Мулло Умар дар кори истихораву хоб дидан буд.
Нависанда: Ваҳиди Мужда, яке аз мақомоти вазорати хориҷаи ҳокимияти аввали Толибон, китоби “Афғонистон ва панҷ соли султаи Толибон”
...Чанд рӯз қабл аз оғози ҳамалоти ҳавоии Амрико ба Афғонистон Мулло Муҳаммад Умар ба атрофиёни худ гуфт, ки шояд шумо ин кори маро навъе буздиливу тарс талаққӣ кунед, вале маҷбурам хонаводаамро ба Покистон бифиристам.
То қабл аз ин Толибон гумон доштанд, ки Мулло Умар агар ҳеҷ имтиёзи дигарӣ надошта бошад, лоақал аз ду имтиёз бархӯрдор аст: тақвову шуҷоат. Вале Мулло Муҳаммад Умар бо ин тасмими худ нахустин аломати заъфро аз худ буруз дод.
Мутаваккил вазири умури хориҷа қабл аз оғози ҳамалот дар сарҳади Эрон бо як мақоми эронӣ дидор дошт. Мақоми эронӣ ба Мутаваккил гуфт: “Шимолро раҳо кунед, зеро дар онҷо ба сахтӣ зарбапазир ҳастед”.
Вақте Мутаваккил дар ин робита бо афроди низомии Толибон суҳбат кард, бештар ба ин назар буданд, ки Эрон мехоҳад Ҷабҳаи Шимолро ба унвони як қутб матраҳ созад. Дар ҳоле ки Толибон тавони дифоъ аз Шимолро доранд. Толибон нисбат ба Эрон ҳанӯз ҳам беэътимод буданд, дар ҳоле ки он мақоми эронӣ аз рӯи дилсӯзӣ ба Мутаваккил гуфта буд, дар Шимол аз ҳимояти мардумӣ бархӯрдор нестед, набояд афроди худу мардумони ғайринизомии Шимолро ба хатар андозед. Беҳтар аст нерӯҳои худро дар манотиқи паштуннишин мустақар созед.
Покистон ба Толибон пушт кард, аммо ҳазорон покистонӣ дар манотиқи қабоилӣ барои ширкат дар ҷиҳод алайҳи Амрико омодаи рафтан ба Афғонистон буданд. Онҳо низ монанди Толибон фикр мекарданд, ки дар ҷанги рӯёрӯӣ бо сарбозони амрикоӣ даргир мешаванд, то ин ки бомбаборонҳои сангин оғоз шуду хутути ҷабҳа дар саросари Афғонистон чанд ҳафта дар баробари ин бомбаборон муқовимат кард. Дар Шимол баъд аз чанд ҳафтаи бомбаборони шадид вазъ ба вахомат гароид.
Ба ҳамин далел иддае аз довталабони покистонӣ ба Мазори Шариф эъзом шуданд, вале мушкили онҳо ин буд, ки бо муҳиту маҳал комилан бегона буданд. Мулло Умар умедвор буд, ки бо тақвияти Мазори Шариф ба василаи ҷангҷӯёни покистонӣ мушкил рафъ хоҳад шуд. Дар Кандаҳор гумон ба ин буд, ки муқовимат идома хоҳад ёфт, вале бомбаборонҳои Кандаҳор ба тадриҷ арсаро ба Мулло Умар танг сохт. Ӯ дар шароите қарор гирифт, ки шабҳо дар фазои боз ё дар ҷоҳое, ки қаблан дар он ҷоҳо дида нашуда буд сипарӣ мекард. Ӯ худ дар дар мухобира суҳбат намекард, намехост маҳалли иқоматаш барои амрикоиҳо ифшо гардад.
Мулло Муҳаммад Умар ба сурати расмӣ фармондеҳи кулли нерӯҳои Толибон буд, вале дар чунин шароите, ки ҷанги бузурге ба роҳ афтода буд, ӯ амалан ҳеҷ иртиботе бо ҷабаҳоти ҷанг надошт, зеро метарсид бо ифшо шудани маҳалли иқоматаш он ҷо бомбаборон шавад. Дар ҳоле ки фармондеҳони низомии Толибон ҷуз фармони Мулло Умар ба фармони ҳеҷ касе дигар амал намекарданд. Мулло Нурулло Нурӣ, раиси зуни Шимол дар мухобира фарёд мекард: “Мо аз боло бомбаборон мешавему хутути ҷабҳа дар наздикии Мазори Шариф мавриди ҳамлаи заминӣ қарор гирифтааст. Дар дохили шаҳр муқовимат оғоз гардидааст. Мулло соҳиб (манзур мулло Умар), бигӯед, ман чӣ кор кунам?”
Мулло Ахтар Усмонӣ, фармондеҳи нерӯҳои ҷанубу ғарби Толибон баъд аз машварат бо Мулло Умар ба Мулло Нурӣ ҷавоб дод: “Шароит ба шумо беҳтар маълум аст, агар мушкилот зиёд аст бо машварат бо дигарон тасмим бигиред”. Нурулло Нурӣ гуфт, ман бояд бо шахси Мулло соҳиб суҳбат кунам ва бояд дастурро аз забони худи ӯ бишинавам, то баъд монанди Мулло Муҳаммад Ғавс муттаҳам ба буздилӣ ва хиёнат нашавам. Усмонӣ гуфт, мо бо Мулло соҳиб дар тамос нестем, шумо бо машвараи дигар фармондеҳони низомӣ тасмим бигиред.
Соири фармондеҳони низомӣ низ мехостанд аз шахси Мулло Муҳаммад Умар дастури ақабнишинӣ бишинаванд, вале Мулло Умар, ки садои ононро аз тариқи мухобира мешунид, дар ҷавоб сухан намегуфт, то ин ки хабар расид тайёроти амрикоӣ тангии Тошқрғонро бомбаборон намуданду роҳ масдуд шудааст. Масдуд шудани он роҳ ба ин маънӣ буд, ки дигар наметавон аз роҳи ҷодаи Мазори Шариф ба Пулихумрӣ худро аз масири Бомиён ба Кобул расонд. Фармондеҳони низомӣ дар Мазори Шариф ба машвара нишастанду билохираи тасмим ба хурӯҷ аз Мазор Шариф гирифтанд, зеро дигар наметавонистанд дар баробари ҳамалоти шадиди тайёраи Би52 муқовимат намоянд.
Дар ҳоле ки ҳар лаҳза хатари қиёми умумӣ дар дохили шаҳр мутасаввир буд, хабар расид, ки Бомиён суқут карду роҳи шимолу ҷануби кишвар масдуд шуд. Хабари суқути Бомиён ба ин маънӣ буд, ки ҳамаи нерӯҳои Толибон дар Шимол дар муҳосира афтоданд. Толибон беш аз ҳар чиз аз мардум ҳарос доштанд. Онҳо ҳаргиз дар садади ҷалби ҳимояти мардум барнаёмада буданд ва медонистанд мардум, ки аз Толибон шиканҷаву фишор чизи дигаре надида буданд, мутарассиди фурсат ҳастанд, ки интиқом бигиранд. Ин сарнавишт охири ҳар низомест, ки ба ҳимояти мардуми хеш бетавваҷуҳ будааст.
Абуҳафс, фармондеҳи Алқоида дар оғози бомбаборон дар Чиҳилзинаи Кандаҳор кушта шуд. Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои хориҷӣ дар асари бомбаборони тайёроти амрикоӣ дар Чашмаи Шамо дар Мазори Шариф ба шиддат захмӣ ва дар асари ҷароҳот дар шифохона даргузашт. Усома, Айман Алзавоҳирӣ ва дигарон нопадид шуданд.
Ақабнишинӣ аз Мазор нимаи шаб ба шакли бисёр номуназзам оғоз шуд. Роҳи дигаре ҷуз масири машҳури Ирганак набуд ва онҳо бояд ба Кундуз ва ба нерӯҳои дигар дар онҷо мепайвастанд. Ҳар кас ба фикри наҷоти худу иддаи нерӯҳои довталаби покистонӣ, ки тоза ба шаҳр омада буданд, бехабар аз ақибнишинӣ дар шаҳри Мазори Шарифи монданд. Дар ин ақибнишинӣ буд, ки Толибон бузургтарин талафот дар тӯли ҷангро таҳаммул карданд.
Тайёроти амрикоӣ аз авоили субҳ то ғуруби офтоб биловақфа ба мутарҳои ҳомили Толибони бомбу ракет фурӯ рехтанд. Дар ҳар қадам оҳанпораҳои барҷомонда аз пакопҳои Толибону аҷсоди порчапорчашудаи онон. Ракетҳои гармоёб муҳаррики мутарҳоеро, ки равшан буданд, ҳадаф қарор медоданд ва ба ин тартиб нерӯи зиёди Толибонро замингир карданд.
Вусъати доманаи ин куштор бисёр бузург буд ва фақат иддаи каме муваффақ ба расидан ба Кундуз гардиданд. Суқути Мазор сароғози суқути онон дар саросари Афғонистон буд ва нерӯҳои мухолифин яке пайи дигаре шаҳрро тасарруф мекарданд.
Дар Кандаҳор Мулло Умар дар кори истихораву хоб дидан буд. Ӯ ба атрофиёни худ мегуфт, таслим нашавед, зеро Амрико дар ҳамин чанд рӯз нобуд хоҳад шуд. Аммо интизори нобудии Амрико ба дарозо кашид ва дар муқобил Кандаҳор дар остонаи нобудӣ қарор гирифт. Аз тарафи дигар ҳар рӯз аз шумори атрофиёни Мулло Умар коста мешуду билохира маҷбур шуд аз хаёлбофӣ дастбардору омодагии худ барои таслими Кандаҳорро эълом кунад. Ин тасмимро вай замоне гирифт, ки нерӯҳои эъзомии ӯ барои пас гирифтани вилояти Урузгон дар масири роҳ бо ҳамалоти тайёроти амрикоӣ мувоҷеҳ шуда, аз байн рафтанд. Бо суқути Кандаҳор аморати исломӣ, ки Толибон онро бунёд ниҳода буданд, ба сурати комил фурӯ рехт...