Мусибатҳои олами ислом аз ёр аст, ё ағёр?
Нависанда: Ҷамбулат Сардалов, коршиноси умури дину терроризм (Чеченистон), махсус барои “Сангар”
Гуфтугӯҳои ҳамкешони ман, ки афкорашонро шабакае аз идеяҳои танида дар сарашон ишғол кардааст, бо илҳом аз идеяҳои тавтеа ва гароишӣ бо моҳияти хос - устурасозии шуури динӣ – қобили ламс аст.
Барои онҳо ҳама муқассиранд, русҳо, яҳудиён, агар ба вуҷуди бегонагон аз сайёраҳои дигар эътиқод доштанд, онҳо низ ба ин қатор дохил мешуданд. Худоро шукр, ки онҳо ҳузур надоранд, бино бар ин шаҳрвандон Малдер ва Искалли метавонанд бо оромиш дар филмҳо зиндагӣ кунанд.
Алҳамдулиллоҳ афроди таҳсилкардае ҳам ҳастанд, ки болотар аз қади кӯзаи таҳорат фикр мекунанд. Каломи вазини онҳо, мисли ҳамеша, ҳумукҳо (пораҳои бузурги ях)-и чашмгири ноогоҳонро об мекунад. Мутаассифона, теъдоди онҳо зиёд нест, ва-гарна саратонҳое, монанди Алқоида, Толибон, ДОИШ ва дигар радикалҳо ҳеҷ муваффақияте дар миёни уммати мусулмон надоштанд. Дар миёни уммати ғарқ дар кашмакашҳои дохилие, ки бетардид ҷуз заъфу шодӣ барои душмани хориҷие чун Ғарб чизи дигаре ба ҳамроҳ надорад.
Албатта, Ғарб сиёсати худро дар ростои манофеъи худ дар қаламрави мусулмонон думбол мекунад. Аммо ин наметавонад баҳонае бошад барои намоиши ғамангезе, ки дар ҷаҳони ислом дар ҳоли рух додан аст. Аввалан, он чӣ ҷаҳон мебинад, тасвири равшанфикру боистеъдод бо вежагиҳои зеҳнӣ аз як мусулмони модерн нест. Тасвири як қотил ва як ваҳшӣ аст.
Бо эҷоди ин тасвир, дастандаркорони пропагандаи ғарбӣ худро ба таври хос ранҷ намедиҳанд. Билохира инҳо набуданд, ки масалан, ҷигари сарбози кушташудаи артиши Асадро хӯрданд... Бо ин фикр ки “ҳар кӣ душмани Худо аст, чунин иттифоқе ӯро мунтазир аст”! Ё бисӯзонед, зиндониёнро бо тонк поймол кунед, хушунат алайҳ мардуми ғайринизомӣ... оё ин ҳама шариати мост? На, аммо ин тасаввури шайтониро ҳама навъи радикалҳои гузаро доранд.
Ман назари шахсии худро баён мекунам, ки мусулмонон умдатан аз, ба истилоҳ, "худиҳо", зарба хӯрданд. Ҳатто қабл аз вуруди душманон аз сарзаминҳои бегона, бо шиорҳои мухталиф ва бо ҷасорати фаровон дар ҷустуҷӯи “душманони Аллоҳ” дар миёни уммат якдигарро куштанд. Чӣ касе ба халифа Алӣ ибни Абутолиби ошиқи биҳишт ҳамла кард? Ҳофиз ибни Мулҷам набуд? Ва чӣ касе риши Усмон ибни Аффонро гирифт, ки сураи “Бақара”-ро мехонд, магар на Муҳаммад писари Абубакр? Чӣ гуна метавон кӯдаконро аз шиками модаронашон берун овард, бо бовар ба ин ки кори писандидае анҷом мешавад - ин аз аъмоли разилаи хавориҷ дар замони Алӣ ибни Абутолиб аст...
Маншаъи таҳаммулнопазирии мутақобил дақиқан аз онҷост, ки пас аз рафтани Беҳтарини одамон – Муҳаммад, салаллоҳу алайҳ ва олиҳи ва саллам -, ки ҳушдордиҳандаи ҳама фитнаҳо буд, мардум шоҳиди чунин ҳаводиси шармовар шуданд. Қудрат имони заифонро хафа мекунад. Ҳаводиси баъдӣ нишон дод, ки уммати мусулмон ниёзе ба душман надорад: худи онҳо бо ҳазорон иттиҳоми мутақобил якдигарро ба бехудоӣ (такфир) муттаҳам ва нобуд карданд. Аксаран ҳамаи инҳо як пасзаминаи шармоваре доранд - қудрат ва контрол бар тӯдаҳо. Ва дар инҷо дин ба унвони яке аз муассиртарин абзорҳои таъсиргузорӣ истифода шудааст.
Ҷангҳои салибии баъдии Аврупо посухе ба чандпорагӣ ва хусумати мутақобил дар миёни уммати мусулмон буд, ки ба истеъмор табдил шуд. Ҳарфҳои ваҳдати исломӣ дар адабиёти динии пешиниён ба унвони вазнае мурда боқӣ монд.
Дини мо хостори камоли маънавӣ ва технологӣ аст. Таъхири чандасра дар рушду тараққӣ ба далели заволи низоми иҷтимоӣ-сиёсӣ буд. Ҷаҳони ислом бо кашидани думи тамаддуни Ғарб, ба тамоми бемориҳои сахти маънавӣ ва модӣ гирифтор шуд. Як истисно, шояд Малайзия аст, ки тавонист ба наҳве аз ботлоқи фасод хориҷ шавад. Албатта, наметавон фасодро шикаст дод, аммо маҳори он комилан мумкин аст.
Аммо ҳамоно барои бархе содалавҳон фақат атрофиён муқассиранд, ки аз дасти куффор рӯз надорем. Дар ҳоле, ки чаро “оинаро сарзаниш мекунӣ, вақте сурат каҷ аст”... Чун инҳо бузургу қавӣ ҳастанд, чаро бахше аз уммат ба ин роҳатӣ таслими найрангҳои дунёи Ғарб мешавад? Ҳар давлату ҷомеа душманоне дорад ва хоҳад дошт (ва агар на, онҳоро ихтироъ мекунанд), ки қудрати онҳо бо тавоноии муқовимат ва ҳифзи худ таъйин мешавад. Он чӣ ки мо дар ҷаҳони ислом намебинем...