Хабари рӯз

Ёде аз рӯзҳои талхи Шимолӣ ва сояи сангини интиқоми гурӯҳи Толибон

Манбаъ: гузориши ихтисосии хабаргузории “Бозгашт”

Матлаби аслӣ: افغان‌سازی: ۱۰ اسد ۱۳۷۸ (۲ اوت ۱۹۹۹)

Гурӯҳи таҳқиқи “Бозгашт”: Моҳи асад/мурдод (23 июл - 22 август) дар ҳофизаи таърихии мардуми шимоли Афғонистон, бавежа сокинони Кӯҳдоман, Парвон, Кописо ва Панҷшер, на ёдовари тобистон, хирман ва мева, балки тадоъигари оташ, кӯчи иҷборӣ, гуруснагӣ, қатл ва ҷиноёти созмонёфтаест, ки дар соли 1378 (1999) ба дасти гурӯҳи Толибон ва ҳампаймонони хориҷии онон рақам хӯрд.

Дар ҳоле ки тақвими Афғонистон пас аз 26 сол, дубора ба моҳи асад/мурдод расида, хотираи он фасли торик ҳамчунон бо сукути талх бар мардумони ин сарзамин ҳоким аст; Ҳамон сенарияи гузашта ва саркӯбгарона бори дигар дар ҳоли иҷрост.

Дар даҳаҳои гузашта, Шимолӣ борҳо мавриди ҳуҷуму куштори ҳадафманд қарор гирифтааст. Дар таърихи ин сарзамин ду фоҷиа барҷаста ва фаромӯшношуданӣ ҳастанд; Аввалӣ, дар даврони истибдоди нодирхонӣ ва дувумӣ, сиёсати замини сӯхтаи гурӯҳи Толибон. Фоҷиаи нахуст, ки тавассути Муҳаммадгул Муҳманд, бо пайравӣ аз дастуруламали низомии мубтанӣ бар “сару мол” анҷом шуд, шомили эъдомҳои дастаҷамъӣ, зиндон, шиканҷа, табъид ва тахриби маконҳои фарҳангӣ ва таърихии ин сарзамин буд. Мавриди дувум, ки гурӯҳи Толибон онро анҷом доданд, идомаи ҳамон раванди нодирхонӣ буд, ки бо ҷиддияти тамом ва ҳатто душманӣ бо табиат ва заминҳои зироатии ин минтақа думбол гардид.

 

Иттифоқоти моҳи асад/мурдоди 1378

Дар моҳи асад/мурдоди 1378, Толибон пас аз шикастҳои мутаволӣ дар шимоли Кобул ва дарёфти зарботи сангин аз сӯи муқовимати мардумӣ, вориди давраи талофиҷуёнае шуданд, ки аз манзари ҳуқуқи байналмилал, мисдоқи боризи ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият хонда шуд. Улгуи эъмолшуда ба вузӯҳ мутаассир аз сиёсати “замини сӯхта” ва поксозии қавмӣ буд, ки ба ҳадафи нобудии зерсохтҳои ҳаётӣ ва ихлол дар инсиҷоми ҷамъиятии ин минтақа тарроҳӣ шуда буд.

Бар асоси иттилооти нашршуда дар нашрияи “Паёми муҷоҳид”, мавориди ҷиддии иртикоби ҷиноёт алайҳи ғайринизомён дар ҳамин моҳ сабт шудааст. Кӯчи иҷбории беш аз 400 ҳазор тан аз сокинони Шимолӣ, куштори дастаҷамъии ғайринизомён дар Багром, Хоҷа Сайёрон, Қалъаи Насру ва Боғи Арақ; Аҷсоде, ки дастбаста дар гӯрҳои дастаҷамъӣ кашф шуданд, нишон аз вуҷуди тасмимгирии мутамаркиз ва уқдамандона алайҳи мардумони ин сарзамин дошт. Оташ задани мазореъ, ҷангалҳо, тахриби таъсисоти обӣ ва кишоварзӣ, ки маишати минтақаро фалаҷ сохт ва сокинонро дар маърази қаҳтӣ ва ноамнии ғизоии шадид қарор дод. Эҷод кампҳои табъиди иҷборӣ дар Ҷалолобод, ки амалан ба зиндонҳое барои тазъифи ҳувияти ҷамъии табъидшудагон бадал шуданд, бахше аз иттифоқоти ногувор ва фаромӯшношуданӣ барои бошандагони Шимолӣ ҳастанд, ки ҳамасола бо фаро расидани даҳуми моҳи асад (2 август), хотироти талхи зиндагиашонро тоза месозад.

 

Аз нафратпарогании қавмӣ то саркӯбҳои созмонёфта

Китоби “Сақовии дувум”, ки дар соли 1377 ба забони пашту мунташир шуд ва сипас ба забони форсӣ тарҷума гардид, бо навиштани матни ошкор ба тарвиҷи проекти поксозии қавмӣ дар шимоли Афғонистон пардохтааст. Ин китоб, ки ҳамзамон бо ҳокимияти даври нахусти гурӯҳи Толибон ва рафторҳои саркӯбгаронаи онон дар Шимол навишта шудааст, нависанда хостори ускони қабоили ҷанубшарқӣ ва ҷанубӣ дар арозии Шимолӣ ва тахлияи комили Панҷшер аз сокинони аслии он аст. 

Огоҳон мегӯянд, матни навишташуда дар ин китоб заминасози проекте шуд, ки гурӯҳи Толибон дар асад/мурдоди 1378 онро иҷроӣ карданд ва ҳамчунон дар ҳоли иҷро аст. Ба гуфтаи коршиносон, ҳамзамонии интишори ин китоб бо ҷиноёти гурӯҳи Толибон дар Шимол, сиёсати идеологӣ, ривояти нафратсоз ва амалкарди майдонии ин гуруҳро тақвият кард ва аз чеҳраи аслии сиёсати онон дар Шимол парда бардошт.

 

Такрори таърих дар чархиши хашинтар

Ҳамзмон бо ҳокимияти гурӯҳи Толибон дар асад/мурдоди 1400 бар Афғонистон, Шимолӣ бори дигар ба тасарруфи ин гуруҳ даромад. Аъзои Толибон бо пайгирии уқдаҳои гузашта ва рӯйкрдҳои интиқомҷӯёна, бо сокинони ин манотиқ бо суизанн ва хушунати бештар рафтор мекунанд. Зиндониён ва шиканҷашудагони гурӯҳи Толибон дар наздик ба чаҳор соли гузашта бештар аз ҳамин манотиқ ҳастанд, зеро хотираи муқовимати мардуми Шимолӣ ҳанӯз дар зеҳни аъзои ин гуруҳ зинда аст.

Ҳол бо саркӯб ва хушунат талош мекунанд ҳар гуна муқовимат ва нигоҳи озодихоҳонаи мардумиро қабл аз шаклгирӣ саркӯб кунанд. Дар канори ин, тарвиҷи афкори ифротӣ миёни бархе афрод дар Шимол, заминаи онро фароҳам карда то аъзои гурӯҳи Толибон ба роҳатӣ контроли худро дар ин минтақа тасбит кунанд.

Рӯйкардҳои интиқомҷӯёнаи гурӯҳи Толибон нишон медиҳанд, ки онон на танҳо ба унвони як гурӯҳи низомӣ, балки ба унвони омили аслии таҳкими таассуботи қавмӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Шимол амал кардааст. Рӯйкардҳои хушунатҷӯёнаи онҳо, бавежа аз даҳуми мурдоди соли 1378 оғоз шуд ва акнун ёдовари торикиҳои бепоёни таърихи ин сарзамин аст.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!