Хабари рӯз

Ҳукумати Толибонро мафияи қочоқи маводи мухаддир контрол мекунад.

Манбаъ: Intel Insights

Гурӯҳи Толибон шабакае мафияӣ ва созмонёфта аст, ки бо қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва сангҳои қиматӣ, пояҳои қудрати худро таҳким мекунад. Дар ин миён, бархе аз чеҳраҳои калидии ин гурӯҳ ба ҳадде қудратманд шудаанд, ки ҳар гоҳ манофеъашон таҳдид шавад, метавонанд ҳар низомеро бо чолиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кунанд.

Чеҳраҳои калидии мафияи Толибон киҳоянд?

1 - ҲОҶӢ ГУЛМУҲАММАД БАРИЧ (НАИМ БАРИЧ): Наим Барич марбут ба қабилаи барич, вулусволии Гармсери вилояти Ҳилманд мешавад. Ӯ яке аз фармондеҳони барҷастаи Толибон ва ҳамчунон яке аз қочоқчиёни машҳури маводи мухаддир аст. Наим Барич равобити хеле наздик бо Эрон дорад ва шабакаи бузурге барои қочоқи тарёк ва героин ба Покистону Эрон эҷод кардааст, ки бахше аз авоиди он мустақиман ба Толибон мерасад.

2 - МУЛЛО ГУЛОҒО (ҲАДИЯТУЛЛОҲ БАДРӢ): Мулло Гулоғо яке аз аъзои раҳбарии деринаи Толибон аст, ки дар даврони ҷанги алайҳи низоми ҷумҳурият, раёсати комиссияи молии ин гурӯҳро бар ӯҳда дошт. Пас аз тасаллути Толибон, ӯ ба мақомҳое чун вазорати молия, Банки марказии Афғонистон ва вазорати петролиум гумошта шуд ва ба унвони яке аз муҳраҳои калидӣ дар мудирияти манобеъи молии Толибон шинохта мешавад. Вай, ки дар гузашта ба унвони қочоқбар шӯҳрат дошт, акнун бо истифода аз пӯшиши давлатӣ, тиҷоратҳои ғайриқонунии Толибонро танзим ва барои он машрӯъиятсозӣ мекунад.

3 - БАШИР НУРЗАЙ (ҲОҶӢ БАШИР): Ҳоҷӣ Башир яке аз бузургтарин қочоқбарони маводи мухаддири Афғонистон, ки солҳо ба унвони “банки Толибон” шинохта мешуд. Ӯ миллиардҳо доллар аз тариқи тиҷорати тарёк барои Толибон фароҳам кард. Ҳарчанд ӯ ба муддате тӯлонӣ дар Амрико зиндонӣ буд, аммо шабакааш ҳамчунон фаъол боқӣ монд. Башир Нурзай аз рӯзҳои нахусти зуҳури ин гурӯҳ, Толибонро тамвил мекард. Ӯ дар сентябри 2022 тайи як мубодилаи зиндониён аз зиндони Гуантанамо озод шуд.

4 - ҲОҶӢ ЛАЪЛҶОН ИСҲОҚЗАЙ: Ҳоҷӣ Лаълҷон аз вулусволии Сангини вилояти Ҳилманд, яке аз чеҳраҳои бонуфузи ин вилоят ва шарики аслии шабакаи қочоқи Толибон ба шумор меравад. Ӯ нақши калидӣ дар интиқоли маводи мухаддир ба хориҷ аз Афғонистон дорад ва амалан ба унвони пули иртиботӣ миёни мафияи байнулмилалӣ ва Толибон амал мекунад, ба гунае, ки бахши муҳимме аз манобеъи молии Толибон аз тариқи шабакаи ӯ таъмин мешавад.

 ‏Толибон имрӯз беш аз он ки як ҳукумат ва ё давлат бошанд, ба унвони як картели мафияии ҷаҳонӣ шинохта мешаванд. Онҳо аз тавлид ва қочоқи маводи мухаддир то тиҷорати силоҳ ва истифода аз сохтори давлатӣ барои пӯшондани ин фаъолиятҳо, қудрати худро тасбит кардаанд. Ин таркиби “давлат–мафия” на танҳо амнияти Афғонистон, балки суботи минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!