Толибон беҳтарин мисоли қавмгароӣ ва қавмпарастӣ ҳастанд.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Яке аз интиқодоти ҳавохоҳони толиб сари ман ин аст, ки ман Толибонро ваҳшӣ мегӯям, дар ҳоле ки онҳо мусулмон ҳастанд. Мусулмон метавонад дузд бошад. Мусулмон метавонад хоин бошад. Мусулмон метавонад қавмпараст бошад, мисле ки ҳастанд. Мусулмон метавонад шаробӣ бошад. Мусулмон метавонад занситез бошад, мисле ки ҳастанд. Ва мусулмон метавонад ваҳшӣ бошад.
Аз нигоҳи забоншносӣ, ваҳшӣ, яъне ғайримутамаддин ё ғайримаданӣ. Ҳоло агар як касе занситез аст, ғайримаданӣ аст, зеро занситезӣ як пешомади маданӣ нест. Худованд зану мардро аз нафаси воҳид халқ кардааст. Инсон аз диди қуръонӣ як инсон аст.
Агар касе мухолифи озодии баён ва қалам аст, маданӣ нест, зеро Қуръон ба мо мегӯяд, илмулбаён. Ҳар касе, ки мардумро аз озодии баён маҳрум мекунад, маданӣ нест.
Агар касе мухолифи таҳсили занон аст ваҳшӣ аст, зеро Қуръон мегӯяд: “Ва қул раби заданеи уламо” яъне илоҳӣ бар илми ман биафзой ва ин оя барои зану мард аст.
Агар касе як духтарро ба зӯр никоҳ мекунад, ваҳшӣ аст, зеро Паёмбар (с) фармуда, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки як зани бевау духтари бокираро бидуни иҷозааш дар никоҳи касе дохил кунад.
Агар касе мухолифи кори бонувон аст, ваҳшӣ аст, зеро Қуръон мегӯяд, ки кори ҳеҷ кадоми шуморо зойеъ намекунам, мард бошад ё зан бошад (сураи Оли Имрон).
Агар як касе мухолифи сафари мардум аст, маданӣ нест, зеро Қуръон мегӯяд, дар замини Худо сафар кунед.
Агар касе зидди мусиқӣ ва ҳунарҳои зебост, маданӣ нест, зеро мусиқӣ ва ҳунарҳои зебо на танҳо ҳаром нест, барои сатҳи фикрӣ ва маънавии инсон бисёр судманд аст, махсусан, ки Паёмбари ислом мусиқиро ташвиқ кардааст.
Агар шумо зиди шиъа ва ё суннӣ ҳастед, шумо ғайримаданӣ ҳастед, зеро мазҳаб сохта ва бофтаи инсонҳост, ҳар кас ҳақ дорад, ки як мазҳаб дошта бошад ва ё монанди ман ҳеҷ мазҳаб надошта бошад. Агар дигар мазоҳибро шумо эҳтиром намекунед ва ё мазҳаби худро болотар медонед, маданӣ нестанд.
Маъзарат мехоҳам шумо метавонед профессор бошед, мардум шуморо устод хитоб кунанд ва ё ҳар лақаб, ки хуш дорӣ ё духтару писари фулонихон бошӣ, аммо агар маворидро, ки зикр кардам, якеро дошта бошӣ, маданӣ нестӣ ва дар ин аср зиндагӣ намекунӣ. Бояд худатро ислоҳ кунӣ, агар дар қарни бисту якум зиндагӣ мекунӣ.
Таассубу табъиз дар дунёии имрӯзӣ як таклифати рӯҳӣ ва маънавӣ аст. Мо дар қарни бисту якум зиндагӣ мекунем. Ҳамапазирӣ аз усули маданият аст ба ҷуз ваҳшигариву ғайримаданӣ будан.
Ҳар кор, ки зидди маданият аст ва шумо худ огоҳу нохудогоҳ анҷом медиҳед. Муттаассифона, шумо ваҳшӣ ҳастед, яъне маданӣ нестед. Ваҳшӣ антитези маданӣ аст. Баъзе мардум ҷоҳил нестанд бо ин ки ҷоҳили иҷтимоӣ ҳастанд, на тавҳидӣ, яъне Худоро мешиносанд ва аммо ҳамин ашхос бо ин ки ҷоҳил нестанд, метавонанд ғайримаданӣ бошанд, яъне ваҳшӣ бошанд.
Ононе ки қавмпараст ҳастанд, шадид ваҳшӣ ҳастанд, зеро қавмпарастӣ на танҳо ғайримаданӣ аст, як таклифи руҳӣ аст. Қавмпарастӣ ҳаргиз пешрафт намекунад ва дар чорчӯби расму ривоҷ банд мондааст. Инҳо ҳам боиси бадбахтии худ шудаанд ва ҳам атрофиёни худ. Толибон беҳтарин мисоли қавмгароӣ ва қавмпарастӣ ҳастанд. Ифтихорашон дар қавмият, лунгӣ ва қавораҳои жулида аст ва фикр мекунанд, беҳтарин “афғон” ҳастанд.
Мутолиа кунед, ки ҳар чиз ки зидди маданият аст, ҷилавгирӣ кунед, дар ғайри он пешрафти маънавӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ ва фикрии шумо номумкин аст.