Шаби 26 ба 27 феврали 1991 дар шоҳроҳи миёни Кувайт ва марзи Ироқ ҳазорон нафар, аз ҷумла ғайринизомиёни ироқӣ, аз сӯи нерӯҳои Амрико ва мусоидати Британияву Созмони Милал ва кишварҳои Халиҷ сӯзонда, сар ба нест шуданд.
Нависанда: Маҳфуз
Ҳамаи чиз дар ин тасвир мурда аст — ҳатто боркашҳо ва худравҳои низомӣ комилан нобуд шудаанд.
Дар авохири феврали 1991, пас аз ҳафт моҳ аз таҳоҷуми Ироқ ба Кувайт, ҷанг шакли ҷадиде ба худ гирифт.
Нерӯҳои низомии ироқӣ пас аз ҳамалоти мудовими ҳавоӣ аз сӯи эътилофи байнулмилалӣ хаста шуда буданд.
Дар 22 феврали 1991, Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ — ки он замон ҳануз вуҷуд дошт — ибтикоре барои сулҳ эълом карду хостори хурӯҷи комили Ироқ аз Кувайт зарфи 21 рӯз шуд, ба шарти он ки нерӯҳои эътилоф дар ҷараёни ақибнишинӣ, ҳамалоти худро мутаваққиф кунанд.
Пас аз миёнҷигарии Шуравӣ Ироқ баёнияе ба Созмони Милал ва Вашингтон фиристоду мувофиқати худро бо хурӯҷи комил аз Кувайт зарфи як рӯз, таҳти назорати мустақими Созмони Милал ва бо таъйиди Иёлоти Муттаҳида эълом кард.
Вашингтон расман аз тариқи раисҷумҳур Ҷорҷ Буши Калонӣ вокуниш нишон дод ва гуфт: “Агар Ироқ амалан мутобиқи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал шурӯъ ба ақибнишинӣ кунад, мо амалиёти низомиро мутаваққиф хоҳем кард.”
Бино бар ин, раисҷумҳури Ироқ, Саддом Ҳусайн, дастури ақибнишинӣ аз Кувайтро содир кард ва аз тариқи хабаргузории расмии Ироқ эълом кард, ки худро ба қатъномаҳои Шӯрои Амният — бавижа қатъномаҳои 660 ва 678 — мулзам медонад, ки хостори ақибнишинии фаврӣ буданд.
Созмони Милал ин ибтикорро хушомад гуфт ва ҳатто Кохи Сифед расман эълом кард, ки онро “мувофиқатшуда” медонад.
Пас артиши Ироқ шурӯъ ба ақибнишинӣ аз Кувайт кард. Корвонҳои тӯлонӣ аз худравҳои ироқӣ дар сутунҳои созмонёфта дар имтидоди бузургроҳи 80 аз Кувайт ба самти марзи Ироқ ҳаракат мекарданд — ғайримусаллаҳ, омода набудан барои даргирӣ ва бо итминон аз тазминҳои Амрико ва Созмони Милал.
Бо торик шудани шаб, моҳвораҳо ва ҳавопаймоҳои Амрико ва Британия — бо ҳамкории кишварҳои ҳавзаи Халиҷ — он сутуни азимро, ки даҳҳо километр имтидод дошт ва монанди навори филизӣ буд, шиносоӣ карданд.
Дар ҳамон лаҳза раисҷумҳури Амрико, Ҷорҷ Буши падар, фармон дод: “Иҷоза надиҳед ҳатто як ироқӣ баргардад... Ҳамаро бикушед.”
Дар арзи чанд дақиқа осмон ба тӯфоне аз оташ табдил шуд.
Ҳавопаймоҳои Амрико ва Британия пайваста мушакҳо ва бомбаҳои ҳушмандро бар сари корвони дар ҳоли ақибнишинӣ фурӯ рехтанд. Танкҳо ва боркашҳо оташ гирифтанд, махозини сӯхт мунфаҷир шуданд ва уфуқ ҳамчун сапедадами ҷаҳаннам медурахшид. Халабонон ҳамчунон давр мезаданд то ҳамон аҳдофро борҳо ва борҳо бомбаборон кунанд, дар ҳоле ки аҷсоди дохили худравҳо месӯхтанд.
Беш аз 1400 худрав нобуд шуд. Ҳудуди 10٬000 нафар ироқӣ — аз ҷумла сарбозон ва бархе ғайринизомиён, занону кӯдаконе, ки аз талофиҷӯӣ фирор мекарданд — зинда-зинда сӯхтанд.
Тамоми инҳо пас аз эъломи оташбаси таҳти назорати Созмони Милал ва Амрико ва пас аз он ки Ироқ расман ақибнишинии худро эълом карда буд, иттифоқ афтод.
Рӯзноманигороне, ки ба маҳал расиданд, баъдҳо ба шиддати шока тавсиф карданд: “Мо ҳаргиз чизе шабеҳи инро надидаем. Ҷода шабеҳи интиҳои ҷаҳон буд.”
Аз он рӯз, сарбозони Амрико ва расонаҳои ғарбӣ онро “ҷодаи марг” хонданд.
Бино бар ин, бомбаборони нерӯҳои дар ҳоли ақибнишинӣ як хиёнат ба як тавофуқи байнулмилалӣ ва як ҷинояти ҷангии ошкор тибқи конвенсияҳои Женева буд, ки ҳамла ба нерӯҳои дар ҳоли ақибнишинӣ, асирон ё касонеро, ки силаҳи худро замин гузоштаанд, мамнӯъ месозад.
Аммо ҳамон тавр, ки маъмул аст, ҳеҷ таҳқиқи байнулмилалӣ ҳаргиз оғоз нашуд — зеро муртакиби ҷиноят ҳамзамон қозӣ буд: Амрико, абарқудрате, ки ҳангоме бихоҳад ҳуқуқи байнулмилалро зери по мегузорад — қонуне, ки танҳо ба унвони силоҳе алайҳи заъифон вуҷуд дорад.
Ва ин гуна буд, ки ин ҳодиса дарс шуд барои ҳамаи касоне, ки ба ваъдаҳои ғарбӣ бовар доранд ё ба “қонуни байнулмилал”-и онҳо эътимод мекунанд.
Ва ба сокинони Ховари Миёна, ки дар баробари ишғолгарии Ғарбу намояндаи онҳо Исроил муқовимат мекунанд: таслим нашав. Бо тамоми тавон биҷанг, вагарна нобудат хоҳанд кард. Истеъморгарон дар тӯли таърих собиқаи хиёнат ва шикастани паймонҳоро доштаанд, зеро дар ин замона, таслим шудану эътимод ба онон бузургтарин иштибоҳест, ки метавон муртакиб шуд.
Ва ниҳоят, танҳо ҳамин фармон Ҷорҷ Буши падарро ба як ҷинояткори таърих табдил дод, аммо расонаҳои “озоду демократӣ”, созмонҳои “ҳифзи ҳуқуқи башар” дар ин бора нагуфтанд ва ҳеҷ “додгоҳи байнулмилал” ҳам ӯро ҷинояткори ҷангӣ эълон накард...