектҳо дар презентатсияҳо олӣ ба назар мерасанд, аммо дар воқеияти хушунатомезии тазоди манофеъ дар минтақа фурӯ мерезанд.

Қатар, Эрон ва Арабистони Саудӣ аз Кобул ва Исломобод хостанд то амалиёти низомиро мутаваққиф карда ва пойи мизи музокира бинишинанд. Комилан мумкин аст, ки дар чанд соати оянда ин фарохон шунида шавад (гарчи артиш Покистон ҳанӯз зӯҳри рӯзи 12 октябр аҳдофе дар вилояти Қандаҳорро мавриди ҳамла қарор медод). Аммо поёни даргириҳо, иллати амиқи таниш дар равобити толибони Афғонистон ва Покистонро бартараф нахоҳад кард. Кобул ба ҳимоят аз ТТП идома хоҳад дод, ки дар суфуфи он теъдоди зиёди толибони афғон меҷанганд. Толибони Покистон ҷиҳоди худро алайҳи артиши “исроилӣ”-и Покистон ва давлати Исломобод фаъол хоҳанд кард. Дар натиҷа, бо таҳаммули талафоти бештар, артиши Покистон фишор бар ТТП-ро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар Афғонистони ҳамсоя афзоиш хоҳад дод. Ин як чархаи баста аст, ки хурӯҷ аз он дар чашмандози наздик қобили тасаввур нест.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!