Хабари рӯз

Ин ҳаракати онҳо заминаи омадани дубораи Толибонро фароҳам сохт.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Ин мақоларо замоне, ки Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ ҳар ду мехостанд раисҷумҳури кишвар шаванд, навишта будам ва баъд аз нашри он дар рӯзномаи “Ормони миллӣ” аз тарафи Шӯрои амнияти ҳамон вақт таҳдид шудам, вале ба зиндон нарафтам.

Ҳоло ҳамон матнро бидуни каму кост хидмати шумо қарор медиҳам. Шояд хондани он бароятон душвор бошад, вале пешниҳод мекунам, як мартаба онро бихонед ва қазоват кунед.

Нома ин тур оғоз мешавад...

Оқои Ашраф Ғанӣ ва оқои Абдуллоҳ, аз ин бештар бо эҳсосоти мардум бозӣ накунед.

Ҷаноби оқои Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва оқои доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия рӯи суханам бо шумост, гарчи медонам хеле хирасарона фикр мекунед.

Шунидам, ки ҳардуи шумо тасмим гирифтаед, рӯзи душанбе нуздаҳум ҳути 1398 (9 марти 2020) дар як кишвари воҳид барои ду раисҷумҳур маросими таҳлиф баргузор кунед.

Ин ҳаракати шумо, ки ду таҳлифро дар як рӯз ба ҷо меоваред, заминаи омадани дубораи толибро фароҳам месозад.

Бовар дорам, ки бо ин амалкардҳои шумо низоми ҷумҳурият идома пайдо намекунад, билохира ин низом суқут хоҳад кард ва мардуми Афғонистон як бори дигар саргардону парешон хоҳад шуд ва як бори дигар қудрат ба дасти мухолифин хоҳад афтод.

Оқоён, ҳушёр шавед, ба худ биёед ва садои расидани корд ба устухони мардумро бишнавед, аз ин бештар бо эҳсосоти мардум бозӣ накунед, аз ин зиёдтар худ ва кишварро ришханд накунед.

Ба ақидаи ман, ғамноктарин рӯзи мо - мардуми Афғонистон - фардо хоҳад буд, ки дучори ҳамчу ҳолати нооқибатандешонае мегардем, бидуни шак, вазъияти як кишвар бадтар аз ин шуда наметавонад.

Ин ки киштии шикастаи кишваре ба номи Афғонистон ғарқ мешавад, ба шумо олиҷанобон бетафовут хоҳад буд. Шумо бояд ҳукумат кунед, ҳомиёни нооқибатандеши шумо дар айшу нӯш бошанд ва шумо ҳамеша болои гурдаҳои мардум савор бошед.

Афсӯс ба ҳоли шумо, ки ба хотири қудрат ба таомул ва адами эҷоди таниш бовар надоред. Ин ҳаракати шумо амалан буҳронзо аст, иззату ҳайсияти мардум ва кишвари азизи моро дар сатҳи милливу байнулмилалӣ зери савол мебарад. Оё шумо хабар доред, ки мардум ва қувватҳои мусаллаҳи мо ба хотири дифоъ аз низом, истиқлол ва озодии ин сарзамин ҳар рӯз қурбонӣ медиҳанд? Фақр, бекорӣ ва ноамнӣ ба авҷи худ расида, мардуми Афғонистон дар фазои ноумедӣ ба сар мебаранд ва умеде барои фардои беҳтар надоранд. Ширкатҳои тиҷоратӣ ва ҳама сармоягузориҳо дар ҳолати суқутанд, мардум фирорро бар қарор тарҷеҳ медиҳанд.

Аммо шумо ба хотири як чавкӣ мехоҳед низому мардуми Афғонистонро қурбони аъмоли худхоҳона ва ҷоталабонаи худ кунед. Бидуни тардид мардум ҳама аз ояндаи худ нигаронанд. Бовар дошта бошед, аксарияти мутлақи мардуми Афғонистон баргузории ҳамчу таҳлифҳоро намехоҳанд ва ғайрақлонӣ медонанд, ҳатто аз ин ҳаракати шумо хиҷолат мекашанд. Олиҷанобон, ҷаҳон назорагар аст, дунё ба мо чӣ мегӯяд?

Ҳама медонем, ки эълони натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии имсол мавҷи ҷадиде аз ноумедӣ, гаронии қиматҳо ва садҳо дарду ранҷи тозаеро ба дарду ранҷи мардуми мо афзудааст. Ҳатто мардуми мусулмони Афғонистон дар ин рӯзҳо беш аз ҳар замони дигаре таҳти фишорҳои ҳамзамон рӯҳиву равонӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд. Аксарияташон дар сояи ҳокимияти шумо ба хотири таҳияи як луқма нон барои фомили худ саргардонанд, аммо баръакс дар зери чатри ҳокимияти шумо ҳеҷ нишонае барои беҳбудии авзоъ дида намешавад.

Сареҳ ба шумо мегӯям: касоне, ки садои хурд шудани устухонҳои мардумашонро зери бори фишорҳои рӯзона нашунаванд, лоҷарам бояд ба шунидани садои кӯчак шудани курсиҳои риёсатҷумҳуриашон тан диҳанд. Ин қоидаи тағйирнопазири таърих аст. Бовар дошта бошед.

Ба шумо мегӯям, мардумро маҷбур накунед, то ба ҷодаҳо бирезанд ва алайҳи ҳокимияти шумо шиор сар диҳанд. Дар зимн аз ҳама мардуми Афғонистон мехоҳам, то аз баргузории ду маросими таҳлиф ва ду раисҷумҳур ба ҳеҷ қимате ҳимоят накунанд, гарчи барои ман аз ҳар ду суроға корти даъват расида, аммо ба ҳукми виҷдон ба ҳеҷ як аз ин ду маҳфил иштирок намекунам, чун баргузории ин ду маҳфилро хилофи манофеи миллӣ медонам.

Ҳардуи шумо бояд бовар дошта бошед, ки Афғонистон ба таомул, тасоҳул ва ҳампазирӣ зарурат дорад, на ба худкомагӣ ва худбоварӣ. Шунидам, ки Залмай Халилзод бо генерал Миллер дар маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ иштирок мекунад, то ӯро баранда ва доктор Абдуллоҳро дар сатҳи ҷаҳон бозанда муаррифӣ кунад.

Худованд мардуми моро аз шарри ташнагони қудрат наҷот диҳад.

Тавзеҳ: "Айн" - Абдуллоҳ ва "Ғайн" – Ғанӣ


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!