Уламои динии тоҷик аз арзишҳои ҳувиятӣ – фарҳангӣ кутаҳӣ мекунанд.
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Шаби гузашта дӯстони мо дар хабаргузории “Сония” як барномаи махсус дар бораи ҷашни Шаби Чилла (Ялдо) баргузор карданд. Мавлавӣ Валиуллоҳи Лабибӣ, устоди пешини Донишгоҳи Берунӣ аз манзари динӣ ба мавзӯъ пардохт ва ман аз назаргоҳи фарҳангӣ.
Ҳарчанд устод Лабибӣ тасреҳ карданд, ки ҳеҷ насу ҳукми сареҳе барои таҳрими гиромидошт аз Шаби Чилла вуҷуд надорад ва ба равшанӣ гуфтанд, ки ҳукм ба таҳрими он хатарнок аст ва набояд чунин ҳукме аз сӯи уламои динӣ содир шавад, аммо ҳамзамон таъкид доштанд, ки “агар” гиромдошт аз Шаби Чилла бо нияти шабеҳсозии фард ба гузаштагон бошад, гиромдошт аз он аз назари динӣ ҷавоз надораду машмули ҳукми ҳадиси “Касе ба ягон қавм шабеҳ шуданист, яке аз он аст” мешавад.
Ҳарфи ман ин буд, ки набояд ба русуму ойинҳои фарҳангӣ - ҳувиятии мо аз айнаки ҳалолу ҳароми динӣ нигоҳ кунем ва агар ва магарҳои фиқҳиро шомили ҳоли ин русум бисозем. Ин аммо ва агарҳо роҳро ба истифодаҷӯён боз мекунад. Ҳамин ҳоло Толибон бо истинод ба ҳамин аммо ва агарҳо гиромидошт аз Шаби Чилларо манъ карданд ва ҳеҷ касе ҳам монеъи онон шуда наметавонад. Онон чун ҳукуматро ба даст доранд, аммо бардошти худ аз динро (валав носавобу заъифу нодуруст) ба зӯр татбиқ мекунанд.
Ба бовари ман, дар ҳамчу маворид уламои динии огоҳу равшан бояд сафи худро аз такфириҳову таҳримиҳо ҷудо кунанд ва бо шаҳомату ҷасорат унвон кунанд, ки чунин чизе дар дин ҳаром ва мумтанеъ нест.
Гиромидошт аз Шаби Чиллаву Наврӯз бахше аз вижагиҳо ва ба иборате сутунҳои ҳувияти фарҳангӣ - тамаддунии мо форсизабонон аст. Беш аз ҳазор сол аъроб бар асоси дидгоҳҳои таассуболуди қавмии худ бо истифода аз номи дин алайҳи мазоҳири фарҳангии мо форсизабонон норавоӣ карданд ва ин силсила набояд идома ёбад. Ялдо ҳеҷ муғойирате бо усулу арзишҳои динӣ надорад. Ин ойин он гуна ки ба ғалат таблиғ мекунанд, як ойини динӣ - ақидатӣ ҳам нест, ки бигӯем, масалан, марбути маҷусиҳову зардуштиҳо будааст.
Дуруст аст, ки зардуштиҳо ҳам Шаби Чилларо гиромӣ доштаанд, аммо ин ҷашн динӣ нест. Ин ҷашн марбут ба табиат аст. Ниёкони мо бо табиат пайванди амиқе барқарор мекарданд. Ин пайванду ҳамоҳангӣ ба гунае буда, ки бо ҳар таҳаввулу тағйир дар гардиши замину низоми шамсии онон иртибот барқарор мекарданд. Шаби Чилла низ таҳаввули табиӣ дар низоми шамсӣ аст. Шабҳои дароз ба далели баргашти замин аз мадори ҳаракати қаблӣ кӯтоҳ мешаванду фардои ялдои рӯзҳо дароз мешавад. Ин гардиш дар низоми табиат барои ниёкони мо мояи хушҳолӣ будаасту мантиқу фалсафаи зиёде дар ин фаҳм вуҷуд дорад.
Ба ҳар ҳол, дар шароити имрӯз, ки душмани сиёсӣ алайҳи фарҳанги мо вуҷуд дорад, гиромидошт аз Шаби Чилла танҳо ҷанбаи фарҳангиву намодину зинда кардани эҳсоси таъаллуқ бо фарҳанги ниёкони мо нест, балки ба унвони бахше аз мубориза барои ҳувияту фарҳанг ҳам матраҳ аст. Вақте як арзиши мутаъаллиқ ба шумо дар маърази ҳазфу таҳдид аст, дифоъ аз он ҳам огоҳиву эҳсоси масъулияти фарҳангиву ҳувиятӣ лозим дорад ва ҳам рӯҳияи баланди муборизаҷӯӣ ва “на” гуфтан дар баробари фарҳанги зӯру таҳмил.
Умедворам уламои динии тоҷик бештар ба масоили фарҳангӣ тавваҷуҳ кунанду ҳавзаи мутолеоти фарҳангӣ ва таърихии худро густариш диҳанд ва иҷоза надиҳанд, ки гурӯҳу созмонҳои душмани фарҳангу тамаддуни форсӣ ононро василаи таблиғот алайҳи тамаддуну фарҳанги мо бисозанд. Дар гиромидошт аз Шаби Чиллаи ҳеҷ арзиши зиддидинӣ вуҷуд надорад. Уламои динии тоҷик бидонанд, ки дар қиболи масъулияти динӣ, масъуляти иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳам доранд. Муттаассифона, то кунун дар муқоиса бо уламои динии соири ақвом, уламои динии тоҷик камтар дар дифоъ аз арзишҳои ҳувиятӣ - фарҳангӣ фаъол буда ва бештар таҳти таъсири андешаҳои такфирӣ алайҳи ҳувияту тамаддуни худ қарор доштаанд.