Хабари рӯз

Русия обистани инқилоби натсионалистӣ аст - ё аз боло ба поин ва ё ҳам аз поин ба боло!

Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, коршиноси умури байнулмилал, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

Владимир Путин шахси мунтахаби Елтсин ва бахше аз низоми алигархияи Русия будааст. Вай муддатҳои зиёд дорои андешаи равшани сиёсӣ ва фалсафаи сиёсӣ набудааст.

Аз гузаштаи наздик мекӯшад худашро то ҳадде консерватист дар сиёсат ва неолиберал дар иқтисод таъриф кунад. Мухолифи иқдомҳои инқилобӣ ба суди ислоҳот будааст.

Аз як сӯ тамоюл ба натсионализм (миллатгароӣ) доштааст ва аз сӯи дигар пайваста талош намуда, то худашро як чеҳраи мутеъ ва вафодор ба Ғарб нишон диҳад. Ҳамеша модели иқтисодии Ғарб барояш улгу будааст. Борҳо кӯшид то кишваршро узви Иттиҳодияи Аврупо ва Паймони атлантики шимолӣ, яъне НАТО созад.

Албатта, ҳарфҳои зиёде гуфта мешавад, ки вай барномаҳое дар сар дошт, то қудрати Русияро бозгардонад, аммо на танҳо барномаи равшан надошт ва балки бо фуқдони қотеъият низ мувоҷиҳ буд.

Путин аз назари сиришт зидди Ғарб набудааст. Бештар иқдомоташ аз буъди натсионалистӣ хислати ғаризӣ доштааст. Дар тамоми муддат, ки вай сукони раҳбарии Русияро дар даст ба роҳатӣ бо тими либералҳо кор намуда ва пайваста коршиносони барҷастаи умури иқтисодӣ, дипломатӣ ва низомии зидди Ғарбро аз системи низом дур сохтааст. Бахше аз тимаш одамҳои истифодаҷӯ ва мутамаллиқ будаанд, ки паиҳам ба вай дурӯғ мегуфтанд, аз ҷумла дар тамоми сохтори низомӣ.

Гоҳе Путинро бо Исталин ба ҳайси касе, ки Русияро ба сӯи модернизатсия бурд, муқоиса мекунанд. Чунон муқоиса иштибоҳи бузурге беш нест.

 Исталин шахсе буд дорои идеологияи мураккаби додхоҳонаи русӣ, яъне талфиқи натсионализм, сотсиалисм ва ортодоксизми русӣ ба изофаи марксизм зери номи марксизм – ленинизм. Вай дар муддати даҳ сол миёни 1930 ва 1940 роҳи беш аз сад соли Аврупоро дар арсаи санъатӣ сохтан ва рушди иқтисодӣ паймуд. Ҳатто пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум, дар муддати 3 сол, яъне то 1948 рушди иқтисодии Русияро ба сатҳи соли 1941 расонд ва дар соли 1953 иқтисодро ду баробар сохт ва кишварашро ба дувумин қудрати иқтисоди ҷаҳонӣ мубаддал сохт. Чизе, ки дар таърихи башар собиқа надошт.

Аммо Путин кишвареро ба даст овард, ки кадри кофӣ аз даврони Шӯравӣ дошт. Бахши бузурги иқтисодӣ низ мавҷуд буд. Вале дар 20 сол натавонист Русияро ба як ҷуғрофияи пурҷозибаи иқтисодӣ табдил кунад. Бахши бузурги иқтисоди Русияро манобеъи энергетикӣ ва маводи нимасанъатӣ ташкил медод. Ҳатто комплекси низомии санъатии он на шабеҳи даврони Шӯравӣ буд ва на ҳам ба монанди Амрико ва ҳатто Фаронса.

Бо чунон вазъият вай хост ба рӯёрӯӣ бо Ғарб биравад, вале истодан дар баробари Ғарб бо абзори ғарбӣ мунҷар ба шикасти ҳатмиаш мешуд, зеро тақобули Исталин бо Ғарб ношӣ аз мавозеъи идеологии вай ба ҳайси бадили антикапиталистӣ буд. Путин дар ду се соли ахир капитализми Ғарбро ба гунаи сатҳӣ интиқод мекард, вале кишвараш ба ҳамон роҳ равон будааст.

Ду ғариза дар мотаҳтишуури Путин аз даврони Шӯравӣ ҳамл мешавад: яке ғарбситезии мутаассир аз асри Шӯравӣ ва дигар сармояситезии бидуни доштани диди равшан аз он.

 Мавзӯъи ғарбситезии Путин реша дар таърихи Русия дорад, ки табйини натсионализми русӣ аст. Тасодуфӣ нест, ки дар Ғарб аз вай бо ғулув як чеҳраи натсионалисти русро тарсим мекунанд.

Путин бо чунон сифот, ки бештар оппортунистӣ будааст, хост ба танҳоӣ даст ба ҷарроҳии муносиботи геополитикии ҷаҳон бизанад, ки ҷанги Украина авҷи он аст. Ин, ки Ғарб барои баландпарвозиҳои вай доми бузург дар майдони Украина паҳн кард, ҳоло ҳеҷ ҷойи шак боқӣ намондааст.

Ғарб ба василаи сутуни панҷуми қавиаш дар Кремл ва тамоми сутуҳ дар саросари Русия хуб медонад, ки бояд Путинро бо тасаввури Русияи бузургаш мутобиқи стратегияҳои Брзежински поён диҳад.

Ҷанги Украина дақиқ шабеҳи ҳамон сенарияи ҷанги Кувайти Саддом Ҳусайн аст. Мунтаҳо бо як тафовут, ки дар Ироқ Амрико ва муттаҳидини он ҳамлаи мустақим намуданд, вале дар Украина ҷанги ниёбтиро то муддате ба пеш мебаранд, ки дер ё зуд мунҷар ба таҳоҷуми мустақими онҳо шавад. То ба ҳол Ғарб хеле хуб медонист, ки Путин тамоюл ба ҷанг надорад ва пайваста мехоҳад бо Амрико ва Ғарб муомила кунад.

Аммо вақте ҷанг оғоз шавад идеологияҳо мемиранд ва сирф натсионализм қад мекашад.

Дар Русия низ Путин ҷангро оғоз кард, вале ҳамзамон ҷини натсионализми русиро аз бутал хориҷ сохт. Акнун Русия ба суръат ба сӯи натсионализм дар ҳаракат аст. Путин рӯз то рӯз аз як чеҳраи пурқудрат ба як муҷрии хостҳои натсионалистҳо мубаддал мешавад. Мавзӯъи буду набуди Русия ба дасти низомёнест, ки дар чеҳраи генерал Суровикин таҷассум меёбад.

Милитаризм ва реваншизми русӣ рӯз то рӯз ба гуфтумони умумӣ дар Русия дар ҳоли табдил шудан аст. Путин ё бояд ҳам дар дохил ва ҳам бурун қотеъ амал кунад ва ё ҷояшро ба милитаристҳои натсионалист хоҳад дод ба вежа, ки пирӯзии Ши Ҷин Пинг дар Чин таъсири бузург барои тағйири афкори сиёсии русҳо дар масири баргашт ба назарияҳои Исталинро тақвият мекунад.

Русия обистани инқилоби натсионалистӣ аст - ё аз боло ба поин ва ё ҳам аз поин ба боло!


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!