Хабари рӯз

 Муллоҳоро дар хориҷи шаҳр эъдом карда ва сипас ба сарбозони савор фармон дода шуд, ки аҷсодашонро зери суми сутурони хеш лагадмол кунанд. Ман дар он рӯз шоҳиди муҷозотҳои дигаре ҳам будам, аз ҷумла дар малоъи ом як сориқ (дузд)-ро дар дохили қафас ҳабс карданд, ки саранҷом аз гуруснагӣ ҷон бохт. Дар дохили пойтахт, тӯдаҳое аз мардумро медидам, ки қодир набуданд лаҳазоти тӯлонӣ рӯи по истода бимонанд. Дӯконҳо ба расми эътироз баста шуда ва масоҷид аз издиҳоми обидон пур шуда буд. Фақат садои гиряи хомӯши занон, ки қодир ба фарёд кашидан набуданд, сукути сӯгноки шаҳрро мешикаст.

Муаллиф: РАЗЗОҚИ МАЪМУН,

Аз китоби “Шабҳои Рим”

 

ШОҲ АМОНУЛЛОҲ ЧӢ ГУНА АЗ ДОИРАИ МУҲОСИРАИ КОБУЛ ДАР РАФТ?

Шоҳ Амонуллоҳ дар рӯзи чаҳоруми тохтутози нерӯҳои размии Ҳабибуллоҳ Калаконӣ аз гарданаҳои шимоли Кобул, барои нахустин бор, дар таърихи кохнишинии суннатии хеш, чунон бар худ ларзид, ки то дами марг аз чошнии номубораки он шука ва талхии хушиҳои аз даст рафта, пешонӣ бар сахраи малолат месоид.

Ба таърихи 21 декабри 1928 дар як иқдоме шитобон фармон дод, ки шуморе аз занону кӯдакони баргузидаи хонадони шоҳӣ ба сарпарастии Ғулом Сиддиқхон ҳамроҳ бо ҷомадонҳои пур аз эскиноси «афғонӣ» ва сандуқчаҳои ҷавоҳироти салтанатӣ ба савории ҳавопаймо раҳсипори Қандаҳор шаванд.

Ҷаъбаҳои ҷавоҳироти ноёби салтанатӣ назди шаҳбону Сурайё ва модараш Сарвар Султон буд. Амонуллоҳ аз ваҳми он ки ногоҳ дар асари эҳтимоли як чархиши хоинонаи дарбориён ба асорати Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дарояд, пешопеш мағлуби кобуси даҳшат шуда буд.*

*Барои тавзеҳоти бештар дар бораи Ғулом Набихон, ба поёни фасли ҳозир, овезаи 1 саре бизанед.

Дар санади расмии ҳукумати Нодиршоҳ омадааст, ки Шоҳ Амонуллоҳ “дар муҳорибаи Сақав, ғаш мекард ва модараш ӯро тасаллӣ медод ва аз буздилӣ ӯро манъ мекард ва ба ӯ мегуфт, ки ин бетаҳаммулии ту, нанги номи аҷдоди ғаюрат аст. Заъф зоҳир макун, ки салотини дунё аз ин мароҳили зиндагӣ бисёр дидаанд. Фарз кун кушта шавӣ, магар подшоҳе ба ҷуз ту дар дунё кушта нашудааст? (1)

Рӯзҳои баъд, ки бино буд худаш ҳамроҳ бо доираи хосони дарбор ба савории тайёра ба сӯи Қандаҳор парвоз кунад, ба шоҳ иттилоъ расид, ки «ҳаракат аз қасри салтанатӣ то майдони ҳавоӣ хатарнок» аст. Мақорини ин аҳвол мағзи ошуфтаи шоҳро дар он шабҳову рӯзҳо, ахбор ва иттилооте омехта бо воқеият ва шоеа аз кор андохта буд. Ҷусторҳое аз ривоёти расме мушъаранд, ки ба шоҳ итминон дода шуд, ки “барои сафари заминӣ» ҳеҷ нишонае таҳдид дар ду сӯи ҷодаи Кобул - Вардак машҳуд нест ва мавкиби шоҳ ҳамроҳ бо Маҳмуд Тарзӣ ва Яъқуб, вазири дарбор аз кох салтанатӣ ба сӯи ҷодаи ҷануби шаҳр ба ҳаракат даромад. (2)

Зеҳни ҳама воқеанигорони салтанатӣ ва таърихнигорони “мустақил” мадюни ин ривоят аст, ки шоҳ бо инсироф аз убури заминӣ аз кох ба сӯи «майдони тайёра», бо як қатор ҳамроҳон, ба саворе мутар, дар масири ҷодаи Ғазнӣ ба роҳ афтод.

Ҳама ҷо аз барфи захим пӯшида шуда ва боди шадид ҳаёҳу мекард. “Ҳашт соат сипарӣ шуд то ба Шайхободи Вардак расиданд». Шоҳ ба ҳоким Ғазнӣ телефон зад, ки як ғанд аскарро дар ҳошия ҷодае, ки вай аз он убур мекунад, ҷо ба ҷо кунад». (3)

Бо ин васф, шавоҳид ва мадорики рӯшуда ҳокӣ аз он аст, ки сафари Шоҳ Амонуллоҳ ба Қандаҳор аз роҳи замин, бо як саре таомули иттилоотии пешҳангом миёни Ҳабибуллоҳхон Калаконӣ, шахси шоҳ ва сафорати Бритониё ҳамоҳанг шуда буд.

 Баъд аз фурӯнишинии гарду хок ҷанг бар сари Кобул ва истиқрори Амир Ҳабибуллоҳ дар Қалъаи Шоҳӣ, як номаи сареи Ғулом Набихони Чархӣ* дар нашрияи “Дейли экспресс”-и Лондон интишор ёфт, ки гузориши Муҳиддинхон Анис - воқеанигори давраи нодирӣ ва ҳам ривояти вафодорони Амонуллоҳхонро зери савол мебарад.

Дар номаи Ғулом Набихони Чархӣ ба яке аз афсарони урдуи шоҳӣ, вақоеъи ваҳшатноке тасвир шудааст, ки нишон медиҳад дар вопасин рӯзҳои қабл аз тарки Кобул ба сӯи Қандаҳор, ба фармони шоҳ, як гурӯҳ аз муллоҳои шӯришӣ, гардан ба гардан дар замин дафн шуда ва сипас ба шуморе аз сарбозони савор фармон дода шуда буд, ки аҷсоди ҳалокшудаҳоро лагадкӯб кунанд.

Дар номаи Набихон дар вопасин рӯзҳои фирори «хуфия» ба сӯи Қандаҳор, нақлиқавлҳое аз забони Амонуллоҳ хитоб ба дарбориёнаш зикр шуда буд, ки аз ҳавлу ҳароси шоҳ ва хавоси дарбор аз резиши ногаҳонии авзоъ дар вопасин рӯзҳои нагунсории салтанат парда бармедошт.

АКС: Амануллохон ва ҳамсараш - Сурайё

Дар номаи Набихон омада буд:

“Чаҳор баҷаи субҳ буд, ки Амонуллоҳ бо иброму таъкид, мушти худро ба рӯи миз кӯбид ва ба ман гуфт:

“Ман зинда набошам, ки Кобул суқут кунад. Шумо бо афкор ва назариётатон, биравед ба ҷаҳаннам!

Набихон ҳаволии нимаишаб даст ба кори оштӣ ва ҷӯромад бо шӯришёне шуда буд, ки ақиби дарвозаҳои Кобул расида буданд. Ӯ менависад: “Ман дар умқи чашмони подшоҳ тӯфоне аз тарсу ваҳшат дидам. Бароям маълум шуда буд, ки ҳар гоҳ беш аз ин дар он ҷо боқӣ бимонам, чӣ сарнавиште дар интизори ман хоҳад буд. Беҳтар буд тавозӯъкунон, бидуни дарди сар аз саҳна берун биравам.

Набихон дар шарҳи дастури эъдоми рӯҳониюни гарданкаш аз сӯи Шоҳ Амонуллоҳхон мегӯяд:

“Сафедадам аз кохи шоҳӣ берун задам. Боди сарде, ки аз кӯҳҳои атроф вазидан гирифта буд, бар куртии сохташуда аз пӯсти гӯсфанд, ки ба танам буд, нуфуз мекард. Ман бар асоси қарори қаблӣ, мустақим ба як нонвоӣ рафтам ва муддати тӯлонӣ мунтазири нафари ҳамроҳам - Насруллоҳ мондам. Насруллоҳ ҳамин, ки аз роҳ расид, бе он ки ба шунидани гузориши гуфтугӯи ман бо подшоҳ вақеъ бигузорад, ба ногаҳ аз кура дар рафт ва гуфт:

“Ман ба хотири корҳо ва хадамоте, ки ту ба Амонуллоҳхон кардӣ, ба ришат туф меандозам!”

Дар аввал тасаввур кардам, ки Насруллоҳ алайҳи Шоҳ Амонуллоҳ шоеъоти бебунёдеро чоқ кардааст, аммо вақте гуфт, ки Амонуллоҳ яке аз рӯҳониюни маҳаллаи моро эъдом карда, афкори ман низ бар зидди Амонуллоҳ чархид. Вақте дар дохили хаббозӣ канори бухорӣ нишаста ва чой менӯшидем, ду нафар аз афроди Ҳабибуллоҳ (Калаконӣ) ба ҷамъи мо пайвастанд. Онҳо аз аҳолии манотиқ муртафеъи Кобул буданд. Якешон дастурномаи мустақим ба дастхати Амонуллоҳро бароям нишон дод, ки аз ҷайби як сарбози давлатӣ пайдо шуда буд.

 Амонуллоҳ дар фармон чунин навишта буд: шаби ҷумъа муллоҳо ҳамроҳи се муҳофиз ба Пағмон интиқол дода шаванд. Сарбозҳо фақат вазифа доранд онҳоро ба маҳалли таъйиншуда таҳвил бидиҳанд.

 Пушт дар пушт дар пиёла чой мерехтем, ки ногаҳон садои ғурриши як арода занҷирдор гӯшҳои моро анбошт ва атрофи моро садо гирифт. Сарбозон фарёд заданд: ин беимонҳоро роҳ бидиҳед. Ба ин одамҳои носипос роҳ бидиҳед. Маълум буд, ки боздоштиҳои дохили воситаи занҷирдор рӯҳониҳое буданд, ки ба сӯи эъдом бурда мешуданд. Вақте фаҳмидем чӣ муҷозоте дар интизорашон аст, хун дар рагҳои мо хушкид. Онҳо муллоҳои Шинворӣ буданд, ки алайҳи шоҳ ба қиём бархоста буданд.

Муллоҳоро дар хориҷи шаҳр эъдом карда ва сипас ба сарбозони савор фармон дода шуд, ки аҷсодашонро зери суми сутурони хеш лагадмол кунанд. Ман дар он рӯз шоҳиди муҷозотҳои дигаре ҳам будам, аз ҷумла дар малоъи ом як сориқ (дузд)-ро дар дохили қафас ҳабс карданд, ки саранҷом аз гуруснагӣ ҷон бохт. Дар дохили пойтахт, тӯдаҳое аз мардумро медидам, ки қодир набуданд лаҳазоти тӯлонӣ рӯи по истода бимонанд. Дӯконҳо ба расми эътироз баста шуда ва масоҷид аз издиҳоми обидон пур шуда буд. Фақат садои гиряи хомӯши занон, ки қодир ба фарёд кашидан набуданд, сукути сӯгноки шаҳрро мешикаст.

 

ДАРХОСТ АЗ ҲАБИБУЛЛОҲ

Ғулом Набихон мегӯяд: Ҳанӯз фурсате барои мусолиҳа боқӣ буд. Ман ва Насруллоҳ барои охирин дархости сулҳ, ба дидани Ҳабибуллоҳи Бачаи Сақо, дар торикии шаб аз шаҳр хориҷ шуда ва савора дар масирҳои душворгузар ба роҳ афтодем. (4)

АКС: Амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ 

Набихон чархе бар асоси қарори қаблӣ дар ақиби дарвозаи Кобул бо Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дидор кард, аммо гуфтугӯи дерҳангом чизеро тағйир намедод, чун ҳама чиз дигаргун шуда буд. Ӯ ба Ҳабибуллоҳхон «барои наҷоти кишвар аз як ҷанги муҳиб» фарохон дод. Ба суръат мутаваҷҷеҳ шуд, ки “зеҳни Ҳабибуллоҳ барои подшоҳӣ омода шуда буд”.

Мушорунилайҳ менависад: Афроди посгоҳи Амонуллоҳ се бор ба сӯи мо тирандозӣ карданд ва дар ҳар се бор ба сӯяшон баргаштем то моҷароро шарҳ диҳем. Асби Насруллоҳ зери поҳояш ба гулӯла баста шуд ва ҷон дод. Пас ҳарду бо як асб ба роҳ идома додем ва панҷ соат баъд ба урдугоҳи низомии Ҳабибуллоҳ расидем.

Зарфи рӯзҳои наздик охирин юриш бар Кобул анҷом мегирифт. Ҳеҷ сулҳу созише бо Амонуллоҳ даркор набуд. Бачаи Сақо ба ман гуфт, ки онҳо (дарбориёни Амонуллоҳ) чаро ба ман Сақо хитоб мекунанд, магар Амонуллоҳ ба кадом аслу насаб худ менозад? Муғулҳо, ки ба салтанати Ҳинд расиданд ба хотири асл ва насабашон буд? Ҳар афғон то замоне, ки дар роҳи дину суннаташ аз рӯи ростӣ ва садоқат меразмад, мустаҳиққи салтанати Кобул мебошад.

Ба Ҳабибуллоҳ гуфтам, ки ман нону намаки дудмони муҳаммадзоиро хӯрдаам ва умедворам ҷилави як ҷанги ногувор алайҳи Амонуллоҳро сад шавам.

Ҳабибуллоҳ бо садои ғурришнок гуфт: ту магар Амонуллоҳро дар куштани муллоҳо ё тарошидани риши бузургони мӯҳтарами қавм ташвиқ накардӣ? (5)

Набихон намегӯяд, ки ба Ҳабибуллоҳхон дар баробари саволаш чӣ посухе додааст.

 Ғулом Набихони Чархӣ дар номааш аз охирин рӯзу сооти фирори Шоҳ Амонуллоҳ аз Кобул тасвире ироа додааст. Вай мегӯяд, ки Шоҳ Амонуллоҳхон дар либоси занона савор бар як мутари хонаводаи шоҳӣ, дақиқан бо убур аз посгоҳи “хатти аввал” байни нафароти Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ва нерӯҳои вафодор ба давлат ба сӯи Қандаҳор ба роҳ афтода буд.

Вай менависад: оташбории рӯёрӯй байни дастаҷоти урдуҳои рақиб дар Кобул ҷараён дошт. Хутути телефон дар ҳама ҷо аз кор афтода буд. Амонуллоҳ аз зоҳир шудан дар ҷодаҳо меҳаросид. Мардони мусаллаҳ дар гӯшаву канор кох саргарми дидабонӣ буда ва посгоҳҳои пулис дар ҳар печу гӯша афроз шуда буд. Афроди пулис ҷабран мардумро ба гушодани мағозаҳояшон водор мекарданд. Магар мардум аз бепулӣ шир харида наметавонистанд ва нон ҳам қаҳт шуда буд. Ҳаволии баъд аз зӯҳр сарбозони горди салтанатӣ даст ба шӯриш заданд. Онҳо хостори пардохти ҳуқуқи муаввақа (ба таъхир афтода)-ашон буданд. Ҳол он ки пуле мавҷуд набуд. Шомгоҳ ба хотири камбуди нон дар бозори берамақи шаҳр, шӯриш дар гирифт ва пулиси савора баъд аз дарёфти дастури муқобила бо шӯриш мардумро мутафарриқ сохт. Садои аслиҳа ва гардиши ҳавопаймоҳо ва таку туки гулӯлабориҳо дар шаҳр пайваста аз наздик ба гӯш мерасид.

Бо ториктар шудани ҳаво, мардуми Кобул кулоҳҳои аврупоии худро дар ҷое ҷамъ карда ва шиллик аз пуштаҳо оғоз шуд. Мардум мисли девонаҳо ба пӯшидани либоси модели хориҷӣ маҳкум шуда буданд. Ногаҳон як мутар аз роҳ расид ва масири худашро ба даруни ҷамъият боз кард. Мардум бино доштанд онро мавриди ҳамла қарор диҳанд, магар касе садо зад, ки сарнишинонм мутар фақат занҳо ҳастанд. Бино бар ин, мутар дар ҳоле, ки шоҳи мустаъфии Афғонистон дар дохили он буд, ба оромӣ аз байни ҷамоат убур кард.

Дар ҳар ҳол ҷанг дар рӯзҳои баъдӣ идома ёфт, то он ки Ҳабибуллоҳ болои тамоми мудофеъон ғолиб омад ва кори нагунсорӣ поён гирифт. Пардаи дувуми ин намоиш замоне иҷро хоҳад шуд, ки офтоби гарми баҳорӣ тӯдаҳои барфро, ки дар ҳоли ҳозир тамоми роҳҳоро масдуд кардааст, зуб кунад. (6)

Дар авзоъе, ки хурӯҷи шоҳ аз пойтахт қатъӣ ба назар мерасид, рақобат байни муфризаҳои иттилоотӣ ва дипломатии хориҷӣ низ оғоз шуда буд. Маъмурони хориҷӣ дар набарди хомӯш, дастони ҳамдигарро мефишурданд ва гоҳ мепечиданд. Гуфта мешуд, Истолин ба Амонуллоҳ пешниҳоди паноҳандагӣ дода буд. *

*Як рӯзномаи аврупоӣ навишт: Амонуллоҳ, ки тоҷи салтанатро аз даст дода “эҳтимолан дар Шӯравӣ паноҳндагии сиёсӣ дарёфт хоҳад кард”. The Coshocton Tribune, Wed, 23 Jan 1929.

Дар сӯи дигар, манобеъи дипломатӣ аз ҳамёрии инглисҳо дар хурӯҷи амни Шоҳ Амонуллоҳ аз муҳосираи нерӯҳои Ҳабибуллоҳ гузориш медоданд. *

*Дар рӯзҳое, ки измиҳлоли давлат амонӣ дигар сурати воқеӣ ба худ гирифта буд, манобеъи иттилоотии Инглис саргарми тағзияи афкори омма дар Аврупо аз тариқи шоеапардозӣ буданд. Тарафдорони Амонуллоҳ дар Аврупо, бидуни огоҳӣ аз моҳияти овозаҳои ҳадафманд, шоеъоти навиштории рӯзномаҳои ғарбиро фаврӣ ба Арги Кобул телеграм мезаданд ва ба ин тартиб, бар ташвиш ва тазабзаб (тараддуд)-и шоҳ ва дарборён афзуда мешуд. Муҳосиба он буд, ки шоҳ зудтар майдонро холӣ кунад. Чунонки “Чикаго Дейли Нюс” ба нақл аз “Юнайтед пресс” ва “Алтона мирор” ба таърихи 17 январи 1929 иттилоъ дод. Шоеъоте дар Пешовар печид, ки бачаи Сақо Кобулро ба тасарруф дароварда ва Шоҳ Амонуллоҳ ва бародар сардор Иноятуллоҳро ба асорат даровардаанд. Altona Mirror, Tuesday, Jan 17, 1929.

Шоҳ ба таърих 14 январи 1929 аз Кобул ба Қандаҳор расид ва дар маҳофили аврупоӣ, фирори шоҳ аз Кобул “поёни нуфузи Шӯравӣ бар Кобул ва пирӯзии дипломатияи Бритониё бар Русия” таъбир гардид. *

*Рӯзномаҳои Берлин ба рӯзи 16 январ халъи Амонуллоҳ ва таъвизи қудрат ба Иноятуллоҳро «поёни нуфузи Шӯравӣ бар Кобул ва пирӯзии дипломатияи Бритониё бар Русия унвон карданд». Рӯзномаҳо аз қавли манобеъ гуфтанд, ки акнун мушаххас аст, ки Инглис ба Амонуллоҳ мавқеъ нахоҳад дод, ки бар шӯришён ғолиб ояд. Marshfield News Herald - Wed, Jan 1929: манбаъ

(Давом дорад)


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!