Розҳои мубҳами тавофуқномаи Доҳа байни Амрико ва Толибон чӣ вақт ошкор хоҳад шуд?
Нависанда: доктор Фазлмануллоҳ Мумтоз, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа, махсус барои “Сангар”
Музокироти байни Амрико ва таҳрики Толибон ба таври ошкор дар соли 2011 баъд аз таъсиси дафтари сиёсии Толибон оғоз гардид. Агарчи ин музокирот қабл аз он ба таври ғайриаланӣ идома дошт, ҳукуматҳои дастнишондаи мискин фақат муроқибу нозири ин гуфтугӯҳо буданд, монанди Ҳизби демукратики Халқ дар аснои ишғоли Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷараён иттилоъ надоштанд ва ҳамчунон ҳеҷ гоҳ бовар надоштанд, ки ишғолгар рӯзе онҳоро танҳо раҳо хоҳанд кард.
Таҷориб ва воқеоти таърихӣ гувоҳи он аст, ки ҳеҷ вақт ишғолгар иҷозаи духул ва хуруҷро намегирад, тавре ки Халилзод изҳор дошт: “Амрико на ба иҷозаи касе дар Афғонистон омада буд ва на ба иҷозаи касе хориҷ мешавад”.
Мутаассифона, ғуломон аз таҷоруби талхи таърихӣ дарс ва ибрат намегиранд. Ин ҳам табиӣ аст, ки масири ҳукуматҳои дастнишонда дар ниҳоят махтум ба заволи ҳатмӣ аст. Аз ҳамон вақт ишмом мешуд, ки Амрико бо як ҷиҳати расмии масъули мустақбале ворид музокирот аст ва на як гурӯҳи ҷангӣ.
Бархе аз таҳлилгарон ҷангҳои 44-соларо ҷангҳои ниёбатӣ меноманд. Ба эътиқоди банда ҷангҳо дар Афғонистон ниёбатӣ набуд, балки ҷангҳои тавзифӣ будааст. Ҷангҳои ниёбатӣ ақаллан чанд фисад аҳдофу масолеҳи нимадохилӣ ҳам медошта бошад. Аммо ҷангҳои тавзифӣ ба муҷарради ихроҷ ва ё хурӯҷи нерӯҳои ишғолгар низом яке аз ҳам мепошад, чунончи баъди ихроҷи қувваҳои Иттиҳод Шӯравӣ ва НАТО низом ба таври куллӣ аз ҳам пошид ва муваззафини ишғол комилан мутаворӣ шуданд.
Бо таъкид бар ин ки барои ғуломҳо манофеъ ва масолеҳи кишвар муҳим набуда, балки фақат масолеҳи модиву маънавии худро бар ҳама тарҷеҳ додаанд, муҳим барояшон ин набуда, ки муздури империализм бошанд ва ё сусиёлизм. Қисме ки мушоҳида гардид, раҳбарони сиёсии ҳарду давраи ишғол баъд аз ин ки навозиши ишғолгарон аз сарашон бардошта шуд, ба чӣ зиллат қарор гирифтанд ва аз бевафоии хоҷаи ишғолгарашон шикоят карданд. Беҳтарин шоҳиди надомат шикояти Бабрак Кормал ва Ғанӣ аст.
Ба ҳамин тартиб ишғолгарон барои ҳифзи обрӯи худ иллати шикасти барномаҳояшонро ба ӯҳдаи ғуломҳояшон вогузар мекунанд, онҳоро дузд, мухталис ва муфсид қаламдод мекунанд. Агар хотироти генералҳои русӣ ва амрикоиҳоро мутолиа намоем, ғуломҳои худро муқассир ва омили шикаст медонанд.
Бо вуҷуди гузашти се сол аз тафоҳумномаи Доҳа то ҳол тафосили он ошкор нашудааст ва аз ҳама ҷолибтар, ки Ғаниву ҳамкорони фосиду залили ӯ изҳор медоранд, ки дар ҷараёни музокирот қарор надоштаанд ва ду тарафи аслии музокирот ҳам муҳри сукутро бар лаб ниҳодаанд ва ҳар ду тараф муқобили худро ноқизи тааҳҳудоти Доҳа қаламдод мекунанд. Ин ки дар замоим ва мулҳақоти пинҳони Доҳа чӣ чизҳое вуҷуд дорад аз анзори ҳама махфӣ аст.
Таҳлилгарони соддалавҳ, монанди Мулло Насруддин ақиби маркабро нозир ҳастанд ва ин ки дар оянда чӣ розҳое пинҳон вуҷуд дорад, масъулияти онро ба маркаб муҳаввал месозанд. Оқои Халилзод муҳандиси конфронси Бон ва коргардони ҳукуматҳои Карзаю Ғанӣ ҳамвора аз натоиҷи тафоҳумномаи Доха изҳори хурсандӣ менамояд ва ин ки рози ин муваффақият дар чӣ нуҳуфтааст, мубҳаму маҷҳул аст, шояд дар охири умри худ онро аланӣ хоҳад намуд ё он ҳамаро бо худ ба гӯр хоҳад бурд.