“Забони аксарияти бошандагони шаҳрҳои Афғонистон - ба истиснои Қандаҳор – форсӣ аст”
Нависанда: Муҳиддин Маҳдӣ, сиёсатмадор ва пажӯҳишгар
Истилоҳ ё термини “форсивон”, вожаи мураккаб аз навъи “исм+пасванд=исм” аст; “форсӣ+вон”; порсӣ+бон. Сурати аввалӣ дар забони гуфтор ва дувумӣ дар забони навиштор мутадовил аст.
Форсӣ дар ин таркиб ба ҳар ду маънои забону сарзамин ба кор рафтааст; яъне шахси мансуб ба ин исм, ё забони форсӣ дорад ва ё аз кишвари Порс аст. Ва аксаран дар як шахс ҳар ду маънии мисдоқ пайдо мекунад.
Аммо пасванди “бон” ё “вон” ба маънои соҳибу дархур ва воҷиди шароит дар забони форсӣ корбурди фаровон дорад, аз он ҷумла меҳрубон, “нигаҳбон” ва “соябон” ё калимоте чун “мутарвон”, “годивон”, “осиёвон” (ё “осиёбон”), “дарвозавон” (ё “дарбон”).
[“Вон”-у “бон” дуруст баробар бо “вол” ё “воло”-и ҳиндӣ аст: исм+ воло=мсм: “писталволо” (соҳиби туфангча), “гориволо” (годвон)].
Куҳантарин ҷое ки таркиби “порсивон”-ро меёбем, китоби “Гузориши салтанати Кобул” Элфинстон аст. Ӯ менависад: “Номи тоҷик корбурди нисбатан густардае дорад. Ин ном гоҳ бар ҳамаи касоне итлоқ мешавад, ки бо туркон ё бо афғонон махлутанд, вале аз таборашон нестанд ё нажоди ношинохта доранд. Аммо ба гунаи дурусттар бар форсизабонони манотиқе итлоқ мешавад, ки дар он манотиқ ба забони туркӣ ва ё забони пашту сухан мегӯянд. Номҳои тоҷику порсивон ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Туркистон мутародиф ва ба як маъно ба кор меравад” [Афғонон, саҳифаи 288. Элфинстон дар поварақии ҳамин сафҳа менависад: “Афғонон тоҷиконро деҳгон низ гӯянд"].
Элфинстон порсивононро тоҷиконе медонад, ки “бо афғонон омехтаанд” ва меафзояд, ки “онон, ки ҷавомеъи мустақиле доранд, дар навоҳии дурафтодаву душворгузар зиндагӣ мекунанд ва бо дигарон аз чандин ҷиҳат фарқ доранд”. Он гоҳ нахустин гуруҳи ин дастаро чунин муаррифӣ мекунад: “Нахустин гуруҳе, ки аз онон ёд хоҳад шуд, кӯҳистонӣ номида мешаванд, ки дар кӯҳистони Кобул зиндагӣ мекунанд. …Кӯҳистон аз се дараи тавили Ниҷроб, Панҷшер ва Ғурбанд ташкил шуда…” [саҳ. 290].
Элфинстон, ки муқеъияти тоҷикҳоро дар авоили қарни нуздаҳум баён мекунад, гуруҳҳои дигари тоҷиконро ин гуна ном мебарад: тоҷикони баракӣ (дар Бутхок, Лугар, Камарӣ ва Чакарии Кобул), тоҷикони формулӣ (дар Лугар, Ургун, Кобул), сардиён (Ғазнӣ), систониён (ки ба қавли Шермуҳаммадхон Гандопурӣ “қариби систониён тамоми мардум тоҷиканд, мавсум ба исми тоҷик”), деҳгон (Кунар, Лағмон, Гардез, Свот, Пешовар, Дуоба), шалмониён (дар атрофи Бану), свотиён (водии Свот, Банир ва Боҷавур; Гандопурӣ дар бораи гуруҳи свотӣ менависад: “Бадон, ки тоифаи свотиро баъзе мардум деҳгони ҳиндинасаб тасаввур намуда ва эшон худро деҳқонтоҷик медонанд”, Таворихи хуршеди ҷаҳон, саҳифаи 316), қизилбошон (ки ба онон ба таври мушаххас “форсӣ” низ мегӯянд).
Инон тоҷикону форсивононе буданд, ки дар қаламрави салтанати садузойии авоили қарни нуздаҳум - ки Элфинстон барои бори нахуст онро Афғонистон номид - сокин буданд. Ӯ аз тоҷикони Бадахшонот, Тахористон, Балху Туркистон, Ғӯру Ҳирот (аймоқот) - ки берун аз он маҳдуд аст, чизе намегӯяд.
Аммо Муҳаммад Ҳаётхон, ки китобашро дар салтанати дувуми Шералихон навишта, ба таври иҷмол аз тоҷикону форсивонони Афғонистони он аср ёд мекунад. Аз асре, ки ӯ сухан мегӯяд, подшоҳиҳои тоҷикон дар Хива, Қаротегин, Бадахшону Дарвоз “барҳол” буда. Ӯ менависад: “Баъзан тоҷиконро форсибон низ мегӯянд, аммо форсивонони аслии Афғонистон, тоҷиконанд” [Ҳаёти афғонӣ (тарҷумаи пашту), саҳифаи 459].
Муҳаммад Ҳаётхон зери унвони “соири тоҷикон”, гуруҳи хинҷониро чунин муаррифӣ мекунад: “Хинҷон номи як дараи тӯлонӣ аст, бисёр зебо, сарсабзу дорои обу ҳавои гуворо мебошад. Аз асари анбӯҳӣ ва вуҷуди мутакассири дарахтон, тамоми замини дара ба сони як боғ менамояд, ки аз он ҷумла дарахти тӯт бахши бештарро ташкил мекунад. Дар ин дара, гуруҳе аз тоҷикон зист мекунанд, ки ба хинҷонӣ мусаммоянд, ки дар ҳудуди даҳ ҳазор хонвор тахмин шудаанд. Ин дара дар баҳору тобистон, бисёр бо равнақ ва дилкаш мебошад” [саҳифаи 463].
Шермуҳаммадхон Гандопурии Иброҳимзоӣ, муаллифи “Таворихи хуршеди ҷаҳон”, ки пештар аз ӯ порае нақл шуд, китоби худро дар авохири қарни нуздаҳум навишта, дар баробари он чӣ ки аз Элфинстону Муҳаммадҳаётхон нақл шуд, менависад: “Сивои фарқи мазкураи боло тоҷики дигар дар Нангарҳору Гардезу Галолку ва Лағмон бисёранд… ва ин мардум суннимазҳаб машҳуранд. Ва низ ин қавм ҷониби шимоли Балучистон, хос дар Ҳироту навоҳии он ба касратанд” [Таворихи хуршеди ҷаҳон, саҳифаи 312].
Маҳмуд Китобдор, муаллифи китоби “Баҳруласрор”, сокинони форсизабони сарзамини Балх (аз Сиғону Каҳмард то марзи Гузгонон) ва “чаҳорвилоят” (шомили Маймана, Сарипул, Андхуй ва Шибирғон)-ро “вамоқ” ва “вимоқ” мегӯяд, ки ҳамин тавоиф мусаммо ба аймоқанд (ба назари ман, асли ин калима “мох” аст, ки ба мурури замон вамоқу вимоқ шуда ва Бобур онро ба “аймоқ” - монанди атрок, аъробу акрод ҷамъ бастааст). Дар ҳоли ҳозир ҷоҳое ба номи “мох” ва “моқ” дар Ғарҷистон, Ғӯр ва Ҳазораҷот вуҷуд дорад [Сироҷалтаворих, ҷилди 3, бахши 1, саҳифаҳои 681 ва 769: “ҳокими Моқ”, “ашрори Моқу Чорсада”].
Мулло Файзмуҳаммади Котиб дар бораи тоҷикони Гизоб ривояте дорад, ки нақли он бемаврид нахоҳад буд.
“Мақорини ин ҳол, дусад хонвори афғони муҳоҷир [ба афғононе гуфта мешуд, ки аз он сӯи хати марзи Дюранд, аз Ҳинди Бритониёӣ ғарази ахзи замин меомаданд; дар баробар, навоқил ба касоне гуфта мешуд, ки дар қаламрави амир ғарази гирифтани замин, махсусан, ба Қатағану Балх фиристода мешуданд!], дохили ҳудуди алоқаи Гизоб шуда, тасмими азм бар тасарруф Гизоб карданд ва гизобиён, ки дар вақти туғёну тамарруди ҳазорагон хизматҳо ба давлат карда, санади тасдиқи хизмати худро ба имзои афсарони аълои асокири низомӣ ва мулкӣ бо чаҳор туғрои фаромини подшоҳӣ ба даст доштанд, назди Азизурраҳмонхони ҳокими Гизоб шуда, дод хостанд. Ва ӯ [ба Абдурраҳмонхон] маъруз дошт, ки “чаҳор туғро маношири офтобтаъсири подшоҳиро мардуми Гизоб ба даст доранд, ки ҳазрати воло аҳкому арқом фармудааст, ки мулки шумо ба касе дода намешавад”. Ва низ аз замони Султон Маҳмуди Ғазнавии аноруллоҳи бурҳона, масҷиди онҳо дар нафаси шаҳри Ғизоб барҳолу обод аст ва тасдиқи хадамоти худро низ ба даст доранд ва дар қавми ҳазора нестанд ва тоҷик мебошанд. Бо ин ҳама эшки оқосии Дӯстмуҳаммадхон [маъмури тавзеъи арозии ҳазора ва тоҷик ба афғонон], мехоҳад, ки мулки Гизобро ба муҳоҷирини афғон бидиҳад”. Ва ҳазрати волоарқом фармуд, ки “ҳамон фармонҳоро гизобиён ба Дӯстмуҳаммадхон, сарпарасти муҳоҷирин, нишон бидиҳад, маъмул медорад ва агар гуфтугӯ дошта бошад, баёноти ӯро дарҷи ариза карда, ирсол доред, ки илм оварда, ҷавоби арқом шавад”. Бо судури ин ҳукм ва фаромине, ки мардуми Гизоб ба даст доштанд, Дӯстмуҳаммадхон мазореъ ва маротеъ ва муваттину маскани эшонро ба афғони муҳоҷир ато кард” [Сироҷуттаворих, ҷилди 4, бахши 1, саҳифаи 651].
Мавлавӣ Муҳаммадҳусайн, афғони ҳиндӣ, ки дар аҳди амир Ҳабибуллоҳхон ба Кобул омад ва ба дастури ӯ шомили вазорати маориф шуд, то ба мақоми раёсати тадрисоти он вазорат иртиқои дараҷа ёфт. Ӯ, ки ба забонҳои урду, форсӣ, пашту ва инглисӣ мусаллат буд, бисёре аз кутуби дарсии давраҳои ибтидоия ва мутавасситаи он замони худ таълиф ва тадвин намуд. Дар давраи шоҳ Амонуллоҳ мавриди ғазаби ӯ воқеъ гашт ва муддате назарбанд буд. Чун Нодирхон рӯи кор омад, ӯ аз ҳаводорони Нодир шуд ва дар мазаммати шоҳ Амонуллоҳ китоби “Инқилоби Афғонистон”-ро ба забони урду навишт.
Ӯ дастбурди дастгоҳи ҳукумати шоҳ ба забони форсиро яке аз асбоби норизоятиҳои мардум ва аз ангезаҳои инқилобӣ алайҳи шоҳ медонад.
Ӯ зимни баршумурдани азимату мазоёи забони форсӣ менависад: “Забони аксарияти бошандагони шаҳрҳои Афғонистон - ба истиснои Қандаҳор – форсӣ аст”. Мавлавӣ Ҳусайн, ки табъан мухолифи амир Ҳубибуллоҳи Калаконӣ буд ва ӯро бо алфози шанеъ ва алқоби ракик дузду Бачаи Сақов мехонд, аммо аз гуфтани ин ҳақиқат, ки ӯ мутаъаллиқ ба гуруҳи тоҷикон аст ва ин гуруҳ бештар аз як сеюм кулли нуфуси кишварро ташкил медиҳад, худдорӣ наметавонад (Инқилоби Афғонистон, саҳифаҳои 141 ва 153].