Хабари рӯз

Идомаи муқовимат, яъне истодагии роҳбурдӣ дар баробари Толибон, аст.

Нависанда: Разманда, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Матлаби аслӣ: منطق امرالله صالح: بقا و مقاومت

Дар сиёсат асли амали сиёсӣ замоне маъно пайдо мекунад, ки бо аҳдофи роҳбурдии касб, ҳифз ва густариши қудрат ҳамроҳ бошад. Баҳрабардории ҳушмандона аз фурсатҳо барои наздик шудан ба меҳвари қудрат, як монёври машрӯъ ва роиҷ дар урфи сиёсӣ ба шумор меояд.

Интиқодҳои зиёде, ҳатто аз ҷониби бахше аз ҳавзаи муқовимат, ба оқои Солеҳ ворид шудааст, ки чаро ба тими раисҷумҳури махлуъи Афғонистон, Ашраф Ғанӣ, пайваст. Ҳол он ки ҳадафи аслӣ дар ҳар муборизаи сиёсӣ, таҳкими ҷойгоҳи як сиёсатмадор ва наздикӣ ба меҳвари қудрат барои таъмини манофеъи олии кишвар, ҳифзу тақвияти созмони вобаста ба ӯ, бақо дар майдони сиёсат ва эҷоди занҷирае аз манобеъи қудрат—шомили дониш, сарват, созмон, расона ва…—аст. Чунин таомуле, бар асоси мантиқи сиёсӣ, машрӯъ ва қобили тавҷеҳ аст.

Оқои Солеҳ пас аз солҳо фаъолияти иттилоотӣ, бо сиёсатҳои аланӣ ва мубтанӣ бар манофеъи миллӣ вориди арсаи сиёсат шуд. Рӯйкарди усулгароёнаи ӯ, ки муттакӣ бар иттилооти дақиқ ва муҳосиботи мушаххас буд, сабаб шуд барои ҳифзи мавқеияти миллигароёнаи худ, вориди таомули фаъол бо меҳвари қудрат шавад. Ӯ ин масирро интихоб кард то ҷойгоҳи худ дар сохтори сиёсиро тақвият карда ва битавонад сиёсатҳои калони амниятӣ ва миллиро ҳидоят кунад — сиёсатҳое, ки ниҳоятан дар хидмати манофеъи кишвар қарор мегирифтанд. Акнун бояд пурсид: агар чунин фурсате барои дигарон фароҳам мешуд, оё онҳо аз он истифода намекарданд? Оё ба оқои Ғанӣ намепаайвастанд ва ҳамроҳи ҷумҳурият намешуданд?

Агар оқои Солеҳ ин тасмимро намегирифт, бо пешинаи амниятиаш ва дар фазое, ки созмонҳои истихборотии минтақа башиддат нисбат ба ҳузури ӯ ҳассос буданд, чӣ гузинаи дигаре дошт? Инзиво дар сиёсат, марги тадриҷии як сиёсатмадор аст; Бавежа дар фазое мултаҳиб, бо таҳдидҳои амниятии физоянда ва фишори руқабо. Дар чунин шароите, наздикӣ ба қудрат танҳо роҳ барои ҳифзи идеяҳо ва аҳдофи миллӣ ба шумор меояд.

Наметавон шикасти бистсолаи ҷумҳуриятро бар дӯши як фард гузошт. Фурӯпошии сиёсӣ аз замони шаҳодати Қаҳрамони Миллӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, ва поёни муқовимати аввал оғоз шуд; Замоне, ки зарродхонаҳои Панҷшер ва пойгоҳҳои суннатии муқовимат таҳти унвони «DDR» ба созмонҳои истихборотӣ таҳвил дода шуд. Фосила гирифтани раҳбарон аз мардум, бебарномагӣ, вобастагӣ ва пазириш тадриҷии халъи қудрат дар қиболи ҳифзи курсиҳои сиёсӣ раванди суқутро тасриъ кард. Оқои Солеҳ, ба унвони як фард, наметавонад посухгӯи ғафлатҳо ва хатоҳои роҳбурдии ду даҳаи гузашта дар ҳавзаи муқовимат бошад.

Аз замони суқути ҷумҳурият Солеҳ мавзеъи собит, ғайриқобили тағйир ва усулгароёна дар баробари Толибон доштааст. Дар ҳоле ки бисёре аз раҳбарони ҷумҳурият ва ҷиҳодиҳо ба думболи тафоҳум бо Толибон будаанд ва муборизаи низомиро канор гузоштаанд, ӯ танҳо роҳиҳали воқеиро муборизаи ҳадафманд ва тӯлонимуддат медонад. Ба бовари ӯ, Толибоне, ки дар даврони заъф ҳозир ба мусолиҳа нашуданд, акнун, ки қудрат ва манобеъи бевақфа дар ихтиёр доранд, ҳаргиз гуфтугӯро намепазиранд.

Солеҳ аз нахустин раҳбароне буд, ки ба Панҷшер рафт ва бо худ пул, имконот ва таслиҳот барои оғози мубориза бурд. Ӯ то охирин лаҳза дар баробари Толибон истод, аз кишвар нагурехт ва хатти муқаддамро тарк накард. Ҳамчунин, фаъолиятҳои ифшогарона ва расонаии ӯ алайҳи Толибон, бо вуҷуди ҳамалоти таблиғотии густурдаи ин гурӯҳ алайҳи вай, таъсире қобили таваҷҷуҳ дар ҷабҳаи сиёсӣ ва низомӣ доштааст.

Нахуст, тасмими Солеҳ барои пайвастан ба меҳвари қудратро бояд дар чорчӯби мантиқи бақои сиёсӣ дид. Дар низоми сиёсии Афғонистон, ки бозигарони умда ҳамвора дар пайи ҳазфи руқабои худ будаанд, адами ҳузур дар маркази тасмимгирӣ, муодили ҳазфи комил аз саҳна аст. Солеҳ бо шинохти ин воқеият, аз фурсатҳо барои тазмини бақо ва афзоиши зарфиятҳои таъсиргузории худ баҳра гирифт.

Дувум, роҳбурди Солеҳ бар ин фарз устувор буд, ки бидуни дастрасӣ ба манобеъи қудрат, ҳеҷ барномаи миллӣ ё амниятии пойдоре қобили иҷро нест. Дар Афғонистон, манобеъи қудрат шомили ҳимояти дохилӣ, эътилофҳои хориҷӣ, ва зарфияти расонае аст. Солеҳ дар давраи ҳузураш дар давлат, ин се ҳавзаро ба сурати ҳамзамон фаъол нигаҳ дошт то дар бизангоҳҳо битавонад ибтикори амалро ҳифз кунад.

Севум, интихоби ӯ бавежа дар шароите сурат гирифт, ки душманони минтақаӣ ва дохилӣ дар пайи беасар сохтани ҷойгоҳи вай буданд. Фишорҳои истихборотӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва ҳамалоти таблиғотӣ, танҳо дар сурате қобили мудирият буданд, ки ӯ ба сохтори қудрат дастрасӣ дошта бошад ва аз он барои ҳифозат аз худ ва созмонаш истифода кунад.

Чаҳорум, истимрори мавзеъи усулии Солеҳ пас аз суқути ҷумҳурият нишон медиҳад, ки наздикии гузаштаи ӯ ба меҳвари қудрат на аз сари манфиатталабии фардӣ, балки бахше аз як тарҳи роҳбурдӣ барои оянда будааст. Ӯ ҳатто пас аз аз даст рафтани сохтори ҷумҳурият аз усули худ ақибнишинӣ накард ва масири муборизаро ба унвони танҳо гузинаи воқеӣ идома дод. Ин субот дар мавзеъгирӣ дар фазои сиёсии мутағаййири Афғонистон як имтиёзи нодир аст, ки бисёре аз раҳбарони дигар фоқиди он будаанд.

Ин шавоҳид нишон медиҳад, ки Амруллоҳ Солеҳ сиёсатмадори барномадор, иттилоотмеҳвар ва пойбанд ба муборизаи муассир алайҳи Толибон аст - муборизае, ки бар басиҷ ва ҳамгироии сиёсӣ ва низомӣ устувор аст. Бино бар ин, ҳам интихоби сиёсии гузаштаи ӯ ва ҳам мавзеъи усулии кунуниаш, на танҳо иштибоҳ набуд, балки дар чорчӯби ақлонияти сиёсӣ ва муҳосибаи роҳбурдӣ иқдоме дуруст ва зарурӣ маҳсуб мешавад.


Дин

Тероризм

08-май-2026 By admin

“Бобо”-и сокини табақаи…

Даҳ соли поёнии зиндагии раҳбари Алқоида чӣ гуна сипарӣ шуд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!