Ҳамин хиёнати Наҷиб буд, ки урду ва низом аз ҳам пошид ва ҳар аскар ё афсаре ба хотири масуният силоҳи худро ҳар ҷо раҳо карданд, фирор карданд, ҳама чиз бесарнавишт... Наҷиб номардона ҳама чизро аз ҳам пошонд ва халои бузурги қудратро, ки ҳама шоҳиди паёмади он будем, ба вуҷуд овард, дар ҳоле ки ҳама чиз дар Кобул сари ҷояш буд
Муаллиф: генерал НАБӢ АЗИМӢ
Ҳамроҳи Осиф Диловар, Фаттоҳ ва Саид Аъзам назди дуктур Наҷиб рафтем. Баъд аз гузориш аз вазъият ба Наҷиб, ӯ пурсид, чаро дастаҷамъӣ назди ман омадед?
Ман гуфтам, дар Кобул шоеа аст, ки шумо қасди хурӯҷ аз кишварро доред, агар чунин қасде дошта бошед, хоҳиш мекунам қабл аз ҳар кас моро дар ҷараён бигузоред, то Худой нохоста, кадом ҳодисае рух надиҳад ва аз тарафи дигар, мо низ таклифи худро бидонем ва мутобиқи раҳнамунҳои қаблии шумо амал кунем.
Дуктур Наҷиб каме сурх шуд, аммо қотеъона изҳор дошт; "Руфақо, ба шоеъоти беасоси мардум бовар накунед. Ман то охирин мармӣ дифоъ мекунам ва то ҳангоме ки плони Милали Муттаҳид татбиқ нагардад, ман ҳеҷ ҷой намеравам. Ман аз шумо дар ин лаҳазоти ҳассос мехоҳам маро дилдорӣ диҳед ва аз ман дифоъ кунед. Шумо ҳам шоеасоз шудаед?
Мо ба ӯ итминон додем, ки мо дар каноратон то мармии охир меҷангем.
Аз он ҷо омада тамоми тартиботро гирифтам, фикр мекардам, шоеаи кӯча ва бозор воқеият надорад.
26 ҳамал:
Ҳусайн Бутсолӣ ва Бенин Сивонро* мулоқот кардам.
27 ҳамал:
8 субҳ манро дуктур Наҷиб назди худ хост ва гуфт, дирӯз Ҳусайнро мулоқот кардӣ?
Гуфтам, бале ва он чӣ байни мо рух дода буд, ҳамаро барои ӯ бозгӯ кардам.
Гуфт, ташаккур! Имрӯз Бенин Сивон бо худат мулоқот мекунад, қарор аст ило татбиқ шудани плони Созмони Милали Муттаҳид як Шӯрои низомӣ ташкил шавад. Худатро ба ҳайси раиси Шӯро дар назар гирифтаанд. Аъзои шӯроро бо худат машвара мекунам: ситргенерал Осиф Диловар, дагаргенерал Абдулфаттоҳ, дагаргенерал Абдулазем, дагаргенерал Сайидаъзам Саид, турангенерал Ғулом Форуқ, турангенерал Валӣ** ва аз ҷумла мухолифини генерал Дӯстум, генерал Ҳисом ва генерал Мӯъмин ба ҳайси аъзо дар назар гирифта шудаанд ва бар илова аз танзимҳо низ як-як нафар дар назар гирифта шудааст.
Ман гуфтам, дар мавҷудияти Шумо ин шӯро маънӣ надорад. Аз сӯе ҳам ҳама вузаро ҳозир нахоҳанд буд, ки истеъфо диҳанд, ҷуз ин ки кудато шавад ва дигар ин ки оё мухолифин аз мавзӯъ хабар ҳастанд?
Ӯ ин мавзӯъро ба намояндаи Созмони Милал ҳавола дод ва баъд гуфт: бино бар хоҳиши бюрои раисии иҷроияи Ҳизби Ватан, махсусан Барёлай, иҷоза додаам, ки ҷиҳати тақвияи қувватҳои шаҳри Кобул ва масунияти руфақо, чаҳор тайёра ба Мазор бираванд ва генерал Дӯстум бо руфақо ваъда кардааст, ки барояшон персунал (нерӯ) ба Кобул бифиристд. Бино ба ин ки сарбозони мазкур ба Кобул бирасад, худат онро зери назар дошта бош ва онҳоро аз майдони ҳавоии Кобул ба Чаҳор Осиёб ва ҳар ҷое, ки плон дошта бошӣ, бифирист.
Ман ҳайрат карда будам, ки чӣ гуна аз як тараф генерал Дӯстум алайҳи ҳокимияти Наҷиб қарор мегирад ва аз тарафи дигар, персунал барои амнияти Наҷиб ва руфақояш мефиристад. Ақл қад намедод, магар он ки раисҷумҳур девона бошад.
Ба ӯ нигаристам. Ҳаракоташ одӣ буд ва ё чунин тазоҳур мекард, аммо акнун бештар аз як ҳафта буд, ки дигар ҳеҷ нишоне аз худӣ дар ӯ дида намешуд. Ҳеҷ орзуе, ҳеҷ хашме ва ҳеҷ ҳавасе ӯро ба ҳаракат дар намеовард.
Аз муддатҳо ба ин тараф ӯ аз мо ва аз дӯстону ҳалқаҳои наздикаш фосила гирифта буд ва бо ҳама ғарибу бегона гардида буд. Гӯё ӯ мариз буд.
Мо нисбат ба ӯ ҳамдилӣ ва ҳамдардӣ эҳсос мекардем ва ҳанӯз ҳам ӯро як ошно, як дӯст ва як раҳбар мешумурдем ва умедҳои худро ба ӯ баста будем, мо сангинии он лаҳазотро эҳсос мекардем ва ҳозир будем, ҳарчи фармон бидиҳад, анҷом диҳем, эҳсоси мо дар муқобили ӯ содиқона ва бериё буд. Дар он замон фикри хиёнату ҷафо аз тарафи вай нисбат ба ҳизб, мардум ва ватан дар хаёли мо намегузашт ва бовари мо ба ӯ содиқонаву бериё буд.
Рӯз ба оҳистагӣ мегузашт бо тамоси руфақо. Соат 2 баҷа шуд, хабаре аз намояндаи Созмони Милал набуд. Соати 5 – и аср буд. Наҷиб манро хост, ки Сивон туро мебинад, ту фикратро кардӣ? Гуфтам, ба нисбати ғайриамалӣ будан бо руфақо ҳеҷ тарҳ накардам. Баъд аз ҳарфҳое пас ба сӯи вазифа ва баъд ба иҷозаи руфақо ба хона баргаштам.
Соат 12 – и шаб буд. Наҷиб тамос гирифт, ки Ҳусайн Уғлу мунтазири худат аст, понздаҳ дақиқа бо Шумо вақт гузоштааст. Баъд аз мулоқот тоза ба хона расида будам, ки занги дагарвол Абдулваҳҳоб Нуристонӣ, қумандони кандаки ливои Горди миллӣ бароям гузориш дод:
Муовин соҳиб, дар ҳиссаи чаҳороҳии майдони Хоҷа Равош ва қароргоҳи қувои мудофеаи ҳавоӣ се арода мутари “фолксваген бас”, ки дорои намбарпалитҳои Милали Муттаҳид ҳастанд, тавассути сарбози мо таваққуф дода шудаанд. Дар байни яке аз мутарҳо доктар соҳиб Наҷиб аст. Ӯ амр кунад, ки мутарҳоро раҳо кунем.
Ба Ваҳҳоб гуфтам, чаро таваққуф додед? Гуфт, қумандони ливои мо турангенерал Абдурразоқ ба сарбозон шахсан ҳидоят дода буд, ки ҳатто агар раисҷумҳур бошад, имшаб иҷоза надиҳед ва дигар ин ки ӯро иҷоза бидиҳам, персунали Дӯстум болояш файр (тирандозӣ) мекунанд. Гуфтам, сабр кун, машвара мекунам, занг мезанам.
Фурсате тир нашуда (нагузашта) буд, ки Ваҳҳоб занг зад. Гуфт, Наҷиб ба суб (дохил) –и шаҳр рафт.
Наҷиб ба фаросат дарёфта буд, ки доме барояш густурдаанд ва агар исрор кунад, мумкин асир ва кушта шавад. Панҷ дақиқа баъд Наҷиб занг зад ва бо асабонияти хосе гуфт: Барои ту гуфта будам, ки афроди Дӯстумро аз майдони ҳавоӣ хориҷ кун, чаро амри маро иҷро накардӣ? Ҷавоб додам, ки инҳо новақти шаб расид, фардо субҳ майдонро тарк мегӯянд.
Ӯ гуфт, ман ба майдони ҳавоӣ ҷиҳати пазириш ва мулоқот бо Бенин Сивон меравам. Дар чаҳорроҳӣ, бино ба дастури генерал Раззоқ маро таваққуф доданд, иҷоза надоданд назди Сивон биравам. Ӯ дар тайёра аст. Бароят амр мекунам то ғунди 717-ро гирифта, афроди Дӯстумро аз майдони ҳавоӣ берун кунӣ ва дар сурате, ки муқовимат кунанд, ҳамаи онҳоро аз байн бибарӣ, фаҳмидӣ?
Гуфтам, агар танҳо гапи Сивон аст, ман онро ҳал мекунам, агар ҳарфи дигарест, лутфан эътимо кунед, ки ман чораҷуӣ кунам ва ҳарфи дигаре нагуфт. Бо сару садо тамосро қатъ кард.
Ҳама ҳайратзада шуда будем. Ҳушу ҳавосе надоштем, бовар намекардем, ки дар бедорӣ ба чунин ҳақиқати талхе мувоҷеҳ мешавем. Як раисҷумҳур, як раҳбари ҳизб, як қумандони аълои урду софу сода ҳақиқатро намегуфт ва дар пайи фиреби мо буд. Пазироӣ аз Сивон дар нисфи шаб бо мутари мубаддал бидуни ташрифот ва муҳофиз тавассути раисҷумҳур, оё мумкин буд? Магар моро то ин ҳадд содда меангошт, на танҳо моро, балки ҳамаи сарбозонро, ҳамаи мардуми кишварро. Оё ин фирор буд? Ё хиёнат? Гурези махфёнаи муфтазеҳона тавъам бо худъаву найранг ба қимати гӯл задан ва фиреб додани беҳтарин руфақои хеш ва бидуни сарнавишт кардани як ҳизб, як давлат ва як миллат. Ин ҳамон шахс набуд, ки мегуфт, ё ватан ё кафан! Мо чӣ қадар сода будем, ки ҳозир шуда будем ба як ишораи вай ҷонҳои ширини худро фидо кунем ва борҳо ба ишораи ӯ то дами марг пеш биравем.
Агар ӯ шаммае аз афкори торику дӯзахии худро бо ману Яъқубӣ ва Диловар мегуфт ва эътимод мекард, мумкин буд ба ҳамон бовари содиқона, ки ба ӯ доштем, ӯро кӯмак мекардем ва бо эъзозу эҳтиром ба хориҷи кишвар мефиристодем. Ба ростӣ, табъият интиқом мегирад, азоб медиҳад, ҷазо медиҳад, пардаҳоро медарад ва рӯҳу равони инсонҳои фиребкорро аён ва мавриди масхараву истеҳзои омм қарор медиҳад.
Ба ҳар ҳол ба майдон рафтем ва генерал Рӯзиро қаноат додем, то ба Сивон иҷоза диҳад. Рӯзӣ гуфт, шумо мехостед Наҷибро фирор диҳед. Ман хабар доштам. Ӯ қотили садҳо ҳазор нафар аст. Ӯ бояд муҳокима шавад ва ҷазо бубинад. То ин ки бовар кард, ки мо хабар надоштем, мо Сивонро дар мутар савор кардем ва расондем. Мехостем худоҳофизӣ кунем, гуфт, шуморо кор дорам.
Дар манзили дувуми намояндагии Милали Муттаҳид дар ақиби дарвоза генерал Ҷафсар, сарёвари Наҷиб мағмум дар чавкӣ (курсӣ) нишаста буд, дохил шудем. Наҷиб бо либоси сурмаӣ ва нектоии қашанги пударзада ва муаттар болои чавкӣ лам дода буду қаҳва менӯшид. Дастёраш Исҳоқ Тухӣ ва бародараш Аҳмадзай низ дар атроф нишаста буданд.
Ҳама мутаассир ва сокит буд. Ман нишастам ва ба ин марди авомфиреб ва мудоҳинагари таърих бо диққат нигаристам. Ӯ, ки бозиро бохта буд ва сахт пушаймону афсурда ба назар мерасид, ба колбуди сафед ва чоқе шабеҳ шуда буд, ки бо сад найза хуне азаш намечакид ва сарро ба ҷайби тафаккур фурӯ бурда буд, ки ногаҳон мисли барқ ба ёдам омад, ки рӯзе дар порлумон, дар сӯҳбат бо мӯсафедон бо ғурур ва такаббур фарёд зада буд, ки ман мисли Мангисту Ҳойле Мариям, раисҷумҳури Эфиопия нестам, ки фирор кунам ва Динмуҳаммад Диловар садо зада буд, ки мо ҳам намегузорем, ки фирор кунед. Агар дар осмон биравед аз поҳоятон ва агар ба замин биравед, аз муҳоятон маҳкам мегирем.
Би Би Си низ гузориш дод, ки ҳини фирори доктар Наҷиб дар майдони ҳавоӣ сарбозе аз ӯ мамониат намуда, барояш гуфта буд: “Доктар соҳиб! Афғонистон танӯри гарм шуда. Мо ва мардум дар он месӯзем. Шумо ҳам бояд бо мо бисӯзед!”
Ҳамин хиёнати Наҷиб буд, ки урду ва низом аз ҳам пошид ва ҳар аскар ё афсаре ба хотири масуният силоҳи худро ҳар ҷо раҳо карданд, фирор карданд, ҳама чиз бесарнавишт... Наҷиб номардона ҳама чизро аз ҳам пошонд ва халои бузурги қудратро, ки ҳама шоҳиди паёмади он будем, ба вуҷуд овард, дар ҳоле ки ҳама чиз дар Кобул сари ҷояш буд.
Дар он лаҳзаи ҳассос ҳама чизеро, ки аз шуҷоат ва мардонагӣ мегуфт, дар ӯ гум кардем.
Аз китоби “Урду ва сиёсат” – и генерал Муҳаммад Набӣ Азимӣ
* намояндагони СММ дар умури Афғонистони он солҳо
**Стргенерал - генерали армия, турангенерал – генерал-майор, дагаргенерал-генерал-лейтенант
***кандак - баталён, ғунд - полк, ливо - бригада, фирқа - дивизия...