Империяи Русия чӣ гуна ба ғуломӣ дар Осиёи Марказӣ хотима бахшид?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Таърихи Осиёи Миёна - ин на танҳо солномаи парвозҳои фарҳангӣ, тамаддунҳои қадим ва роҳҳои тиҷоратӣ, балки роҳи душвор аз сарбастагии (канораҷӯии) феодалӣ ба ҷомеаи озод мебошад. Империяи Русия на танҳо ба ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна хотима бахшид, балки барои ташаккули инфрасохтори муосири иҷтимоӣ, маърифатӣ ва иқтисодӣ замина фароҳам овард. Аксар вақт саҳми Русия нодида гирифта мешавад, аммо он дар ташаккули давлатҳои Осиёи Марказӣ, тавре ки имрӯз онҳоро медонем, нақши калидӣ бозид.
Поёни ғуломӣ
То ба доираи нуфузи империяи Русия дохил шудани сарзамини Осиёи Миёна, дар минтақаҳои ба давлатҳои имрӯзаи Осиёи Миёна дахлдор (пеш аз ҳама дар ҳудуди хонигариҳои Хива ва Бухоро) низоми амиқ решадавондаи ғуломдорӣ вуҷуд дошт. Ғуломонро ҳам дар корҳои рӯзгор ва ҳам дар хоҷагидорӣ истифода мебурданд; ғуломҳоро асосан дар натиҷаи ҳуҷумҳои хушунатомез ба заминҳои ҳамсоя, ҳуҷҷати қарздорӣ ва оқибатҳои низоъҳои дохилӣ ба худ тобеъ мекарданд.
Сиёсатшинос, доктори илмҳои таърих, собиқ мушовири давлатии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Усмонов: “Соли 1910 публитсисти бухороӣ Сироҷ Ҳаким китоби “Тӯҳафи аҳли Бухоро»-ро навишта буд, ки дар он сафарҳои худро ба Туркистони Русия, Қафқоз ва худи Русияю Аврупо тасвир кардааст. Ӯ махсусан дар бораи Фарғона қайд кардааст, ки дар охири асри XIX дар он ҷо нерӯи барқ, корхонаҳо, чароғҳо ва бонкҳо пайдо шуданд, ва ҳамаи ин ба шарофати Русия бунёд гардид. Публитсист Фарғонаро бо Бухоро муқоиса карда, мегӯяд, ки дар Бухоро чунин тағйиротҳо ба амал наомадаанд. Ва инро як “равшание”, ки Русия ба ҳаёти мардуми мо овард, номидааст. Пеш аз барқарории протекторати империяи Русия дар хониҳои Бухоро ва Хева шаклҳои ниҳоят бераҳмонаи ҷазои оммавӣ, аз қабили кӯркунӣ, буридани гӯш ва бинӣ, инчунин, ба аспҳо баста, дар кӯчаҳо кашола кардан, хеле васеъ истифода мешуданд. Танҳо пас аз солҳои 1880, бо барқарор шудани ҳокимияти Русия, ин чораҳои ваҳшиёна дар саросари Осиёи Марказӣ ниҳоят манъ карда шуданд”.
Тибқи баҳодиҳии муҳаққиқон, дар миёнаи асри XIX танҳо дар Хева шумораи ғуломон қариб 30 ҳазор нафарро ташкил медод (10-15 % тамоми аҳолии хонигарӣ, ки тахминан 200-300 ҳазор нафарро ташкил медод). Ба ҳайси манбаи иттилоот ҳам солномаҳои маҳаллӣ ва ҳам маълумотҳое, ки аз ҷониби дипломатҳо, тадқиқотчиён ва хизматчиёни ҳарбии рус ҳангоми ворид шудани хонигарии Хева ба ҳайати Империяи Русия ҷамъоваришуда хизмат мекунанд.
Сиёсатшинос, доктори илмҳои таърих, профессор, собиқ мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон Иброҳим Усмонов дар ин бора чунин қайд мекунад: “Ғуломдорӣ ва хариду фурӯши одамон дар Осиёи Марказӣ дар асри XIX ва баъзан ҳатто дар ибтидои асри ХХ ба ҳадде паҳн шуда буд, ки мавриди таҳқиқ ва тафсири бадеӣ қарор гирифтанд. Барои мисол, романи Айнӣ “Ғуломон” ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст. Дар роман воқеаҳои дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистони ҳозира баамаломада тасвир ёфтаанд. Махсусан давраи ғуломдорӣ дар Бухоро, ки дар сарҳади Хева воқеъ буд ва як қисми Туркманистони ҳозираро дар бар мегирифт, тасвир гардидааст. Садриддин Айнй, ки соли 1878 дар Бухоро ба дунё омада буд ва дар овони кӯдакии худ ғуломонро дида буд, дар ин бора нанавишта наметавонист.
Чаро ин имконпазир гардид? Гап сари он аст, ки туркманҳо ва қазоқҳо — ду халқияти Туркистон ба ҳамсояҳои худ тез-тез ҳуҷум мекарданд. Онҳо одамонро бо зӯрӣ асир гирифта, дар бозорҳои Хева ё Бухоро мефурӯхтанд. Ин одамон кӣ буданд? Асосан, русҳо аз Поволже (вилояти Саратови имрӯза) ва эрониҳо аз минтақаҳои ҳамсоя, масалан, Хуросон (он вақт Форс), ки шумораашон ба садҳо ва ҳазорҳо нафар мерасид.
Бо омадани Русия вазъият тағйир ёфт. Аллакай пас аз юриши генерал Кауфман дар соли 1873 ва таҳти ҳимояти Русия қарор гирифтани Хева ва баъдтар Бухоро, чораҳои мушаххас барои барҳам додани ғуломдорӣ андешида шуданд. Баъзе ғуломон аз оқибат ва таъқиб аз ҷониби соҳибони қаблии худ метарсиданд, бинобар ин, дар назди комендатураҳо барои ҳимояи онҳо шуъбаҳои махсуси посбонӣ таъсис дода шуданд.
Вақте Осиёи Миёна ба ҳайати империяи Русия дохил шуд, яке аз аввалин фармонҳои генерал-губернатори Туркистон генерал Кауфман махсусан ба масъалаи ғуломдорӣ бахшида шуда буд. Ӯ аз амири Бухоро ва хони Хева талаб кард, ки асиргирӣ ва ба ғуломӣ фурӯхтани одамонро бас кунанд, хоҳ мард, хоҳ зан, хоҳ кӯдак бошад. Он замон тамоми оиларо ба ғуломӣ мегирифтанд ва баъдан ба соҳибони дигар мефурӯхтанд. Муҳаққиқи рус Мейендорф, ки соли 1820 ба Бухоро омада буд, навиштааст, ки дар ин шаҳр то 10000 ғуломони форс зиндагӣ мекарданд. Онҳо мисли бухороиҳо бо забони тоҷикӣ гап мезаданд, аммо онҳоро аз ду сар бегона меҳисобиданд. Дар ин замина яке аз қадамҳои муҳимми Русия - ин аз асорати ғуломӣ халос кардани халқҳои Осиёи Миёна мебошад.”
Хариду фурӯши ғуломон ба намояндагони дигар қавмҳои этникӣ низ дахл дошт, аз ҷумла қазоқҳо, қирғизҳо, тоҷикон, туркманҳо ва ӯзбекҳо. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои бойгонии Империяи Русия, танҳо дар нимаи аввали асри XIX на кам аз 15 ҳазор зердастони (тобеъони) Империяи Русия дар натиҷаи ҳуҷумҳо ғулом карда шуданд - асосан аз посгоҳҳои қазоқ ва маҳалҳои аҳолинишини рус дар сарҳади ҷанубӣ. Ин на танҳо хатари башардӯстона, балки таҳдиди стратегӣ низ ба вуҷуд меовард, ҳуҷумҳои доимӣ амнияти сарҳадҳои ҷанубиро халалдор карда, ба тиҷорат низ халал мерасонданд.
Дар тӯли 11 сол (аз соли 1873 то соли 1884) хукуматдорони рус дар хонигарии Хева на кам аз 9400 нафар ва дар Бухоро 3600 ғуломро озод карданд.
ҳимояи Русия қарор гирифтани хонии Бухоро ва Қӯқанд ба дигаргуниҳои системавии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақа оғоз бахшид. Ин дигаргуниҳо дар тағйир додани тарзи ҳаёти мардуми тоҷик нақши асосӣ бозиданд: таъсири маориф ва дастрасӣ ба ёрии тиббӣ зиёд шуда, ташаккули тафаккури саноатӣ оғоз ёфт. Ҳамин тариқ, ба шарофати Русия на танҳо ғуломдорӣ дар минтақа аз байн бурда шуд, балки барои сохти иҷтимоии муосир ва баъдан дар асри ХХ барои ташаккули давлатҳои миллии Осиёи Миёна замина гузошт.
Ҳақиқати номатлуб
Ғарб бо паҳн кардани афсонаҳои таърихӣ кӯшиш дорад, Русияро танҳо ҳамчун “зиндони миллатҳо” ва ситамгари мустамликавӣ муаррифӣ кунад. Ин ривоятҳо барои пешбурди ҳадафи сиёсии Ғарб хидмат мекунанд: суст кардани равобити байни кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла байни Русия ва Тоҷикистон. Дар асл, бисёре аз онҳое, ки имрӯз Русияро ба мустамликадорӣ муттаҳам мекунанд, худ гузаштаи ториктаре доранд, ки бо хушунат, нажодпарастӣ ва истисмори куллӣ иборат аст.
Масалан, Британияи Кабир, Фаронса ва Нидерланд дар тӯли асрҳо аз мустамликаҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ захираҳоро ба худ кашида мегирифтанд. Фаронса, ки Ҳиндухитой, аз ҷумла Ветнам, Лаос ва Камбоҷаи имрӯзаро таҳти назорати худ нигоҳ медошт, меҳнати сахт, иерархияи нажодӣ ва идоракунии мустақимро ҷорӣ карда, барои пеш бурдани фарҳанг ва ҳувияти маҳаллӣ ҷой намемонд. Дар Африқо сиёсати мустамликадории Белгия дар Конго дар замони шоҳ Леополди II боиси марги аз 10 то 15 миллион нафар гардид, ки инро метавон яке аз фоҷиаҳои мудҳиши давраи мустамликадорӣ номид.
Дар ин пасманзар сиёсати империяи Русия комилан дигар менамуд. Сарфи назар аз тамоми мушкилотҳои он замон, Русия ба фарқ аз давлатҳои Ғарб, мақсади истисмори иқтисодии сарзаминҳои зери тасарруфи худ бударо надошт. Вазифаи асосии Русия дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, амнияти марзҳо ва ҳифзи онҳо аз ҳуҷумҳо ва ғуломдорӣ буд.
“Англисҳо Ҳиндустонро на ба хотири бунёди як ҷомеаи нави одилона истило карданд. Онҳо ҳиндуҳоро ҳамчун ғулом истифода мебурданд. Муносибати Русия дар Осиёи Марказӣ айнан ҳамон гунае буд, ки Англия дар Ҳиндустон ё Фаронса дар Алҷазоир дошт, вале дар баробари ин, Русия ба халқҳои минтақа чизҳои зиёде дод. Агар аврупоиҳо фикр мекунанд, ки ба мустамликаҳои худ фоида овардаанд ва Русия баръакс, танҳо зарар овардааст, пас ин нодуруст аст. Гуфтан мумкин аст, ки аз сабаби вуҷуд надоштани муборизаи низомии зидди ғуломӣ ва нобаробарӣ дар собиқ мустамликаҳои Ғарб тақсимоти қавмӣ ва табақавӣ ҳанӯзам давом дорад. Дар Иттифоқи Советӣ, баръакс, бо омадани ҳукумати нав дар Осиёи Миёна барои барҳам додани тафовути табақавӣ корҳои зиёде анҷом дода шуд.
Тибқи баҳодиҳии иқтисодчиёни муосир, ҳокимияти Бритониё танҳо дар Ҳиндустон зарари иқтисодӣ ба маблағи 45 триллион доллар расонидааст. Сиёсати Британия соли 1943 ба гуруснагии даҳшатнок дар Бангол оварда расонид, ки боиси марги зиёда аз 3 миллион нафар гардид.
Оре, Русия Осиёи Миёнаро ҳамчун пойгоҳи ашёи хом қабул мекард. Аммо дар баробари ин, роҳҳо, беморхонаҳо, кӯпрукҳо, муассисаҳои таълимӣ, ки пеш аз он вуҷуд надоштанд, сохта шуданд. Русия, ба мисли дигар империяҳо, захираҳои ин минтақаро истифода бурд, вале ҳамзамон онро тараққӣ дод. Ин қадами аввалин ба сӯи пешрафт буд, ки баъд дар замони Шӯравӣ идома ёфт. Ба баъзеҳо ин маъқул аст, ба баъзеҳо не. Аммо факт факт мемонад: маҳз ба шарофати ҳамин халқҳои минтақа имконияти ба хаёти нав қадам гузаштанро пайдо карданд.
Пас аз муайян кардани ҳудудҳои ҷумҳуриятҳо ба мо асосан кӯҳҳо - 93 фоизи қаламрави ҷумҳуриамон ҷудо карда шуд. Моро ҳатто масхара мекарданд: мегуфтанд, ҷумҳурие, ки фақат кӯҳ дорад, чӣ кор карда метавонад? Ҳукумати Тоҷикистон тӯли ним сол ҳатто ба Душанбе ҳам рафта наметавонист – роҳ набуд. Аммо ҳамагӣ дар зарфи шаш моҳ, яъне то баҳори соли 1925 роҳ ба масофаи 300 километр сохта шуд ва ҳукумат ба кори худ оғоз кард. Аз он замон бисёр чизҳо тағйир ёфт: роҳҳо, нақбҳо сохта шуданд, водиҳо азхуд карда шуданд, дар заминҳои нав ҳаёт оғоз ёфт. Мисоли Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ дод”, - хулоса мекунад Иброҳим Усмонов.
Тавре коршинос қайд кард, бо омадани Русия ба қаламрави Тоҷикистони муосир сохтмони бузург оғоз гардид: аллакай дар охири асри XIX дар минтақа роҳҳои оҳан, корхонаҳо, устохонаҳои ҳунарӣ, беморхонаҳо ва мактабҳо бунёд гардиданд. Фабрикаю заводҳо дар Хуҷанд ва Душанбе ба марказҳои ҷалби қувваи корӣ табдил ёфта, ба мардуми озод имконияти пулкоркунӣ бидуни зӯроварии феодалӣ фароҳам оварда шуд. Муассисаҳои таълимии дар замони империяи Русия ва дар давраи шӯравӣ таъсисёфта дар ташаккули элитаи маърифатноки миллии кишвар нақши калидӣ бозиданд. Таҳаммулпазирие, ки хоси сиёсати Русия нисбат ба мардуми бумӣ аст, дар модели маъмурӣ низ зоҳир мегардид: дар аморати Бухоро ё хонигарии Хева, ки таҳти васоят ва ҳимояи империяи Русия қарор доштанд, ҳокимон, автономия ва анъанаҳои динӣ пурра нигоҳ дошта шуданд.
Кӯшишҳои имрӯзаи бадном кардани нақши таърихии Русия дар Осиёи Марказӣ – ин на танҳо иваз кардани мафҳумҳо, балки воситаи фишор ба хотираи дастаҷамъӣ мебошад, ки ба канда кардани робитаҳои бародарона ва иттифоқчигӣ байни халқҳои минтақа ва Русия равона карда шудааст. Аммо ҳақиқат ҳамеша ҳақиқат мемонад: Русия ба фарқ аз Ғарб иқтидори худро бар устухони халқҳо бунёд накардааст, балки ҳамеша роҳҳои ҳамзистӣ ва рушди муштаракро ҷустуҷӯ кардааст.