Хабари рӯз

Агар дар ин намоиш аз рӯи саҳна ба сӯи тамошогарон, шиллик шавад, як ошуфтагие ба миён меояд, ки метавонад ба як ҷанги дохилӣ табдил ёбад.

Нависанда: Ҷамбулат Сардалов, коршиноси умури дину терроризм (Чеченистон), махсус барои “Сангар”

Тавзеҳ: ГКЧП (Государственный комитет по чрезвычайному положению) - Кумитаи давлатии вазъияти изтирорӣ, як мақоми худхонда дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд, ки аз 18 август то 21 августи 1991 дар Маскав вуҷуд дошт ва теъдоде аз мақомоти олирутбаи давлати Шӯравиро дарбар мегирифт. Аъзои ГКЧП бо сиёсати Михаил Горбачёв ва пошхӯрии Шӯравӣ мухолиф буданд. Дар асл ин як табаддулоти давлатӣ буд, ки шикаст хӯрд ва дар пайи он ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ истиқлол гирифтанд.

Дар таърихи кишвари замоне бузург - Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ - вақоеъи августи 1991 як идомаи қонунманди чархаи иҷтимоиву сиёсӣ буд, ки ба вузӯҳ падидаеро ба унвони нерӯҳои марказгурез барҷаста сохт. Ин амрро раҳбарии марказии кишвар он замон дар шахси Михаил Горбачев тақвият бахшид. Маълум аст, ки дар гармогарми рӯёрӯӣ бо Борис Елтсини на чандон ҷоҳталаб дар кишвар пас аз анҷумани 27 – уми Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, муборизоти дохилии неруҳои иттифоқӣ ва навзуҳури ҷумҳуриҳо ба оромӣ оғоз шуд. Ҷараёноти миллигарои маҳаллӣ аз сӯи мақомоти ҷумҳуриҳои иттиҳод ба ҳадди ифроти худ расид ва дар ниҳоят эҳтиром ба Маскавро ба сифр расонд.

Борис Елтсин дар он солҳо таъсири зиёде бар тӯдаҳо дошт: дарвоқеъ, ӯ дар байни мардуми одии Русия бисёр маҳбуб буд. Дар он замон ба ӯ эътимод доштанд. Саволи дигар ин аст, ки оё интизориҳо бароварда шуданд? Албатта, на. Ба истилоҳ, ислоҳоте, ки дар соли 1992 роҳандозӣ шуд, аз сӯи мардум бисёр манфӣ пазируфта шуд. Возеҳ аст, ки шакли собиқи тавсеа ва мудирияти иқтисодӣ ғайримумкин буд. Аммо ислоҳоти анҷомшуда такондиҳанда хонда шуд, зеро онҳо ҳатто кӯчактарин рубле дар ҷайби мардум боқӣ нагузоштанд. Ва ин ҳама таҳти шиори демократӣ шудани иқтисод ва ҷомеа иттифоқ афтод.

Ин мероси даҳаи 90 ҳатто имрӯз низ таъсири баде дорад, ки боиси эҷоди қишре дар ҷомеаи Русия монанди алигархия шуд. Табақаи афроди дахолатнопазир, ки вуҷудашон дақиқан ба хайри Ғарб буд. Ҳифозат аз манофеъи онҳо низ ба навбаи худ либералкунонии кулли иқтисодро бо як натиҷаи ғамангез мувоҷеҳ кард. Ва аз ин назар, тааҷҷубовар аст, касоне дар кишвар пайдо шуданд, ки омодаи дифоъ аз манофеъи кишвар буданд: либерализми ваҳшӣ тақрибан мафоҳиме монанди зарурати ҳифзи кишвар, ватандӯстӣ ва арзишҳои суннатиро ба таври комил нобуд кард.

Амалиёти вижаи низомӣ ҳамчунин нишон дод, ки ҷомеаи мо чӣ қадар дар дарки ватандӯстие, ки ҳоло зарур аст, заиф шудааст. Як истисно мумкин аст минтақаӣ ва ҳатто дар сатҳи шахсӣ бошад. Ба унвони мисол, дар Ҷумҳурии Чеченистон чандин сол аст, ки сари тарбияи маънавиву ахлоқӣ ва худогоҳии меҳанпарастона кор мешавад. Аз ин хотир, ҷанг дар Украинаро мардуми Ҷумҳурии Чечен хеле ба ҳассосият пазируфт. Низомманд шудани кор дар Ҷумҳурии Чечен дар пайи қабули Консепсияи тарбияти маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон муяссар шуд. Мутаассифона, ин таҷриба дар Русия саросарӣ нашуд.

Амалиёти вижаи низомӣ рақобати кланҳоро нишон дод. Ин муборизаи сиёсии дарунгунаӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад бар вазъияти кишвар таъсири мусбат бигузорад. Теша задан бар решаи дарахти қудрат метавонад ба авоқиби бисёр ҷиддитаре мунҷар шавад. Дар чунин шароите, ки кишвар дар он қарор дорад, гоми аз ҳама аҳсан ин аст, ки нерӯҳо барои бумисозӣ ва ҳатто эҳтимолан аз байн бурдани манбаъи таниш кашида шаванд. Сухан аз ин воқеият аст, ки мақомот бояд ба ҷанги шадид дар Украина таваҷҷуҳ дошта бошанд. Ба назар мерасад, ҳама нерӯҳои меҳанпараст бояд ба самти ҳалли як вазифаи муштараки низомӣ-сиёсӣ ҳидоят мешуданд.

ГКЧП дар соли 1991 появу асоси хоси худро дошт. Ҷомеа орзуву умедвориҳое дошт ва ба носталжии қонунҳои сахти замони қабл мезист. Горбачёв аз қабл маҳбубияти худро аз даст дода буд. Яъне ГКЧП назари бахше аз мардумро мунъакис мекард. Беҳуда нест, ки дар баҳори ҳамон сол аксар мардум ба ҳифзи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ раъй доданд. Илова бар ин, тавтеагарон барномаи амали худро доштанд. Аммо истихборот ва артиш аз онҳо ҳимоят накарданд. Дар ҳар кишваре, ин лаҳзаи таъйинкунанда аст.

Тавтеагарон, албатта, бо дарназардошти равандҳои либералӣ муҷозот шуданд: агар замони Сталин мебуд, дақиқан ҳамаро тирборон мекарданд. Мурофиаи додгоҳии онҳо ҳам ороставу маданӣ буд.

Ҳоло ҳеҷ далеле барои туғёнҳои ифротии ҷадид (мушобеҳ ба 1991) вуҷуд надорад, ва ҳамчунин дарвоқеъ, мардум низ аз онҳо ҳимоят нахоҳад кард. Бар ин асос, агар андаке дағалона баён кунем, аз ин ки чӣ касоне ба дорҳо овехта мешаванд ва чӣ касоне ин корро анҷом медиҳанд, хоҳем донист, ки чӣ касоне дар даргириҳои имрӯз душмани халқанд.

Нерӯ қудратро асил мекунад, қудрат ба навбаи худ нерӯро ба вуҷуд меорад. Вақте нерӯ набошад, дасисаҳо ва дигар намоишҳои сиёсӣ дар саҳна зуҳур мекунанд. Танҳо чизе, ки бояд аз он парҳез кард, ин аст, ки дар ин намоиш аз рӯи саҳна ба сӯи тамошогарон, шиллик нашавад. Он гоҳ ин ошуфтагӣ метавонад ба як ҷанги дохилӣ табдил ёбад. Дар ин замина таҷрибиёти фаровоне вуҷуд дорад ва ниёзе ба рафтан аз ҳамон роҳи иштибоҳии таърихӣ нест.

Русия ба Махноҳо ё Колчакҳои ҷадид ниёз надорад. Танҳо ниёзе, ки дорад, ваҳдат аст.

ТАВЗЕҲ: Махно ва Колчак аз унсурҳои мухолифи болшевикҳо буданд, ки дар майдонҳои ҷанги дохилии Русия дар солҳои 20 – и асри гузашта бо ҳукумати марказӣ мухолифат карданд (маълумоти бештарро метавонед аз интернет пайдо кунед).


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!