Ҳар ду бар як пешфарз нигоҳи муштарак доранд ва он ин ки ин сарзамин “моли мост”, дигарон ё бояд ҳамон шаванд, ки мо мехоҳем, дар ғайри он бояд бираванд.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Як ҳушдори ахлоқӣ
Ин ёддошт на шарҳи умумии таърих аст ва на ҷадали эҳсосе ҳувиятӣ, балки талошест барои нишон додани як улгӯи таърихии мушаххас мубтанӣ бар чигунагии интиқол, бумисозӣ ва тадовуми мантиқи фашизм аз Олмони нозӣ ба ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон барои эҷоду шаклдиҳии идеологияи афғонизму паштунизм. Муқоисаи ҳозир бар пояи аналогияи таърихӣ аст, ки агар равшан нашавад, ҳар муқовимати ҳувиятӣ ё саркӯб мешавад ва ё ба бунбаст мерасад.
Дар суннати фалсафаи ахлоқи олмонӣ, аз Кант то Ясперс, “ҳушдори таърихӣ” замоне муътабар аст, ки на барои интиқом, балки барои ҷилавгирӣ аз такрори шар ба кор равад. Аналогия дар ин маъно абзори фаҳми ахлоқӣ аст, на иғроқи сиёсӣ.
Таърихи натсионализм дар Аврупо аз шаклгирии назарияҳои расистии Артур Ду Губино то Ҷанги аввали ҷаҳонӣ ва пас аз он ба қудрат расидани фашизм дар Италия ва сипас пирӯзии нозизм дар Олмону таъсиси “Рейхи сеюм”, ҳавзаҳое будаанд, ки аз даврони донишгоҳ мавриди тавваҷуҳу мутолиаи ман қарор доштаанд.
Баъдҳо рушди натсионализми туркӣ таҳти таъсири ҳаракати “Ҷавонони турк” низ бароям ҷолиб шуд, зеро пайомадҳои фикрӣ ва идеологии он ба сӯи ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон сарозер гардид ва дар ниҳоят ба эҷоди давлати як қавм, бо ду ном “афғон” ва “паштун”, анҷомид.
Вуруди андешаи натсионалистии олмонӣ ба давраи амонӣ бармегардад, ки пас аз он, бавижа дар ҳокимияти нодирӣ ва бародарон шакли расистӣ гирифт, ки дар он нақши нозизм барҷаста аст. Дар ин мухтасар мехоҳам як муқоисаи кӯтоҳ бар пояи улгуҳои таърихӣ дошта бошам, то нишон диҳам тоъуни идеологияи фашизм чигуна дар зеҳни аксарияти мутлақи афғонҳо ё паштунҳо ҳузур пайдо кард; идеологияе, ки дар даҳаи 1930 тавассути олмониҳои нозӣ ба Кобул интиқол дода шуда буд.
Томас Манн дар замони табъидаш навишт: фашизм, пеш аз он ки давлат бисозад, “зеҳнияти итоат” месозад. Ин нукта калиди фаҳми чароии пазириши сареъи афғонизм дар сохтори қудрати Кобул аст!
***
Дар оғози ба қудрат расидани нозиҳо сиёсати расмии онон нисбат ба яҳудён мубтанӣ бар “ихроҷу водоштан ба тарки Олмон” ва на нобудии физикии фаврӣ буд. Ин нукта барои фаҳми сайри радикал шудани нозизм аҳамияти бунёдин дорад. Ман онро дар се марҳалаи яҳудиситезӣ барҷаста месозам:
1 - Ҳазфи яҳудён миёни солҳои 1933-1939;
Пас аз ба қудрат расидани Ҳитлер дар 1933 сиёсати нозиҳо чунин буд:
Ҳазфи яҳудён аз зиндагии умумӣ, аъмоли фишори иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои водор кардани онон ба муҳоҷирати иҷборӣ.
Барои таҳаққуқи ин барнома абзорҳои мутааддиде ба кор гирифта шуд, ки дар раъси он қавонини Нюренберги 1935 қарор дошт. Бар бунёди он қавонин, яҳудиён ба шаҳрвандони дараҷаи 2 таназзул карданд; издивоҷу равобити онон бо “олмониҳои ориёӣ” мамнӯъ шуд; аз машоғили давлатӣ, донишгоҳӣ, пизишкӣ, ваколату дигари арсаҳо ихроҷ гардиданд; раванди “ориёисозӣ” аз тариқи мусодираи тадриҷии амволи яҳудён оғоз шуду таблиғоти шадиди зиддияҳудӣ фазои ноамниро ҳам аз назари равонӣ ва ҳам иҷтимоӣ эҷод кард.
Ҳадафи нозиҳо равшан буд ва он тахлияи Олмон аз яҳудён. Дар натиҷа, миёни солҳои 1933 то 1939 ҳудуди ниме аз яҳудёни Олмон маҷбур ба тарки кишвар шуданд.
Дар таблиғоти густарда ба яҳудиён гуфта мешуд: “Биравед, аммо дунё шуморо намепазирад.”
Олмони нозӣ огоҳ буд, ки мавҷи яҳудиситезӣ дар саросари Аврупо густариш ёфта ва бисёре аз кишварҳои ба истилоҳ демократии ҷаҳонӣ аз Амрико ва Канада то Британия ва Фаронса аз пазириши ҳудуди 600 ҳазор муҳоҷири яҳудии Олмон, Австрия ва Чехословакия сар боз хоҳанд зад.
Конфронси Евиан (Evian Conference) дар соли 1938 дар Фаронса, ки ба ибтикори Франклин Рузвелт баргузор шуд ва беш аз 30 кишвар дар он ширкат доштанд, намунаи ошкоре аз як шикасти ахлоқӣ буд, зеро тақрибани ҳеҷ як аз кишварҳои иштироккунанда ба ҷуз аз Доминикаи кӯчак, ҳозир ба пазириши саҳмияи ҷадиди яҳудиён нашуданд. Ин рӯйдод лаккаи сиёҳе дар таърихи Ғарби демократии пеш аз Ҷанги ҷаҳонии дувум ба шумор меравад. Адами пазириши яҳудён иддаои нозиҳоро тақвият кард, ки “дунё ба яҳудиён ниёз надорад”.
Пас аз он шаби маъруфи Кристал дар ҳамон сол рух дод; рӯйдоде, ки метавон онро нуқтаи атфе дар масири куштори яҳудиён донист. Бо ин ҳама, ҳадафи аслии Шаби Кристал низ ҳанӯз иръоб барои тарк кардани Олмон буд. То ин ҷо метавон гуфт, ки куштори санъатӣ ҳанӯз оғоз нашуда буд. Ногуфта набояд гузошт, ки дар ҳамон соли саркӯби шабеҳи Шаби Кристал дар шаҳрҳои яҳуднишин дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон, ба вижа Ҳироту Маймана иттифоқ афтод, ки сароғози муҳоҷиратҳои густардаи яҳудиён ба сӯи сарзаминҳои кунунӣ, аз ҷумла Фаластин шуд.
2 - Бунбасти ихроҷу оғози муҳосира миёни солҳои 1939 – 1941
Бо оғози Ҷанги ҷаҳонии дувум марзҳо баста шуду ихроҷи густарда номумкин гардид. Миллионҳо яҳудӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ гир афтоданд. Конфронси Евиан 1938, ки нотавонӣ ва бемасъулиятии ахлоқӣ “Ғарби мутамаддин”-ро ошкор сохт, ба нозиҳо итминон дод, ки ҷаҳон низ дар ҳазфи яҳудиён шарик аст.
Валтер Бинёмин, файласуфи яҳудии олмонӣ, дар тезисҳое “Дар бораи мафҳуми таърих” навишт: пешрафт, ағлаб бар вайронаҳои қурбониён бино мешавад. Худи ӯ ҳам қурбонии ҳамин бунбасти ахлоқӣ то маргаш шуда буд.
3 - Роҳҳали ниҳоӣ - 1941 - 1945
Тарҳи “роҳҳалли ниҳоӣ” (Endlösung) яъне ҷогузинии ҳазфи нарм ба нобудии санъатӣ, ки шомили маҳви созмонёфтау физикии яҳудиён дар урдугоҳҳои марг, монанди Освенсим, Аушвитс, Треблинка, Дахау ва дигар урдугоҳҳо шуд ва дар таърих ба унвони наслкушии санъатӣ ва суқути ахлоқӣ сабт шудааст.
Бидуни вуқуъи ду марҳалаи нахуст, тарҳи “роҳи ниҳоӣ” номумкин буд!
***
Дарки нозизм бидуни бозгашт ба таборшносии ахлоқии натсионализми аврупоӣ мумкин нест. Аз нимаи дувуми қарни нуздаҳум, натсионализм дар Аврупо аз як назарияи раҳоибахши мубтанӣ бар худогоҳии фарҳангӣ, батадриҷ ба як идеологияи ҳазфи “дигарон” бо низоми силсиламаротибӣ мубаддал шуд. Артур де Губинои фаронсавӣ бо тарҳи назарияи “нобаробарии нажодҳои инсонӣ” нахустин бунёни шибҳиилмии ахлоқзудоӣ аз инсони “дигаре”-ро пайрезӣ кард; ҷое ки арзиши инсон на бар пояи каромат, балки бар асоси хун, табор ва устура таъриф мешуд ва то акнун идома дорад.
Ҳамон гуна ки Ханна Арендт тавзеҳ дод, фашизм замоне оғоз мешавад, ки “масъулияти ахлоқии фардӣ дар баробари як ривояти калони таърихӣ таълиқ гардад”. Дар ин мантиқ, фарди дигаре масъул нест, балки ӯ сирфан “муҷрии зарурати таърихӣ” аст. Ин ҳамон бистарест, ки баъдҳо имкони гуфтани “биравед”-ро бе ҳеҷ эҳсоси гуноҳе фароҳам сохт.
Пас аз Ҷанги ҷаҳонии аввал, таҳқири Олмон дар муоҳидаи Версал, буҳрони иқтисодӣ ва фурӯпошии назми иҷтимоӣ, ин мантиқро ба нерӯи тӯдаӣ бадал кард. Нозизм на танҳо як вокуниши сиёсӣ буд, балки фаротар аз он посухи ахлоқии воруна ба як буҳрони ҳувиятӣ низ талаққӣ мешавад, яъне посухи мубтанӣ бар ҳазфи “дигарӣ”.
Томас Манн дар табъид навишт, ки нозизм “пирӯзии ибтизолии ахлоқӣ бар виҷдон” аст; ҷое ки забон, устура ва таърих ҳама ба абзори тавҷеҳи хушунат бадал мешаванд.
Ин чорчӯби ахлоқии маъюб ҳамон улгуест, ки баъдҳо бо таъхири таърихӣ дар пружаи афғонизм бозтавлид шуд: ҷойгузинии ахлоқ бо устура, каромат бо табор ва ҳамзистӣ бо ҳазфи нарм.
Интиқоли нозизм ба Афғонистон: аз нажоди ориёӣ то натсионализми афғонӣ
Вуруди натсионализми олмонӣ ва бавижа, нозизм ба ҷуғрофиёии номниҳоди Афғонистон, на ҳодисае тасодуфӣ буд ва на натиҷаи “илҳоми фарҳангӣ” -и бетараф, балки бахше аз як пайванди идеологӣ, сиёсӣ ва омӯзишии огоҳона дар даҳаи 1930 маҳсуб мешавад, ки муддатҳое пеш пас аз мулоқотҳо ва эҷоди равобити мусалласи сегонаи Маҳмуд Тарзӣ, Амонуллоҳ ва Муҳаммад Нодир аз соли 1916 бо ҳайати олмонии Оскар фон Нидермайер (фармондеҳи ҳайати низомӣ) ва Барон Хентиг (дастёр) шакл гирифту баъд дар давраи зимомдории Амонуллоҳ сабаби гусели коршиносони зиёди олмонӣ шуд, ки дар танзими низомномаҳои давлатсозӣ кӯмак карданд. Барои мусаллас Олмон “нерӯи сеюм” дар баробари қудрати Ҳинди Бритониёӣ ва Русияи болшевикӣ буд.
Пас аз давраи амонӣ, дар даврони ҳокимияти Нодир ва бародарон, муносибот бо Олмон ба шакли расистӣ ниҳодина шуд ва ба гунаи густарда идома ёфт. Нозизм дар Афғонистон на ба сурати копии комил, балки ба гунаи бумӣ шуда ва татбиқ ёфта бо сохтори қабилаиву забони афғонӣ амал карда ва мекунад.
Идеологияи “нозӣ” бар мафҳуми “ориёӣ” устувор буд; мафҳуме, ки Алфред Розенберг, идеологи аслии нозизм, онро аз як назарияи шибҳиилмӣ ба як пружаи давлатии ҳувиятӣ бадал сохт. Ҳамин мафҳум дар нусхаи афғонӣ ба “афғони ориёӣ” тарҷума шуд, ки ҳадафи он сохти як ҳувияти мусаллати қавмӣ ва ҳазфи тадриҷии дигарон буд. Ин пайванд тасодуфӣ набуд: аснод, рафтуомадҳо, омӯзиши кадрҳо ва адабиёти талидшуда дар он давра нишон медиҳанд, ки натсионализми афғонӣ аз ҳамон мантиқи нозистӣ “миллати воҳид, забони воҳид, таърихи воҳид” тағзия мекард.
Дар ин чорчӯб, забони пашту ба масобаи забони “миллати ҳоким” дар назар гирифта шуду забони порсӣ, бо вуҷуди решаи тамаддунӣ ва коркарди идории он, ба унвони монеъи пружаи давлати мутамарказ талаққӣ гардид. Ҳамон гуна, ки нозизми олмонӣ, яҳудёнро на фақат як гуруҳи мазҳабӣ, балки “масаълаи нажодӣ” таъриф мекард, афғонизм низ порсизабонону дигари ақвомро на ба унвони шаҳрвандони баробар, балки ба унвони “масаълаи ҳувиятӣ” бозтаъриф намуд. Ин бозтаърифи ахлоқӣ, заминасози ҳазфи нарм шуд.
Нуқтаи калидии ин интиқол, истифода аз “қудрати нарм” буд; ҳамон улгуе, ки нозиҳо пеш аз тавассул ба куштори санъатӣ ба кор гирифтанд. Таърихсозӣ афғонӣ аз Мирвайс то Аҳмадшоҳ Абдолӣ, тавлиди устураҳои қавмӣ ба мисли Малолай, бознависии мутун дар китобе ба номи “Патта хазона” ва илқои ин гузора ки “афғон будан шарти шаҳрвандӣ аст”, ҳамагӣ абзорҳои ҳамон ҳазфи марҳалабандишуда буданд. Ба ҳамин далел аст, ки матни ҳозир бар аналогияи таърихӣ таъкид мекунад, зеро бидуни фаҳми ин интиқол афғонизм сирфан ба унвони як таассуби маҳаллӣ фаҳмида мешавад, на як пружаи фашистии воридотӣ ва бумишуда.
Ахлоқи табъиз ва масъулияти равшанфикри паштун: аз инкори ҷамъӣ то ғайбати додхоҳӣ
Яке аз гиреҳҳои асосӣ дар фаҳми тадовуми афғонизму паштунизм, на танҳо дар рафтори ҳокимон, балки дар ахлоқи сиёсӣ ва фарҳангии бахши бузурге аз равшанфикрони паштун нуҳуфтааст. Дар солҳои ахир, истидлолҳои ба зоҳир оштиҷӯёна аз сӯи чеҳраҳои паштунтабор такрор мешавад, ки “паштунҳо ошиқи забону фарҳанги порсиянд”, ё “набояд як қавмро сарзаниш кард”, ва ё ин ки “агар табъизе сурат гирифта, кори ҳукком буда, на мардуми паштун”, “аксарияти паштунҳо қурбонии истибдоди ҳокимони худанд”, ё бояд “гуманист буд” ва ғайраҳу ба мавзӯъи “гуманизми афғонӣ” дар як навиштаи мустақилу густарда дар гузашта пардохтаам.
Ин истидлолҳо, дар зоҳир инсонӣ ва зидди табъиз ба назар мерасанд, аммо дар бунёни ахлоқӣ дучори як нуқси ҷиддианд. Масаъла ин нест, ки оё ҳамаи паштунҳо ба гунаи мустақим даст ба саркӯб задаанд ё хайр; ҳамон гуна ки дар Олмони нозӣ низ ҳамаи олмониҳо қотил набуданд. Балки масаъла ба таъбири Даниел Голдҳаген ин аст, ки ахлоқи “ҳамкории довталабона” вуҷуд доштааст: ҳамкорие, ки на ба гунаи илзомӣ бо хушунати урён дар иртибот аст, балки ба шакли сукут, тавҷеҳ, инкор ва баҳрамандӣ аз назми табъизомезу султа ба нафъи хеш сурат мегирад.
Иддаои “ишқи паштунҳо ба забони порсӣ” агар аз сатҳи эҳсосоти фардӣ фаротар наравад ва ба куниши ахлоқӣ ва сиёсӣ бадал нашавад, амалан ба як жести беҳазина шабоҳат дорад. Ишқ ба забон замоне маънодор мешавад, ки дар баробари таҳқири сохтории ҳамон забон, сукут сурат нагирад ё донишомӯхтагони паштун дар баробари ҳазфи ҳуқуқӣ ва омӯзишии порсизабонон, дар канори қурбониён боистанд ва на дар ҳошияи амни бетарафии козиб пинҳон шаванд.
Санҷаи ахлоқ, на дар ниятҳои эъломӣ, балки дар мавзегириҳои пурҳазина сурат мегирад!
Дар ин ҷо пайванди ин баҳс бо ҳаштаги “ман афғонӣ нестам” равшан мегардад.
Воқеияти талх ин аст, ки то имрӯз, ҳеҷ чеҳраи шохиси сиёсӣ ё фарҳангии паштун ба таври аланӣ ва беибҳом дар канори ғайриафғонҳо барои додхоҳии ҳувиятӣ наистодааст. Сукути ҷамъӣ худ як мавзеъ аст, ки маҳкам ба нафъи тадовуми табъиз ва беадолатӣ амал мекунад.
Чунин вазъияте ҳамон чизест, ки Ханна Арендт аз он ба унвони “ибтизоли шар” ёд мекард, шарре, ки на аз нафрати шахсӣ, балки аз одӣ шудани беадолатӣ ва табдили он ба вазъияти табиӣ зода мешавад. Ҳамаи паштунҳо ҳамзамон ҳозир нест бо қурбониёни Толибону афғонизм ҳамсадо шавад, дарвоқеъ миёни худу сохтори султа фосилаи ахлоқӣ эҷод намекунад.
Бетарафӣ дар шароити нобаробар худ шакле аз ҷонибдорӣ аст.
Толибон, афғонизми либерал ва тадовуми як ахлоқи воҳиди султа
Яке аз хатоҳои таҳлилии роиҷ чӣ дар миёни нозирони берунӣ ва чӣ дар миёни бахше аз донишомӯхтагони дохилӣ ин аст, ки миёни Толибон аз афғонизми давлатӣ ва ё аз натсионализми паштунии мавсум ба “модерн” тафкики ахлоқӣ мекунанд. Ин тафкик, беш аз он ки реша дар воқеияти таърихӣ дошта бошад, маҳсули ниёзи равонӣ аз баҳри табраъаи хешу ҳифзи тасвири ахлоқии ҷаълӣ аз “паштуни хуб” дар баробарми “толиби бад” аст.
Дар ҳоле, ки Толибон на гусаст, балки идомаи урёни ҳамон мантиқи ахлоқиест, ки афғонизми давлатӣ аз даҳаи 1930 ба ин сӯ онро ниҳодина кардааст. Агар афғонизми классик ҳазфи нармро аз масири қонун, таърихсозӣ, забону омӯзиш дунбол мекард, Толибон ҳамон ҳазфро бо забони аслиҳа ва шариъати паштунволӣ ба ҳайси идеологияи фашистӣ аъмол мекунад. Тафовут дар абзор аст, на дар ахлоқ!
Ҳар ду бар як пешфарз нигоҳи муштарак доранд ва он ин ки ин сарзамин “моли мост”, дигарон ё бояд ҳамон шаванд, ки мо мехоҳем дар ғайри он бояд бираванд.
Дар ин миён “афғонизми либерал” аз навъи Ашраф Ғанӣ, Ҳаниф Атмар, Довудзай ва шабакаҳои фикрии вобаста ба онҳо нақши воситаи ахлоқиро бозӣ карда ва мекунад, ки на барои маҳори фашизм, балки барои қобили қабулсозии он дар забони модерн мебошад.
Ҳамон гуна ки дар Олмони даҳаи 1930, бюрократҳои таҳсилкарда, ҳуқуқдонону устодони донишгоҳ, хушунати нозиро дар қолаби “қонун” ва “маслиҳати миллӣ” одисозӣ карданд, афғонизми либерал низ султаи қавмиро бо вожагоне чун “давлат-миллат”, “ваҳдати миллӣ” ва “ҳувияти муштарак” сапедсозӣ мекунанд.
Толибон бидуни ин марҳалаи восит қобили тасаввур буда наметавонист. Толибон маҳсули шикасти афғонизми либерал нест, балки баракс маҳсули муваффақияти ахлоқии он аст. Замоне, ки даҳаҳо ба ғайриафғон омӯхта шуд, ки “афғон” ҳувияти табиӣ аст, забони порсӣ танҳо абзори он мебошад, таърихи ҷаълиро бояд пазируфт ва эътироз “тафриқаафканӣ” аст, он гоҳ заминаи ахлоқӣ барои ҳазфи хашин низ омода шуд.
Ҳеҷ як аз чеҳраҳои шохиси паштуни на либерал, на чап, на исломгаро, на технократ пас аз тасаллути Толибон, аз мавзеи додхоҳии ақвоми ғайриафғон сухан нагуфтанд. Эътирозҳо, агар ҳам буд, маътуф ба “аз даст рафтани қудрат”, “тасвири ҷаҳонии Афғонистон” ё “ҳуқуқи занон” ба сурати интизоӣ буданд, на ба сохтори султаи қавмӣ ва қабилаии афғонӣ. Ин сукут тасодуфӣ ё ношӣ аз тарс нест, балки тадовуми ҳамон ахлоқи табъизӣ аст, ки тасаллути Толибонро мумкин сохт.
***
Ҳоло як ишораи кӯтоҳ ба “ҳамкорони довталаб”-и ғайриафғон мекунам, ки нишона аз фурӯпошии ахлоқи равшанфикрӣ дар баробари зарурати ахлоқи муқовиматӣ аст. Ин даста бештар бюрократҳои фосид, муддаиёни қавмӣ ва таслимталабони давраи ҷумҳуриятанд, ки пайваста “афғон будан”-ро нушхор мекунанд!
Ҳеҷ пружаи фашистие, на дар Олмони нозӣ ва на дар Афғонистони афғонистӣ, танҳо бо иттикое ба зӯри сарнайза ва дастгоҳи амниятӣ ба пеш нарафтааст. Он чӣ фашизмро пойдор месозад, “ҳамкории довталабона”-и қурбониёни билқувва аст. Ҳамон падидае, ки Даниел Голдҳаген дар таҳлили нозизм онро нуқтаи аслии ҷиноят медонад. Ба қавли ӯ, мардумони одӣ, донишомӯхтаҳо, бахше аз аҳли қаламу фарҳанг ҳама на аз сари иҷбор, балки аз сари бовар ва ё тарс мутароким шуда, ба муҷриёни назми фашистӣ бадал мешаванд. Ҳамин акнун бубинем чанд ютубер, вебблогер, тиктокер ва ғайраҳу аз селебритиҳои ғайриафғон дар баробари назми ҳоким истодаанду афғониятро бо шуҷоат зери пӯшиш мебарад? Посух тақрибан ҳеҷ аст!
Бино бар ин, бо сароҳат метавон гуфт, ки дар ҷуғрофиёи номнҳоди Афғонистон, нақши бахше аз равшанфикрону нухбагони ғайриафғон, бавижа порсизабонон дар тадовуми афғоният башиддат вайронгар будааст. Далели он аз травмае бармеояд, ки пас аз ихтиноқ, фишори зиндон, сияҳчолҳо, таҳқиру ҳазфи нарми даҳаи 1930-1940 сурат гирифту насл дар насл маслиҳатӣ шуданд ва бақоро дар гарави созгорӣ медонанд. Дар натиҷа батадриҷ аз сатҳи тактик ба сӯи фурӯрезии ахлоқ суқут карданд. Дар ин ҷо ҳамкории дигари “иҷборӣ” набуду нест, балки ба куниши ақлонӣ ва сипас ба фазилат табдил шуд, ҳаст, яъне фазилати сукут, мамошоту афғонӣ шудани хеш.
Роҳи бадил ба ҳайси зарурати ахлоқӣ чист?
Пас аз як қарни таҷрибаи афғонизму паштунизм, дигар наметавон буҳрони Афғонистонро танҳо буҳрони ҳукумат, низоми сиёсӣ ё мудохилаи хориҷӣ ангошт. Он чӣ фурӯ пошидааст, бунёди ахлоқии ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аст. Давлате, ки бар нафй, таҳқиру истиҳолаи ҳувиятии ақвом бино шавад, ҳатто агар даҳҳо бор ному низоми худро тағйир диҳад, боз ҳам бозтавлиди ҳамон хушунат хоҳад буд. Аз ин рӯ, пурсиши аслӣ дигар ин нест, ки “чӣ касе ҳукумат кунад”, балки ин аст, ки бар чӣ мабнои ахлоқӣ метавон дубора бо ҳам зист?
Он чӣ дар як қарни гузашта ба номи “ваҳдати миллӣ” таблиғ шуд, дарвоқеъ шабаҳи қарордоди иҷтимоие нонавишта дар чавкоти низомномаҳо ва қонунҳои асосӣ ва ё мушобеҳи он аммо ба ҳар ҳол таҳмилӣ будааст:
* Ақвоми ғайриафғон метавонанд бимонанд, машрут бар он ки номи афғонро бипазиранд;
* Забонашон метавонад вуҷуд дошта бошад, машрут бар он ки таърихи мустақил надошта бошад;
* Фарҳангашон қобили таҳаммул аст, агар дар хизмати ҳувияти мусаллати “афғонӣ” масраф шавад.
Ин ба истилоҳ қарордод ҳаргиз довталабона набуд, ҳаргиз баробар набуду ҳаргиз ахлоқӣ набуд. Ба ҳамин далел, бо нахустин буҳрони ҷиддӣ аз ҷангҳои дохилӣ то тасаллути Толибон пайваста фурӯ рехт. Толибон на инҳироф аз қарордоди афғонӣ будаанд, балки таҷассуми урёни ҳазфи нарм ба ҳазфи хашин мебошанд, аммо мантиқи рӯйдодҳо ҳамеша бар як масир ва ҳамсон будааст.
Дар ин бистар, назарияи “ҳаққи таъйини сарнавишт” дигар як мутолибаи радикал ё таҷзияталабона нест, балки посухи ахлоқӣ ба як ситами сохтории таърихӣ аст. Ин ҳақ на танҳо фалсафӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ аст, балки ҳамчунон башиддат ахлоқӣ мебошад, зеро бар як асли содае устувор аст ва он ин ки: ҳеҷ инсоне, ҳеҷ қавме ва ҳеҷ ҷомеае набояд маҷбур шавад ҳувиятеро бипазирад, ки абзори таҳқиру ҳазфи ӯ будааст.
Ҳамон гуна ки пас аз фашизм, миллатҳои аврупоӣ дарёфтанд, ки ҳамзистӣ танҳо бар пояи ризояти озод мумкин аст, дар ин ҷуғрофиё низ ҳамзистӣ танҳо замоне маъно пайдо мекунад, ки ҳақи гуфтани “на” ба ҳувияти таҳмилӣ ба расмият шинохта шавад.
***
Ва дар пайванд ва мукаммали назарияи “ҳаққи таъйини сарнавишт”, тарҳи қарордоди иҷтимоӣ бадилест дар баробари бозгашт ба ҷумҳурияти сурӣ, такрори аморат ва ҳатто федерализме, ки танҳо номро тағйир медиҳад, аммо мантиқи султаро ҳифз мекунад. Ин қарордод танҳо замоне маъно дорад, ки бар се асли ахлоқӣ бино ёбад:
* Баробарии ҳувиятии воқеӣ, яъне ҳеҷ ном, забон ё ривояти таърихӣ набояд бар дигарӣ бартарии ниҳодӣ дошта бошад;
* Ба расмиятшиносии чандгонагӣ бар пояи пазириши тафовутҳо на ба ҳайси таҳдид, балки шарти асосии ҳамзистӣ.
* Пазириши ҳақи хурӯҷ, яъне ҳар гуруҳе бояд ҳақ дошта бошад, ки агар қарордодро одилона наёбад, онро ба чолиш кашад ва то марзи бозтаърифи ҷуғрофиё иқдом намояд.
Дар ин чорчӯб , номҳое чун Ориёно ё Хуросони Шарқӣ, на носталгияи таърихӣ, балки пешниҳодҳои ахлоқӣ барои гусаст аз ҷаъли ҳувиятии афғонизм ҳастанд. Машрӯъият на аз таърихи таҳрифшуда, балки аз ризояти озоди инсонҳои зинда касб мешавад.
Дар фарҷом маънои ахлоқии “ман афғон нестам” дуруст дар ҳамин мафҳуми модерн наҳуфтааст!
“Ман афғон нестам” на нафйи ҳамсоягӣ аст ва на эълони душманӣ, балки эълони хурӯҷ аз қарордоди ноодилона аст. Ҳамон коре, ки қурбониёни фашизм, пеш аз имкони сохтани назми нав, ногузир аз анҷоми он буданд, яъне гуфтани ин ки МАН ДИГАР БАХШЕ АЗ ИН ДУРӮҒ НЕСТАМ.
***
Таърих нишон додааст, ки ҳеҷ фашизме бо ислоҳоти сатҳӣ фурӯ нарехтааст. Нозизм на фақат бо шикасти низомӣ, балки бо шикасти ахлоқии худ фурӯ пошиду афғонизм низ танҳо замоне поён меёбад, ки ахлоқи он ба таври аланӣ ва бемулоҳиза рад шавад.
Ҳаққи таъйини сарнавишт “қарордоди иҷтимоӣ” ба ҳайси бадил, абзори интиқом нестанд, балки абзори наҷоти ахлоқӣ дар ин ҷуғрофиёи ҷаълӣ ба номи Афғонистон мебошанд. Бидуни онҳо, ин сарзамин ё майдони ҳазфи доимӣ хоҳад буд, ё зиндони бузург бо номҳои мутафовит.
Як пурсиши поёнӣ на сиёсӣ, балки ахлоқӣ ба он афғонҳое, ки виҷдони адолатхоҳ ва инсонӣ доранд:
Оё мехоҳед бо ҳам зиндагӣ кунем, ё тадовуми султаи афғониатонро тарҷеҳ медиҳед?
Посух ба ин пурсиш, ояндаи ин ҷуғрофиёро рақам хоҳад зад!






