Хабари рӯз

Баргузории нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

22-уми июли соли 2025 дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки беш аз 500 иштирокчиро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҷамъ овард. Дар байни онҳо намояндагони соҳаи тиҷорат, ҳукумат, ҷомеаҳои илмӣ ва маърифатӣ ҳузур доштанд. Яке аз мавзуъҳои асосии Форум “Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ: соҳибихтиёрии технологӣ ва ояндаи фазои ягонаи рақамӣ” буд.

Тавре Исфандиёри Саъдулло қайд кард, то соли 2030 фарогирии 90 дарсади аҳолӣ бо алоқаи мобилии насли чорум ва панҷум ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин, ҷумҳурӣ аз ҷиҳати суръати интернети мобилӣ аллакай ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ расида, дар самти алоқаи доимӣ болоравии устувор мушоҳида мешавад.

 

Рушди технологияҳои рақамӣ

Рушди хидматрасониҳои рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ торафт соҳаҳои бештари ҳаётро фаро мегирад - аз маориф ва инфрасохтори шаҳрӣ то бозори меҳнат ва хидматрасониҳо. Маърузачиён дар атрофи он, ки чӣ гуна технологияҳо соҳаҳои одиро тағйир медиҳанд ва амсилаҳои нави тиҷоратиро ташаккул медиҳанд, муҳокимаронӣ карданд. Қайд карда шуд, ки рақамисозӣ на танҳо интерфейси ҳамкориҳоро тағйир медиҳад, балки ба равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъсири амиқ мерасонад, стандартҳои нави сифати ҳаётро муқаррар мекунад, барои аз нав дида баромадани мафҳумҳои шуғл, дастрасӣ ба дониш ва самаранокии идоракунӣ намунаҳо фароҳам меорад.

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло қайд намуд, ки дар назди кишвар вазифаҳои бузург дар самти ташкили системаи экологии муосири рақамӣ гузошта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат аллакай ташаббусҳои стратегиро оид ба таҷдиди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла азнавсозии хатҳои алоқаи магистралӣ дар саросари кишвар фаъолона амалӣ карда истодааст.

“Таваҷҷуҳи махсус ба рушди шабакаҳои 4G ва 5G зоҳир карда мешавад. Дар ноҳияҳо низ корҳои системавӣ анҷом дода мешаванд. Барои ба интернет пайваст кардани мактабу муассисаҳои давлатӣ барномаҳои васеъмиқёс роҳандозӣ карда шудаанд, инчунин, дар соҳаи иҷтимоӣ ва маориф ҳалҳои рақамӣ татбиқ карда мешаванд. Лоиҳаҳо воқеан ҳам зиёданд, вале ҳадафи асосӣ бунёди як системаи экологии ягонаи рақамӣ мебошад, ки ҳама самтҳои калидиро фаро мегирад”.

Ҳаким Исмоилзод, муовини аввали директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ: “Рушди технологияҳои рақамӣ як вазифаи авлавиятноки стратегӣ барои кишвар мебошад, ки рақамикунонии соҳаи тиб, маориф ва бахши молиявиро дар бар мегирад. Ҳукумати электронӣ фаъолона татбиқ карда мешавад, паркҳои технологӣ, аз ҷумла бо дастгирии шарикони русӣ таъсис дода мешаванд”.

Диққати махсус ба ҷанбаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ равона карда шуд. Таъсири афзояндаи зеҳни сунъӣ барои ҷомеа мушкилоти ҷиддиро  пеш меорад, аз ҷумла чӣ тавр маълумотҳоро махфӣ нигоҳ доштан, шаффофияти алгоритмҳоро таъмин кардан, механизмҳои боэътимоди танзими ҳуқуқиро таҳия кардан мумкин аст? Ин масъалаҳо на танҳо ҳалҳои технологӣ, балки ризоияти ҷамъиятиро, аз ҷумла арзишҳо, хусусиятҳои фарҳангӣ ва дарки сарҳадҳои ҷоизро тақозо мекунанд.

Муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод қайд намуд: “Ташаббусҳои рақамӣ фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо мекунанд, як нафар дар майдон ҷанговар нест. Мо дар даврони рақамисозии босуръат зиндагӣ дорем ва Тоҷикистон аз равандҳои ҷаҳонӣ дар канор намемонад. Президенти кишварамон ҳамасола дар Паёми худ ба парлумон авлавиятҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро баён мекунанд ва чунин таваҷҷуҳ махсусан барои бахши рақамӣ хеле муҳим аст.

Маҳз ба шарофати ҳамин иродаи сиёсӣ Барномаи давлатии рушди иқтисодиёти рақамӣ ва рақамикунонӣ то соли 2030 тасдиқ карда шуд. Ин ба соҳа як такони пурқувват бахшид ва барои таъсиси Агентии мо асос гардид. Дар баробари ин, мо барои рушди ҳукумати электронӣ, таъмини  киберамният, рақамикунонии хидматрасониҳои давлатӣ ва тиҷорати электронӣ масъулияти зиёд дорем.

Инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ дар байни аҳолӣ, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ корбарӣ карда истодаем. Барномаҳо ва стратегияҳои таълимӣ таҳия карда мешаванд. Ҷаҳон тағйир меёбад ва бояд ба мардум барои мутобиқ шудан ба шароити нав кумак кунем. Ҳадафи асосии мо - ба даст овардани соҳибихтиёрии технологӣ ва коркарди ҳалҳои рақамии худ, ки аз омилҳои беруна вобаста набошанд. Ҳамчунин, мо дар ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба киберамният дар доираи ИДМ, СҲШ ва дигар платформаҳо фаъолона иштирок мекунем.

Ислом Назаралиев, раиси Шурои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон: Экспедитсияи “Сафар ба қалби Авруосиё” далели он гардид, ки талабот ба ҳамгироӣ - аз тиҷорат то лоиҳаҳои башардӯстона то чӣ андоза қавӣ аст. Форуми имрӯза идомаи таҳлилии ин масир мебошад. Тавре мебинем, эътимод, эҳтиром ва манфиати мутақобила асоси ҳамкориҳои устувор дар фазои АвруОсиё гардида истодааст”.

Мо махсусан ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Марказӣ гардид, ки Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро тасдиқ кард. Аллакай дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавӣ оид ба  зеҳни сунъӣ ифтитоҳ мегардад – ин ташаббусест, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ дастгирӣ ёфтааст. Илова бар ин, дар доираи ИДМ таъсис додани фонди рақамӣ ба нақша гирифта шудааст. Боиси хушнудист, ки ин равандҳо маҳз дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ ҷараён доранд. Ва бо гузашти раёсат ба Русия, мо умедворем, ки ҳамкориҳои судманд бо Русия ва дигар кишварҳои шарик ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои баланд идома хоҳанд ёфт”.

Дар рафти музокира ба масъалаҳои сохибихтиёрии технологии минтақа низ дахл карда шуд. Бунёди инфрасохтори мустақили рақамӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои авлавиятнок маҳсуб меёбад. Иштирокчиён ҳамзамон дар бораи зарурати таҳияи ҳалҳои технологии худ, татбиқи абзорҳои киберустуворӣ ва бунёди экосистемаи ягонаи барои таъмини амният ва эътимоднокии хидматрасониҳои рақамӣ қодирбуда суҳбат карданд. Дар ин замина ташкили иттиҳодияҳои стратегӣ - ҳам дар дохили минтақа ва ҳам бо шарикони байналмилалӣ - як қадами асосӣ дар роҳи рушди устувор маҳсуб меёбад.

Масъалаи маҳдудиятҳои инфрасохторӣ низ дар канор намонд. Дар шароити маҳдуд будани захираҳои энергетикии беруна, имкониятҳои таъсис додани марказҳои иттилоотӣ ва такмилдиҳии иқтидорҳои рақамӣ баррасӣ карда шуданд. Амният ва ҳифзи маълумотҳои шахсӣ асоси иқтисодиёти рақамӣ номида шуд - на танҳо бомуваффақият иҷро шудани лоиҳаҳои бахши технологияҳои иттилоотӣ, балки умуман устувории ҷомеа аз эътимоднокии ин системаҳо вобастагӣ дорад. Форум як қадами муҳим дар таҳияи рафтори умумӣ ба ояндаи рақамии минтақа бо назардошти тамоюлҳои ҷаҳонӣ, вазифаҳои маҳаллӣ ва ҳадафи умумӣ гардид, аз ҷумла табдил додани технология ба абзори рушди устувор, на ин ки таҳдид ба ҷомеаҳои анъанавӣ. Душанбе на танҳо мизбони форум буд, балки аз нақшаи худ - табдил ёфтан ба яке аз марказҳои зеҳнии табдилдиҳии рақамӣ дар Осиёи Марказӣ хабар дод.

 

Натиҷаҳои форум

Мушовири президенти Федератсияи Русия Антон Кобяков аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ чунин  изҳор дошт: “Амиқгардонии ҳамгироии иқтисодӣ байни кишварҳои мо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо мусоидат мекунад. Форум дар Душанбе на танҳо як муколама, балки василаи қабули қарорҳои мушаххас мебошад”.

Масъалаи сохибкории занон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари ширкати “RWB” ва муассиси “Wildberries” Татяна Ким ҳолатҳои муваффақи ҷалби занон ба тиҷорати рақамиро муаррифӣ кард: “Айни замон 58% фурӯшандагони “Wildberries” занҳо мебошанд. Платформаҳои рақамӣ ҳадди вурудро паст мекунанд: барои оғози тиҷорати худ як смартфон кифоя аст. Ин як лифти иҷтимоии нав ва роҳ ба сӯи истиқлолияти иқтисодӣ аст.” Ба гуфтаи ӯ, Wildberries дар Осиёи Марказӣ фаъолона кор мекунад, занонро таълим дода, барномаҳои шарикиро амалӣ мегардонад. Аз соли 2018 инҷониб ҳиссаи занони соҳибкор дар Қазоқистон аз 34% ба 43% ва дар Ӯзбекистон аз 300 ҳазор то 2,1 миллион нафар афзоиш ёфтааст. Wildberries моҳи апрели соли 2025 вориди Тоҷикистон низ гардид ва ин нуҳумин кишварест, ки Wildberries дар он ҳузур дорад.

Яке аз натиҷаҳои муҳимми форум - ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ ҳам байни сохторҳои тиҷоратӣ ва ҳам дар соҳаи маориф, тиҷорати электронӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Тавре раиси Шурои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев қайд кард: “Мо дархостҳои зиёдро барои муттаҳид кардани талошҳо мушоҳида кардем: аз тиҷорат то фарҳанг. Форум идомаи мантиқии ин масир аст, вале аллакай дар сатҳи лоиҳавӣ ва таҳлилӣ”. Форум дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард, ки Осиёи Марказӣ як минтақаи босуръат рушдёбанда буда, метавонад  ба муҳимтарин нуқтаи рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои устувор дар фазои Авруосиё табдил ёбад. Иштирокчиён майлу хоҳиши худро барои таҳкими ҳамгироии иқтисодӣ, рушди муштараки соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, логистика, маориф ва ташаббусҳои ҷавонон тасдиқ карданд. Тавре муовини Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода қайд намуд: “Осиёи Марказӣ танҳо тавассути шарикӣ ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа метавонад ба чолишҳои ҷаҳонӣ вокуниш нишон дода, рушди устуворро дар минтақа таъмин намояд”.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!