Хабари рӯз

Тавлиди нохолиси 57 кишвари исломӣ 6 дарсади тавлиди нохолиси кулли ҷаҳонро ташкил ме‍диҳад

Нависанда: Сайид Иноятуллоҳ Навид, таҳлилгар

Оё касе ҷавоби ҷумалот ва калимотро, ки дар зайл менависам, дорад?

Чаро ҳамеша дар кишварҳои исломӣ ҷанг аст?

Чаро мусулмонҳо ҳамдигари худро мекушанд?

Чаро мусулмонҳо нисбат ба кофирҳо муздури бегона мешаванд?

Чаро ҷаҳони ислом наметавонад миёни мусулмонҳо иттиҳод ва иттифоқ эҷод кунад?

Чаро кишварҳои исломӣ наметавонанд иқтисоди шугуфо дошта бошанд?

Чаро ҳамеша мусулмонон саргардону бечора ҳастанд?

Ба ҳамин тартиб даҳҳо саволи дигар...

Агар касе ҷавоби ин саволҳоро дошта бошад ва бароям бигӯяд, хеле хушҳол мешавам.

Аммо дар навиштаи зайл ҳақоиқеро низ бо шумо шарик месозам...

Дар созмони конфронси ҷаҳони ислом 57 кишвари исломӣ узв ҳастанд ва аз маҷмӯъи ин кишварҳо, 50 кишвар бо мушкилоти зиёде дасту панҷа нарм мекунанд.

22-25 дарсади ҷамъияти ҷаҳон мусулмон ҳастанд, аммо аз Косово дар Аврупо гирифта то Туркия, Ироқ, Миср, Либия, Покистон, Миёнмар, Афғонистон ва.... мусулмонон дар кишварҳои ғарбӣ ҳам ҳар рӯз мавриди таҳдид қарор мегиранд.

Тавлиди нохолиси тамоми кишварҳои исломӣ 3.2 трилион доллар аст, ки бо ин ҳисоб, 6 дарсади тавлиди нохолиси кулли ҷаҳонро ташкил ме‍диҳад. Дар ҳоле, ки тавлиди нохолиси Олмон бо рақами 3.4 трилион доллар дар сол, аз маҷмӯъи 57 кишвари исломӣ бештар аст.

Аз ҳар як ҳазор нафар дар ҷаҳони ислом 8.5 нафар донишманд ва фаннӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки аз ҳар як ҳазор нафар ба таври миёнгин дар саросари ҷаҳон 40.7 нафар донишманд ва фаннӣ ҳастанд. Дар кишварҳои тавсеаёфта аз ҳазор нафар 140 нафар донишманд ҳастанд.

Мақолоти илмӣ дар ҷаҳони ислом 1.17 дарсад тавлид мешавад, дар ҳоле, ки фақат дар Испания, ки нисбат ба Олмон ва Инглистон дар сатҳи поинтаре қарор дорад, 1.48 дарсад тавлид мешавад, ки бо ин рақам, беш аз тамоми мақолоти илмии мунташиршуда дар ҷаҳони ислом аст.

Дар ҳавзаи тарҷума Юнон аз тамоми кишварҳои исломӣ пештоз аст.

Тасбеҳ, ҷойнамоз, кулоҳ, шол ва ҳар он чӣ, ки барои намоз ва адои фаризаҳои динии мо истифода мешавад, сохти Чин аст, аммо ҳанӯз иддаои раҳбарии ҷаҳонро дорем.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!