Трамп ва Аҳмад Шаръ аз якдигар чӣ хостанд?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Дар мулоқот миёни Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аҳмад Алшаръ, раисҷумҳури муваққат Сурия, ки дар Риёз ба васотати валиаҳди Арабистони Саудӣ таҳаққуқ ёфт, чӣ гузашт?
*Абумуҳаммад Ҷавлонӣ, раҳбари созмони террористии Таҳрири Шом, ки Амрико барои сараш 10 миллион доллар ҷоиза гузошта буд ва декабри соли гузашта лағваш кард.
Ба гунаи мухтасар арз кунам, ки ҳар ду тараф дархостҳо ва интизороти мушаххасиро аз якдигар матраҳ кардаанд.
Дархостҳои Доналд Трамп аз Аҳмад Шаръ:
1 - Трамп аз Аҳмад Шаръ хост то Сурия ба тавофуқномаҳои Иброҳим бипайвандад ва равобити дипломатӣ бо Исроил барқарор кунад.
2 - Трамп таъкид кард, ки Сурия бояд ба ҳузури низомии Эрон ва дигар нерӯҳои хориҷӣ барои ҳамеш дар хоки Сурия, поён диҳад.
3 - Трамп аз Сурия хост то бо гурӯҳҳои террористӣ, монанди ДОИШ, Алқоида ва соири гурӯҳҳо муқобила кунад ва дар амалиётҳои зиддитеррористӣ дар ҳар нуқтае бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкорӣ намояд.
4 - Трамп дархост кард, ки Сурия дар ёфтани шаҳрвандони амрикоие, ки дар ҷангҳои гузашта мафқуд шудаанд, аз ҷумла Остин Тайс ва дигарон ҳамкорӣ кунад.
5 - Трамп хостори тааҳҳуди Сурия ба нобудии комили захоири силоҳҳои химиёвӣ ва адами истифодаи муҷаддад аз онҳо дар ин кишвар шуд.
Дар кулл Аҳмад Шаръ ба тамоми фармоишҳои раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида лаббайк гуфт ва ваъдаи иҷро дод.
Аммо Аҳмад Шаръ низ аз Доналд Трамп дархостҳое дошт:
а) Аҳмад Алшаръ хостори лағви комили таҳримҳои иқтисодии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Сурия шуд то иқтисоди кишвар битавонад беҳбуд ёбад ва Доналд Трамп низ хостҳои Аҳмад Шаръро пазируфт.
б) Аҳмад Алшаръ аз Трамп хост то давлати муваққати Сурияро ба расмият бишносад ва равобити дипломатиро аз сар бигирад.
ҷ) Аҳмад Шаръ дархост кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар бозсозии зерсохтҳои вайроншудаи Сурия мушорикат ва ҳамкорӣ кунад.
д) Раисҷумҳури муваққати Сурия таъкид кард, ки ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар бояд бо тавофуқи давлат ва хости мо бошад, чӣ нерӯҳои амрикоӣ бошад, чӣ нерӯҳои дигаре ...
ҳ) Ӯ аз Трамп хост то аз раванди интиқоли қудрат ба сӯи як давлати фарогир ва демократӣ дар Сурия ҳамеша вайро машвара диҳад ва ҳимоят кунад.
и) Аҳмад Алшаръ аз раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида хост, ки мо ба ифтихори шумо дар Димишқ, маркази Сурия, бурҷи бузургеро ба номи Доналд Трамп бисозем. Доналд дар посух гуфт, он чӣ ки метавонед, анҷом диҳед.
Дар натиҷа, ба ақидаи ман, ин дидор нуқтаи атфе дар равобити Сурия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда ва ҷиҳодеро, ки Аҳмад Алшаръ ба номи Худо оғоз карда буд, бо ин натиҷа ба поён расид.