Хабари рӯз

Бояд дар баробари мавҷе аз талошҳои муғризона аз даруну берун истод шавем ва нишон диҳем, ки ягона роҳ барои сарфарозӣ ва баргашти эътибору иззати мо, ҳамин муқовимат аст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияти миллӣ ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Чаро душмани мардум мехоҳад муқовимати мардумро бар зидди Толибон, камаҳамият  ҷилва диҳад? Ин саволи мусталзими чанд посух аст, ки бояд ба асли мавзӯи он руҷуъ шавад.

Толибон дар майдони сиёсату ҷанг ҳамаро ғофиггир карданд, аммо дар майдони равониву тасаллут бар зеҳниятҳо, дучори шикастҳои талхе шудаанд. Ҳол талош мешавад, то ин муқовимат камаҳамият нишон дода шавад. Чун муқовимат амалан дар масири матлуб дар ҳаракат аст, биноан, талош мешавад, то бо тахриби фазои равонӣ ба он осеб зада шавад.

Ҳол саволеро матраҳ кардаанд, ки муқовимати мусаллаҳона акнун дар Афғонистон то чӣ ҳад имконпазир аст? Чанд нафар омодаи муқовимат ҳастанд ва оё метавонанд аз кишварҳои дигар кӯмак бигиранд? Асосан тарҳи ин саволот ба маънои сифрсозии талошҳо барои истодагӣ дар баробари Толибон аст. Мо набояд ба саволот ҷанбаи тоза бидиҳем, бахусус дар шароите, ки душман талош мекунад ҳувияти террористиашро дар лобалои пропагандаи сиёсӣ ва камаҳамият ҷилва додани миллат дар баробари вазъияти мавҷуд, татҳир кунад, ин ки бигӯем, муқовимате вуҷуд дорад ё хайр, барои душманони мо кӯмак кардаем.

Бояд гуфта шавад, ки муқовимат амалан ҷараён дорад. Ҳаҷми талафоту хисороти ворида ба Толибон дар соли гузашта аз ҷониби ҷабаҳоти муқовимат нишон медиҳад, ки потенсиали билқувваи муқовимат ва истодагӣ дар баробари Толибон, амалан вуҷуд дорад. Бо ин ҳол метавонем гуфта, ки баҳси муқовимати мусаллаҳона бар зидди Толибон аз нахустин рӯзҳои суқути ҷумҳурият идома доштааст. Аммо мутаассифона, дар фазои махдуши равониву матбуотӣ талош мешавад, то ҳузуру таъсири ин ҷабаҳот беарзиш нишон дода шавад. Он чи ки тоза матраҳ шуда, то ҳама бар меҳвари муқовимати мусаллаҳона басиҷ шаванд, дарвоқеъ як фарохон аст, ки бистари он қаблан ҳамвор шудааст. Фарохоне, ки мумкин аст дер бошад, яъне чизи тозае нест, ки бояд иттифоқ биафтад, зеро муқовимат вуҷуд дошт ва амалан муқовимати мусаллаҳона бар зидди Толибон ва террористон хориҷии ҳампаймонашон, дар чандин ҷабҳа ҷараён дорад.

Фишори сангини ҳамалоти гурӯҳӣ ва чирикии муқовиматгарон бар зидди Толибон боис шудааст, то ин гурӯҳ аз истиқрору пойгоҳсозӣ дар шимоли Афғонистон, махсусан устони Панҷшер, кор гирад. Соли гузашта низ Толибон аз дарки ҳамалоти чирикӣ ва таҳоҷуми гурӯҳҳои муқовимат талафоте доштаанд. Ин амр нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам умеде барои мубориза бар зидди Толибон вуҷуд дорад, ки натавониста дар дастури кори кишварҳои ҳамсоя ва ҳавзаи Шонгҳой ба сурати мушаххас ҷо гирад.

Соли гузашта Толибон ҳудуди ду ҳазор нафар талафот доштаанд. Ин ҳаҷм аз талафот нишон медиҳад, ки муқовимат пояҳои худро маҳкам кардааст. Мунтаҳо бояд андаке мунтазир бошем ва ҳавсала ба харҷ диҳем, то равандҳои амнияти минтақаӣ ба раҳбарии кишварҳои ҳавзаи Шонгҳой, бар моҳияти аслии Толибон минҳайси гурӯҳи бистарсози терроризми қавмӣ, воқиф шаванд ва тағйири мавзеъ диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир, ҷабаҳоти гуногуне дар истиқомати мухталифи Афғонистон, махсусан шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, хеле ҷиддӣ фаъол аст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, ки дар вилоятҳои шимол ва шарқ ва ҳам дар марказ фаъол аст. Тахмин зада мешавад, ки дар ҳудуди чаҳор ҳазор нафар дар ин ҷабҳа фаъол бошанд. Ин ҷабҳа тавониста шуморе аз неруҳои худро дар кӯҳистонҳои Панҷшер нигаҳ дошта ва батадриҷ неруҳову ҳавзаи амалиётии худро густариш диҳад. Дар ҳоли ҳозир, Масъуд ва соири аъзои ин ҷабҳа дар Тоҷикистон иқомат доранд.

Ҷабҳаи озодии миллӣ, ки дар ҳоли ҳозир, неруҳои ин ҷабҳа амалиётҳои зиддитолибониро дар вилоёти Бағлон, Тахор, Қундуз ва Бадахшон анҷом медиҳанд. Ҷабҳаи афғонҳои озод, ки ҳеҷ раҳбари намодине надорад. Ин гурӯҳ дар вилоёти Кобул, Кописо, Хуст ва Парвон фаъолият дорад ва иртибототе бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дорад. Инҳоро ба таври намуна метавонем зикр кунем, ки амалан дар ҷабаҳоти мухталиф бар зидди Толибон фаъолият доранд.

Аммо қазия таврест, ки кишварҳои ҳамсоя, махсусан ҳавзаи Шонгҳой, монанди Русияву Чин, ки кишварҳои Осиёи Марказиро низ шомил мешавад, дар як таомули нохостаи амниятӣ бо Толибон қарор гирифтаанд ва аз ҳар гуна ҳимояти сиёсиву луҷистикӣ бар зидди Толибон худдорӣ  мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон ва як миқдор Эрон барои раванди муқовимат кӯмакҳое анҷом медиҳанд. Аммо қазия замоне ҷиддӣ мешавад, ки кишварҳои ҳавзаи Шонгҳой хатари Толибонро минҳайси як режими бистарсози терроризм дар сатҳи минтақа дарк кунанд. Он замон метавон ба кӯмаки кишварҳои дигар ба раванди муқовимати машрӯъи мардуми Афғонистон бар зидди терроризми толибонӣ ва ҳампаймонони хориҷиашон, умед баст.

Хатари терроризм ҳар рӯз дар Афғонистони таҳти контроли Толибон бештар мешавад. Толибон минҳайси бузургтарин таҳдид барои амнияти минтақа, вазифа доранд, то тамоми минтақаро бо густариши ақидаи ифротгароӣ малъус созанд. Дар сатҳи дохилӣ, проекти интиқоли афроди ТТП ба шимоли Афғонистон, низ мадди назар аст. Бо ин кор Толибон мехоҳанд аз ин афрод ва гурӯҳҳои дигар ҷиҳати маҳори ҳар гуна муқовимат дар шимол ва судури терроризм ба шимоли Афғонистон ва фаромарзҳои он истифода бубаранд.

 Ҷанг бар зидди Толибон, танҳо ба василаи туфангу гулӯла на, бал бояд ба василаи фикру фазои равонӣ низ пеш бурда шавад. Мо бояд барои ин ҷанг фазосозӣ кунем ва ҳаққонияти онро ба исбот бирасонем. Имрӯз шоҳид ҳастем, ки як ҷабҳаи васее аз мардум дар баробари тафаккури бегонаву мутаҳаҷҷиронаи Толибон, сангар гирифтаанд. Ин имконот бояд ба унвони як ғанимат ҳисоб шуда, аз он истифодаи бештар барои таҳаққуқи армонҳои бузурги мардуми Афғонистон барои раҳоӣ аз чанги терроризми қавмӣ, минтақаӣ кор гирифта шавад. Барои ин кор мо ба чанд унсур ниёз дорем:

АВВАЛ, инсиҷоми дарунӣ барои тақвияти меҳварҳои муқовимат, ки ниёзманди кори тимӣ ва муштарак аст ва фурсатҳои бешуморе аз муваффақияту муассириятро барои мо фароҳам меоварад;

ДУВУМ, фазосозӣ барои тасбити ҳаққонияти доияи муқовимат, ки нусхаи наҷотбахш барои мардуми мо аст. Ин фазосозӣ ба василаи қаламбадастон ва равшанфикрон сурат хоҳад гирифт;

СЕВУМ, тааҳҳуду вафодорӣ ба усули мубориза, ки ниёзманди ҳавсала, кори тоқатфарсо ва алоқамандӣ ба анҷоми он аст;

ЧАҲОРУМ, истимрор барои таъқиби муборизаи бомаъно, ки заминасози муваффақият дар майдони ҷангу сиёсат мешавад.

 

Силоҳи мо дар раванди муқовимат чист?

АВВАЛ, шикофҳои дарунии Толибон, ки шомили шикофи ҷиноҳӣ, шикофи қабилаӣ, шикофи идеологӣ ва азҳампошидагии сохторӣ мешавад;

ДУВУМ, ғолиб будани тафаккури мубориза ва муқовимату фарҳанг, на гуфтан бар зидди фарҳанг ва тафаккури толибонӣ аз ҷониби оми мардум;

СЕВУМ, низои ғайри қобили таваққуф миёни Толибон бар сари манобеъи қудрату сарват, ки заминасози муваффақияти ҷабаҳоти муқовимат хоҳад шуд;

ЧАҲОРУМ, забон ба унвони куниши гуфторӣ, ки метавонад масъалаи муқовиматро аз як мавзӯи ом ба як мавзӯи хоси амниятӣ мубаддал созад.

 

Натиҷагирӣ

 Ҳар гуна талош барои камаҳамият ҷилва додани муқовимат, беасар аст. Чун мардум ба дарки ин ҳақиқат расидаанд, ки толиб унсури матлуб барои ояндаи ҷуғрофияе ба номи Афғонистон нест. Инсиҷоми дарунии ҳавзаи муқовимат ниёзи асосӣ барои ин набарди сарнавиштсоз хоҳад буд. Истимрор дар кори фикриву сиёсӣ, идомаи талош барои тасаллут бар зеҳниятҳо, эҷоди ҳамоҳангӣ ва ташрики масоили бештар, талош барои нишон додани ваҷҳаи мусбати муқовимат ва истодагӣ дар баробари Толибон, кори асосии мо аст. Набояд ғофили набарди фикрӣ бошем. Душман то охир талош хоҳад кард, то азми як миллатро дар баробари худаш камаҳамият ва фоқиди эътибор нишон диҳад. Набояд иҷоза диҳем душман барои чунин коре муваффақ шавад. Бояд дар баробари мавҷе аз талошҳои муғризона аз даруну берун истод шавем ва нишон диҳем, ки ягона роҳ барои сарфарозӣ ва баргашти эътибору иззати мо, ҳамин муқовимат аст.


Дин

Тероризм

02-дек-2024 By admin

Байрақи Толибон бар…

Чӣ нисбате байни Толибон ва “Таҳрири Шом” вуҷуд дорад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!