Таърихи Афғонистон аслан занҷирае аз бозии тавлиди гегемонияи қавмӣ аст.
Нависанда: Муин Исломпур, афсари артиши собиқи Афғонистон
Бо нигоҳ ба таърихи Афғонистон, ҳақиқати талхи гегемония ва бартариталабии қавмиро дархоҳем ёфт, ки ин ғуддаи саратонӣ дар тамоми бозиҳои замонӣ бо улгуҳои гуногуни сахтабзорӣ ва нармабзорӣ тадовум ёфтааст.
Дар ин миён бархе аз шоҳону режимҳои ҳоким ба сурати намодин талош намудаанд, ҳокимияту султаи қавмии худро як миқдор рангу пӯши миллигароёна бидиҳанд, аммо ба лиҳози амалкарди сиёсӣ - низомии онҳо дар фурсати кӯтоҳ ниқоби тазвир аз симову сурати қавмии онон дарафтида, чеҳраи каззоби хешро офтобӣ кардаанд.
Ҳамин гуна ҳар ҳокими мустабиди Афғонистон бадномтар аз дигаре бо ифтизоҳу шармсории тамом ба таърих пайвастаанд. Камтар чеҳраи сиёсиро дар таърихи кишвар метавон суроғ дошт, ки бо шиорҳои миёнтиҳии мушорикати миллӣ, ваҳдати миллӣ, ҳокимияти миллӣ ва амсолаҳумро дар оғозу фароянди ҳокимияти худ надода бошанд. Бад-ин гуна истибдоди сиёсӣ, гегемония ва дастури кори қавмии хешро бо мафоҳими зоҳиран пасванди миллӣ пинҳон кардаанду режимҳои пешин дар давраҳои ҳокимияти хеш дар пайи тақвияти султаи қавмӣ будаанд.
Агар аз давраҳои торики режимҳои истибдодӣ ва низомҳои тоталитарӣ убур кунем ва ба сурати миёнбур мурур ва тааأмули кӯтоҳе ба пораи ин бозиҳои замонӣ дошта бошем, давраи сиёҳу нангини Абдураҳмонхон (1880-1901) намудори барҷастаи истибдоди сиёсӣ ва саркӯби бараҳнаи қавмӣ дар қарни нуздаҳум буд. Ӯ бо саркӯби ақвом, кӯчҳои иҷборӣ, тақвияти султаи паштунмеҳвар, ҳокимияти худкомаи худро тасбит ва таҳким бахшид.
Ба асоси додаҳо ва ёфтаҳои мутуни таърихӣ, танҳо аз қавми ҳазора беш аз 60% ҷамъият ва инсонҳои мазлум ба далели тааллуқи таборӣ-мазҳабӣ, тавассути Абдурраҳмонхон, барои тақвияти гегемонияи қавмӣ кушта шудаанд, ки омори фирор ба хориҷ, ҳамчунин табъид ба манотиқи дигар дар дохили кишвар бисёр дурушту такондиҳанда аст. Бахши дигаре аз ҷамъияти ҳазора дар он рӯзгор мутаворӣ ва муталошӣ шудаанд. Онҳо то имрӯз аз манотиқи бумии худашон маҳрум ҳастанд.
Ҳамчунин тоҷикҳо ва ӯзбекҳо низ сарнавишти нисбатан мушобеҳ доштаанд. Мулкиятҳо ва ҷуғрофиёи қавмии онҳо ба ноқилони ҷанубӣ дар Шимол супурда шуд, то таркиби қавмӣ тағйир дода шаваду нуфузу иқтидори иҷтимоии тоҷикҳо коҳиш ёбад.
Давраи Зоҳиршоҳу ҳокимияти ниёбатӣ. Аму (коко, амак)-ҳои Зоҳиршоҳ (1933 - 1973), ҷудо аз зулм, террор, ваҳшату таҳқири торихии ақвом дар беш аз чиҳил сол пайваста сохтори ҳукумати қавммеҳвар бо дастури кори қавмӣ, ҷобаҷоии ноқилину кӯчҳои иҷбории мудириятшуда ҳукмронӣ кардаанд.
Дар давраи ҷумҳурияти Сардор Довудхон (1973 - 1978), чархаву занҷираи истибдодии он қадаре махуфу ғамнок аст, ки на ба худ раҳм кардаанд ва на ба дигарон. Меҳваритарин ҷилваҳои гегемонияи қавмии ӯ тарҳи Луи Паштунистон буд. Ин сиёсати қавмӣ сабаб шуд Довудхон то чандқадамии ҷанги тамомайёр бо Покистон пеш баравад, аммо дар натиҷаи инъитофпазирӣ ва стратегияи нарми покистониҳо, ҷанги қарибулвуқуъ маҳор шуд. Ин масаъла муҷиби ҳимояту тақвияти гурӯҳҳои коммунистии “Халқ” ва “Парчам” (1979-1992) гардид, ҳарчанд бархе умури дигар, аз ҷумла мудохилаи русҳо дар умури ҳукумати Довудхон, нақши асосӣ дошт. Аммо бартарихоҳии қавмӣ теорияи “лару бар”-и имрӯзин омили меҳварӣ ва ангезаи суқуту кушта шудани Довудхон ва хонаводааш будааст.
Зуҳури ҳаюлоии толибонӣ (1996-2001). Толибон бо қироати сахтгирона ва дар зоҳир додхоҳона, бо шиори таъмини амният, алайҳи ҳукумати муҷоҳидин бо ҳимояти истихбороти шуморе аз кишварҳо, эъломи зуҳур намуда, дар ниҳоят ҳукумати муҷоҳидинро аз Кобул ақиб ронданд.
Толибон баъд аз ба қудрат расидан комилан қавмӣ амал карданд. Тамоми шиорҳои казоиву авомфиребонаи онҳо дар ҳошия монд. Ин гурӯҳ ба таҳкиму тақвияти ҳукумати қавмӣ пардохт.
Ҳатто ин занҷира дар давраҳои демократияи модерни ғарбии Ҳомид Карзай-Ғанӣ Аҳмадзай (2001-2021) ба гунаи нисбатан нарми султа ва гегемонияхоҳии қавмӣ тадовум ёфт. Мисоли зиндаи он дарҷи калимаи “афғон” дар шиносномаҳои барқӣ буд.
Бо суқути ҷумҳурият дар 15 августи 2021 ва баргашти дубораи Толибон ба қудрат, давраи сиёҳу нангини ишғолгаронаи иморати, ба истилоҳ, исломӣ ва абзорсозии дину мазҳаб дар хатти дастури кори қавмӣ, нангинтару саҳмноктар аз режими худкомаи абдураҳмонӣ аст. Ин метавонад ба сурати ошкор бозтавлиди гегемонияи қавмӣ - толибонӣ бо рӯйкарди истибдоди абдураҳмонӣ таъбир ва талаққӣ шавад.
Мардуми Афғонистон ҳамвора асир ва дар банди чархаҳои истибдоди режимҳои қавмӣ будаанд. Ин режимҳо ба ҷои ин ки дар хати манофеи миллӣ амал кунанд, баракс, қавммеҳвару бартариталабона амал кардаанд. Дар фарҷом солҳо кишвар аз ин масир пеш рафт, тараққӣ ва миллатсозӣ ақиб монду имрӯз нисбат ба ҳар кишвари дигар, ҷомеаи мо, ба як ҳувияти нафриншудау манфур на танҳо дар назди ҳамсоягон, бал дар саросари дунё ба кобуси махуфу тарсноке мубаддал шудааст.
Омили меҳварии ин вазъ, амалкарди қавмии раҳбарони фашисту популист будаанд, ки ҷомеаи моро ба ин сияҳрӯзгорӣ нишондаанд.