Хабари рӯз

Боз чӣ далеле бояд пеш овард, то бифаҳмем, ки Покистон Афғонистонро воқеан ишғол карда, хати Дюранд ҳам ба марзҳои Ому кӯч карда?

Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар

Бино ба гузориши расонаҳо, Осиф Дуронӣ, намояндаи вежаи Покистон дар умури Афғонистон бо истиқбол аз ҷобаҷои толибони покистонӣ дар шимоли Афғонистон гуфта, ки агар ин ҷобаҷои ба гунаи воқеӣ иттифоқ биафтад, мунҷар ба сулҳ дар саросари марзҳои ин ду кишвар хоҳад шуд.

Ҳоло иддае аз дӯстоне, ки мӯътақиданд, интиқоли ҷангиёни Таҳрики Толибони Покистон (ТиТиПи) ба Шимоли Афғонистон, барномаи покистонӣ аст ва барномаи паштунӣ нест, хоҳанд гуфт, ки ҳарфу ҳадиси мо дуруст буда ва мӯътақидон ба паштунистӣ будани ин барнома иштибоҳ мекарданд. Бояд гуфт, ки чунин нест.

Интиқоли толибони Покистон ба Шимоли Афғонистон як барномаи чандманзураву чандҷиҳата ва мушорикатӣ аст. Ин барнома аз ин ҷиҳат, ки толибони Покистонро аз манотиқи шимолии Покистон барои муддате дур мекунад, як барномаи покистонӣ аст. Дарвоқеъ табъиди толибони Покистон аст аз сӯи давлати Покистон, ки дар кӯтоҳмуддат метавонад то ҳудуде ноамниҳоро дар манотиқи шимолӣ ва шимолу ғарбии Покистон коҳиш диҳад.

Ин барнома як барномаи паштунистӣ аст ба ин эътибор, ки дар ростои як барномаи қаблии ноқилини паштун ба Шимол қарор дорад. Ин барнома сад сол аст, ки аз сӯи ҳуккоми паштун думбол мешавад. Ҳоло Толибон бо ин кор ба як тир ду фохта мезананд. Ҳам ба муқтазои тарҳу барномаи паштунистҳо амал мекунанд ва ба истилоҳ "лаъл ба даст меояд" ва ҳам имтиёзе ба Покистон аст, ки "дили ёр наранҷад".

Ин барнома ҳамчунон абъоди байналмилалӣ дорад. Дар буъди байналмилалӣ, аз як тарафи ин барнома бистарсозӣ ва фароҳам кардани ҷойи амн барои террористони минтақаӣ ва байналмилалӣ аст. Ин бахше аз тааҳҳудоти Толибон ба террористони байналмилалӣ аст. Аз сӯи дигар, ин барнома дар ростои аҳдофи империалистии Амрико ва Англис аст, то қаламрави нуфузи гурӯҳҳои ниёбатии худ дар ҳавзаи нуфузи Русияву Чинро густариш диҳанд, ки дар оянда аз он истифодаи чандманзура хоҳанд кард.

Аз ёди мо наравад, ки Толиб таркибе аз:

Паштунизм;

Терроризм ва

Империализм аст.

Ҳар се "изм" дар интиқоли калачаракҳои террористи вазиристонӣ ба Шимоли Афғонистон, зидахлу зинафъанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки метавон рӯи "ҷобаҷоии Толибон/паштунҳо/террористон дар Шимоли Афғонистон" се “изм” гузошт, ки ҳар исм бомусаммо аст:

Паштунизасозии Шимол;

Вазиристонсозии Шимол;

Ноамнсозии Шимол.

Возеҳ аст, ки хатароти билфеълу билқувваи ин барнома низ мутаваҷҷеҳи мардуми бумии Шимол, бавежа ғайрипаштунҳо ва кишварҳои ҳамҷавор, ба монанди Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Русия ва Чин аст. Мардуми бумии Шимол ҳам заминҳои худро аз даст медиҳанд ва ҳам барои як муддати тӯлонӣ дар оташи ҷанг, нифоқу ноамнӣ хоҳанд сӯхт.

Дар миёни панҷ кишвари ёдшуда низ бояд гуфт, ки хатароти ҷиддӣ мутаваҷҷеҳи се кишвари аввалӣ аст: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон. Чину Русия то ҳудуди зиёде бо иттико ба тавоноӣ ва қудрати низомии худ, метавонанд бо хатари терроризм дар марзҳои худ муқобила кунанд, аммо се кишвари фавқуззикр тавоноии чандоне дар маҳори терроризм дар марзҳои худ надоранд ва ногузиранд, ки иқдомоти пешгиронаи бештаре рӯи даст гиранд. Дарвоқеъ Чину Русия шояд худро ниёзманди иқдомоти пешгирона надонанд ва ба ин тасаввур бошанд, ки ҳар вақт хатари зиёд ҷиддӣ шуд, метавонанд аз тариқи иқдомоти истеълоҷӣ (тиббӣ) ба дафъи шар иқдом кунанд.

Роҳи ҳалли имрӯза содда аст, аммо шояд баъд аз муддате роҳи ҳал душвору печида шавад. Роҳи ҳал имрӯз иттиҳоди ақвоми ғайрипаштун дар Шимол ва эҳёи ҳастаҳои мардумии муқовимат дар тамоми нуқоти Шимолӣ аст. Кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ метавонанд бо ташкили як иттиҳоди қавии минтақаӣ, Чину Русияро низ водор ба ҳамкорӣ намуда ва ба гунаи якдаст аз тариқи ҳимоят аз нерӯҳои муқовимат дар Шимоли Афғонистон, ҳам Афғонистон ва ҳам худро аз шарри терроризм наҷот диҳанд.

Ҳоло баргардем ба ҳарфи соҳиби хонае ба номи Афғонистон, яъне Покистон ва намояндаи вижааш Осиф Дуронӣ, ки ҷуз ришханд бар шуур ва масхараи азҳони на фақат мардуми шимол, балки кишварҳои шимоли Афғонистон нест. Яъне террористони худро ба марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мефиристанд, то марзҳои худро амн созанд ва марзҳои ин кишварҳоро ноамн? Боз чӣ далеле бояд пеш овард, то бифаҳмем, ки Покистон Афғонистонро воқеан ишғол карда, хати Дюранд ҳам ба марзҳои Ому кӯч карда? Ва бо омадани вазириҳои паштуни Покистон ба шимоли Афғонистон як рӯз низ ба Вазиристони Шимолӣ табдили ном хоҳад кард...


Дин

Тероризм

30-июн-2025 By admin

Чеҳраи хатарноки бозии…

Русия аз як ривояти машкуки амниятӣ чӣ гуна сенариясозӣ мекунад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!