Хабари рӯз

Муздурони қаламбадасти Ғарб ҳанӯз ҳам аз террури шахсиятии муқовиматгарони зидди Толибон даст набардоштаанд.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"

Баргардон: Фирдавси Низом

Дар вокуниш ба изҳороти густохонаи яке аз мубаллиғини Толибон дар Белгия дар бораи фармондеҳ Ҳасиби Қувои Марказ, яке аз фармондеҳони далер ва натарси Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ёддоште дар Фейсбук нашр кардам. Фишурдаи ҳарфи мо дар он ёддошт ин буд, ки “фармондеҳ Ҳасиби Қувои Марказ билотардид яке аз ифтихороти муборизаи барҳаққи мардуми мо алайҳи терроризму фашизм аст” ва мо акнун “аз марҳалае убур кардаем, ки шумо қаҳрамонони моро ҷангсолор бидонед ва мо бароятон каф бизанем.”

Шарҳи он ёддошт, достони дароз аст, ки намешавад дар як мақола ҳамаи онро гунҷонид, аммо кӯшиш хоҳем кард, ба сурат фишурда нукоти муҳими ин достонро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем.

 Сӣ сол қабл (1995 - 2000) шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар баробари Толибонро ташкил дод ва ҳудуди панҷ сол бо ин гурӯҳи, ба қавли худаш, “муздур ва бефарҳанг” ҷангид. Ин ҷанг насли ҷадиде аз муборизонро ба вуҷуд овард, ки аз назари рафтори иҷтимоӣ, бисёре аз онон шабеҳи фармондеҳ Ҳасиби Қувои Марказ буданд.

Касоне, ки ба донишҳои ҷомеашиносӣ ва равоншиносӣ ошноӣ дошта бошанд, медонанд, ки рафтор, маниш ва шахсияти инсонҳо тобеи шароити хоси замонӣ ва маконӣ аст. Ҳар шароите инсонҳои худашро бор меоварад. Шароити ҷангӣ одамҳои бо рафтору маниши хосе ба бор меоварад. Рафтор ва манише, ки дар даруни як муҳити ҷангӣ рафтори одӣ талаққӣ мешавад, аммо дар як муҳити ғайриҷангӣ, рафтори ғайримаъмул ба назар мерасад.

Ба сурати табиӣ рафтори ҷангҷӯён қулдурманишона, мутамарридона, саркашона ва мағрурона аст. Ин авсофро шароити ҷангӣ дар вуҷуди одамҳо мепарваронад. Аммо ин авсоф, он гуна, ки бисёре аз “ҷанггурезон” тасаввур ва таблиғ мекунанд, зишту зиддиинсонӣ нест. Дар пушти он рафтори зоҳиран ваҳшиёна бисёре аз ҷангҷӯён, қалбҳои меҳрубон ва одамҳои содиқу фидокоре пинҳон аст, ки дидани он барои ҳар кас мақдур нест. Албатта, ин гуфта дар мавриди ҷангҷӯёни содиқ аст, ки бо ангезаҳои шарифона меҷанганд ва ҷангашон барои дафъи шарр, дафъи таҷовуз ва дафъи зулму истибдод аст. Ҷангҷӯёне, ки ба дифоъ аз мардум дар баробари як гурӯҳи мутаҷовиз бармехезанд. Ба эътиқоди нигоранда, ангезаҳои пинҳон дар ақиби рафтори мутамарридонаи чунин ҷангҷӯён, ба асоситарин масоили ҳаёти башарӣ, ки иборат бошанд аз: назм, қонун ва адолат ирҷоъ медиҳанд. Ононе, ки дар баробари назми ноодилона мавҷуди мутамарриданд ва барои назми одилонаи ҷадид меразманд, бетардид одамҳои кӯчаке нестанд ва наметавон дар мавриди онон қазовати омиёнаи як инсони султапазирро милок қарор дод. Бисёре аз одамҳо, сарфи назар аз ин ки назми мавҷуд чӣ қадар зидди арзишҳои инсонӣ аст, барои ғанимат шумурдани лаҳазоти оромиш дар зери султаи чунин назме алайҳи муборизони адолатхоҳ мешӯранд.

Касоне, ки дар маъракаҳои хунини ҷанг ҳузур доранд, ба ҳама қавонин, сохторҳо, назм ва қавоиди мавҷуд бебовар мешаванд. Онон ба ин бовар мерасанд, ки агар қавонин ва назми мавҷуд дуруст ва одилона мебуд, ҷанг намебуд ва онон маҷбур набуданд, ки умреро дар миёни лаҳзаҳои маргу зиндагӣ ва тарсу ваҳшат сипарӣ кунанд. Як ҷангҷӯ, худро бар тори таърих эҳсос мекунад ва нигоҳ аз он ҷойгоҳ ба инсон ва таъриху оянда бо ин эҳсос низ ҳамроҳ аст, ки назми ояндаро милаи туфанги ҷангҷӯ ва шуҷоати ӯ дар ҳузур дар саҳнаи набард таъйин мекунад ва алҳақ, ки чунин низ аст. Бисёре аз ҷангҳо аз як назми ноодилона шурӯъ мешавад ва ба сӯи эҷоди назми ҷадид тадовум пайдо мекунад. Ҷанги муқовиматгарон бетардид, ки як чунин ҷанге аст!

Рафтори ончунонии ҷангҷӯён аз диди одамҳои шаҳрӣ ва маданӣ, ғайриқобили ҳазм аст ва бинобар ин табиӣ аст, ки шаҳрнишинҳо, мулкиҳо ва ҷангнодидаҳо, афроди бархӯрдор аз чунон сифотеро барнатобанд ва ононро бо алқобе ҳамчун “ваҳшӣ”, “кӯҳӣ”, “ҷангсолор” ва ҳатто “авбош” ва “ландағар” ёд кунанд.

Аммо чаро ҷангҷӯён дар як шароити одӣ, ба рафторҳои қулдуронаи худ идома медиҳанд? Ё ба таъбири дигар, чаро бархеҳо алоқа доранд, ки мисли ҷангҷӯён рафтор кунанд ва шароити хоси ҷангиро дар зеҳн ва сипас дар рафтори худ бозофаринӣ кунанд?

Дар бораи фармондеҳ Ҳасиб бояд гуфт, ки ӯ аз гурӯҳи дувумӣ аст. Ӯ худаш дар Муқовимати Аввал ҳузури мусаллаҳона надошт, аммо рафтору маниши муборизони Муқовимати Аввалро дар рафтори худ бозофаринӣ кард. Замони  ба дунё омадани фармондеҳ Ҳасиб (1992) мусодиф аст бо шаклгирии муқовимати аввал дар баробари Толибон. Дар он солҳо Ҳасиб ҳанӯз кӯдак буд, аммо бетардид шароити хоси ҷангии он замон дар ӯ таъсир гузоштааст. Ӯ дар марказм аслим муқовимат, ки вилояти Панҷшер аст, ба дунё омада ва дар он муҳит парвариш ёфтааст. Ҳасиб бо ин ҳол, як афсарм омӯзишдидаи низомӣ аст, ки пас аз фароғат аз давраи омӯзиши низомӣ, дар Идораи амнияти миллӣ ҷазб мешавад ва бо дурахшиши хосе, ки дар амалиётҳои хоси амнияти миллӣ аз худ нишон медиҳад, дар ин идора мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Агар ба далели хурӯҷи фармондеҳ Ҳасиб аз Идораи амнияти миллӣ таваҷҷуҳ кунем, достони баъдии зиндагии ӯ барои мо вазоҳати бештаре пайдо мекунад. Ӯ мегӯяд, ба ин далел Идораи амнияти миллиро тарк кард, ки аз ӯ хоста шуд, то шаш тан аз чеҳраҳои шинохташудаи кишварро террор кунад, аммо ӯ ин корро накард ва тарҷеҳ дод, ки вазифаи худ дар амнияти миллиро тарк кунад.

Дар ҳамин ҷо зикри ин нукта ҳам зарурӣ аст, ки амнияти миллии Афғонистон дар давраи ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ кам-кам ба конуни тавтеа алайҳи чеҳраҳои муқовимати миллӣ табдил шуда буд ва бисёриҳо ба ин боваранд, ки террорҳои занҷираии фармондеҳони аршади таъсиргузори муқовимат аз сӯйи амнияти миллӣ тарҳ ва иҷро мешуд ё дасти кам ин Идора аз тавтиеҳои калони зидди муқовимат огоҳ буд, аммо сукут мекард, ки ба маънои ҳамдастӣ бо тавтеа аст.

Фармондеҳ Ҳасиб бо хурӯҷ аз Идораи амнияти миллӣ, гурӯҳи вижаи мусаллаҳи худро ташкил медиҳад ва шурӯъ мекунад ба як силсила ҳаракоте, ки Идораи амнияти миллӣ ва пулис ин рафтору ҳаракоти ӯро мухилли назму амни омма таъриф карда, дар садади гирифтории ӯ мешаванд. Чандин амалиёти амнияти миллӣ ва пулис дар гирифтории фармондеҳ Ҳасиб ноком мешавад ва ба ин тартиб ӯ ба як чеҳраи шинохташуда мубаддал мешавад.

Вақте фазо дар Кобул барои фармондеҳ Ҳасиб танг мешавад, ӯ бо гурӯҳи вижаи мусаллаҳи худ ба Панҷшер меравад. Генерал Хушҳол Саодат, муини аршади вазорати дохила, ки аз муҳраҳои мавриди истифодаи Ашраф Ғанӣ ва Ҳамдулло Муҳиб, мушовири амнияти миллӣ буд ва ба ишораи онон, фармондеҳони муқовиматиро таъқиб ва гирифтор мекард, дар як амалиёти вижа ва бузург бо дуҳул ва сусной ба тарафи Панҷшер рафт ва эълом кард, ки фармондеҳ Ҳасибро гирифта ва дар пушти ренҷар (мутари пулис) баста карда ва Кобул хоҳад овард. Аммо ин амалиёт муваффақ нашуд ва ин амр ба маҳбубияти бештари фармондеҳ Ҳасиб анҷомид, зеро ангезаҳои амалиёт қавмӣ буд ва рабте ба ихлоли амният надошт. Ин амалиёт дар замоне сурат гирифт, ки Толибон дар ҳоли густариши фаъолиятҳои худ буданд ва вазорати дохила муттаҳам ба беиродагӣ барои саркӯби Толибон мешуд.

Вақте ба ин достон аз айнаки масоили қавмӣ нигоҳ кунед, ба ин натиҷа мерасед, ки ҳукумати қавмгаро ва паштунисти Ашраф Ғанӣ ба Ҳасиби Қувои Марказ ба унвони як муқовиматии ҷавони дар ҳоли зуҳур нигоҳ мекард, ки бояд ба ҳар қимате мумкин нобуд шавад. Тасаввури ҳукумати Ғанӣ ин буд, ки фармондеҳони асбақи муқовиматӣ ё тавассути давлат террор шудаанд, ё ба кибри син расида ва аз чархаи фаъолияти низомӣ берун шуда ва ё ҳам ғарқ дар пулу маишат шуда ва арзишҳои муқовиматро фаромӯш кардаанд. Бинобар ин, набояд иҷоза дода шавад, ки насли ҷадиде аз фармондеҳони низомӣ бо гароишоти муқовиматӣ зуҳур кунад, ки дар оянда метавонад ба дарди саре барои таъмили барномаҳои қавмии ҳукумат ва таслимдиҳии қудрат ба Толибон мубаддал шавад. Тавре ки чунин низ шуд. Имрӯз фармондеҳ Ҳасиб ба хори чашми Толибон ва ҳомиёни ин гурӯҳ мубаддал шудааст. Дарвоқеъ, таъқиби фармондеҳ Ҳасиб аз сӯи ҳукумати Ғанӣ, дар ростои ҳамворсозии ҷода барои баргашти Толибон буд. Толибон низ ба идомаи талошҳои ҳукумати Ғанӣ дар талоши нобудии фармондеҳ Ҳасиб ҳастанд.

То ҷое, ки нигоранда дар ҷараён аст, таблиғоти васее аз сӯйи Идораи амнияти миллӣ ва пулиси давлати Ашраф Ғанӣ алайҳи Ҳасиби Қувои Марказ ба роҳ андохта шуд. Ин дарвоқеъ яке аз равишҳои маъмули ҳукумати Ғанӣ ва ҳомиёни беруниашон дар террори шахсияти фармондеҳони муқовиматӣ буд. Бисёре аз фармондеҳони муқовиматӣ дар он замон бо анвои иттиҳомҳои ғайриқобили исбот мувоҷеҳ мешуданд ва расонаҳо низ огоҳона ё ноогоҳона дар хидмати аҳдоф ва тавтеаҳои пинҳонӣ қарор мегирифтанд. Ҳадаф ин буд, ки агар наметавонед як фармондеҳи муқовиматиро нобуд кунед, бояд ӯро дар зеҳнияти омма як унсури музиру хатарнок ва фосиду Аҳриман муаррифӣ кунед, то агар тавонистед ӯро террор кунед, мардум бигӯянд, ки давлат як унсури зидди амниятро нобуд кард. Гуфта шуд, ки гӯё фармондеҳ Ҳасиб афроди хосеро ихтитоф карда ва аз фулону баҳмон боҷгирӣ карда ва... Ҳеҷ кадоми ин иттиҳомҳо собит нашуд, аммо дар зеҳнияти омма фармондеҳ Ҳасиб як унсури шӯришиву хатарнок ва зиддиамниятӣ муаррифӣ шуд. Имрӯз низ Толибон ва ҳомиёнашон аз ҳамон иттиҳомҳо алайҳи фармондеҳ Ҳасиб истифода мекунанд.

Аммо чаро фармондеҳ Ҳасиб, рафтори муборизони насли аввали муқовиматро бозофаринӣ кард? Ё беҳтар аст пурсишамонро ин гуна матраҳ кунем: чаро фармондеҳ Ҳасиб ба асли худ баргашт? Куҷо шуданд садҳо ва шояд ҳазорон Ҳасиби дигаре, ки дар муқовимати аввал алайҳи толиби Аҳриман шамшер заданд ва дар фардои пирӯзии муқовимати дигар ғоиб шуданд ва аз ҳофизаҳо нопадид? Куҷо шуд он артиши ҷарор ва таълимёфтаи тоҷикӣ-муқовиматии дастпарвардаи Масъуди Кабир? Киҳо дар муталошӣ кардани он артиш нақш доштанд ва чаро?

Ман фикр мекунам, ки пурсишҳои ахир хеле муҳим аст ва посухи онон ишора ба бисёре аз иштибоҳот, ғафлатҳо, надонамкориҳо ва фаромӯшкории раҳбарон ва фармондеҳони аршади муқовимат дорад, ки баъд аз соли 2001 муртакиб шуданд. Баъд аз соли 2001, мошини ҷангии муқовимат муталошӣ сохта шуд. Ин худ як иштибоҳи стратегӣ буд, ки раҳбарони муқовимат дар он замон муртакиб шуданд. Муталошӣ кардани мошини ҷангии муқовимат, дарвоқеъ, хосту барномаи аслии Ҳомид Карзай ва бақия паштунистҳои атрофи ӯ буд, ки дар ҳамдастӣ бо Амрикову Покистон амалӣ шуд. Муталошӣ кардани мошини ҷангии муқовимат дар ду марҳала ба шарҳи зер анҷом шуд:

 Марҳалаи аввал:

1 - Раҳбарон ва фармондеҳони аршади муқовимат (Маршал Фаҳим, Қонунӣ, Бисмиллоҳхон ва...) дар мақомҳои баланди ҳукуматӣ гумошта шуданд, пул ва имконоти вофир дар ихтиёрашон гузошта шуд, то маст аз бодаи қудрату сарват шаванд ва аз ҷангу аҳдофу ормонҳои ҷангӣ фосила бигиранд.

Раҳбарони аршади муқовимат бо қарор гирифтан дар мақомҳои баланди давлат ва дар ихтиёр доштани пули беҳисобу китоб, шефтаву фирефта шуда, эҳсос карданд, ки ба ҳадаф ва ба нуқтаи охир расиданд. Онон дучори беҳадафӣ шуданд. Фикр карданд, ки он чӣ ба даст оварданд, самари ҷанг ва муқовиматашон буд ва баъд аз ин кори дигаре барои анҷом додан вуҷуд надорад.

Боре аз Маршал Фаҳим пурсида шуд, ки оё шумо аҳдоф ва ормонҳои Аҳмадшоҳ Масъудро бароварда кардед, посухашон ин буд, ки бале чунин кардем. Ӯ гуфт, ки хоста Омир Соҳиб ин буд, ки мардум худ заими худро интихоб кунанд ва мо бо баргузории интихобот ва кӯмак ба истиқрори низоми ҷадид ин ормонро бароварда кардем. Ў изофа кард, ки ҳеҷ чизи дигаре боқӣ намонда, ки Омир Соҳиб гуфта бошад ва мо анҷом надода бошем. Ин яъне, ки раҳбарони муқовимат баъд аз соли 2001 фикр мекрданд, ки масъулияти худро адо карда ва дар охири роҳе расидаанд ва бештар аз он коре барои анҷом додан нест. Ин яъне, ки раҳбарони муқовимат ё меросдорони муқовимат соҳиби дидгоҳ ва барномаи мушаххасе барои оянда набуданд.

2 - Аслиҳа ва муҳиммоти ҷангии захираи муқовимат гирифта шуд. Раҳбарони муқовиматие, ки дар мақому мансаби баланди ҳукуматӣ қарор гирифта буданд, аслиҳа ва муҳиммотро дудаста тақдими касоне карданд, ки қалбашон бо Толибон буд ва забонашон бо муқовимат.

3 - Нафароти ҷангии муқовимат мутафарриқ ва ташкилоти муқовимат мунҳал шавад. Ин кор низ ба дасти худи раҳбарони муқовимат сурат гирифт.

Ҳазорон неруи ҷангии муқовимат ё дарвоқеъ ҳазорон Ҳасиби Қувои Марказ, ба шакли таҳқиромезе халъи силоҳ ва ба зиндагии фалокатбор, ба истилоҳ, зиндагии одӣ, савқ дода шуданд. Онон тамоми ҳунар ва камолашон ҷанг буд ва дар муҳитҳои кории мулкӣ ҳеҷ маҳорате надоштанд. Дарвоқеъ онон ба шакли бераҳмонае танҳо ва бедифоъ раҳо шуданд ва худашон маҷбӯр шуданд, ки зиндагии ҷадиди мулкиро бо сад машаққат аз сар бигиранд. Теъдоде аз онон дар урду ва пулис ҷазб шуданд, ки он ҷо низ арҷ ва эҳтирому ҷойгоҳе ба онон дар назар гирифта нашуд ва ба унвони аносири нобоб ба онон нигариста мешуд, ки гӯё дарс нахондаанд ва ваҳшию назмнопазиранд. Онон аксаран аз сохторҳои ҷадид хориҷ шуданд ва ба зиндагии ғайринизомӣ баргаштанд, аммо бо сад уқда ва кина нисбат ба касоне, ки ононро дар майдон танҳо гузошта буданд.

Марҳалаи дувум:

1 - Раҳбарони аршади муқовиматӣ аз мақомҳои баланди ҳукуматӣ канор зада шуданд.

2 - Фармондеҳони аршади муқовиматӣ дар як тавтеаи печида террор шуданд.

3 - Таблиғоти густурдаи манфӣ алайҳи раҳбарон ва фармондеҳони муқовимат оғоз шуд.

Ба ин тартиб, мошини ҷангии муқовимат ба мурури замон муталошӣ шуд ва ҳамзамон бо он мошини ҷангии Толибон дубора фаъол ва “чарбкорӣ” шуд. Карзай ва Ғанӣ, бар асоси тааллуқоти қавмӣ-паштунӣ ба ҳимоят аз Толибон рӯй оварданд. Покистониҳо низ вақте диданд, ки ҳукумати Афғонистон барномаи тақвияти Толибонро дар сар дорад, ба эҳёи ташкилоти Толибон рӯй оварданд. Дар ниҳоят амрикоиҳо низ ба ин ҷамъ пайвастанд ва барномаи баргашти Толибон ба қудрат ба як барномаи начандон пинҳони миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мубаддал шуд ва дар 24 асади соли 1400 (15 августи соли 2021) ба пояи икмол расид.

Аммо ин иттифоқот аз чашми бисёре аз муқовиматгарони дар сутӯҳи миёнӣ ва поинӣ пинҳон набуд. Касоне буданд, ки иштибоҳоти раҳбарони муқовиматро медонистанд ва аз бепаноҳӣ ва бедифоии як насл аз ҷинҷӯёни содиқ ва мутааҳҳиди муқовиматие, ки барои дифоъ аз Ватан дар баробари терроризм қурбонӣ дода, аммо ба фаромӯшӣ супурда шуда буданд, дар ранҷ буданд. Фармондеҳ Ҳасиби Қувои Марказ яке аз ҳаминҳо аст. Ў минҳайси як ҷавоне, ки бо тафаккури муқовиматӣ бузург шуда буд ва шоҳиди ғафлат ва надонамкории раҳбарони дасти аввали муқовимат буд, андешаи муқовиматро дар сар мепарваронид ва ангор мунтазири фурсате буд, ки дубора парчами муқовиматро баланд кунад. Ӯ дар Раёсати амнияти миллӣ мутаваҷҷеҳи тавтеаҳои бузург алайҳи ҷараёни муқовимат шуд ва аз он ҷо азмашро барои хурӯҷ аз конуни тавтиа ва баланд кардани парчами муқовимат ҷазм кард.

Бино бар ин, ҳимояти қаламбадастони муқовиматӣ ва тоҷик аз фармондеҳ Ҳасиб дар ин шароити ҷангӣ як амри муҳим ва воҷибӣ аст. Ин нукта ҳам фаромӯш нашавад, ки қаламбадастон ва равшанфикрони тоҷику муқовиматӣ низ дар давраи ҷумҳурият, нохоста дар хидмати ҷанги таблиғотии душманони муқовимат қарор гирифта ва алайҳи фармондеҳони муқовиматӣ таҳти ановини ҷангсолор ва... мавзеъ гирифтанд. Ҳоло фурсате аст, ки қаламбадастони мо ба ҷуброни иштибоҳи худ бипардозанд ва бо ҳимояти ҷиддӣ аз фармондеҳоне мисли фармондеҳ Ҳасиб дайни худро дар баробари арзишҳои мардумӣ ва меҳанӣ идома намоянд.

 Имрӯз тоҷикони Афғонистон дубора дар мавқеияти таърихи 30 сол пеш қарор гирифтаанд. Толибони террорист ва гурӯҳҳои террористии ҳамкорашон бо бархурдорӣ аз ҳимояти пинҳони истихбороти хориҷӣ, дубора ба ҷуғрофияи муқовимат ва сарзамини тоҷикон ҳуҷум оварда ва бо анвои қасовату бераҳмӣ, дар садади интиқом аз муқовиматгарон ва дарҳам кӯбидани рӯҳияи истодагии тоҷикон дар баробари ҳокимияти паштунӣ ҳастанд.

Барномаи интиқоли паштунҳои Покистон ба Шимоли Афғонистон, ки таҳти номи интиқоли Толибони Покистон ба Шимол иҷро мешавад, дарвоқеъ, оғози марҳалаи дувуми ҷобаҷоии ноқилин дар Шимол аст, ки аз замони Амонуллоҳхон тарҳи он рехта шуд ва ҳоло ба шакли дигаре иҷро мешавад. Дар чунин шароите мо ба фармондеҳони шуҷоъ ва натарсе мисли фармондеҳ Ҳасиб ниёз дорем, то дар баробари душмани бераҳм ва мутаҷовизу ғосиб истода, аз иззату шараф ва каёни мардуми мо дифоъ кунанд.


Дин

Тероризм

12-июн-2025 By admin

Алқоида ба Амрико…

Номае саркушода ба ҷомеаи истихборотии Иёлоти Муттаҳида

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!