Ҷиноёти ишғол аз Ғазза то Афғонистон мавҷудияти ҷаҳонеро ба номи “ҷаҳони ислом” инкор мекунад.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: دنیای کور اسلام
Дунё, бахусус ҷаҳони ислом, бешармона наззорагар аст. Абарқудратҳои ҷаҳон бешармона мебинанд, мешунаванд, вале хаме ба абрӯ намеоваранд.
Трагедияи қарн дар сарзамини сӯхтаи Ғазза идома дорад, на бо табли ҷанг, ки бо садои гиряи кӯдаке, ки дар оғӯши модар аз гуруснагӣ, аз ташнагӣ, аз бепаноҳӣ ҷон дод.
Кӯдаке ба номи Лаён, танҳо панҷ сол дошт, вақте охирин нафасашро дар сафи ноне дод, ки ҳаргиз ба ӯ нарасид. Модараш, навол, бо дастҳои ларзон, берамақ, танҳо нигоҳаш мекард. Дигар ашк ҳам намонда буд, чаро, ки ашкро ҳам Исроил бо муҳосирааш хушконда буд.
Мардуми Ғазза, зери осмони беситора, дар дили шабҳое, ки садои мушакҳо лолоии кӯдакон шуда, дар хиёбонҳои вайрон ба думболи луқмае нон, ҷуръае об, паноҳе барои зинда мондан медаванд.
Дар ин трагедия, режими фосид, режими ғосиб, режими бераҳм ва одамкуши Исроил бераҳмона, бешармона, ҳатто дар сафҳои ғизо ҳам оташ мекушояд. Сафҳое, ки дар он пирамарде бо асо истода, кӯдаке бо чашмҳои пур аз ваҳшат, зане, ки охирин бор, шавҳарашро дар ҳамон саф дид.
Дунё аммо, танҳо тамошо мекунад. Қудратҳои ҷаҳонӣ, ки иддаои инсондӯстӣ доранд, лаб фурӯ бастаанд, бешармона нигоҳ мекунанд. Кишварҳои исломӣ, бо миллиардҳо сармоя, нафт, силоҳ ва сарбоз, хомӯш, кӯр ва бесадо, бо виҷдонҳои хуфта танҳо назорагари марги ҳамкешони худ ҳастанд.
Ин трагедияи инсоният аст; Трагедия дар дунёе, ки 57 кишвари исломиро бо худ дорад, трагедияи қарне, ки на фақат Ғазза, ки шарафи ҷаҳонро дар оташи андӯҳи Исроил месӯзонад ва аз тарафи абарқудрате ҳимоят мешавад, вале ҷаҳони ислом ҳам монанди ҳамеша муздурона ва хомӯшона нигоҳ мекунад.
Аз дигар сӯ, гурӯҳҳои ифротӣ ва даҳшатафгани исломӣ, ҳаммонанди гурӯҳи Толибон, ки инак ҳокимияти Афғонистонро дар чанг доранд, ҳатто мардум дар масоҷид ва мадорисро намегузоранд, ки даст ба эътирозот алайҳи Исроил ва додхоҳӣ барои фаластиниён бизанад.
Гурӯҳи Толибон аз нахустин рӯзҳои ишғоли кишвар, шабу рӯз дар пайи боздошту шиканҷа ва беиззат сохтани занони Афғонистони остин боло зада ва барои куштори низомиёни бегуноҳи пешин, талош мекунад.
Ҳамон гуна, ки дар тӯли умри 30-ву чандсолаи худ фақат куштан ва шиканҷа кардани миллати мусулмони Афғонистонро балад буда ва ҷуз ин ҳеҷ коре аз ин гурӯҳ бар наомадааст.