Хабари рӯз

Салтанат ва ҳукумати Амонуллоҳхон чигуна ва тавассути чӣ касоне тазъиф гардид?

Нависанда: Муҳаммад Акром Андешаманд

Машрӯъияти пояҳои ҳукумату зимомдории ӯ чигуна аз миён рафт ва заминасози шикасту фирори ӯ аз Афғонистон шуд? Шоҳ Амонуллоҳхон худаш дар ин маврид чӣ мегӯяд?

Ин нукотро аз таърих бихонед:

1 - Аввалин шӯришу бағовати мусаллаҳона дар авоили соли 1924 мелодӣ алайҳи шоҳ Амонуллоҳхон ва ҳукумати ӯ дар ҷануб аз сӯи қабоили мангал ба вуқӯъ пайваст. Сипас қабоили аҳмадзоӣ, ҷоҷӣ ва сулаймонхел низ сар ба шӯриш бардоштанд. Ин шӯриш то шурӯъи соли баъдӣ давом ёфт. Амонуллохон, шӯришёнро пас аз ҷангҳое, ки доманаи он то Ғазниву Лугар кашонида шуд, дарҳам шикаст ва бо дастгириву эъдоми теъдоде аз онҳо дар майи 1925, ин бағоватро фурӯ нишонд. Амонуллохон далоили эъдоми шӯришиёнро баршумурд ва қабл аз эъдоми онҳо хитоб ба маҳкумин ба эъдом гуфт:

“Шумо афғонҳои асил ҳастед. Маро бубахшед агар ба хушунату шиддат бо шумо - атбоъи Афғонистону фарзандони худ пешомад мекунам. Магар шумо баъд аз ин авлоди ман нестед, зеро, ки шумо, бар алайҳи ман бағоват кардед. Шумо, бар аъмоли мухлисонаи ман, ангушти эътироз гузоштед. Онҳо аз ин қароранд:

Ман макотиб таъсис кардам. Оё шумо фикр мекунед, ки ин макотибро барои худ боз кардаам? Ман онҳоро маҳз барои атфоли шумо гушудаам. Шумо хостед, ки макотиби ҷадидуттаъсиси духтаронро баста кунам, чунон кардам. Акнун уламои тамоми дунё ба ман навиштаанд, ки макотиб барои духтарон як амри ҳаётӣ ва зарурӣ аст.

Ман пружаи обёриро рӯи даст гирифтаам. Ин корро ҳам барои худ накардаам, балки барои шумо ва фарзандони шумо кардаам. Шумо бар ман ҳукми қодиёнӣ кардед, ман қодиёнӣ нестам. Шумо гуфтед, ки қавонини ҷадиди ман, мухолифи Қуръони карим аст. Ман аз шумо хоҳиш кардам то назди ман биёед ва дар ин мавзӯъ бо ҳам баҳсу музокира кунем, магар шумо наомадед. Дар иваз думболи шахси моҷароҷӯй ва даҳшатафкан чун Абдулкарим рафтед. Шумо бар алайҳи ман бархостед ва буғӣ кардед. Шумо боиси қатли як теъдоди зиёди асокир ва авлоди ман шудаед, бино бар он, наметавонам шуморо афв кунам. Пас шумо бояд кушта шавед.”

2 - Дувумин шӯришу бағоват алайҳи шоҳ Амонулло ва ислоҳоти вай аз соли 1927 оғоз ёфт. Пас аз сафари аврупоии шоҳ дар 1928 ва пас аз тадвири Луи Ҷиргаи Пағмон, Муҳаммадсодиқ Муҷаддадӣ ва бародарзодааш Муҳаммадмаъсум Муҷаддадӣ барои эҷоди шӯриш алайҳи шоҳ ба ҷануб рафтанд. Ҳарчанд онҳо дар ин шӯриш ноком монданд ва теъдоде аз шӯришгарон зиндониву эъдом шуданд.

3 - Севумин шӯриш дар Машриқӣ аз миёни қабилаи Шинвор бархост. Сардастаи шӯришиёни Машриқӣ Муҳаммад Аламхон Шинворӣ ва Муҳаммад Афзалхон буданд, ки ба шаҳри Ҷалолобод ҳамла карданд ва қунсулгарии Бритониё ва қасри Сироҷ-ул-иморатро ба оташ кашиданд.

4 – Чаҳорумин қадаме, ки дарвоқеъ бештар аз шӯришҳои мусаллаҳона пояҳои машрӯъият ва суботи салтанату ҳукумати Амонуллоҳхонро ларзонд ва тазъиф кард, нома ё эъломияву тақозои уламои динии Қандаҳор ҳамзамон бо шӯришу бағовати Машриқӣ буд. Дар ин нома тамоми ислоҳоти шоҳ дар муғойирату тазод бо шариати исломӣ гуфта шуда буд ва аз шоҳ хоста буданд, ки бар ҳамаи он хатти бутлон бикашад.

5 - Панҷумин шӯриш, ки дарвоқеъ идомаи шӯриши Машриқӣ буд, дар Тагоб оғоз ёфт, ки ин шӯришро алайҳи шоҳ Амонулло ва ҳукумати ӯ, Охундзодаи Тагоб, ки қаблан аз сӯи шоҳ лақаби “Фахрулмашоих”-ро гирифта буд, раҳбарӣ мекард.

6 - Шашумин шӯриш алайҳи шоҳ ва дар имтидоди шӯриши Тагоб ба Кӯҳистон ва Кӯҳдоман таъмим ёфт ва раҳбарии ин шӯришҳо ба дасти Ҳабибуллоҳ Калаконӣ афтид. Ин дар ҳоле буд, ки Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дар шӯришҳои нахуст, аз сарбозони қитъаи намуна дар салтанати Амонуллохон буд ва барои таҳкими пояҳои салтанати давлати Амонуллохон меҷангид. Аммо сипас бар асари иштибоҳоти шоҳ Амонулло ва атрофиёнаш, ки дар китоби “Айёре аз Хуросон”, асари Устод Халилуллоҳ Халилӣ низ тавзеҳ шудааст, Ҳабибуллоҳ Калаконӣ бар зидди салтанати вай даст ба шӯриш зад. Ӯ, ки дар шимоли пойтахт ва аз тамоми қабоил ва дастаҳои шӯришии дигар ба пойтахт наздик буд, бо истифода аз авзоъи бесубот дар кишвар ба пойтахт ҳамла кард ва ба рӯзи понздаҳуми январи 1929 дар Боғи Меҳмонхона, ҳаводорону лашкариёнаш ӯро ба унвони амир Ҳабибуллоҳ, ходими дини расулаллоҳ, подшоҳ эълон карданд.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!